Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамкорӣ бо шарикони рушд

Ҳамкорӣ бо шарикони рушд

7-06-2021, 11:08
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкорӣ бо шарикони рушд

Аз рӯзгори имрӯза
шукргузор бошем


Бар асари ситезаҳои замонаҳои зидди Шӯравӣ пири кӯҳистоние гуфтааст:“Бо болшевик дуруст муомила намоед, агар об хоҳанд, ширашон диҳед, вай роҳи дурро ба шумо наздик месозад, дар навбати худ мисли барфи кӯҳистон аст ва бо таъсироти офтоб зуд об мешавад”.
Бо овардани ин иқтибос мақсад гузоштам қалам ба даст гирам ва аз давраҳои зиндагонии “тиллоӣ”-и начандон дури мардуми Кӯҳистони Бадахшонро тасвир кунам. Дар андози қобилияти зеҳниам, аз ин уқёнуси зиндагӣ каме ёдовар мешавам ва зиёдашро барои таҳлил ва хулосаҳои минбаъдаи таърихнигорони замон вогузор менамоям.
Рӯзе дар як сафари кориам бо ҳамроҳи ҳамкори канадагиам хостам қиблагоҳамро дар деҳа аёдат намоям. Роҳ ҳам дур буд ва ҳам кӯталҳои баланд дошт ва рафиқам, ки аз ин шароити кӯҳистон кам шиносоӣ дошт, пайваста дам мегирифт ва оқибат ҷое расидем ва аз асари шалпарӣ дасташро болои симчӯби сари роҳ гузошт ва бо рост гаштани нафасаш суолам кард, ки ин чӣ симчӯб аст?
Ман ҷавоб додам, ки сими интиқоли барқ аст ва аз нерӯгоҳи “Норак” ба деҳа меояд. Дар ҷавоб шунидам, ки гуфтанд: “Аҷаб давлати камбағалпарвар будааст ин Шӯравӣ” ва афсӯси оқибати шикасти онро хӯрданд. Дар ҳақиқат Шӯравӣ минтақаи кӯҳистонро обод намуд ва лаззати зиндагиашро ба дараҷаи баланди талаботи инсонӣ расонид, вале он мисли сухани пири кӯҳистонӣ “роҳҳои зиндагонии кӯҳистонро наздик сохт ва худ чун барф тез об гашт”.
Аз мақсади доштаам каме пеш мегузарам ва баён менамоям, ки бо ҳама бузургиҳояш сохти Шӯравӣ дар модели идоравии худ норасоиҳо низ дошт, ки оқибат онро ба шикаст овард. Аз нуқтаи назари ман, сабаби шикасти он асосан аз пеш гузоштани манфиатҳои ҷамъиятӣ нисбати ба манфиатҳои шахсӣ иборат аст, ки оқибати ин муносибатҳо дар муқобили ҷараёни тараққиёт қарор доштанд ва хушбахтии инсони алоҳидаро маҳдуд месохтанд. Шахсиятҳои замони шӯравӣ бо ин утопияи пешниҳодсохтаашон кӯшиш доштанд, ки дар он низоми идоракунии дақиқ ҷараёни марксистӣ, динӣ ва ақлониро ҷойгир созанд ва истифода намоянд. Ногуфта намонад, ки утопияи марксистӣ дар таркиби худ мазмуни олигархӣ, аристократӣ, теократӣ ва демократиро низ дошт. Онҳо равиши худро хуб нишон доданд ва башариятро нисбат ба сулҳу осоиштагӣ, баробарӣ, бародарӣ ва адолатнокӣ талқин менамуданд. Гуфтаниям, ки ин ҷиҳатҳои таркибии утопияи мазкур нисбати худ мухолифатҳоро дар ҷомеа пеш оварданд ва оқибат зербинои асосии иштибоҳона сохтаи он ҳамчун модели ноустувор бар асари “зилзилаи замон” тез фурӯ рехт. Ёдовар шуданамон лозим аст, ки дар ин миён минтақаи кӯҳистон муддати ҳафтод сол ин моделро истифода кард ва тағйироти хуберо низ бо худ гирифт, ки имрӯз ин тағйирот захираи асосии рушди минтақаи кӯҳистон ҳисоб меёбанд.
Фурӯпошии “утопияи марксистӣ” ба минтақаи кӯҳистон таъсири сахте расонид ва захмҳои дардноки калонеро дар он гузоштанд ва сабаб дар он буд, ки аз рӯи характер ва табиат мардуми кӯҳистон дорои менталитет, аз ҳама пеш дараҷаи баланди ақлонӣ, эмотсионалӣ, маданияти хоса ва ориентатсияи муайяне мебошанд ва ин ҷамъиятро бо боварии калон ва хуб қабул намуда буданд.
Бо пошхӯрии шӯравӣ он ҳама равишҳо шикаста ва роҳҳои зиндагӣ беоқибат дар хаёл монданд ва барои сокинони минтақа заруриёт пеш омаданд, ки онҳо сохти нави зиндагиро интихоб ва пайдо намоянд. Барои ташкили он қадам ва шароитҳои аввалия лозим буданд. Кори бузургеро анҷом пазируфтан зарур омад, ки мардум нисбат ба ин модел боварӣ дошта бошад. Ин модел бояд захми бардоштаи онҳоро марҳам гардад. Бо дарёфти ин мақсад дар шароити кӯҳистон пеш аз ҳама бо ҳам омадани интеллектҳои теологӣ ва сиёсӣ зарурият дошт, то ки модели нави зиндагӣ интихоб ва пеш оварда шавад. Аз рӯи ин нияти нек як зумра ходимони барӯманд, озодфикр ва озодандеш мақсад пеш оварданд, ки дар ин давраи ниҳоят мушкили зиндагӣ ҳампаҳлу, дастгир ва кумакрасони Ҳукумати тозаҷавони Тоҷикистон гарданд ва аз самараи ҳамкориҳояшон мардуми минтақа аз қаҳтии замона, гуруснагӣ ва кӯчиши иҷборӣ наҷот ёбад. Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ пешниҳоди саривақтии ходимони пешқадамро хуш қабул намуд ва шароитҳои хуб фароҳам овард, ки алоқамандиҳо бо мақсади расонидани кумакҳои башардӯстона дар бунёди рӯзгори нави умедбахш, таъмини ҳамкориҳо дар самти рушди минтақаи кӯҳистон бо пешвои исмоилиёни ҷаҳон Волоҳазрат Оғохони IV таъмин гарданд. Мо бояд хизмати шоистаи онҳоро дар бунёди ҳамкориҳои беғаразонаи самарабахш бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намуна ёдовар ва ҳамеша қадршиносӣ намоем. Ин масъаларо дигар баррасӣ намесозам, зеро маҳорати касбии ман нисбати бештар ва хубтар кушода сохтани он басанда нест ва ин масъаларо барои таҳлил ва кушоиши минбаъда ба донишмандони касбӣ ҳавола менамоям.
Дар қадамҳои аввали муносибатҳояшон Фонди Оғохон бо Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити минтақаи кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирии буҳрони шадид ва марговар ташкилсозии “Барномаи рушди деҳоти Помир”- ро зарур шумориданд ва хостанд, ки тариқи ташкил ва идоракунии он муносибатҳои башардӯстонаи мамолики пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили Амрико, Канада, Ҷопон, Олмон, Иттиҳоди Аврупо ва ғайраҳоро дарёфт ва ба нафъи ҷомеа дар минтақаҳои алоҳидаи зерҳадаф пайваст созанд. Барои амалӣ гардонидани талаботи донорӣ Фонди Оғохон дар ҳамоҳангии ҳукумати ВМКБ низоми хуб ва устувореро нисбат ба дастрасгардонии маводи ғизоӣ ташкил ва таъмин гардонид, ки аз натиҷаи он тамоми мардуми қаламрави вилоят бархӯрдор гаштанд. Дар марҳилаи аввал баҳри бартарафсозии гуруснагии мардум ва пешгирии кӯчиши иҷбории онҳо барояшон маводҳои асосии ғизо, аз қабили орд, чой, равған, шакар, лубиёдонагиҳо, шири хушкро дастрас гардониданд. Маводи ғизо дар вилоят ба миқдоре дастрас гашт, ки сокинони минтақа ҳам нуфузи доштаи худ ва инчунин дигар пайвандонашонро берун аз вилоят таъмин месохтанд. Ба ин мақсад, шурӯъ аз соли 1994 то соли 1999 ба сокинони вилоят ҳамасола аз 12 то 25 ҳазор тонна маводи ғизоии ройгон дастрас карда мешуд. Солҳои 2000 то 2003 бошад, бинобар беҳтар гардидани вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ барои оилаҳои ниёзманд аз 4 то 6 ҳазор тонна маводи башардӯстона тақсим карда шуд.
Дар ин миён Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ новобаста ба шароити мушкили иқтисодӣ барои таъмини сокинони вилоят бо маводи хӯрокворӣ талош мекард. Дар баробари ин барои беҳбудии зиндагӣ пас аз шикасти сохти Шӯравӣ заминаҳои нави ҳуқуқиеро пеш меовард, ки онҳо барои беҳсозии сифати зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат шароит фароҳам оваранд. Беҳтарини онҳо гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзии мамлакат буданд. Ин қадами муҳими Ҳукумати Тоҷикистонро дар давраҳои дастгириҳои аввалаи Фонди Оғохон донорҳо хуб пазироӣ намуданд ва масъала пеш оварданд, ки бояд Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти корхонаҳои кишоварзӣ” дастгирии саривақтӣ ва мавриди амал қарор гиранд ва ин муносибатҳо сабабгори асосӣ гаштанд, ки шумораи 77 колхоз ва дигар хоҷагиҳои кишоварзии давлатӣ таҷдид ва дар заминаи онҳо шакли хоҷагидории деҳқонӣ ташкил ёфтанд ва механизми идоракунии онҳо баҳри пешбурди мустақилонаи соҳибкории кишоварзӣ равона гаштанд. Ёдовар мешавам, ки ин хоҷагиҳои навташкили деҳқонӣ аз собиқ хоҷагиҳои давлатӣ анборҳои тамоман холиро ба мерос гирифтанд, норасоии тухмӣ, нурӣ, техникаи кишоварзӣ, сӯзишворӣ имкон надод, ки ин шакли нави хоҷагидорӣ зуд ва самаранок пеш раванд.“Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон”-и Фонди Оғохон акнун ба самти фарогирии рушди ҳамаи шароитҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа гузашт ва рущди кишоварзӣ дар маркази асосии ин ҳадафҳо қарор гирифт. Барномаи нав дар ҳамкорӣ бо сохторҳои мутасаддии давлатӣ дар шароити ВМКБ эҳтиёҷоти пурраи кишоварзии минтақаро омӯхта, дар асоси ниёзи муайянгашта воситаҳои асосии истеҳсолӣ, аз қабили тухмиҳои зироатҳои ғаллавӣ, картошка, хӯроки чорво, сӯзишворӣ барои истифодабарии техникаи кишоварзӣ таъмин намуд. Аз соли 2000-ум барои кумак ба кишоварзон то соли 2004 аз 115 то 545 тонна тухмиҳои ғалладонагиҳо, аз 600 то беш аз 1000 тонна картошка, аз 15 то 80 тонна сӯзишворӣ ва аз 800 то 1200 тонна нуриҳои минералӣ дастрас шуданд.
Бо таъмин гаштани маводҳои кишоварзӣ ва мудирияти хуби он, ташкили омӯзиши пайвастаи самтҳои гуногуни кишоварзон истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ дар минтақа дучанд афзуд. Эҳтиёҷоти оилавии сокинони минтақа бо маҳсулоти ғаллагӣ то ба 75 фоиз ва картошкаю сабзавот пурра таъмин ва бақияи истеҳсоли он сабабгори асосии ташкили бозори маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят гашт. Ин дастовардҳои кишоварзони вилоятро Ҳукумати Тоҷикистон намунаи фаъолияти пурсамар пазируфта, барои Фонди Оғохон пеша гузоштанд, ки он бо ин муносибатҳои самаровар дар минтақаи Хатлон дар шумули се ноҳияи кӯҳистон - Шӯрообод, Муъминобод ва Ховалинг, инчунин дар ноҳияи Файзобод, деҳоти шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва ноҳияи Лахш кишоварзонро дастгирӣ намояд.
Дар бобати ҳамкорӣ ва самараҳои боровардаи минбаъдаи Фонди Оғохон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар намеистам, зеро онҳо дар ҳама самтҳои дигар, аз қабили тандурустӣ, маориф, инфрасохтори деҳот, беҳдошти муҳити зист, беҳдошти қобилиятҳои деҳот имрӯз баҳри беканореро мемонанд ва умед дорам, ки дар ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нафароне пайдо мегарданд, ки ин таърихро хуб таҳлил ва хулоса месозанд ва барои насли имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон хулосаи ҳамкориҳоро дақиқ пешкаш менамоянд.
Дар охир иброз медорам, ки мо минбаъд дар интихоби моделҳои номувофиқ ва бегона нисбат ба идорасозии мамлакатамон фирефта нашавем, аз шикаст ва натиҷаҳои пешовардаи онҳо бо мақсади таъмини устуворияти ояндаамон ба худ сабақ гирем. Модел ва роҳи зиндагии интихобнамудаи имрӯзаамонро тоза ва озода нигоҳ дорем ва устуворияти онро ҳифз намоем. Дар рӯзгори хуби имрӯзаамон заҳмат ва хизматҳои бузурги роҳбарияти давлатамонро дар таъмини ҳамкориҳои самаранок бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Фонди Оғохон дар давраҳои гузариш ва имрӯзаи мамлакатамон ҳамеша ёдоварӣ намоем ва босипос бошем, ватан ва зиндагиамонро дӯст дорем ва насли ояндаро дар ин самти устувори интихобнамудаамон тарбия ва равона созем.
Мизроб АМИРБЕКОВ,
МУТАХАССИСИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: