Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тавсифи Истиқлол ва нақши миллат

Тавсифи Истиқлол ва нақши миллат

7-06-2021, 16:03
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Тавсифи Истиқлол ва нақши миллат
Ҳафтаи гузашта бар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои инсонӣ идома ва вусъат додани анъанаҳои неки созандагӣ, тайёрӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикикистон сафарҳои корӣ анҷом доданд. Ба гурӯҳе, ки таҳти раҳбарии Мирзозода Азизуло – муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-28 май ба минтақаи Рашт рафта буд, Бобоева Гулнора - мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Сатторов Эраҷ – мудири кафедраи менеҷменти Академияи идоракунии давлатӣ, Ваҳобзода Рустам – шоир, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», Рамазониён Аҳтам – мутахассиси пешбари муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»,
Калонов Урун (Ворис)- шоир, корманди рӯзномаи «Садои мардум»,
Юсуфов Солеҳ – хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» дохил буданд. Дар шаҳраки Гарм ба гурӯҳ инчунин Бахтиёр Муродов – устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва нависанда Диловари Мирзо низ пайваста, дар муассиртар баргузор шудани вохӯриву суҳбатҳо саҳм гузоштанд.
Ҳанӯз қабл аз сафар бо пешниҳоди роҳбари гурӯҳ мавзӯи суханронӣ ва маърӯзаҳо бо дарназардошти ҷанбаҳои мухталифи дастовардҳои даврони истиқлол, равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ, таъсири он ба кишварҳои дар ҳоли рушд, ба монанди Тоҷикистонро дарбар мегирифт, пешопеш мувофиқа шуд, ки рафти омодагӣ ба сафар ва дидорҳо бо мардумро осон кард.
Тибқи барномаи тасдиқгардида, аз ҷумла мавзӯъҳои: Истиқлол ва нақши зан дар ҷомеа, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои таъмини низоми иҷтимоӣ, Истиқлол ва тавсиаи худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, зарурати таҳкими амнияти иттилоотӣ барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, маориф ва заминаҳои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд мавриди таҳлил қарор мегирифт. Бар асоси нақшаи пешниҳодшуда, гурӯҳ аз шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор боздид намуда, бо сокинони ҷамоатҳои деҳоту маҳалҳо мулоқоту суҳбатҳо баргузор мекард.
Бо тавсияи роҳбар ҳайати корӣ ба ду зергурӯҳ тақсим шуд. Гурӯҳе, ки мо низ узви он будем, бо роҳбарии Бобоева Гулнора вохӯриҳоро аз ноҳияи Файзобод оғоз намуд. Дар ҷамоати деҳоти Меҳробод бо намояндагон, фаъолон ва мардуми ҷамоатҳои Бӯстон, Вашгирд ва Меҳробод, ҳамчунин дар деҳоти Элокӣ вохӯрдем. Чун оғози кор буд, суҳбатҳо каме ба дарозо кашид, вале мардум бо шавқ шунида, дар охир баъзеҳо андешаҳояшонро баён карданд.
Суннатулло Абдуллоев- котиби ҷамоати деҳоти Меҳробод, соҳибкор Равшанмурод Хоҷаев пас аз маърӯзаҳо суханрониҳоро муфид дониста, пешниҳод карданд, дар ояндаҳо бо дарназардошти авҷи мавсими корҳои саҳро, ба хусус давраи кишту кори зироатҳову нигоҳубини майдонҳои кишт ва алафдаравӣ аст, чунин вохӯриҳо дар сари полиз ва бо ҳузури бештари кишоварзон дорир гардад, беҳтару самарбахш аст.
Дар рӯзи аввали сафар вохӯриҳо дар шаҳри Роғун идома ёфта, гурӯҳи аввал дар маркази шаҳр ва гурӯҳи дуюм дар Муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҷамоати деҳоти Обигарм, ҷамоатҳои Сичароғ ва Қади Оби шаҳри Роғун вохӯриҳо анҷом доданд. Дар аксари ин вохӯриҳо агар иштирокчиён аз сиёсати давлат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ карда, иҷрои тарҳи сохтмонҳои бузург ба монанди НБО «Роғун»-ро аз иқдомоти созанда барои рушду ободии кишвар дониста бошанд, дар чанде аз набудани ҷойи кори муносиб шикоят намуда, хостори таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ барои ҷалби занону ҷавонон шуданд.
Рӯзи дуюм сафар мо ба ноҳияи Нуробод идома ёфта, гурӯҳ дар саргаҳи ноҳия, дар ҷамоатхонаи ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, Яхакюст ва ҷамоати деҳоти Хумдон дар маҷмӯъ, бо иштироки зиёда аз180 нафар мулоқот баргузор намуд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо моро раиси ҷамоат Муминшо Табаров ва мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳукумати ноҳияи Нуробод Эраҷ Музаффаров, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ноҳиявии ҲХДТ ҳамроҳӣ карданд.
Гурӯҳи дигари таблиғотӣ чунин вохӯриҳоро дар ҷамоатҳои Муҷихарв ва Навдонак баргузор намуда, роҳбари гурӯҳ чун дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун, бо масъулони мақомоти иҷроияи Ҳукумати ин ноҳия ҳам мулоқот анҷом дод.
Гурӯҳ дар идомаи сафар шаби 25 май вориди шаҳраки Ғарм шуда, пагоҳии 26 май вохӯриҳояшро дар ду самт – яке ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода ва маркази ноҳия идома дод. Ҷамоати номбурда қариб 9 ҳазор аҳолӣ дошта, дар вохӯрие, ки дар Маркази фарҳангӣ- истироҳатии деҳот доир шуд, қариб 300 нафар ҷамъ омада буданд. Маълум гардид, ки ин марказ бо ибтикору ҳимати Муҳиб Бобоҷонов соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, бар иловаи толори ҷамъомадҳо, толори варзиш низ дорад, ки наврасону ҷавонон онҷо ҷамъ шуда, машқ мекунанд. Дар вохӯриҳо муовини раиси ноҳия Зарина Идиева ва сармуттахассиси бахши танзими ҷамоат Кабутов Сулаймон ширкат намуданд.
Ин яке аз мулоқотҳои хотирмони ин сафар буд. Вақте Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳобзода ба паси минбар рост шуд, лаҳзае ба аҳли толор нигаристу бо ин байт ба сухан оғоз кард:
Васфи туро сароям халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тутиё гузорам.
ӯ дар идома ёдовар шуд, ин байт аз сурудаҳои адиби ширинбаён, вассофи ободии ин марзу бум, зодаи Сорбоғи ин ҷамоат ва фарзанди барӯманди Точикистон устод Боқӣ Раҳимзода аст, ки бо ашъораш як умр дар хидмати мардум буданд. Таъкид гардид, ки бештари ашъори мондагори шоир ҳамоҳанги имрӯз буда, истиқлоли миллат арзиши онҳоро даҳчанд афзудааст. Суҳбат дар ҳамин рӯҳия давом кард, вале ёдоварӣ аз ин шоири тавоно пас аз мулоқот ҳам дар суҳбатҳои хоса идома ёфт.
Дар ин мулоқот низ чанде аз иштирокчиён, аз ҷумла хонандаи синфи 11 мактаби дехаи Камароб, Фараҳноз Ҷаборова, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Суфиён» Носиров Қурбоналӣ гап заданд.
Мулоқоти дигар дар Донишкадаи омӯзгории Рашт бо иштироки устодон ва донишҷӯён доир гардид. Пеш аз оғози мулоқот ректори муассисаи таълимӣ Маҳмадёр Раҷабзода ба ҳар яке аз аъзои гурӯҳ нашрияи донишкарда – «Субҳи Рашт» - ро туҳфа кард. Маълум гардид, он ба шакли гоҳнома ва дар ҳаҷми 20 саҳифа ба нашр расида, масъалаҳои вобаста ба ҳаёти илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ ва ҳамзамон ҳаёти худи донишкардаро инъкос мекунад. Нашрияро варақ зада, дидем, ки бахши асосии матолиб бо қалами худи устодону донишҷӯён таҳия шудааст. Донишкадаи мазкур соли 2013 бар пояи Коллеҷи омӯзгории Рашт таъсис ёфта, он ҳоло 193 омӯзгор ва зиёда аз 3300 донишҷӯ дорад. Чуноне ки сарвари муассисаи таълимӣ изҳор кард, дар соли хониши 2020-2021 ба донишкада қариб 500 довталаб камтар аз саҳмияи таъиншуда қабул гардиданд. Дар ҳоле ки муассиса тамоми шароити таҳсилро дорад ва чун дар гузашта имсол ҳам интизори довталабони воқеии омӯзиш аст. Дар ноҳияи Тоҷикобод ҳам гурӯҳ чандин мулоқот доир кард, ки яке аз онҳо дар Хонаи фарҳанги ноҳия бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Рамазонзода Зулфиқор Худойдод бо ҳузури зиёда аз 200 нафар баргузор шуд.
Пас аз мулоқотҳо дар ин ноҳия як бахши гурӯҳ ба ноҳияи Лахш ва бахши дигар ба Сангвор сафарбар шуда, ҳаракати худро ба ин ду самт идома доданд.
Нуқтаи охирини сафари гурӯҳи мо ноҳияи Лахш буд. Пас нисфирӯзии 27 май моро дар маркази ноҳия – шаҳраки Ҷиргатол муовини раиси ноҳия Насиба Ғафурова, масъули бахши дин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Негматов Насрулло ва масъули танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия пешвоз гирифта, барои вохӯрӣ ба ҷамоатҳои деҳоти минтақаҳои Поён ва Боло бурданд.
Дар ноҳияи Лахш ҳайати гурӯҳ дар ҷамоати деҳоти Янгишаҳр бо иштироки мардуми ҷамоатҳои деҳоти Ҷиргатол, Пилдон, шаҳраки Ваҳдат ва Янгишаҳр вохӯрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 350 нафар иштирок дошт. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоии мақомоти иҷроияи ноҳия Насиба Абдулазизова барандагӣ кард.
Лозим ба ёдоварист, дар ҳар яке аз ин ду минтақа намояндагони 5 ҷамоатҳои наздик гирд омада буданд. Дар вохӯрии багузоршуда фаъолон, сокинони деҳот ва муаллимону донишомӯзони синфҳои болоии мактабҳо иштирок карданд. Дар вохӯрии дуюм, ки дар ҷамоати деҳоти Муғсу баргузор шуд, беш аз 300 нафар иштирок намуда, он ба як барномаи маърифатӣ фарҳангӣ табдил ёфт. Дар он хонандагони мактабҳо ва кормандони Хонаи фарҳанги ноҳия дар васфи ободии Тоҷикистон, дӯстии қавму миллиятҳо, аз ҷумла муносибатҳои бародарони тоҷику қирғиз шеъру таронаҳо хонданд.
Дар тамоми рафти сафар аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳошияи баргузории мулоқотҳо инчунин бо мақомоти сатҳи гуногуни мақомоти шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳо доир карда, бо ҷараёни иҷрои барномаи ободонию созандагӣ ошно шуданд. Чунончӣ, дар шаҳраки Обигарми Роғун бо сохтмони Коллеҷи тиббӣ ва чанд иншооти дигари иҷтимоӣ, дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо рафти сохтмон ва ҷараёни ободонии Боғи фарҳангӣ, дар шаҳраки Ҷиргатоли Лахш бо сохтмони бинои як мактаб, ҳавзи шиноварӣ, ҷараёни таъмири бинои КИ ҲХДТ ошно шуданд. Гурӯҳи корӣ дар ин ноҳия бо пешниҳоди мақомоти маҳалӣ аз рафти кишту кори деҳқонон ва ҳолати қитъаҳои парвариши картошка дидан кард. Бино ба таъкиди масъулон, дар гузашта дар 5 ҳазор гектар картошка кишт мешуд, аммо имсол бинобар дастури Пешвои миллат ҷиҳати таъмини амнияти ғизоӣ майдони кишти ин зироат хеле зиёдтар аз солҳои гузашта хоҳад буд. Кишти картошка ҳоло дар ин ноҳия дар се шакли хоҷагиҳо: деҳқонӣ, ёрирасон, ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ давом дорад.
Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Лахш аз 221 иншооти ҷашнии дар нақшабуда, 154 иншоот то имрӯз сохта ва мавриди истифода қарор гирфтааст.
Дар ҷараёни сафар суҳбату вохӯриҳои алоҳида бо мақомоти бахши танзим, масъулони кор бо занони ҳар яке аз ноҳияҳо ва масъулони КИ ҲХДТ ҳам баргузор шуд, ки бешубҳа аҳамияти сафари моро бештар кард.

Солеҳ Юсуфов,
Душанбе-Лахш-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: