Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Интихобот - оинаи фардонамо

Интихобот - оинаи фардонамо

13-02-2020, 12:22
Хабарро хонданд: 423 нафар
Назарҳо: 0
Интихобот - оинаи фардонамо
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳҳокимияти халқтавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон


Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо дар остонаи маъракаи азими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад. Пӯшида нест, ки дар ҳар кишваре, ки интихобот баргузор мегардад, ҷомеаи байналмилалӣ ба он таваҷҷуҳ намуда, ҷараёни омодагӣ ва рафти баргузории онро бо мушоҳида ва хулосабарориҳо таҳлил менамояд. Бинобар ин, имрӯзҳо тамоми расонаҳо ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ ба интихоботи мо ҳузури чашмгир пайдо намудаанд.
Интихобот дар ҳаёти ҷомеаи муосир мақоми махсус дорад ва ба қувваи мутаҳаррики пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Ин чорабинии сиёсии муҳим воситаест, ки тавассути он таҳкиму такмили сохторҳои ҷамъиятӣ таъмин мегардад.
Моҳияту хусусиятҳои интихобот дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар возеҳу равшан нишон дода шудааст: «Ҳар инсон ҳақ дорад, дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад; ин ирода бояд дар интихоботи даврагӣ ва ғайриқаллобона (ғайрисохтакорона) ифода ёбад, ки зимни ҳуқуқи умумӣ ва баробари интихоботӣ ба тариқи овоздиҳии махфӣ ё шаклҳои дигари дорои дараҷаи баробар, ки озодии овоздиҳиро таъмин кунанд, бояд баргузор гарданд».
Дар шароити кунунӣ интихобот воситаи асосии сиёсати бунёдгар маҳсуб мегардад. Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки бидуни баргузории интихобот поянда бимонад. Новобаста аз сохти иҷтимоӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷамъиятӣ, сохторҳои гуногуни таркибии кишварҳои олам раванди интихоботро истифода менамоянд. Интихобот, навъ ва шаклҳои гуногуни он дар давлатҳое, ки дар асоси ҳуқуқи инсон ва мардумсолорӣ бунёд ёфтаанд, мавриди истифода қарор дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки роҳи сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократиро интихоб намудааст, интихобот дар сатҳҳои гуногун амалӣ мегардад. Раванди интихобот, ки мураккабу пурҷараён аст, масъалаҳои мухталифро пеш мегузорад, ки ҳалли онҳо аз масоили аввалияи ҷомеа маҳсуб мешавад. Хоса, дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократиро собитқадамона пайгирӣ менамояд, рӯ овардан ба интихобот, ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург, амри воқеист.
Моҳияти омӯзиши интихобот, системаҳои интихоботӣ, навъу шаклҳои он, ҳам аз ҷиҳати назариявию методологӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ арзишманд мебошад. Аз ин хотир, дарки амиқу фаҳми дурусти хусусиятҳои интихобот бағоят муҳим аст.
Дар ҷомеаи демократӣ интихобот дар сатҳи гуногун, дар шаклҳои мухталиф ва ба тариқи густурда истифода мешавад. Интихобот хоси соҳаи алоҳидаи ҳаёти сиёсӣ набуда, балки ҳамаи унсурҳои таркибии ҳаёти ҷомеа, объекту субъектҳои онро фаро мегирад.
Интихобот, ки асосан дар он аҳзоби сиёсӣ миёни худ рақобат менамоянд, шарти муҳим ва кафили амнияти он бозгӯи фарҳанги баланди сиёсии аҳли ҷомеа аст.
Дар бисёр мавридҳо мушоҳида мешавад, ки интихоботро бо «раъй додан» ва «овоздиҳӣ» муродифи ҳам мешуморанд, ки чунин хулосабарорӣ комилан иштибоҳ аст. Раъй додан ва овоздиҳӣ танҳо унсурҳои раванди интихоботро дар бар мегиранд.
Интихобот раванди нисбатан мукаммал ва муҳимест, ки қонунгузории мамлакат, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ онро ба танзим медароранд. Ин меъёрҳо ба санадҳои байналмилалӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар менамоянд, пурра ва комилан мутобиқат менамоянд.
Дар асоси талаботи қонунгузории ҷорӣ ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд, ҳамчунин, шаҳрвандони алоҳида, ки аз тариқи худпешбарӣ барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, муваззафанд, ки фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд. Ба воситаи интихобот, ба роҳ мондани қонунигардонӣ ҳокимият неруманд мешавад. Бинобар ин, ягон ҳизб ё шахси мансабдор ҳаққи онро надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаву хостаҳо ва манфиатҳои худро ба электорати сиёсӣ бо роҳи фишор ва дигар амалҳои хилофи қонун таҳмил намояд.
Дар ҷаҳони муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии иштироки одамон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолияти воқеӣ мебошад. Шаҳрвандон дар интихобот ширкат намуда, ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд. Озодиву комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии шаҳрванд ҳангоми интихобот возеҳ мешавад, яъне интихобот омили пайвасткунандаи ҳокимият ва шаҳрвандон (аҳолӣ) мебошад. Моҳияти асосии ин падидаи иҷтимоӣ ин аст, ки ин чорабинии сиёсӣ ҳокимияти давлатиро қонунӣ мегардонад. Бо воситаи интихобот халқ намояндагони худро баргузида, онҳоро барои амалӣ намудани ҳокимияти худ соҳибваколат месозад.
Ҳар як интихобот, дар марҳилаҳои гунонгун, аз ҳамдигар тафовутҳои зиёде дорад. Аҳзоби сиёсӣ низ вобаста ба инкишофи ҷомеа роҳу воситаҳои муосир ва муассири ҷалби электорати сиёсиро ҷустуҷӯ менамояд. Аз ҷумла, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки теъдоди аъзояш аз дигар ҳизбҳо зиёд аст ва фаъолияти доимиву бетанаффуси ҷамъиятиву сиёсӣ дорад, ҳамеша талош меварзад, ки аз моделҳои бозорӣ, номуташаккил, маъмуриву-гурӯҳӣ, ки барои кишвари Шӯравӣ хос буд, сарфи назар карда, аз моделҳо ва технологияҳои муосири таблиғотӣ истифода намояд. Дар ин самт, ҳизб манбаъҳои хуби ташвиқотиро дар ихтиёр дорад. Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки фарогири тамоми масоили имрӯзаи ҷомеа аст, яке аз васоити таъсирбахш дар интихобот маҳсуб хоҳад шуд, бо ин далел, ки ниёзу хостаҳои мардумро инъикос мекунад.
Ҳамин тариқ, интихобот воситаи бузурги ташаккули системаи сиёсии ҷомеа мебошад. Дар ҳар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва кӯшиш кардан дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини пешрафт маҳсуб мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бо исрор таъкид намуда буданд: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад».
Итминон дорам, интихоботе, ки мо дар ҷараёни вусъатманди он қарор дорем, бо ҳузур ва ширкати шоистаи аҳли кишвар барои рушд ва иртифову тафарруҷи Тоҷикистони азизи мо заминаи поянда ва василаи оянда фароҳам хоҳад кард.
Мутафаккири бузурги Машриқзамин, аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудаанд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бо фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ дар ин маъракаҳои тақдирсоз фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда ва ба ҳизбе раъй диҳем, ки амалу фаъолияти он ва барномаи пешниҳоднамудааш ҷавобгӯи ниёзҳои мардуми кишвар бошад.
Мо бояд ба дурустӣ дарк намоем, ки интихобот як маъракаи муваққатӣ ва зудгузар нест, балки интихоби фардои ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст. Пас, биёед мавқеи худро пешорӯи интихоби дуруст муайян кунем ва ба иштибоҳи сиёсӣ, ки қувваҳои иртиҷоӣ метавонанд дар оянда аз он истифода кунанд, роҳ надиҳем. Пирӯзии неруи солим дар интихобот пирӯзии ақли солим аст.

Хайринисо ЮСУФӣ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ,
муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: