Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Сайди андеша

19-04-2022, 09:30
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
Сайди  андеша

Сухане чанд перомуни китоби тозанашри нависандаи хушкаломи тоҷик, барандандаи ҷоизаи адабии устод Садриддин Айнӣ Маҷид Салим “Хирс” нашриёти “Адиб” Душанбе с. 2021.
Қаламроҳи эҷоди ин адиби соҳибарҷу эҳтироми тоҷик ҳарчанд оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта манзури дилу дидаи хонандагони сершумори кишвар аз тариқи матбуоти даврии Тоҷикистони Шуравӣ гардида бошад, вале нахустин маҷмуаи эҷодаш то замони истиқлолияти давлатӣ охири солҳои ҳаштод ва оғози солҳои навадум ба дасти дустдорони каломаш расидааст. Ин қаламвари сеҳрсухан ва соҳибзавқи тоҷик нахуст гомҳои эҷодашро ҳамчун рӯзноманигор дар қаламроҳи эҷод гузошта, аз тариқи матбуоти даврии Тоҷикистони Шуравии собиқ рӯзномаи “Зафар”, “Коммунисти Ховалинг “Роҳи Ленинӣ”, “Тоҷикистони Советӣ” , “Адабиёт ва санъат” ва нашрияи Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон маҷаллаи “Садои Шарқ” ба хонандагони сершумор ошно гардид. Нахустмаҷмуаи эҷодии қиссаву ҳикояҳои “Гурги похӯрда” (соли 1991), “Зоғеву доғе”(соли 1994), “Панҷаи ҳасрат”( соли 1997), “Чуҷаи кабк” (соли 2000). “Уқоб ва лошахӯр” (соли 2002) ва чанди дигар манзури ҳаводорони эҷодаш гардида, ӯро дар қаламрави адабиёти муосири тоҷик ҳамчун нависанда, соҳиби арҷу эҳтиромаш намудааст. Ин адиби рангинбаёни хушқалам насли нави қаламкорони тоҷик буда, бо нигоштаҳои пуробурангаш аз табиати зебои диёр ва паррандаву ҷонварони нодираш роҳро ба суи асрори асрҳо нуҳуфтаи олами наботот боз намудааст. Онгуна, ки аз номгуи қиссаву ҳикояҳои пуробурангаш бармеояд муҳаббат ва садоқати ӯ ба обу хоки диёр ва олами афсонавии набототаш ин адиби нозукбаёнро ором нагузошт, сайди андешааш ҳамин ганҷҳои бебаҳои табиати диёр буда, аз забони пурасрори олами вуҳуш розҳои асрҳо нуҳуфтаро манзури хонандагон намудааст. Дар воқеъ, ин роҳи пурпечу тоби эҷод ба ин адиби сеҳрсухани тоҷик имкон дод, ки розҳои нуҳуфтаи олами вуҳушро, ки онҳо низ чун одамон як узви пайкараи олами ҳастӣ мебошанд боз намояду бар гуши ҷони хонандагони соҳибзавқи тоҷик пайкоми онҳоро бирасонад.
Ҳич ҷои муболиға набояд буда бошад, ки ӯ аз насли нави адабиёт ва фарҳангу ҳунари тоҷик буда, услуб ва сабки нигориши хоси хешро дорад. Тасвир ва қаҳрамонҳои офаридааш ҷонварон ва паррандагону олами набототи кишвар буда, баёни матлаб аз рӯзгори онҳо дархӯри дарди замони мо мебошад. Ӯ адиби борикбин ва мушоҳидакор буда, рӯзгори олами вуҳуш ва табиати диёр ба эҷодиёташ таъсири бештаре расонидааст. Филмҳои мустанади телевизионии “Дар оғӯши Сари хосор”, “Искандаркӯл”, “Оҳанги Камароб”, “Бешаи палангон”, “Дараи Ромит”, “Чилучорчашма”, “Афсонаи Зоркул” ва “Дашти ҷум”, ки хеле бо завқи баланди нависандаги рӯи навор омадаанд, дар офаридани қиссаву ҳикоя ва роман ба ӯ хеле кумак расонидааст.
Баъди ин ҳама омӯзишу мушоҳидаҳо вақт ва истеъдоди баландаш ба ин адиби нуктасанҷ, борикбин ва сеҳрқалам имкон додааст, ки дар нигоштаҳояш ба умқи тасвирҳо ҳамчун ғаввоси маъонӣ фурӯ рафта, гавҳару садаф ва дурдонаҳои суфташудаи маъониро манзури чашм ва ҳушу гӯши хонандагони хеш намояд. Ин насли нави адабиёт дар қаламрави суханвари баробари истиқлоли давлатӣ эътибори адабиёти миллӣ ва суханварони кишварро миёни аҳли завқ хеле баланд бардошта, асарҳои пурмӯҳтавояшон ҳамнишини қалби ҳазорон хонандагони ҳушманд гардидааст. Адибони насли нави адабиёти тоҷик Маҷид Салим, Аброри Зоҳир, Сироҷиддин Икромӣ, Тоҳири Муҳаммадризо, Равшвн Махсумзод, Қурбони Аламшоҳ, Абдурауф Муродӣ ва чанди дигар тавонистанд, ки бо нигоштаҳои пурмӯҳтаво ва ширинқаламӣ коми ҳазорон ташнагони сухани нобро ширин намоянд. Маҳз қаламрави эъҷодии ин адибон бар кохи мӯҳташами адабиёти миллӣ шукӯҳу шаҳомат бахшидааст. Шояд ҳамин хушқалами ва хушбаёниву маънирасии ин адибони насли нави адабиёт буда бошад, ки нигоштаҳояшон миёни мардум хеле эътибор доштаву доранд. Дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯи чоп омадани маҷмуаи тозанашри адиби хушкалом Маҷид Салим бо номи “Хирс” муждаи нек барои хонандагони сершумораш буда, бозгӯи ҳама ногуфтаҳо метавонад, ки бошад.
Ин маҷмуаи тозанашри адиб бо романи “Хирс” ва қиссаи “Озодапаланг” оғоз гардида, фарогири ҳаждаҳ ҳикояи пуробуранги бадеӣ мебошад. Номи китоб, ки ифодагари олами пурасрори табиат мебошад, аз нахустромани пуробуранги бадеӣ бо номи “Хирс” манзури хонандагон гардида, хонандаро водор месозад, ки вориди дунёи ҳазорранги нависанда бигардад. Образи хирс ки дар маркази таваҷҷуҳи нависанда қарор гирифтааст, хонандаро мафтуни банду басти асар намуда, дар сурати он қудрат ва тавонмандии неруи зеҳнии инсониро ифода намудааст. Худи хирс, ки дар тамоми осори шифоҳӣ ва завқии мардум рамзи тавонмандӣ ва мағлубнашавандагӣ мебошад, хеле муҷалло рӯи саҳфа омада, хоса хонанда ба ранҷу азоб ва дарду заҳматҳои хирс ба як муҳаббат ва самимият ҳамнишин гардида, дар сурати соҳиби хирс бобои Набӣ пуштибони бепуштҳоро мебинад. Ҳамин маҳорати баланди эҷодӣ нависандаро водор сохтааст, ки ҳама тазодҳои зиндагиро дар образи хирс рӯи саҳфаи эҷод биёрад. Рӯзгори хирс зиндагии пуштипардагии одамоне мебошад, ки бо ҳама тавонмандӣ ва дороии зеҳнӣ дар рӯзгори “каж дору марез” дар биёбони хобу хаёл роҳгуми сароб гардида, бо ранҷу заҳматҳои зиёд роҳи наҷотро меёбанд. Образи хирс, ки ҳама воқеаҳои роман дар атрофи ӯ ба вуқуъ мепайвандад, хонандаро маҷбур месозад, ки лаҳзае аз ин мубориза дар канор наистода, то ба охир раҳо гардидани он аз ин занҷири бардагӣ ҳамроҳи хирс бошад. Нависанда бо услуби хеле зебои насри ривоятӣ сайдгири сайди андеша гардида, ба хонанда рӯҳи шикастанопазири мубориз бахшида, муҳаббат ва самимиятро нисбат ба Ватан ва ҳама табиати зебояш даҳчанду садчанд менамояд. Ҳамон матонату ҷасорат ва рӯҳи шикастанопазири хирс ӯро водор месозад, ки чун одамон сайри андеша ва таззодҳои зиндагӣ намояд. Вориди дунёи пур аз тазоди хирс гардида, пушти сароби орзуҳо дар биёбони андешаҳо ба рӯзгори одамон назар афканда, аз кирдору ваҳшонияти онҳо дард мекашад, ки чаро инсон ҳокими мутлақи олами ҳастӣ чунин амалҳоеро қодир мебошад, ки мо олами вуҳуш пеши онҳо оҷизем. Ҳама тазодҳои зиндагӣ хубиву бадӣ, гармию сардӣ, муҳаббат ва садоқат, дӯстию душманӣ, аҳду паймон, рашку ҳасад бо қалами андеша дар сурати ҳокими ҷангал “Хирс” рӯи саҳфа омада, хонандаро водор месозад, ки сар аз ҷайби тафохур берун намояду бо чашми хирад ба корвони умр назар афканад. Яъне бо чашми дил бубинад, ки “Хирс” дар ин муддати тӯлонӣ миёни одамон ҳама хулқу атвори онҳоро аз худ намуда, бо онҳо унс гирифтаасту инсонҳо бошанд, аз ҳасад ва рашк ҳамдигарро дида наметавонанд.
Инсон, ки ҳокими замину замон ва кайҳон мебошад, бо андак ҷаҳл ва нотавонбинӣ на танҳо бо инсонҳо, балки ба табиат ва набототу ҳайвони он душман мегардад. Ана ҳамин нотавонбинии инсонҳо дар тӯли солҳои дарози ҳамҷоягии “Хирс” бо одамон ӯро маҷбур сохт, ки тарки онҳо намояд. Ҳама ранҷу азоб ва заҳматҳое, ки бар сари соҳиби “Хирс” бобои Набӣ ва худи он аз ҷониби одамони ҷудогона меоянд, хонандаро бори дигар водор месозад, ки ба андеша фурӯ рафта, роҳи наҷот аз ин маразро ҷустуҷӯ намояд.
Қиссаи “Озодапаланг”, ки баъди романи “Хирс” аз саҳифаи 128 то 153 дар маҷмуа омадааст, аз романи “Хирс” ҳеҷ каму костие надошта, зиндагии озодапаланг низ мисли хирс хеле зебо ва пуробуранг рӯи саҳфа омадааст. Тасвири манзараҳои нотакрори Бадахшони афсонавӣ, расму русум ва суннатҳои аҷдодӣ хеле зебо ва нишонрас буда, хонандаро водор месозад, ки чун гузаштагони пурифтихораш ба ин марзу бум ва олами набототаш муҳаббат ва самимият дошта бошаду ин анъанаҳои қариб аз байнрафтаро чун гавҳараки чашм нигоҳ бидорад. Охир ин расму суннатҳо қимматарин арзишҳои миллии мо буда, миёни миллату қавмҳои соири Осиё ва олам нигоҳдорандаи эътибори миллат ва Ватани азизи Тоҷикистонамон мебошад. Нависанда таҷрибаи бойи рӯзноманигорӣ дошта, бо ин пешааш аз олами вуҳуш ва табиати зебои диёр садҳо мақолаҳо рӯи чоп оварда, бо муҳаббат ва саммияташ ба олами пурасрори кишвар миёни хонандагони сершумори худ соҳиби эътибори баланд гардидааст. Маҳз ҳамин таҷрибаи қаламкориаш ба ӯ имкон додааст, ки дар риштаи тасвир овардани он манзараҳои нотакрор ва олами афсонавию расму суннатҳои мардуми Бадахшон муваффақ бигардад. Дар баробари ин ҳама, нависандаи рангинхаёл ва нозукбин бо як ҳиси баланди ватандорӣ нолаи имдодхоҳонаи табиати зебои диёр ва олами вуҳушро бар гӯши масъули ин соҳа мерасонад, ки ин ҳамаро, ки ҳанӯз дер нашудааст дар ҳимояти қатъи қарор бояд дод. Ҳамон озодапаланг, ки нодиртарин ҷонвар дар кӯҳу пуштаҳои Бадахшони Тоҷикистони азиз ба сар мебарад, мебояд дар ҳимояти ҳамагон қарор бигирад. Ин муҳаббат ва самимияти ватандории нависанда хонандаро водор месозад, ки ватандорӣ аз арҷ гузоштан ба ҳар як ваҷаб хоки кишвар ва мавҷудоти табиаташ манша гирифта, ин замин ва обу хоку обҳои чашмасору дарёву, кӯҳу камараш пайкараи кишвари афсонавии Тоҷикистони азиз мебошад.
Ва нагузорем, ки ба ин пайкараи пурафсуни диёр хазони бемаҳал бирасад. Аслан қиссаи “Озодапаланг” давоми ҳамон романи “Хирс” буда, ин ду соҳиби аслии кӯҳу пушта ва ҷангалҳои Тоҷикистони азиз рамзи матонат ва қаҳрамонии мардумони диёр мебошад. Нависанда тавонистааст, ки дар романи “Хирс” ва қиссаи “Озодапаланг” хонандаро ба матонату ҷасорат ва ҳимояи олами афсонавии набототи кишвар даъват намояд, ва дар қалби ҳар як хонанда муҳаббат ва садоқатро нисбат ба табиати зебои диёр ва олами набототу ҷонваронаш зиёд намояд. Ногуфта намонад, ки нависандаи хушбаён ва сеҳрқалам Маҷид Салим миёни аҳли эҷод ягона нафаре мебошад, ки беш аз си соли эҷодиёташ ба олами вуҳуш ва табиати зебои диёр бахшида шудааст. Ӯ воқеан насли нави адабиёти миллӣ буда, ин насли созандаи адабиёт имрӯз мебояд соҳиби мавқеъ ва мақоми баланди эъҷодӣ бошад. Нашояд, ки бо нотавонбинии баъзе аз дастандаркорони қаламрави эъҷод қаламашон шикаста гардад. Дар ин китоби тозанашри адиб дар баробари романи “Хирс” ва қиссаи “Озодапаланг” ҳикояҳои хеле хонданбоб “Қафасоб”, “Мурғи ҳилол”, “Тазарв”, “Товусаки биҳиштӣ”, “Сангпушт”, “Заргулдор ва баҳор”, “Мурғи дашти”, “Шоҳуқоб” ва чанде дигар оварда шудаанд, ки хонандаро ба олами зебову афсонавии диёр ошно месозад.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: