Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»

Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»

2-03-2016, 18:30
Хабарро хонданд: 529 нафар
Назарҳо: 1
Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»
Тадқиқоти журналистӣ
БА ТАВАҶҶУҲИ
***Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
***Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
***Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд

Дер боз мехостам осорхонаи ин шахси бузургро, ки яке аз ихтироъкорони дақиқтарин глобус маҳсуб мешавад, зиёрат кунам, вале имкон даст намедод. Ниҳоят, чанде қабл бо сафари хидматӣ ба шаҳри Хуҷанд омадаму яке аз дӯстони рӯзноманигорам Абдусабур маро дар ин амри хайр ҳамроҳӣ кард. Гумон мекардам, ки осорхонаи мазкур қадамҷои мардум асту мо метавонем онро ба зудӣ пайдо кунем. Вале ҳайҳот… Чанд нафар аз бародарони аҳли фарҳанг, ки аз тариқи телефон тамос гирифтем, намедонистанд, ки осорхона дар кадом хиёбон ва ё кӯчаи шаҳр мустақар аст.

НОИЛОҶ
ба яке аз аберагони Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад, занг зада, суроғаро пурсон шудам: - Кӯчаи Шӯро 52, -ҷавоб дод вай. Вале медонед, беҳтар аст, ки он ҷо наравед. Чанде қабл мо рафта будем, хеле бо табъи хира баргаштем. Хонаи бобои машҳури мо ба осорхона не, балки бештар ба харобазор шабоҳат дорад, - гуфт ӯ.

Боварам наомад. Наход хонаи яке аз олимони машҳури тоҷик, табиатшинос, ҷуғрофидон-харитасоз, донандаи улуми нуҷум, кайҳоншинос, дорусоз, табиб, мироб ва шахсе, ки яке аз дақиқтарин глобусҳоро таҳия кардаасту шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, ба харобазор табдил ёфта бошад?! Ҳоҷӣ Юсуф дар баробари Аҳмади Дониш аз камтарин олимон ва адибони Осиёи Марказӣ буд, ки Императори Русия ба Санкт-Петербург даъват карда, дар ҳузури дарбор шахсан аз ҷониби худи ӯ бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳамин фикр маро азоб медод, ки чаро хизматҳои арзандаи шахсеро, ки дигарон қадр карданд, мо - ҳамватанонаш фаромӯш кардаем?

Побанди хаёлу андешаҳои маҳзун ҳамроҳи Абдусабур ба кӯчаи Шӯро ворид шудем. Кӯчаи Шӯро дар маркази Хуҷанди қадима қарор дошта, кӯчаҳояш хеле танг аст ва дар он ҳанӯз аҳён-аҳён ҳавлиҳои кӯҳнабунёд ба назар мерасанд. Гоҳ пиёдаву гоҳ савора хона ба хона рақамҳоро аз назар мегузаронидем вале тӯли беш аз як соати ҷустуҷӯҳо ҳанӯз ҳам хонаи рақами 52 ҳеҷ ба назар намерасид. Гӯё рӯҳи поки Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз аз муносибати сарди мо-меросхӯронаш сахт ранҷида буду осорхонаи (саҳеҳтараш вайронаи) худро аз назарҳо пинҳон мекард. Аз чанд нафар пиру ҷавон суол кардем, ки хонаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзи Хуҷандӣ, ки ихтироъкори глобус аст, куҷост, аксарият китф дарҳам мекашиданд. Пас аз хеле саргардониҳо гузорамон аз паҳлӯи чойхонае афтод, ки чанд нафар мардони солхӯрдаи содиқ ба анъанаҳои суннатӣ бо завқ шоҳмот мебозиданд. Абдусабур, ки сахт хаста шудани маро эҳсос мекарду илова бар ин, баъд аз кор боз думболи "хоста"-ҳои мани сайёҳ саргардон буд, хеле хурсанд шуд. - Ана инҳо аниқ медонанд, ки осорхона дар куҷост…

Ӯ ИШТИБОҲ НАКАРД
Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»МӮЙСАФЕДОНИ
саргарми шоҳмотбозӣ бо таҳайюр ба ҷониби мо, ду меҳмони нохонда, ки ба шуғли дӯстдоштаашон халал расонда буданд, нигоҳ мекарданд. Яке аз онҳо аз суоли мо рамуз гирифту лаҳзае аз шоҳмотбозӣ фориғ шуда гуфт: - Мирфаёзи Хуҷандӣ? Ҳмм… Шояд манзури шумо Ҳоҷӣ Юсуфи Мироб бошад? Бале, ӯ бештар дар байни мардум бо ин ном маъруф аст… "Хона-музей"-и он кас дар тангкӯчаи дуввум, пас аз ҳамин чойхона…

Мо ба мӯйсафедони соҳибдил изҳори сипос намудему дарҳол ба манзили мақсуд шитофтем. Воқеан ҳам, дар тангкӯчаи дуввум назарамон ба дарвозаи қадимаи чӯбин афтод, ки равоқи он бо ҳарфҳои арабӣ кандакорӣ шуда буд. Яке аз ҳамсояҳо, ки садои моро шунида берун баромад, дарвозаро боз кард ва моро даруни ҳавлӣ ҳидоят намуд. Чун рӯз бегоҳ шудаву ба қавли мардум "вақти говгум" расида буд, чароғаки мобилиро рӯшан ва роҳрави дарозро убур карда вориди ҳавлӣ шудем. Ҳайҳот, ки дар ин вайрона асаре аз осорхона набуд. Ҳама чиз шикаставу валангор, фарши ҳавлӣ фурӯ рафта, ҷо-ҷо партовҳои паҳну парешон…

- Чанд муддат дар ин ҷо хобгоҳи Омӯзишгоҳи тиббӣ ҷойгир буд, гӯё худи Ҳоҷӣ Юсуф пеш аз марг васият карда буданд, ки хонаашонро ба мактаб табдил диҳанд, - бо хиҷолат гуфт ҳамсоя. Ин шикасту рехту партовҳо низ "мерос"-и ҳамон омӯзишгоҳ аст…

Ба меҳмонхона баргаштаму бо вуҷуди он, ки хаста шуда будам, то дергоҳ хобам намебурд. Андешаҳо маро ором намегузоштанд. Чаро имрӯз дар ҷомеаи мо эҳтироми як-ду муллои чалласавод болотар аз олиму адиб аст? Олимеро, ки сарашро дар маъбади илм сафед кардааст, то ҷомеа пеш равад, бо тамасхур "маълем" гӯён садо мекунему муллоеро, ки ду-се ояти Қуръони Каримро қориазёд карда "мефурӯшад", "тақсир", "ҳазрат", "шайх" унвон намуда, пеши ӯ сари таъзим фуруд меорем? Барои найрангбозоне мисли Шайх Темур қасру кӯшкҳо месозему осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз барин олимони соҳибкитоб ва шуҳрати ҷаҳонӣ доштаро ба харобазор табдил медиҳем?

МУЛОҚОТ БО АБЕРАГОНИ ҲОҶӢ ЮСУФ
Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»БАЪДИ
ба Душанбе баргаштан тасмим гирифтам, ки қазияи осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфро пайгирӣ кунам. Бо ин мақсад бо набера ва аберагони Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз тамос гирифтам.

- Шояд зарурат надорад, - овози маҳзуне аз гӯшаки мобилӣ садо дод: -Мо борҳо ба мақомоти масъул муроҷиат кардем, даҳҳо мақолаҳо ҳам дар матбуоти даврӣ дарҷ шуданд, вале ҳеҷ яке суд накард. Осорхона чи хеле ки валангор буд, ҳамин тавр боқӣ монд…

Ҳароина истодагарӣ кардаму ба мулоқоташон рафтам. Наберагону аберагони Ҳоҷӣ Юсуф маро дар ҳавлии хоксоронае истиқбол гирифтанд.

- Мо даъвогар нестем, ки ҳавлии бобоиямон ба мо баргардонида шавад, - нақл кард набераи Ҳоҷӣ Юсуф Муҳаббат Пӯлодова. - Мо танҳо ҳаминро мехоҳем, ки ин манзили муқаддас, ки ба тамаддун чунин шахсияти бузургро тақдим кардааст, обод шавад. Ба осорхонаи ҳақиқӣ табдил ёбад, то муҳаққиқон ё насли ҷавон ба он ташриф оварда, кору фаъолияти ин абармарди илмро омӯзанд. Завқи илму маориф дар дилашон ҷӯш занад ва ин манзил ба мактаби бузурги дарси хештаншиносӣ табдил ёбад. Охир Ҳоҷӣ Юсуф бузургтарин корҳои худро дар маҳдудаи ҳамин чаҳордевор анҷом додааст. Чаро он бояд вайрону валангор бошад? Наход иқдоми созандаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки номи садҳо шахсиятҳои бузургро аз нав эҳё кард, осори онҳоро нашр намуд ва ба онҳо ҳаёти дубора бахшид, ба баъзе мансабдорони соҳибмақоми мо дарси ибрат намешавад?

Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»Чанд сол қабл, дақиқтараш соли 1995 собиқ Раиси вилояти Суғд Қосимҷон Раҳбарович (Роҳбар Қосим) барои таҷлили 155-солагии Ҳоҷӣ Юсуф ва 100-солагии глобусе, ки ӯ таҳия намудааст, конфронси илмӣ даъват намуд. Худи ҳамон сол бо талошҳои ӯ дар "Хиёбони ситораҳои Хуҷанд" нимпайкараи Ҳоҷӣ Юсуф гузошта шуд ва ягона глобусе, ки дар осорхонаи Самарқанд маҳфуз аст, нусхабардорӣ ва дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд насб гардид. Аз ҳама муҳим, ӯ хобгоҳи Омӯзишгоҳи тиббиро аз ҳавлии Ҳоҷӣ Юсуф ба дигар ҷой кӯчонида, барои таъсиси осорхона замина фароҳам овард. Вале… - ҳамсуҳбатам як даста қоғазҳоро аз папка бароварда рӯи миз гузошт, - баъдтар кор дар ин самт боз кашол ёфт.

Қоғазҳои бо мурури замон зардшударо як-як варақ мегардонам. Қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон (аз 31 декабри соли 1971, № 408), ки дар он хонаи Ҳоҷӣ Юсуф таҳти рақами 44 ҳамчун ёдгории таърихӣ-меъмории дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудааст. Мактуби Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24.05.1996,№1/431) бо имзои вазири вақт Б.А.Маҳмадов ба Ҳукумати вилояти Ленинобод ва Ҳукумати ш. Хуҷанд доир ба таъсиси осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуф дар заминаи хонае, ки ӯ зиндагонӣ мекард. Мактуби Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Маҳмадов (аз 16.08.1996, № 1/741) доир ба роҳ надодан ба хусусигардонии осорхона дар асоси муроҷиати набераи Ҳоҷӣ Юсуф олими геолог М. Пӯлодова, ки меросхӯри бевоситаи ӯ маҳсуб мешавад. Қарори Раиси вилояти Ленинобод (21.04.1998, № 92) "Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи олим, сайёҳи машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Юсуф ва садсолагии ихтирои глобуси ӯ" (дар асоси қарори мазкур 3 миллиону 500 ҳазор рубл маблағ ҷудо шудааст).

ВА НИҲОЯТ…
МАКТУБ
бо имзои мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Хуҷанд (таърих ва рақам надорад) ба сокини шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-Пӯлодова Муҳаббат оид ба он, ки мутобиқи пешниҳоди муаррих, профессор С.Маърофиев барои бунёд ва азнавсозии осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз соли 2011 аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Хуҷанд 19 980 сомонӣ ва соли 2013 аз ҳисоби буҷети дахлдори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 000 сомонӣ маблағ ҷудо ва сарф шудааст. (?!) Дар мактуб инчунин иттилоъ дода мешавад, ки соли 2014 низ дар осорхона таъмир идома ёфта, дар он "як конфронси калони илмӣ бо иштироки олимони Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд". Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар поёни мактуб (шояд ба хотири дилбазан шудани ин баҳс) таъкид шудааст: "Бо Шумо тариқи телефонӣ гуфтугӯ карда шуда, доир ба иқдомҳои пешгирифта маълумот дода шуд. Ва Шумо бо шодмонӣ онро пазироӣ намудед."

АММО…
БА
чеҳраи маҳзуни фарзандони Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз назар афкандаву вайронаҳои "осорхона"-и ин олими маъруфро ба хотир оварда, дарк кардам, ки ин маблағҳои он замон хеле ҳангуфт ба ҷуз рӯйи қоғаз, ки ягона "санад" барои ҳисобот аст, ҷои дигаре сарф нашудааст.

- Медонед, солҳои охир моро чӣ ба ташвиш овардааст? - оҳ кашид абераи Ҳоҷӣ Юсуф Светлана Фаязова. - Замини ҳавлӣ аз ҷониби баъзе ашхос, намедонам бо иҷозаи кӣ бошад, ғасб гардида, масоҳати осорхона рӯз то рӯз танг шуда истодааст.

ҲОҶӢ ЮСУФ МИРФАЁЗИ ХУҶАНДӢ КӢ БУД?
БО
мақсади он, ки хонандаи азиз дар бораи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз андаке маълумот пайдо кунад ва барои баъзе ниҳодҳои масъул бори дигар ин ёдрас шавад, дар маҳдудаи чанд сатр аз ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши ӯ иттилоъ медиҳам:

Соли 1842 дар ш. Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Падараш соҳиби коргоҳи абрешимресӣ буд. Мавсуф дар сафари ҳаҷ вафот мекунад ва Ҳоҷӣ Юсуфро дар синни шашсолагӣ бесаробон мемонад. Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар дил завқи зиёд ба саёҳат ва ҷаҳонгардӣ дошт, дар дувоздаҳсолагӣ бо мақсади зиёрати қабри падараш ба корвони тоҷирони хуҷандӣ ҳамроҳ шуда, ба сафар мебарояд. Вале бо амри тасодуф дар хоки Арабистон аз корвон оқиб мемонад. Як нафар зоири тоҷик ба ҳоли кӯдаки сарсону бепарастор раҳмаш омада, ӯро зери ҳимояи худ мегирад. Ҳоҷӣ Юсуф дар яке аз маъруфтарин мадрасаи Қоҳира -"Ал-Азҳар" панҷ сол таҳсил ва ба хотири такмили дониш чанд соли дигар ба сифати устоди ин боргоҳи илм фаъолият мекунад. Дар синни 24-солагӣ ҳавои дидори Ватан бар дилаш асар мекунад ва ба шаҳри Хуҷанд бармегардад. Чанд муддат бо илмҳои дақиқ шуғл меварзад, вале ин саргармии ӯ ба рӯҳониёни ҷоҳил хуш намеояд. Ҳоҷӣ Юсуф бо муллоҳои мутаассиб, ки мағзашон бо хурофот заҳролуд гардида буд, муборизаҳои шадид мебарад, то чароғи илму маърифатро дар диёраш рӯшан кунад. Вале муллоҳои ҷоҳил ба ӯ тахаллуси "Ҳоҷӣ Кофир" дода, вазъияташро хеле танг мекунанд.

Ҳоҷӣ Юсуф маҷбур мешавад, ки дубора тарки Ватан кунад ва соли 1875 ба шаҳрҳои Оренбург, Маскав ва Санкт-Петербург ҳиҷрат кард. Ӯ дар ин давра зиёд кӯшиш кардааст, ки забон, адабиёт, таърих ва дигар илмҳои муосири русро фаро бигирад. Дар ин сафар, ки тақрибан 12 сол идома меёбад, Ҳоҷӣ Юсуф ба кишварҳои Туркия, Эрон, Сурия Миср, Марокаш, Алҷазоир, Юнон, Италия, Испания, Фаронса, Инглистон ва Олмон саёҳат мекунад. Ӯ дар синни 45-солагӣ боз ба Ватан бармегардад. Азбаски аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русияи подшоҳӣ шомил гардида буданд, ӯ ба ҳайси мутахассис дар вазифаҳои мухталифи маъмурӣ, аз ҷумла муҳандиси соҳаи обёрӣ-яъне мироб, волии баъзе навоҳии уезди Хуҷанд ва ҳатто дар вазифаи мири Хуҷанд фаъолият намудааст.

Ин олими маъруф, ки шуҳраташ ҷаҳонӣ аст, соли 1924 дар 82-солагӣ оламро падруд мегӯяд. Қабл аз вафоташ ба фарзандонаш васият мекунад, ки мероси илмиашро ба давлат супоранд ва бигзор Ҳокимияти Шӯроӣ дар хонаи ӯ барои фазандони мардуми камбағал мактаб кушояд. Ин васияти ӯ ҷомаи амал мепӯшад.

Дар ҷустуҷӯи Юсуфи «ГУМГАШТА»
ГЛОБУСИ ҲОҶӢ ЮСУФ
ТАВРЕ
ки дар боло зикр намудем, Ҳоҷӣ Юсуф олими мутафаннин буд ва дар рушди соҳаҳои тиб, табиатшиносӣ, харитасозӣ, нуҷум, риёзиёт, сарфу наҳв, адабиёт, мусиқӣ ва соҳаи обёрӣ (ирригатсия) кашфиёти нодир кардааст. Ӯ тақрибан 11 адад глобусҳои хурду калон сохтааст. Яке аз глобусҳои тартибдодаи ӯ ҳоло дар осорхонаи Самарқанд ва нусхаи он дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд маҳфуз аст. Ҳоҷӣ Юсуф дар обёрии заминҳои бекорхобидаи водии Фарғона, аз ҷумла уезди Хуҷанд саҳми арзишманд гузошта, аз ҷониби Пристави уезди Хуҷанд бо камарбанди нуқракӯб ва дар пойтахти Русияи подшоҳӣ-шаҳри Санкт-Петербург бо медали "Мироби дараҷаи II" тақдир шудааст.

Барои таҳияи глобус нахуст аз ҷониби губернатори Самарқанд, баъдтар Генерал-губернатори Туркистон қадрдонӣ шудааст ва бо тавсияи онҳо ба Санкт-Петербург сафар карда, дар Сарское Село (қароргоҳи шоҳӣ) ба дидори Императори Русия мушарраф гардидааст.

Глобуси нахустин тақрибан беш аз 150 сол қабл аз солшумории мелодӣ аз ҷониби Кратет Маллскии Юнонӣ таҳия шудааст. Дар олами шарқ аз нахустин ихтироъкорони глобус Ҷамолуддини Бухороӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ маҳсуб мешаванд. Аз қадимтарин глобусҳое, ки то имрӯз маҳфуз мондааст, глобуси машҳур бо номи "Себи заминӣ" аст, ки ҷуғрофидон ва харитасози маъруфи немис Мартин Беҳайм соли 1493 дар асоси харитаи Птоломей ва сайёҳ Марко Поло тартиб додааст.

Ба арзиши илмии глобуси Ҳоҷӣ Юсуф аъзои Ҷамъияти ҷуғрофишиносии Русия, ки он замон яке аз марказҳои босалоҳияти илмии Аврупо маҳсуб мешуд, баҳои баланд додаанд.

Мо муваззафем, ки осори гаронбаҳо ва нодири ин олими барҷастаро ба насли оянда мерос гузорем, то пеши онҳо сархаму мунфаил набошем...
Бахтиёр ҲАМДАМ

PS. Вақте ки ин мавод таҳия мешуд, яке аз дӯстони аз қазия огоҳам тариқи телефон бо ман тамос гирифт: - Медонӣ, ҳозир аз тариқи телевизион чӣ навори аҷиберо дидам? Дар бораи осорхонаи Хуҷанд сужаеро намоиш доданд, ки муаллиф глобуси Ҳоҷӣ Юсуфро ба Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ (асри X) нисбат медод…

Равонат шод бод, Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз… Шояд тақсири мо авлодони носипосатро рӯзе бубахшӣ…
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: