Ислом Гадойбоев аз даврони ҷавонӣ ба омўзиши илму маърифат ва касбу ҳунар шавқи беандоза мепарварад. Пас аз хатми таҳсилоти мактаби миёна дар омўзишгоҳи тиббӣ хонда, соҳиби касб гардидааст. Вале бо ин қонеъ нашуда, дар донишгоҳ таҳсил намуд ва дорои маълумоти олӣ гашт.
Коргоҳи нахустини ў идораи сабзавотрасонии ҷумҳурӣ буд. Дар ин ҷо Ислом аз мутахассисони соҳибтаҷриба кор омўхт ва ба бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ ба сафарҳои хизматӣ рафта, барои таъмини сокинони кишвар бо меваю сабзавот саҳми арзанда гузошт.
Пайваста ба ин, Ислом дар Донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил намуда, ихтисоси муҳандис-механикро низ аз худ кард.
Сипас, Исломро ба ҷамъияти таъмини картошкаи тухмӣ ба кор даъват намуданд. Чи тавре ки зикр гардид, ин муассиса ба саросари ҷумҳурӣ тухмии зироати муҳимро, ки он нони дуюм мебошад, муҳайё месозад. Ў дар давраи кори худ, дар ин идора аз ҷумҳуриҳои Эстония, Литва, Латвия навъҳои «Сулев», «Лорх», аз кишвари Белорус навъҳои «Монолиза» ва «Кординал»-и тухмии картошкаро овардааст, ки басе хушсифат будаанд. Ин навъҳои картошкаи тухмӣ ҳам ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳам ба Хуҷанду Кўлобу Данғара ва Бадахшону Рашту Тоҷикобод расонида шудаанд.
Ислом Гадойбоев аз моҳи январи соли 1993 ба муассисаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи истеҳсоли машруботи шаҳри Душанбе даъват шуда, то имрўз дар ин ҷо вазифаи муовини директорро содиқона адо менамояд. Дар корхонаи мазкур бо ташаббуси И. Гадойбоев бисёр навъҳои шарбати себ, гелос, ангур истеҳсол карда шуданд, ки ба истеъмолкунандагон писанд омадаанд.
Боре Ислом дар як рўзномаи ҷумҳурӣ мақолаеро мутолиа намуд, ки дар он сифатҳои табобатии гиёҳҳои кўҳии диёрамон баён ёфта буданд. Сипас, бо ташаббуси ў ва бо ҳамкории мутахассисон аз ин гиёҳҳои кўҳӣ якчанд навъ балзами Сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки барои корхона манфиати зиёд овардааст.
Дар айни ҳол, шарбатҳои истеҳсоли муассиса хеле хушсифат ҳастанд, ки навъҳои «Шоми Амирӣ», «Ҷасур», «Тоифӣ», «Бадахшон», «Олуча», «Зулол», «Помир» аз ҷумлаи инҳоянд. И. Гадойбоев ба мутахассисони ҷамъият ҳамеша тавсия медиҳад, ки онҳо бештар аз меваҳои шаҳдогини боғҳои кишвар шарбатҳои гуногун муҳайё намоянд, зеро ин нўшокиҳо аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд.
- Шарбатҳое, ки аз гиёҳҳои табиӣ ва меваҳои ширин тайёр мешаванд, - мегўяд Ислом Гадойбоев, - ба ҷисму ҷони истеъмолкунандагон нерую дармон мебахшанд. Бале, натиҷаҳои меҳнати мо ва тамоми ҷаҳду талошамон ба манфиати халқи азизамон бояд равона гардад.
Ин суханони Ислом Гадойбоев комилан саҳеҳ мебошанд. Муассисае, ки ў бо ҳамкорони худ дар он хизмат менамояд, ҳамеша нақшаю супоришҳоро пеш аз муҳлат анҷом медиҳад ва коргарон маоши хуб мегиранд.
Роҳбарияти муассиса бештар ҷавононро ба кор ҷалб менамояд, то ки онон касбу ҳунари пурманфиатро омўзанд ва ба ҷамъият хизмати арзандае ба ҷо биёранд.
Ислом Гадойбоев бо хурду калони муассиса муносибати некдилона дошта, барои пешравии фаъолияти ҳамкорон доимо маслиҳатҳои муфид арз медорад. Ў шогирдони ҷавонро дар рўҳияи меҳнатдўстӣ ва садоқатмандӣ тарбия менамояд.
- Мутахассиси донои маслаки хеш бошед, - мегўяд Ислом Гадойбоев ба онҳо, - вазифаи худро доимо бо покизасириштӣ адо намоед ва ҳаргиз фаромўш накунед, ки пирўзӣ ва муваффақияти кор танҳо ба шарофати меҳнатдўстӣ ва ҷаҳду кўшиши самимона ба даст оварда мешаванд.
Ба ҷавононе, ки нав ба ин даргоҳ ба кор омадаанд, таъкид менамояд, ки ба анъанаҳои неки аҳли меҳнат ҳамеша содиқ бошанд. Ва дар лаҳзаҳои душвор ба ҳамдигар дасти кўмак дароз намоянд.
Бояд зикр намоем, ки дар баробари ин вазифа, Ислом Гадойбоев аз соли 2001 боз ба корҳои ҷамъиятии муфид шуғл варзида, ин корро низ мувофиқи омоли нексириштии хеш бо садоқати беандоза анҷом медиҳад. Ў дар суҳбату мулоқотҳое, ки бо ҳамдиёрон баргузор мешавад, қабл аз ҳама, дар он хусус сухан меронад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси шахсии худашон Қарори таърихии танзими расму оин ва ҷашну маросимро интишор намуданд. Ин қарор дар ҳаёти мардуми Тоҷикистони маҳбубамон аҳамияти бузургеро молик аст, аммо на дар ҳама ҷо ба нуктаҳои ҳаётбахши ин ҳуҷҷати муборак риоя менамоянд. Албатта, ба ҳар кас маълум аст, ки падарону модарон нисбат ба фарзандони худ орзуҳои нек доранд. Онҳо фарзандонро калон карда, ба воя расонда, ормонҳои худро дидан мехоҳанд. Лекин аксаран волидон тобеи раъйи фарзандони қайсари худ гардида, маъракаҳои серхарҷ ташкил мекунанд. Ҳол он ки иддае аз фарзандон ҳанўз ба ташкили рўзгори оилавӣ чандон тайёр нестанд. Дар фарҷом бархе аз волидон дар натиҷаи чунин тўйҳои серхарҷ қарздор ҳам мешаванд.
Ислом Гадойбоев дар суҳбатҳои худ чунин тўйгузаронӣ ва маъракаороиҳоро танқид менамояд ва маслиҳат медиҳад, ки ҳамдиёриён ба ин навъ қонуншиканиҳо ҳаргиз нагараванд, зеро оқибати ин қабил калонхарҷию исрофкориҳо ногувор буда, дар оила нохушиҳо ва вайрониҳо меорад.
- Пешвои миллат падари маънавии халқи тоҷик аст, - мегўяд Ислом Гадойбоев, - Қонуни танзими расму оин ва ҷашну маросимҳо басо хирадмандона эҷод гардидааст ва иҷро намудани ҳар як нуктаи он фақат ба манфиати мардуми заҳматкаш равона шудааст, мардуми заҳматкаше, ки ризқу рўзии худро бо шиори даст ба кору дил ба ёр меофарад!
Бахтиёр МУРТАЗО