Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Бозии шоҳмот

15-09-2021, 10:31
Хабарро хонданд: 566 нафар
Назарҳо: 0
 Бозии шоҳмот
Шоҳмот аз бозиҳои қадимтарини миллии халқҳои форсизабонон буда,он дар асри VI пайдо шудааст. Баъзе муҳаққиқон бар он назаранд, ки шоҳмот таърихи 1400-сола дорад. Таърихшиносон пайдоиши шоҳмотро ба асри 6-и мелодӣ нисбат медиҳанд.
Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад. Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кўдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшоносӣ ҷалб намуд.
Шоҳмот бозии шавқовари рўимизӣ буда, ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул аст. Солҳои охир таваҷҷуҳ ба бозии щоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд. Қайд бояд кард, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз рўи ин намуди варзиш варзишгарони зиёд бозӣ карда, мамлакати моро берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон парафшон намуданд. Ҳамчунон аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар нахуст бозии шоҳмот аз чор дона-санг иборат буд ва бо он чор нафар бозӣ мекарданд. Номи бозӣ ҳам дар аввал шатранҷ буд, ки аз забони форсӣ гирифта шудааст. Таърихи бостон шаҳодат медиҳад, ки шоҳмот ҳарчанд моли ҳиндуҳост, дар равнақи он саҳми форсҳову арабҳову арабҳо бузург аст. Нахустин дастури бозии шоҳмот ба забони форсӣ омода шудаву аввалин китоби фарогири мафҳуми бозӣ моли забони арабӣ аст. Нахустин масъалаҳои шоҳмот дар асари Аладлӣ зери мафҳуми «Мансубӣ» ёдоварӣ мешавад. Мутаассифона, он то ба замони мо нарасидааст. Асари дигаре, к ибо забони арабӣ дар асри IX иншо шудааст, имрўз дар яке аз китобхонаҳои кишвари Югославия маҳфуз аст. Яке аз маъруфтарин роҳнамои бозӣ дар асрҳои миёна асари шоҳи Испания Алфонсои оқил ҳисобида мешавад, ки соли 1283 навишта шудааст. Дар асар 150 миниатюраҳои рангаи рассомии форсӣ ҷой дода шуда, коллексияҳои Эндшпил ҳусну қубҳи онро боло мебарад.
Дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард. Бозии шоҳмот натанҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, балки одобу ахлоқ ва хислатҳои накўро, аз қабили инсондўстӣ, дурбинӣ, накўкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррўза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳамасола 20 июл ҳамчун Рўзи байналмилалии шоҳмот дар саросари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон низ дар ин арса истисно набуда, хама сола дар кишвари мо ҳам дар шаклҳои гуногун аз ин рўз истиқбол мегиранд. Соле қабл ба ин муносибат дар мамлакат Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат таъсис ёфт, ки дар он варзишгарони касбӣ аз кишварҳои хориҷ иштирок ва қувваозмоӣ карда буданд. Бозии шоҳмот на танҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накў, аз қабили инсондўстӣ, дурбинӣ, накўкорӣ, воқеанигорӣ, танзими хаёти ҳаррўза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд.
Мояи хушнудист, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади таблиѓи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машѓул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат муҳайё мегардад. Сарварии Федератсияи шоҳмоти мамлакатро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бар уҳда дорад. Дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.
Боиси тазаккур аст, ки соли 1966 инҷониб, ҳамасола санаи 20 июл дар тамоми ҷаҳон ҳамчун «Рўзи байналмилалии Шоҳмот» таҷлил карда мешавад. Ин ид бо қарори Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ), ки соли 1924 дар ин сана таъсис ёфтааст, баргузор карда мешавад. Қобили қайд аст, ки санаи 20 июли соли 1924, зимни баргузории Бозиҳои VIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) таъсис дода шудааст.

Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: