Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ХИРМАНИ МАЪРИФАТ

ХИРМАНИ МАЪРИФАТ

1-08-2022, 12:58
Хабарро хонданд: 828 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳо перомуни шоҳкориҳои донишманди хеле шуҳратёри тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира (ҶМА) – 2012, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ, дар ҳошияи тарҷимаи китобҳои «Гиёҳнома» ва «Ҷонварнома»-и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино аз забони арабӣ ба тоҷикӣ.
Номи пурифтихори устоди соҳибэътибор ва донишманд Саидраҳмон Сулаймонӣ ҳамчун тарҷумон миёни аҳли илму маърифати кишвар ва қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, охири солҳои 70 ва оғози солҳои 80-уми садаи гузашта овазадор гардида, миёни шинохтатарин тарҷумонҳои тоҷик, ки мактаби бузурги устоди зиндаёд Ҳасан Наққошро гузаштанд: Саиднуриддин Шаҳобиддин, Тоҷиддин Мардонӣ, Назрулло Назар, Абдулло Юлдош, Саидбек Маҳмадулло, Комил Бекзода, Идибек Зиёев, Исматулло Саидов, Аҳмадҷон Хоҷиев соҳиби мавқеъ ва мақоми шоистае мебошад. Собиқаи 30-солаи фаъолияти педагогии устод дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон ӯро миёни шогирдон ва устодон соҳиби эътибори баландӣ илмӣ намуда, беш аз бист нафар шогирдонаш соҳиби унвонҳои илмӣ ва мақомҳои пурифтихори роҳбарӣ гардиданд. Фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва пажуҳишу тарҷумониаш ӯро миёни устодони Донишгоҳ ва берун аз он хеле овозадор намуда, тарҷимаҳояш аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ миёни хонандагони ҳушманд овозадор мебошанд. Тарҷимаи асарҳои Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Њикмати машриқия», «Китоби ҳидоя», «Китоб-ан-наҷот», «Китоб-ун-ал-ҳикмат», бахшҳои «Ибора», «Қиёс», «Муғолата», «Китоб-ал-ҳайвон», «Китоб-ан-набот» аз донишномаи «Китоб-уш-шифо», осори фалсафии Носири Хусрав: «Зод-ал-мусофирин», «Рисолаи ҳикматӣ», рисолаҳои фалсафии Њаким Умари Хайём ва рисолаи «Аршия»-и Садриддини Шерозиро аз арабӣ ба тоҷикӣ ва рӯсӣ тарҷима ва рӯи чоп овардааст. Дар таърихи арабишиносии тоҷик аз ҷониби ин донишманди «Зуллисонайн» аввалин «Фарҳанги васити арабӣ-тоҷикӣ» шомили 100 000 калима ва «Фарҳанги васити арабӣ -тоҷикӣ» шомили 30 000 калима ва «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» шомили 150 000 калима рӯи чоп омада, эътибори донишмандии ӯро миёни ҳама донишмандони тоҷик ба арши эътибор расонидааст. Ҳамин донишмандӣ ва тавоноии илмиву зеҳниаш будааст, ки ӯро соли 2018 барои хизматҳои пурарзишаш дар арбишоносии ҷаҳон бо ҷоизаи байналмилдалии «Шайх Њамад» барои тарҷимаи ва якдигарфаҳмии байналмилалӣ аз ҷониби давлати Қатар сарфароз гардидааст. Ва ҳамин муҳаббат ва самимияти бепоёни устод бар осори Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, ӯро вориди донишномаи «Китоб-уш-шифо» намуда, бори аввал дар таърихи Тоҷикистони ҳафтод соли Шӯрави ва сӣ соли Истиқлолият асарҳои илмӣ-тадқиқотии «Гиёҳнома» ва «Ҷонварнома»-ро аз забони асл (яъне арабӣ) ба тоҷикӣ ва рӯсӣ тарҷима намуда, манзури хонандагон гардонидаст. Нашри тоҷикии он бо сарсухани пурмуҳтавои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илми иқтисод профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт манзури хонандагон гардида, дар сархати китоб чунин оварда шудааст.
- Дар инҷо «Гиёҳнома» (Китоб-ун-набот) ва «Ҷонварнома» (Китоб-ул-ҳайвон) аз бахши табииёти Донишномаи бузарги фарлсафии Абуалӣ ибни Сино «Китоб-уш-Шифо» бори аввал дар тарҷима ва тафсиру таҳқиқ ба забони тоҷик оварда шудаанд. Шайхурраис дар «Китоб-ун-наботот» олами растанињоро бо як равиши илмии ба худ хос ва истилоњоти дақиқи илмӣ ботаника тасвир намудааст.
Дар «Китоб-ул-њайвон» мутафаккир олами инсон ва њайвонот, муносибати мкраккаб ва муборизаи шадиди байни онњоро дар масири њаёт бо дидгоњи олимона ва мушоњидањои мушикофона тасвир кардааст. Њар ду асар аз сарчашмањои боэътимоди пайдоиш ва ташаккули истилоњоти растанишиносӣ, тиб ва байторӣ дар забонњои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) буда, аз манбаъњои муњим барои омӯзиши таърихи илм дар асрњои миёна ба шумор мераванд. Китоб барои мутахассисони соњаи растанипарварӣ, тиб, байторӣ, табиатшиносӣ, ховаршиносон, даоираи васеи хонандагон ва муњаққиқон омода гардидааст.
Нашри русии он бо номњои «Книга о растениях», «Книга о животних» (Из Энциклопедии «Книга исцеления») бо сарсухани пурмазмуни президенти Академияи миллии илмњои Ҷумњурии Тоҷикистон академик Фарњод Рањимӣ рӯи нашр омада, муждаи хуби устод ба хонандагони сершумори хеш дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Нашри тоҷикии китоб, ки барои доираи васеи хонандагон, муњақиқон ва дӯстдорони табиат ва олами вуњуш пешнињод гардидааст, дорои ањамияти баланди илмӣ буда. Њарду китоб олами пурасрори табиат ва набототу њайвотноти онро гирењкушоӣ намудааст. Он гуна, ки дар муқадимаи «Гиёњномаи»-и Ибни Сино ва ҷойгоњи он дар илми ботаника оварда шудааст: «Омӯзиши мероси гаронбањои Ибни Сино ва дигар донишмандони замонаш ба фаъолияти мактаби тарҷимонии Толедо (Тулайтила), ки бо ташабусси архиепикопи Толедо ва конслери бузурги Касталия Раймонд дар Толедо таъсис ёфта буд, зич вобаста аст. Ин марказ мисли «Байт-ул-њикмат»-и Бағдод ба тарҷима ва тањқиқи илму фалсафаи Шарқӣ мусалмонӣ машғул буда, дар он даврон яке аз марказњои муњими густариш ва тарғибу ташвиқи осори донишмандон ва мутафаккирони арибизабон дар Аврупо гардид. Барои мисол донишномаи тиббии Ибни Сино «Ал-қонун» аз тарафи Герарди Кремони «1114-1187» бо фармоиши Фридрих Барбарос аз арабӣ ба лотинӣ тарҷима гардида, дар асри XV дар давоми 30 сол 16 маротиба аз нав чоп шуда, дар Университетњои Аврупо, мисли Монпеле ва Лувин то нимаи дуюми асри XVII роњнамоӣ асоси дар таълимоти тибби аврупоӣ ба њисоб мерафт. Тибқи маълумоти ховаршиноси шинохта М. Штайнейдер ва А. Биркменмайер «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино бори аввал ба забони лотинӣ дар шакли порчањои алоњида аз тарафи Иоан Севилекий тарҷима шуда. Баътар дар шаклњои мухталиф зери унвони «Деонима» тањн гардид. Мари-Терез-д-Алвени масъалаи аввалин тарҷумони осори Ибни Сино будани Иоан Селеилекийро мавриди тањқиқ қарор дода, собит карда, ки асрњои XII то асрњои XVI бо шарофати тарҷимањои донишмандони Испания, Фаронса ва Италия осори асосии арабизабони Ибни Сино ба забонњои аврупоӣ тарҷима гардид. Вале пажӯњишу баррасињои ҷиддӣ ва муфассал аз таъсири осори ӯ ба илму фарњанги Аврупо аз со ли 1957 шуруъ шуда, академияи машњури Италия «Академия деи Линсей» дар яке аз анҷуманњои илмии худ маърӯзаи бунёдӣ ва муњими Эрминио Троилоро, ки ба мавзуи «Ибни Сино файласуф» бахшида шуда буд, мавриди омӯзиш қарор дода, аз ин пас осори Ибни Сино мавриди омӯзиши доимӣ қарор мегирад. Дар миёни осори табиатшиносии Ибни Сино рисолаи на чандон калони ӯ бо номи «Китоб-ун-наботот» (Гиёњнома), ки ба омӯзиши растанињо бахшида шудааст, ҷойгоњи хосса дорад. Мероси табиатшиносии Ибни Сино бо вуҷуди шуњрат маъруфияти ӯ чун мутафаккир, табиатшинос ва табиб дар Аврупо, Россия кишварњои араб ва Эрону дигар мамолик њанӯз аз мадди назари донишмандон дур намонда, ин осор то њол мавриди тарҷима ва тадқиқоти ҷидди қарор нагирифтааст». «Китоб-ун-наботот» аз назари сохтор аз як мақола ва њафт фасл иборат мебошад. Аз ҷињати мазмун услуби нигориш ва истилохоти хосаи он аз сарчашмањои муњими табиатшиносии асрњои миёна ба њисоб рафта, Ибни Сино дар фасли аввали рисола бо номи Андар (шинохти) пайдоши наботот, тарзи ғизогирии он, наринагӣ ва модинагии он ва асли миҷозаш сухан мегӯяд. Мавзуи фасли дуюми рисола зери унвони «Андар (шинохти) аъзои растанӣ дар оғози рушду нумуъ ва баъди он» мебошад.
Фасли сеюми рисола тањти унвони «Андар (шинохти) мабдаъњои ғизодињӣ, тавлид кардан ва таваллуд намудан дар растани аст.
Дар фасли чањоруми рисола бо номи «Андар (шинохти) њолати таваллудшавии ҷузњои растанињо ва њолати ихтилофи онњо ва ихтилофи растанињо тибқи кишварњо» маълумот гирдоварӣ шудааст. Ибни Сино дар фасли панҷум «Андар (шинохти) муаянсозии њолати тана, шохањо ва махсусан баргњо» тањқиқ ба амал овардааст. Дар фасли шашум «Он чи аз растанӣ, њосил, тухмӣ, хор, шира ва монанд ба онњо пайдо мешавад» ба риштаи бањс кашидааст. Фасли охирин ва њафтуми рисола «Сухани кулли Андар (шинохти) навъњои растанӣ ва пасон гуфтор андар мизоҷњои ашёе, ки нафси наботӣ доранд» ном дошта, бо баъзе фарқиятњо ба мақолаи якуми фасли аввали китоби «Ал-қонун фит-тиб» бо номи «Андар мизоҷи доруњои муфрада» шабоњат дорад.
Ҷойи тазаккур аст, ки Ибни Сино дар ин рисолаи худ дар бораи яке аз асарњои мукаммали Юнони бостон аз ботаники машњури Юнон Феофраст, ки ӯро «Падари илми ботаника» ном мебаранд бо сабабњои номаълум ёдоварӣ нанамудааст. Њарчанд дар рисолаи номбурда шабоњатњо бо кори Феофраст мушоњида мегардад. Ибни Сино дар њафт фасли рисола ба масъалањои баромад ва тарзи ғизогирии растанињо пардохта, андешањои донишмандони юнонӣ Анаксагор, Эмпидокл, Демокрит ва дигаронро дар ин ки растанињо дар баробари ғизогирӣ ақлу фаросат низ доранд рад менамояд. Аммо њангоми баёни масъалаи наринагӣ ва модинагӣ дар растанињо, асосан, ақидаи Арастуро ҷонибдорӣ карда, ба баъзе шартњо барои растани ҷинси мардона ва занонаро қоил аст. Вале дар шарњу баёни худ баъзе тафсилотеро тақдим мекунад, ки онњоро дар андешаронињои Арасту роҷеъ ба ин масъала пайдо карда наметавонем. Ибни Сино њангоми барассии олами растанињо онњоро аз њамдигар ҷудо намуда, дар мавриди тањқиқи узвњои растанињо ва сарчашмаи ғизогирии онњо ҷињатњои монанд ва ихтилофи онњоро муайян месозад. Ӯ дар рисола адади фаровони растанињои маъруфро тањқиқ намуда, мизоҷњои растанињои дарахтӣ, алафӣ, гулдор ва байни гулдор, замбуруғӣ, обсабзӣ ва навъњои дигарро бо нишонањои монадӣ ва номонандии онњоро баён кардааст. Њамзамон, ӯ растанињоро ба даштӣ, сањроӣ, кӯњӣ, соњилӣ, нањрӣ, бањрӣ ҷангалӣ, худрӯ, шинондашаванда тақсим карда, дар ин ақида аст, ки ба истиснои найшакар, биринҷ, ки дар зери об рӯида, баъзе чун обсабз дар рӯи об, бархе чун печак дар дарахт, қисми дигаре дар рӯи харсанг, бархе дар кишварњои гарм, бархе танњо дар кишварњои хунук, қисми дигар дар заминњои сафолакдор ва хушк нашъунамо мекунанд. аксари растанињо дар рӯи замин мерӯянд.
Ончи ки барои донишмандон амри воқеъӣ ва зарурати имондорист ин риояи њатмии амонати илмӣ мебошад. Дар инҷо Ибни Сино амонати илмиро комилан риоя карда, њангоми зикри ақидаи донишмандони дигар «фалонӣ мегӯяд» ё вақте ақидаи хешро баён месозад «ман мегӯям» ишорат менамояд. Он чи аз тањқиқи пажуњишњои Ибни Сино роҷеъ ба растанӣ берун меояд, ин аст, ки ӯ масъалањои илми ботаникаро аз дидгоњи фалсафӣ мавриди тањқиқ қарор медињад. Дар ин росто метавон гуфт, ки Шайхурраис на танњо аз муаллифи «Либер де Плантис» пешдастӣ ва афзалият пайдо кардааст, балки аз муаллифони исломӣ, ки масъалањои илми ботаникаро бе низоми муайян ва намураттаб баён карда буданд, ба сурати илмӣ ва мураттаб шарњу баён кардааст. Ин амали Ибни Сино барои пешрафти илми ботаника заминаи созгор омода кард. Њарчанд ин суннати аҷдодии ӯ тавонист уқдањои нокушодаи илмро боз намояд. Бо таассуф ин иқдом аз ҷониби пасовандони ӯ чандон дастгирӣ наёфт.

«Ҷонварнома»

«Ҷонварнома» ё худ «Китоб-ул-њайвон» -и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино бо вуҷуди њаҷми бузургаш, ки фарогири на камтар 640 сањифа, 19 мақола ва 63 фасл иборат мебошад, дар миёни њама бахшњои асари доиратулмаорифии фалсафии ӯ «Китоб-уш-шифо» то њол на танњо дар арабишиносии тоҷик, балки дар Ховаршиносии замони Шуравӣ ва пасошуравӣ мавриди тарҷума ва тањқиқи ҷиддӣ қарор нагирифта, роҷеъ ба муњтаво, ањамият, сохтор, мазмуну мундариҷа ва истилоњоти илмии он барои муњаққиқону њаводорони мероси мондагори ӯ њатто маълумоти мухтасару муқаддимавие пешнињод нашудааст. Дар робита ба тарҷума ва тањқиқу интишори «Китоб-ул-њайвон»-и Ибни Сино дар ховаршиносии ҷањонӣ ва махсусан Аврупо ин нукта мавриди ёдоварист, ки асари мазкур бо забонњои аврупоӣ шояд баъди тарҷимаи «Китоб-ул-њайвон»-и Арасту анҷом пазируфта бошад. Зеро яке аз муњаққиқони ин асар Б. А. Старостин дар муқадимаи тарҷимаи «Китоб-ул-њайвон»-и Арасту ба забони рӯсӣ роҷеъ ба тарҷумаи арабии он мегӯяд. Аз асрњои XII – XIII дар ҷањони ислом порчањо аз «Таърихи њайвон»-и Арасту, ки бо унвони «Таърихњо» машњур гашта буданд, пањну интишор ёфтаанд. «Таърихи њайвон»-и Арасту ва дастгоњи илмии онро дар асрњои миёна бори аввал дар асри Х Форобӣ дар се рисолаи начандон бузурги худ бо унвонњои «Радди Ҷолинус андар ихтилофи ӯ бо Арасту доир ба андомњои (ҷисми) инсон», «Андар аъзои (ҷисми) инсон», «Андар узвњои (ҷисмњо) њайвон вазифа ва қувваи онњо» мавриди истифода қарор додааст. Вале он чи ки мавриди тазаккур аст, ин се рисолаи хурдњаҷм, асосан, чанд эътирози Форобӣ ба Ҷолинус ва ихтилофи ӯ бо Арасту ва бархе аз масъалањои ҷузъиро дар бар гирифта, онњоро тањқиқоти бунёдӣ роҷеъ ба инсон ва олами њайвонот шумурдан мумкин нест. Аз мазмун ва муњтавои «Китоб-ул-њайвон»-и Ибни Сино маълум мегардад, ки ӯ дар шарњу баёни масоили илмӣ бештар ба Арасту майл карда, дар ихтилофоти донишмандон нисбат ба «Китоби- њайвон» Арасту бештар ақидаи ӯро ҷонибдорӣ намудааст. Ин асари Ибни Сино дар асрњои XII дар Аврупо баъди тарҷумаи «Китоб-уш-шифо» ба забони лотинӣ ва каштилӣ (яке аз шевањои забони испанӣ), ки «Китоб-ул-њайвон» яке аз бахшњои он ба шумор меравад, интишор ёфтааст. Дар мавриди тарҷимаи осори табиатшиносии Ибни Сино аз ҷумла «Китоб-ул-њавон» муњаққиқи мисрӣ Ањмад Усмон чунин менависад: «Фридрихи II, ки даврони њукмронии ӯ 56 сол давом ёфта, 13 декабри соли 1250 дар Палермо вафот кардааст, дар дарбори худ як даста олимон аз ҷумла Михаил Скот, ки дар Толедо (Тулайтала) маълумоти илмӣ гирифта буд, дар тарҷимањо аз арабӣ ба лотинӣ сањми бузург гузошта «Китоб-ул-њайвон»-и Ибни Сино ва шарњи фалсафии Ибни Рушдро бо асори Арасту ба лотинӣ тарҷима кард. Дар њар сурат, «Китоб-ул-њайвон»-и Ибни Сино тибқи маълумоти мавҷуда на танњо дар арабшиносии аврупоӣ балки дар Эрон ва њатто кишварњои арабӣ низ ғайр аз як тањқиқи мухтасари Отиф-ал-Ироқӣ мавриди тањқиқи ҷидди қарор нагирифта, њанӯз ҷойгоњ ва арзиши илмии он муайян нагардидааст. Дар њоле, ки баъди осори Арасту ба забони юнонӣ «Китоб-ул-њайвон»-и Ибни Сино дар фарњанги исломӣ аввалин ва мукамалтарин асари илмӣ ва дар бора олами њайвонот мебошад.
Ногуфта намонад, ки пеш аз Ибни Сино дар фарњангӣ исломӣ роҷеъ ба њайвонот аз ҷониби Абуњотам-ас-Сиҷистонӣ (вафоташ 248 њ) Ал-Асмоӣ (122-216 њ), Абуубайда (110-209 њ), Ањмад ибни Њотам-ал-Боњилӣ (вафоташ 231 њ) бо номи «Кутуб-ул-Ибил» (Китоб дар бораи уштур), «Ибни-ал-Аъробӣ» (150-231 њ), «Кутуб-ул-Хайл» (Китоб дар бораи асп) ва Абуубайда «Кутуб-ул-боз вал-њамом ва-л-њайёт ва-л-ақориб» (Китоб дар бораи боз, кабутар, морњо ва каждумњо) таълиф гардида, то замони мо расидаанд. Дар ин ҷода асари адиби машњур ва муњақиқи тавоно Ҷоњизро бо номи «Китоб-ул-њайвон» зикр бояд кард, ки мавзуъњои марбут ба њайвонот, адабиёт, сиёсат, калом, фалсафа, тиб ва табиатро дар асари арзишманди худ гирдоварӣ намудааст. Умуман чунин фикр роиҷ аст, ки «Китоб-ул-њайвон»-и Ҷоњиз тибқи мазмуни хеш гуё танњо ба њайвонот бахшида шудааст, вале дар асл он доиратулмаорифи бузург ва намунаи равшани фарњанги гуногунҷабњаи даврони Аббосиён мебошад. Анъанаи навиштани навиштани асарњои дар бораи њайвонотро баъди Ибни Сино Муњаммад ибни Мусо-ад-Думайрӣ дар асари машњури худ бо номи «Њаёт-ул-њайвон» идома дода, дар асрњои баъдина бо забонњои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) бо номи «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» асарњо эҷод гардид. Аз ҷумла бо забони форсии тоҷикӣ Ањмади Тӯссӣ сол пештар аз асари њамноми «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Закариёи Қазвинӣ бо забони арабӣ байни солњои 1176-1193 таълиф намуд. Вале «Китоб-ул-њайвон»-и Ибни Сино миёни он њама таълифњо соњиби ҷойгоњи хоса дар хирмани маърифати илоњӣ мебошад. Ибни Сино зимни њашт мақолаи аввали китоби хеш ба пажуњиши «Илми муқоисавӣ доир ба њайвонот» мепардозад ва мақолаи њамдањуми асарро низ ба ин мавзуъ ихтисос медињад ва ихтилофоти њайвонотро нисбат ба ҷои зист, хурок, андомњои беруна ва даруна, зоиш ва афзоиш, табиат ва хӯлқӯ хислати онњо муайян менамояд. Зимни тањқиқи масоили илмӣ Шайхурраис ба китоби «Тобеъ-ул-њайвон»-и Арасту такя карда, ба андешањои илмии муаллими аввал баъзе фикрњои ҷузъиро меафзояд. Вале дар аксари њолатњо дидгоњи илмии Арастуро таъйид намуда, онро шарњу тавзењ ва дақиқ сохта, дар баъзе масоил ба ӯ ба бањс мепардозад.
Мавзуи муњими дигаре, ки пеш аз тањқиқи мухтасари «Китоб-ул-њайвон» берун меояд ва барои илми соњаи филология ањамияти хоса дорад, истилоњоти соњаи илми байторӣ ва њайвоноту парандагон мебошад, ки Ибни Сино бешубња, дар таърихи бунёди истилоњоти ин илм ба забони арабӣ яке аз асосгузорон мебошад. Забони арабие, ки Ибни Сино ин асари бузурги худро таълиф кардааст забони адабии арабии китобие мебошад, ки асосан осори асри миёнагии арабизабонон ба он таълиф гардидааст. Дар низоми истилоњоти арабии он Шайхурраис аз захираи бои забони арабӣ истифода карда, дар айни њол дар истифодаи истилоњот дар зери таъсири забони юнонӣ қарор гирифтааст. Ибни Сино чуноне, ки дар муқаддимаи китоб ишора намудааст, дар бахши њайвонот ва истилоњоти он аз Арасту истифода кардааст, ки ин њолатро мо ба сурати бисёр равшан дар истифодаи номи њайвонот ва махсусан моњињо мушоњида менамоем. Гурӯњи дигари истилоњоте, ки дар асар истифода гардидааст, истилоњоти фаровони юнониасл дар шакли транслитератсияи арабии онњо мебошад, ки шумораи онњо ба беш аз сад адад мерасад. Ибни Сино чанд истилоњи аҷибреро истифода кардааст, ки далели қудрати мутафаккир дар офаридани истилоњоти ин соња аст. Масалан калимаи «Ас-соим», «Рӯзадор»-ро ба маънои «чизе нахӯрдан», «Ибну - сана», «Писари сол»-ро ба маънои «яксола», «нушъуњ ва мавтуњ фи ямвин воњидин», «пайдоиш ва маргаш дар як рӯз аст»-ро ба маънои «якрӯза», истифода кардааст. Аз ҷумлаи истилоњи муњими фалсафӣ ва тиббие, ки Ибни Сино онро, њам дар осори фалсафии хеш ва њам дар «Китоб-ул-њайвон» мавриди баррасӣ қарор додааст. «рӯњ» мебошад. Ин истилоњ, ки дар фалсафаи юнонӣ бо номи «Пневма» машњур мебошад, аз ҷониби табиби мо чун ҷисми бухории латифе, ки дар асабњо ҷой дошта, дар тамоми ҷисм пањн гардида, аз қалб берун шуда, ба дигар атроф тул мекашад ва гуё њамроњ бо хун дар рагњои шарён ва шоњрагњо ҷорӣ мешавад, муайян гардидааст.
Устод њангоми тарҷима бо истифода аз китобњои Арасту номњои њайвонот ва парандагони хоси ҷазираи Балканро, ки Арасту онњоро шарњубаён муфассал додааст, муқоиса намуда, номњои тањрифшудаи юнониеро, ки Ибни Сино дар «Китоб-ул-њайвон» истифода кардааст, мавриди тањқиқоти ҷиддӣ қарор додааст. Чизи дигаре, ки садди сангари тарҷимаи арабии асар гардид он буд, ки бархе њайвонотеро, ки Ибни Сино аз осори Арасту номњои онњоро гирифтааст дар музофотњое, ки ӯ қарор дошт ин номњо ба касе ошно набуд ва дар кишварњои арабӣ низ ин номњоро касе намедонист. Зарурати дар шакли юнонӣ бо истифодаи транслитератсия (Овонависӣ) рӯи сањфа овардани онњо ба миён омад ва дар паварақњои китоб онњоро шарњ доданд. Ин кори сангини садсола бо саъю кӯшиши ватанхоњонаи устоди донишманд Саидмурод Сулаймонӣ дар замони соњибистиқлолии кишвар дар перомуни њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Рањмон чун дастовези пурарзиш ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ манзури њаводорони њушманди хеш гардид.

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА
ХИРМАНИ МАЪРИФАТ
PS: Хеле бамаврид мебуд, ки ин китоби гаронмоя, ки аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ва рӯсӣ дар замони соњибистиқлолӣ бори нахуст тарҷума шудааст, бо теъдоди зиёд рӯи чоп биёяду дастраси њама хонандагони хушзавқи тоҷик бигардад. Дигар ин ки, ба њеҷ истињола ва муболиға зарурати пешнињоди ин шоњасари тиллоии хазинаи маънавии миллат ба ҷоизаи Ибни Сино, дар соњаи илм ва техника сазовор буда, дасттандаркорони Маркази Синошиносӣ ва Институти фалсафа ва њуқуқи Академияи миллии илмњои кишварро зарур аст, ки оянда ин хирмани маърифати миллатро ба ин Ҷоизаи пурифтихори илмӣ пешнињод намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: