Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОСОИШТАГӢ АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ

ОСОИШТАГӢ АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ

12-09-2022, 10:10
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
ОСОИШТАГӢ АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ
Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои наку неруи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.
Воқеан, истиқлолият неъмати олӣ ва бебаҳост. Аслан, дар шароити имрӯза давлатҳои зиёде мавҷуданд, ки ин неъмати бузургро соҳибанд. Соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ баҳри онҳо имконият ва заминаи хуби такмил ва таҳкими соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро ба вуҷуд меоварад. Давлатҳои соҳибистиқлол қудрати ба амал баровардани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар даст доранд. Истиқлолият манбаи зинда мондани давлату миллат ва арзишҳои ба онҳо марбутро ифода менамояд. Амалӣ намудани талаботу манфиатҳо хубтар дарк мешаванд ва амалӣ гаштани онҳо осон мегарданд. Он манбаи асосии аз байн бурдани ғуломию бечорагӣ ва қафомондагӣ низ ба шумор меравад.
Яке аз давлатҳое, ки соҳиби истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ расман истиқлолияти хешро эълон намуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монеа ва мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашт. Яке аз онҳоҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Ин ҷанг монеаи рушди тамоми соҳаҳо дар мамлакат гардид. Аммо миллати тоҷик бо талафоти зиёд ҳам бошад, онро паси сар намуд. Тарафҳои муқобил сари мизи гуфтушунид нишаста, 27 июни соли 1997 бо ҳам сулҳ бастанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мудати 31 соли истиқлолияти хеш ба натиҷаҳои назарас комёб гардид. Роҳбарияти давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки давлату ҷомеа рушду инкишоф ёбад. Аммо, дар баробари музаффариятҳо ва комёбиҳо то ҳанӯз мушкилиҳо ва монеаҳои зиёди хатарафзо мавҷуданд. Яке аз онҳо сатҳи пасти маданияти сиёсии аксари мардуми мо маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯза шуури сиёсии қисми зиёди аҳолии мамлакат дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Онҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣқариб, ки сарфаҳм намераванд. Ҷомеае, ки сатҳи пасти дониши сиёсӣ доранд, он наметавонад дар раванди давлатдорӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Ҷомеаҳои мазкур ҳамавақт дар зери таъсири давлатҳои бузург қарор хоҳанд гирифт.
Дар шароити имрӯза, ки онро “шароити глобаликунонӣ” ном мебаранд, ҷомеаи тоҷикро зарураст, ки маданият ва шуури баланди сиёсӣ дошта бошад. Зеро глобализатсия паёмадҳои зиёди манфиеро низ дорост.
Шуури сиёсӣ омили муҳимтарини таҳким ва такмили истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраю фаҳмои масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, шуури сиёсӣ аҳамияти барҷастаро касб намудааст.
Ҳар як шаҳрванди мамлакат дар раванди таъмини амнияти истиқлолият, рушду инкишофи истиқлолият ва самаранок истифода бурдан аз дастовардҳои истиқлолият масъул ва уҳдадор аст. Вазифаҳои зикргардида танҳо дар сурате амалӣ хоҳанд гашт, ки сатҳи маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсии шаҳрвандони мамлакат инкишофёфта бошад.
Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум низ яке аз мақсадҳои асосии давлату ҳукумат мебошад. Чӣ гунае, ки дар Конститутсияи мамлакат омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Дар шароити имрӯза технологияи иттилоотӣ бо суръати хеле баланд рушду инкишоф ёфта истодааст. Он баҳри самаранокии тамоми ҷанбҳаҳои системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию маданӣ ва дар дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ мақоми арзандаеро касб намудааст. Давлатҳои мутамаддин рушду инкишофи хешро бе истифода аз он тасаввур карда наметавонанд. Технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсиониро манбаи асосии ба даст овардани манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегии худ меҳисобанд. Аз ҷумла, бештар барои бадном кардани нафаре ё кишваре мавриди истифода қарор медиҳанд. Давлатҳои бузург ҷангҳои иттилоотиро роҳи муҳими заиф ва ҳато аз байн бурдани душмани хеш медонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз аз аввали соҳибистиқлолӣ, зери иттилооти ғаразноки давлатҳои гуногун қарор гирифт. Ҷангҳои иттилоотӣ нисбати кишвари мо то ба имрӯз аз ҷониби душманони миллат идома доранд. Аз ҷумла, гурӯҳҳои гуногуни экстремистию террористӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ғояҳои беасосу ғаразноки хешро ташвиқу тарғиб намоянд.
Барои сари роҳи мақсадҳои муғризонаи душманро гирифтан, мо - аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.
Имсол Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони мо 31-сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор сӯи фардои дурахшон равон аст. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст.

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло,
раиси суди ноҳияи Ёвон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: