Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Оё ахлоқи некӯро ба даст овардан мумкин аст?!

Оё ахлоқи некӯро ба даст овардан мумкин аст?!

19-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 533 нафар
Назарҳо: 0
Оё ахлоқи некӯро ба даст овардан мумкин аст?!
Қисмати аъзами муҳаққиқони илми ахлоқ бар ин ақидаанд, ки ахлоқи бадро нек кардан ғайриимкон мебошад, зеро ҳар махлуқеро чӣ тавре, ки офаридаанд дар ҳамон шакл боқӣ хоҳад монд. Барои мисол дарозро кӯтоҳ ва кӯтоҳро дароз карда намешавад. Аз нигоҳи илми ахлоқ ақидаи мазкур нодуруст мебошад, чунки агар дар асл чунин мебуд адаб додану тарбия кардани инсон дар овони кӯдакӣ маъние надошт. Болотар аз ин ҳеҷ вақт муаллимони башарият ба мардумон таълим намедоданд, ки феъли худро некӯ доранд ва ба пок сохтани нафси худ машғул шаванд.

Агар воқеан ин андеша дуруст мебуд дар он сурат ҳеҷ як инсоне наметавонист ҳайвонҳо ва паррандаҳои ваҳширо ба худ ром кунад ва онҳоро аз саркашӣ нигоҳ дорад. Масъалаи мазкурро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бо масъалаи хилқат қиёс кард, зеро ин кӯшишҳо ботил хоҳанд баромад. Аслан падидаҳое, ки дар бахши хилқат ва офариниш зуҳур мекунанд, ба ду қисм ҷудо мешаванд.

Баъзе зуҳуроте ҳастанд, ки ихтиёри одам ба онҳо роҳ надорад, чунон ки аз донаи хурмо дарахти себ рӯёнда нахоҳад шуд, лекин аз он дона метавон бо роҳи тарбият ва нигоҳдошт дарахти хуби хурмо рӯёнид. Асли хашму шаҳватро низ ба мисли ин донаи хурмо наметавон бо ихтиёри инсон аз вуҷуду ботини вай берун кашид. Аммо онҳоро метавон тавассути тарбия ва парҳезу назорат то ба ҳадди эътидол овард. Ин дар тули таърихи бошарият ва зиндагии рӯзмараи мардум таҷриба шудааст ва мумкин аст. Лекин барои баъзе одамон ин мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад. Душвориҳои мазкур ба ду сабаб сар мезананд: Якум он ки агар хашму шаҳват дар асли фитрати инсон қавӣ ҷой гирифта бошанд. Дуввум он, ки инсон ва ақли вай муддати дароз таҳти тоати ин ду қувва қарор дошта бошад ва онҳо хусусияти шикорчиро ба худ касб карда бошанд.

Инсонҳо дар ин самт ба чаҳор гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Гурӯҳи аввал. Инсонҳое, ки содадил буда, ҳанӯз некро аз бад нашинохтаанд. Феъли онҳо то ҳол ҳеҷ кори некӯ бад накарда, дар доираи фитрати аввал қарор дорад. Ин гуна инсонҳо нақшпазир буда, зуд ислоҳ мешаванд. Онҳо бояд ҳамаҷониба тавассути муаллимони некусиришт таълим дода шаванд, то фарқияти байни офатҳои ахлоқи бад ва некро дарк намоянд. Кӯдакон дар ибтидои зиндагии хеш дар чунин ҳолат қарор доранд ва ба онҳо падару модар дар кадом шакле, ки одобу муошират ва тарбияро омӯхта бошанд, дар ҳамон шакл зиндагӣ хоҳанд кард. Тарбияи ояндаи онҳо ва касби ахлоқи нек ва ё бад вобаста ба волидайнашон мебошад.

Гурӯҳи дуввум. Инсонҳое, ки ҳанӯз ба хислати бад одат накардаанд, лекин феъли онҳо муддате рӯй ба шаҳвату ғазаб овардааст. Тарбияи чунин одамон мушкилтар буда, онҳо ба ду чиз ҳоҷат доранд:
Якум, берун овардани феъли бад аз вуҷуди фитрати онҳо.

Дуввум, тухми ислоҳ дар табиати онҳо коштан.

Гурӯҳи саввум. Инсонхое, ки дар натиҷаи таъсири ғазабу шаҳват хулқу атворашон бад шуда, лекин худи онҳо дар ин бора чизе намедонанд. Аммо амалҳои анҷомдодаи онҳо дар назарашон хуб ҷилвагар мешаванд. Ахлоқи чунин одамон ислоҳшаванда набуда аз ҷумлаи ин гурӯҳ одамони кам метавонанд рафторҳои худро пок созанд.
Гурӯҳи чаҳорум. Инсонҳое, ки бо ахлоқи бад ва корҳои бади анҷомдодаи худ ифтихор мекунанд ва ҳамеша лоф мезананд, ки ин қадар шароб нушида, чандин касро куштаанд, ин қадар хонаро ғорат карданд ва ғайра. Ин гурӯҳи одамон ва маризии ботинии онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ илоҷпазир нестанд.

Пайдо кардани роҳҳои муолиҷа аз ахлоқи бад.

Агар инсон хоҳад, ки аз ахлоқу феъли бади худ даст кашад ва разилатҳои онҳоро аз ботини хеш берун созад, барои вай ба ҷуз аз як роҳ дигар роҳе вуҷуд надорад. Он роҳ ин аст, ки ҳар чизе ки хулқ вайро дастур медиҳад ва ба роҳи бад ҳидоят мекунад, бояд бар хилофи он рафтор кунад, зеро шаҳвату ғазабро ба ҷуз мухолифат дигар ҳеҷ чиз шикаста наметавонад. Ҳар чизе, ки аз онҳо пурқувваттар бошанд онҳо метавонанд ин ду қувваро шикананд. Чунон, ки илоҷи ҳар сабабе, ки аз гармӣ хезад, сардӣ хурдан аст ҳар сабабе, ки аз хашм сар занад, илоҷи вай вазнинӣ, сангинӣ, бовиқорӣ ва ботамкинӣ будан мебошад. Ҳар чизе аз ғурур, таккаббуру худписандӣ сар занад, илоҷи вай хоксорӣ, фурутанӣ ва шикасти нафс, яъне тавозӯъ мебошад:

Саг паи луқма чу дум ҷунбонад,
Оқил онро на тавозӯъ хонад.


Дар сурате, ки феъли бад аз бахилӣ сар занад, илоҷи вай ба мардум садақа кардан ва молу чиз додан аст. Ҳар инсоне, ки ба кӯмаки иродаи хеш ба корҳои некӯ одат кунад, дар табиати вай ба тадриҷ ахлоқи писандида падид меояд. Агар инсон феъли худро ба маҷбур кардан одат кунонад, ин ҷузъи табиати вай хоҳад шуд. Барои мисол кӯдак сараввал аз мактаб гурезон аст ва чун ӯро падару модар ва муаллимон ба фаро гирифтани таълим маҷбур созанд вай оҳиста-оҳиста хусусияти табиати кӯдак хоҳад шуд. Ҳангоме ки ин кӯдак ба балоғат расид вай аз омӯзиши илму дониш ҳамеша лаззат мебарад. Лекин кӯдаке, ки бо кабутарбозӣ, қиморбозӣ ва ғайра машғул шуд, инҳо дар маҷмуъ ҷузъи табиати вай мешаванд ва ҳамчун одат дар вуҷуди ӯ боқӣ мемонанд. Ин қабил кӯдакон тамоми роҳатҳои дунё ва ҳар чизе, ки дорад сарфи ин бозиҳо мекунанд.

Одамоне ҳастанд, ки бар хилофи табиаташон баъзе рафтору муносибатҳои нолозим ҷузъи табиаташон мешаванд. Масалан баъзе одамони фиребгару дуруғгӯй бо ин рафторҳои худ фахр мекунанд. Ҳато агар барои ин корашон ба маҳбас ҳам афтанд, лекин дар маҳбас сабрро пеша мекунанд, вале аз кори худ даст намекашанд. Агар барои таҷриба ҳар бадкор (ҳатто сабукпойҳо) мекунанд мавриди назорат қарор дода шавад, ба хулосае омадан мумкин аст, ки онҳо байни якдигар аз корҳои худ ифтихор мекунанд. Ин ҳама самараи одат аст, ки он ба ҷузъи табиати инсон табдил ёфтааст. Барои мисол одамоне, ҳастанд, ки ба кулух хурдан одат мекунанд ва ҳолатҳое мешавад, ки сабр карда наметавонанд, лекин бар беморӣ ва хатари ҳалок шудан сабру тоқати беандоза зиёд доранд.

Он чизе, ки зидди табиат аст барои инсон мушкилиҳо меоварад, вале он чизе, ки мувофиқи табиати вай аст барои вуҷуди ӯ ҳамчун обу ҳаво зарур мебошад. Аз ин рӯ, зери тоату фармон қарор додани ғазабу шаҳват талаботи табиати инсон аст, зеро инсон аз гавҳаре офарида шудааст, ки ба чунин амал зарурат дорад. Ҳар инсонро, ки майлаш бар хилофи ин бошад оқибати зиндагияш бад хоҳад буд. Ин ба мисли беморе аст, ки умеди саломатӣ ба ҷуз аз хурдани доруи талх надорад. Вай ин доруро бар хилофи нафс ва бо фармони табиб хурда, аз беморӣ шифо меёбад.

Аз ин рӯ, ҳам тибби тан ва ҳам тибби дилу рӯҳ ҳар кадом як роҳ доранд, онҳо бояд гармиро сардӣ созад ва сардиро гармӣ. Агар кас гирифтори маризии худписандӣ шавад саъй ва кӯшишу заҳмат ӯро шифо мебахшад. Агар хоксорӣ, фурутанӣ ва шикастанафсӣ ба ҳадди ифрот расида бошад, инсон бояд кибру ғурур кунад, то шифо ёбад.

Пас ҳар инсон бояд донад, ки ахлоқи некӯ дорои се сабаб аст: Якум, он ахлоқе, ки аз асли фитрати инсон бармехезад. Масалан саховатманди аслӣ будан ба ҳар кас муяссар намешавад, зеро саховатмандӣ дар фитрати чунин инсонҳо офарида шудааст. Дуввум он ахлоқе, ки бо саъю кӯшиш ва заҳмати инсон феъли некӯро касб менамояд.

Саввум: Инсон бояд дар зиндагии рӯзмара бо одамоне ҳамнишинӣ кунад, ки онҳо боадаб бошанд, зеро суҳбату ҳамнишинӣ бо чунин одамон ба вай таъсирбахш мебошад. Ин шакли бархурд ба тадриҷ ҷузъи табиати вай мешавад. Хулоса ҳамин, ки ҳар инсоне, ки ба ин се саодат дастёб шавад, вай дар асли фитрати худ некӯахлоқ ва боодоб хоҳад шуд ва ҳар касе, ки аз онҳо дур бошад феъли вай то рӯзи маргаш бад боқӣ хоҳад монд.
А. Ардашер
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: