Иззатулло Ҳалимов- котиби аввали ғайримаъмулӣ5-12-2019, 15:46
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Бо тақозои касбу кор солҳои 80-ум ман пайваста бо бисёре аз роҳбарони ҳизбӣ, шӯравӣ, хоҷагӣ ҳамсуҳбат мешудам. Дар миёни онҳо одамони боистеъдод ва соҳибмаълумоту соҳибсавод ва дорои неруи созанда кам набуданд. Ҳамаи онҳо дар ҷайби худ билети узвият дар КПСС-ро доштанд, ба ғояҳои коммунистӣ бовар доштанд, дар кор қувва ва саломатии худро ҳам дареғ намедоштанд. Ин буд, ки дар минтақаҳои худ соҳиби обрӯ буданд. Онҳо тарки олам мекунанд, ҳузури физикиашон қатъ мешавад, вале хотироти некашон боқӣ мемонад. Соле пеш Иззатулло Ҳалимов, ки солҳои мухталиф кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳои Ашт ва Куйбишевро сарварӣ мекард, низ ҷамъи моро тарк намуд. Вай чандин сол Котиби якуми ҳизби коммунисти вилояти Хатлон буд. Ҳикояти ман аз рӯзгори ин марди наҷиб ва ходими давлатист.
Бо Иззатулло Ҳалимов ман охири соли 1985, замоне ки котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Куйбишев интихоб гардид, шинос шудам. Ман хабарнигори махсуси рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” дар вилояти Қӯрғонтеппа будам. Журналистони рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар вилояти Қӯрғонтеппа фаъолият доштанд, анъанаи хуберо дунбол мекарданд: агар дар ин ё он ноҳия шахси аввал иваз гардид, пас, ҳатман мебоист бо ӯ шинос мешуданд, то бидонанд, ки котиби аввал чӣ шахсиятест. Мо онҳоро байни худ ба ду гурӯҳ тақсим карда будем: маъмулӣ ва ғайримаъмулӣ. Агар он роҳбари маъмулист, пас, аҷобате надорад. Ин як одами муқаррарист, ки ба риояи мартаботи расмӣ, эҳтироми мансаби амалдор одат кардааст, миҷинг ва дилбазан аст. Тангназар, ҳизбӣ, оморҳои ширдӯшӣ, вазни гӯшт, ҳосилнокии заминро дӯст медорад, нақшаҳо ва уҳдадориҳои сотсиалистиро меписандад, ширкат ва нишастан дар пленумҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо, семинарҳо, ҷаласоти ҳизби коммунисти вилоят, кумитаи марказӣ ва ғайраву ҳоказоро дӯст медорад. Боре дар ҳуҷраи кории яке аз ҳамин “маъмулиҳо”- котиби аввал менишастам, ки баногоҳ аз телефони мустақим садо баромад. Ва чун донист, ки котиби аввали обком аст, аз ҷой барҷаст ва дар бораи корҳо дар ноҳия рост истода, гузориш дод. Вақте вай гӯширо гузошт, ман аз ханда натавонистам худдорӣ кунам ва эрод гирифтам: “ӯ, ки шуморо намебинад. Масофа миёни шумо баробар ба 150 километр аст. Шумо метавонистед нишаста гузориш диҳед”. Вай аз ғазаб ҳатто сурх шуд ва хеле ба душворӣ худро ба даст гирифт ва гуфт: “Охир вай шахси аввал аст...!” Ин бор ҳам хандаи ман омад, вале худдорӣ кардам. Агар ба ҷойи ман каси дигар мебуд, аз ҳуҷрааш берун мекард, вале мақоми ман ба ӯ ин иҷозаро намедод. Он вақт вай дар назарам хеле хандаовару оҷиз намуд ва қаҳрамони ҳикояи Чехов- “Марги мансабдор”-ро ба ёд овард. Гурӯҳи дуюми котибон дар навбати аввал одамони оқил, дорои тафаккур ва ҷаҳонбинии васеъ, дар суҳбатҳо боз ва озод, ба доираи васеъи мардум дастрас, дур аз ифтихороту ғурури ҳизбӣ ва ё чуноне он вақтҳо мегуфтанд – “такаббури коммунистӣ” буданд. Ва ман ҳам рафтам ба ноҳияи Куйбишев, то барои худ ташхис диҳам, ки Иззатулло Ҳалимов мансуб ба кадоме аз ин ду гурӯҳ аст. Ман аз қабл дар бораи ин мулоқот гуфтугӯ ва маслиҳату машварат накарда будам. Аз таҷриба медонистам, ки дар дидори ногаҳониву тасодуфӣ ва ғайрибарномавӣ инсонро хубтар метавонӣ бишносӣ. Котиба аз тариқи телефон бо вай иртибот гирифт ва аз омадани ман хабар дод ва баъдан аз ман хост, интизор шавам. Баъди ҳамагӣ панҷ дақиқа котиби аввал худ ба қабулгоҳ баромад. — Ту бароям ошно нестӣ, намешиносам туро, вале туро хеле хуб медонам, - гуфт вай баъди саломи гарм ва аз оринҷам гирифт ва бо ҳам ба ҳуҷраи кории вай даромадем. Вақте вориди ҳуҷра шудем, вай на дар курсии худ, балки дар рӯ ба рӯйи ман нишаст ва дар дақиқаҳои аввал дарк кардам, ки ӯ дар раддаи “ғайримаъмулиҳост”. — Медонӣ, ту дар рӯйхати ман ҷой гирифтаӣ! – бо табассуми муаммобарангез гуфт вай. — Умедворам на дар рӯйхати “сиёҳ”,-пурсидам ман. — На, на! – хандид вай. — Дар рӯзномаҳо на ҳама чизе, ки чоп мешавад, ҷолибу хонданист ва барои мутолиаи ҳамаи онҳо вақт ҳам намерасад. Аз ин рӯ, ман дар сарам рӯйхати журналистонеро, ки навиштаҳояшонро бояд дар навбати аввал бихонам, тартиб додаам. Ту дар ҳамин рӯйхат ҳастӣ! — Бароям ин як шарафи бузург аст! — Ту беҳуда тамасхур мекунӣ,- гуфт вай. – Мақолаи танқидии ту “Кист масъули замин?” бароям хеле таъсир дошт. Иззатулло Ҳалимов мақолаи пуровозаеро дар назар дошт, ки дар кумитаи ҳизбии вилоят ва Трести ҷумҳуриявии “Главтоҷикводстрой” – и ноҳияи Қумсангир ҳамаро безобита кард. Наздик ба 2 ҳазор гектар замини навро дар ин ноҳия комиссияи давлатӣ барои кишт қабул намуд. Госплан барои заминҳои нав нақшаи кишти пахта ва сабзавотро таъин намуд, вале ин заминҳо танҳо дар коғаз вуҷуд доштанд. Аммо маблағҳои калони давлатӣ аз ҳисоб бароварда шуданд. Ба як калом пулҳо ба боди фано рафтанд. — Ту медонӣ, дар ноҳияи мо ҳазорон гектар заминҳои ҳосилхез имрӯз ба ботлоқ табдил шудааст,- ба суҳбат оғоз кард вай. – Ин нишонаи муносибати бедардона ба замин аст. Ҳамасола аз ин замин ҳама чиро кашиданд, аммо ба иваз чизе надоданд. Чандин даҳсола ягон тадбири мелиоративӣ барои беҳбуди заминҳо гузаронида нашуд. Инҳо заминҳои дар ҳоли марг ҳастанд, аммо метавонанд дубора зинда шаванд. Барои ин маблағ лозим аст... Вай тавре суҳбат мекард, ки гӯё мо солҳои сол шинос будем. Ман аз огоҳии амиқи ӯ аз авзои ноҳия тақрибан дар ҳама соҳаҳо таҳти таъсир қарор гирифтам, ҳарчанд вай ҳамагӣ муддати як моҳ пеш сарвари ноҳия интихоб шуда буд. Нақли вай, ҳикояти вай аз вазъ хушку холӣ набуд-бо оморҳо, рақамҳо ва далелҳо ҳарф мезад. Дар мавриди корҳо дар ноҳия нақл карда, исми беҳтарин мутахассисон: зироатшиносон, муҳандисон, созандагон, духтурон, муаллимон, роҳбарони хоҷагиҳо ва корхонаҳоро зикр кард. Ба ҳарфҳояш гӯш андохта, дарк намудам, ки вай бо ин одамон на як бору ду бор ғайрирасмӣ мулоқот кардааст ва ҷолибтар аз ҳама он буд, ки вай дар ин муддат на танҳо аз хоҷагиҳо дидан кардааст, балки ба бисёре аз мактабҳо низ рафтааст. Қариб ҳамаи директорони мактабҳоро ном ба ном медонад. (Маъмулан ба мактабҳо, беморхонаҳо, боғчаҳои кӯдакона котибони идеологӣ ва ҷонишинони раиси ноҳия машғул буданд. Ман бори аввал бо ин воқеъият рӯ ба рӯ меомадам, ки котиби якуми ҲК ноҳия баробар бо вазъи иқтисодӣ соҳаи иҷтимоиро низ медонад. Бисёре аз котибони аввали кумитаҳои ноҳиявӣ аз маърузаҳои барои онҳо омодашуда дар конфронсҳо ва маҷлисҳо дар бораи вазъи тандурустӣ ва маориф огоҳ мешуданд). Ман билофосила барои худ муайян кардам: суол кардан номуносиб аст, бояд бидуни музоҳимат гӯш диҳам. Бо гӯш додан ба ӯ ман чандин мавзуъро дар зеҳни худ мушаххас кардам. Дақиқ номҳоеро, ки ба забон мегирифт, менавиштам. Баъдан, бо баъзе аз онҳо вохӯрдам, онҳо бисёр одамони ҷолиб буданд. Нақлҳои онҳо асоси навиштаҳои ман шуданд. Ҷолибтарин нукта дар ин мулоқот барои ман ин буд: ӯ ҳатто аз ман напурсид, ки чаро омадам, мисли он “маъмулиҳо” суол накард, ки масъала чист. Шояд мо ду соат бо ҳам нишастем ва ногаҳон ба соати дасташ нигарист ва гуфт: — Гӯш кун, чаро мо дар ҳуҷраи корӣ нишастаем? Пешниҳод мекунам, ки дар барномаи имрӯзаи ман ширкат кунӣ. Биё биравем ба хоҷагиҳо, пушаймон ҳам намешавӣ. Ман медонам, ки бароят одамони ҷолибу арзандае лозиманд. — Ман одамони зиёдеро дар ноҳияи шумо мешиносам... — Шак надорам, ки ту ҳамаи ордендорон, вакилон, аъзои КМ, ҷоизадоронро медонӣ. Ман онҳоро басо эҳтиром мекунам, онҳо хизматкардагонанд. Аммо дар бораи онҳо хеле зиёд навишта шудааст! Одамони хубтару беҳтари дигаре низ ҳастанд. Дар бораи онҳо низ бояд навишт. Рӯйдоди бароям ҷолибтар аз пеш буд. Мо аз беморхонаҳо, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона, хоҷагиҳо дидан кардем. Ҷойе моро касе интизор набуд. Ин мулоқотҳоро худи сарвар тарҳрезӣ карда буд ва дар бораи онҳо танҳо худаш медонист. Аз ташрифи ногаҳонии сарвар бисёриҳо даступо мехӯрданд... Дар аввалин дақиқаҳо одамон дарк мекарданд, ки омадани сарвар ҳаргиз ба маънои боздошт нест. Вай омадааст, то бидонад, ки одамон чи гуна кор ва зиндагонӣ мекунанд, чи мушкилот доранд. Аз ин мулоқотҳо ман пай бурдам, ки вай метавонад хеле ба зудӣ як суҳбати барои ҷонибҳо эътимодбахшро роҳандозӣ кунад. Одамон аз мулоқоти ногаҳонӣ ҳайратзада мешуданд, вале баъдан, гарму ҷӯшон ӯро гусел мекарданд, мисли ин як нафар аз одамони худии онҳо бошад. Нимишабӣ мо аз ҳам ҷудо шудем. Бароям лозим буд зудтар ба хона расам ва ҷузъиёти мулоқотро рӯйи коғаз орам. Дар сарам мавзуи асосӣ пайдо шуд – нақл дар бораи сарвар. Ҳангоми худоҳофизӣ ман инро ба ӯ гуфтам. — Саломидин, хоҳиш мекунам, худдорӣ кун, - гуфт вай. – Метавонад ин иқдом муҷиби каҷфаҳмиҳо ҳам шавад – ҳанӯз пояш ба ноҳияи нав нарасида, аллакай дар бораи ӯ мақолаи таърифӣ. Ман на танҳо дӯстон, балки бадхоҳону бадандешон низ дорам. Биё сабр кунем. Ман хеле зуд-зуд ба ноҳияи Куйбишев мерафтам. Миёни ману сарвар риштаҳои дӯстӣ устувор шуданд. Ҳар боре мерафтам, мавзуъро ба ёдаш меовардам: “Нақл дар бораи сарвар” ва ҳамеша вай инро рад мекард. Иқтибос аз очерки нонавишта Агар солҳои 80 Иззатулло Ҳалимов иҷозат медод, ки дар борааш нависам, ман ин хотироти ҳамсоягонашро истифода мекардам. Як моҳ баъд аз он ки И.Ҳалимов аз ноҳияи Ашт котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Куйбишев интихоб гардид, хонаводаи вай ҳам ба макони нав кӯчид. Вақте мошин бо ҳама абзори хонаводагӣ дар назди манзили вай таваққуф кард, ҳамсоягон хостанд барои фаровардану ҷо ба ҷо кардани чизу чораи котиб кумак кунанд. Ва интизор доштанд, ки ҳоло онҳо бастаи мебели нав ва қолинҳои қиматбаҳоро ба хона хоҳанд даровард. Аммо чун дивани фарсудаи солҳои 70 ва курсиҳои кайҳо муҳлати истифодаашон гузаштаро диданд, дар тааҷҷуб монданд. Ба ҷойи қолинҳои наву замонавӣ онҳо гилемҳои куҳнаро ба хона дароварданд. Вале бештар аз ҳама китобҳои хеле зиёди муназзам бастабандишуда онҳоро ба ҳайрат овард. Овозаҳо дар бораи мебелҳои “антиқӣ”- и нафари аввали ноҳия хеле ба зудӣ дар саросари ноҳия паҳн шуд. Ва боре раиси потребсоюзи ноҳия (истилоҳи он замон вирди забонҳо) ба қабули котиб омад ва ба ӯ хабар дод, ки ба анбораш мебели хориҷӣ – ҷойхоб ва гарнитури пазироии меҳмон ворид шудааст. - Магар ту барои мебели воридотӣ харидор надорӣ?- бо тааҷҷуб пурсид Ҳалимов. – Ту ин мебелҳоро ба занбӯрпарварону лимупарварон пешниҳод кун. Охир онҳо серпуланд. Вале савлат ба ҷайби ман мувофиқат намекунад, ин мебелҳо ба назарам арзиши нимсола маоши маро доранд. Он вақт раиси потребсоюз ба он ишора кард, ки мушкилоти пулиро метавон ҳал кард. Вале аз гуфта пушаймон шуд. Сарвар ӯро аз дар берун ронд. Комиссари ҳарбии ноҳия низ аз он ки ба ҳузури Ҳалимов омад, сахт пушаймон шуд. Вақте вай исми писари сарварро дар рӯйхати даъватшавандагон дид, омад ва суол кард, ки писарашро ба кадом намуди қувваҳои мусаллаҳ фиристад ва оё зарурати ним сол таъхир надорад? - Оё дар кишвари мо неруҳои ҳарбие вуҷуд доранд, ки барои баргузидагон шароитҳо бо гармхонаҳои вижа сохта шудаанд?,-бо тамасхур пурсид Ҳалимов. – Писари ман низ яке аз ҳамин даъватшавандагон аст. Комиссари ҳарбӣ ҳар ҷойе лозим медонад, фиристед барои хизмат. Комиссари ҳарбии ноҳия чораи дигаре надошт, ба ҷуз ин ки саросемавор утоқи кории котиби аввалро тарк кунад. Аз миён ду сол гузашт. Соли 1988 вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба ҳам оварда шуданд ва Иззатулло Ҳалимов Котиби аввали ҲК вилоят интихоб гардид. Ман барои занг задан саросема нашудам. Чаро? Кӣ медонад, шояд ин мансабдори баландрутбаи ҳизбӣ, узви КМ, ки дар феҳрасти кадрҳои КМ КПСС ҷой гирифтааст, бо ман нахоҳад гуфтугӯ кунад. Ва ҳоло ҳам бароям хиҷолатовар аст, ки он вақт дар бораи Иззатулло Ҳалимов ин гуна андешидам. Тахминан, баъди ду моҳ, як субҳи бармаҳал телефони манзилам ба садо омад. Ин Иззатулло Ҳалимов буд. — Саломидин, ман инак ду моҳ аст, ки дар шаҳри туам. Ман омада, аммо ту соҳибхона. Ва ту ба ман ақалан боре ҳам занг назадӣ. Ин хуб нест. — Шумо давраи ташкилиро аз сар мегузаронед ва ман нахостам шуморо нороҳат кунам. Ман шуморо табрик мекунам... — Лозим нест, ки маро табрик кунӣ. Беҳтараш, ки ҳамроҳ ба Қубодиён равем. Он ҷо роҳбарони ноҳияи ҳамсоя Шаҳритус ҳам ҷамъ меоянд. Ман ҷаласаи калонеро даъват кардам. Туро соати 9 интизор мешавам. Соати 11 мо ба ноҳия расидем. Ҷаласаи соати 17 дар колхози 50-солагии СССР, ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои пахтакори кишвар буд ва онро Аҳлиддин Афғонов, яке аз донишмандони риштаи иқтисод ва корҳои хоҷагӣ сарварӣ мекард, таъйин шуда буд. ӯ борҳо аз ман хоста буд дар бораи ин нақшаи иллатдор нависам. Барои он ки ҳар сол нақшаи ғайри қобили иҷро татбиқ шавад, бояд аз ҳар гектар 32 сентнер пахтаи маҳиннах ҷамъоварӣ гардад. Аз ин рӯ, ҳар сол онҳо дертар аз дигарон нақшаи тавлиди пахтаро иҷро мекунанд ва чун хоҷагии ақибмонда эътироф мегарданд. Ва ин боз дар хоҷагиест, ки мутахассисони босаводу соҳибтаҷриба дорад. Дар ҳоле ки дар ҳамин ноҳияи Шаҳритус хоҷагиҳое кам нестанд, ки аз ҳар гектар 25 сентнер пахтаи миёнанах ҷамъоварӣ мекунанд, аввалинҳо шуда аз иҷрои нақша гузориш медиҳанд, соҳиби Парчами сурхи сайёр мешавнд, рӯзномаҳо дар бораи комёбиҳои кории онҳо низ зиёд менависанд. Ҳамаи сарварони бригадаҳо ҳамроҳ бо раиси худ дардро дар ҷони худ эҳсос мекунанд: чаро чунин аст, мо самаровартар кор мекунем, натиҷаи заҳматамон босифаттар аз дигарон аст, аммо дар шумори ақибмондаҳоем. Устод Отахон Латифӣ борҳо дар бораи одамони наҷиби ин колхози “ақибмонда” дар саҳифаҳои “Правда” матолиби ҷолиби зиёде навиштааст. Иззатулло Ҳалимов, Аҳлиддин Афғонов ва ман барои ошноӣ бо вазъи кор ба заминҳои колхоз рафтем. Афғонов фурсатеро муносиб ёфта, ба гӯшам пичиррос зад, ки дар бораи ин мушкил бо сарвар суҳбат дар миён оварам. Дар роҳ ман дар ин бора бо мисолҳои зиёде ҳарф задам. Ва дар хотима илова кардам, ки дар водии Вахш хоҷагиҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди доштани имконияту воситаҳо ва фарҳанги кор бо замин аз ҳамин гуна ноадолатӣ ранҷ мебаранд. Изатулло Ҳалимов ҳарфҳои маро бодиққат ва орому ботамкин, бо сарҷунбонӣ шунид ва чун ман нақламро ба поён бурдам, вай мавзӯъро дигар кард. Ба назарам чунин расид, ки шарҳи ман дар бораи ин мушкилот писандаш наёмад ва ман тасмим гирифтам дигар ба ин мавзӯъ барнагардам. Вале дар роҳи бозгашт аз Қубодиён ба Қӯрғонтеппа худи ӯ сари масъалаи мавриди баҳс дубора баргашт. — Ту гумон мекунӣ барои ман фарқе надорад? – ба сухан омад ӯ. - Шояд ман бештар аз дӯсти ту Афғонов дар ин бора фикр мекунам. Аммо наход ту надонӣ, ки нақшаҳо дар утоқҳои Маскав тарҳрезӣ мешаванд ва ба ҷумҳурӣ зӯран бор карда мешаванд. Ҳукумати ҷумҳурӣ чорае надорад, ба ҷуз ин ки ин нақшаро ба поён ҷорӣ кунад. Аз ин рӯ, ман хомӯш мондам. Охир ман наметавонистам ба дӯсти ту бигӯям, ки ин ҷурми Госплани СССР аст, на кумитаи вилоятии ҳизб. Ёд дорӣ, дар суҳбати аввалинамон ман дар бораи заминҳои корношоям дар ноҳияи Куйбишев ҳарф зада будам. Ва он низ натиҷаи ҳамин гуна тарҳрезиҳову талабҳои пуриллат аст. Бояд дар назди ҳукумати кишвар масъалагузорӣ кард, албатта, агар ту бидонӣ, ки онҳо қудрати ҳалли ин мушкилро доранд. Ҳалли он аз ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста нест. Ман дар бораи кори хоҷагиҳо на аз рӯйи гузориши иҷрои нақшаҳо ва уҳдадориҳо муҳокимаронӣ мекунам, балки натиҷаи ниҳоии ҳосилшударо дар мадди назар мегирам. Агар бихоҳӣ дақиқтар бифаҳмӣ, пас бидон, ки хоҷагиҳое назири колхози Афғонов ҳамеша дар мадди назаранд ва ҳамеша ман онҳоро пуштибонӣ мекунам... Ҳамин тариқ, мо ба ноҳияҳои водии Вахш ва Кӯлоб мерафтем. Вай зиёд дар ҷаласаҳо суханронӣ мекард. Ин суханронии роҳбари босалоҳияте буд, ки вазъро дар саросари вилоят ва ҳар кунҷу канори он на аз рӯйи шунид медонист. Ягон вақте сафарҳои вай бо боздид аз маркази ноҳияҳо маҳдуд намешуд. Вай албатта то минтақаҳои дурдасти ноҳия мерафт. Дар аввали соли 1989 театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа пйесаи Сиёвуш “Фариштаҳо”-ро ба саҳна гузошт. Ва ин як рӯйдоди фаромӯшношудании фарҳангии вилоят буд. Он солҳо дар театр ҳунармандони ҷавону умедбахш, хатмкардагони Донишкадаи санъати Тоҷикистон кор мекарданд. Барои баъзеи онҳо ин намоиш имтиҳони булуғи ҳунар буд. Бо дарки бетафовутии бинандаи тоҷик (чун кулли намоишҳо дар толори нимахолӣ мегузаштанд), мо журналситон хостем ба ҳунармандон ёрӣ расонем. Ман ба роҳбарони шаҳру вилоят муроҷиат кардам, ки ҳузури васеи тамошобинонро аз ҳисоби сокинони соҳибмаърифат таъмин созанд. Ин ғоя ба котиби ҲК вилоят Шарофат Усмонова илҳом бахшид. Бо ташаббуси вай дар ҷомеаи кории шаҳр таблиғи густардаи нахустнамоиши “Фариштаҳо” шурӯъ гардид. Нашрияҳои вилоятӣ суҳбати муаллиф ва коргардони онро интишор доданд. Ба назарам бори аввал толор лабрез аз тамошобинон шуд ва ҳатто лозим омад курсиҳои иловагӣ аз дигар утоқҳо ба толор оварда шаванд, то ҳама ҷойи нишаст ёбанд. Роҳбарони шаҳр ва вилоят бо сарварии Иззатулло Ҳалимов ҳамагӣ дар ин нахустнамоиш ширкат карданд, ки ин беҳтарин рӯйдод буд. Баъди анҷоми намоиш Иззатулло Ҳалимов ба саҳна боло шуд. Вай ҳайати эҷодӣ, кулли ҳунармандони ҷавонеро, ки дар он нақш офарида буданд ва муаллифи пиесаро барои комёбии касбиашон муборакбод кард: - Ман ваъда медиҳам, ки роҳбарияти вилоят минбаъд низ театрро дар оғозҳои некаш дастгирӣ меунад,- зикр намуд вай. Ва ин аввалину охирин бор набуд, ки Ҳалимов ба театр меомад. Вай ҳамеша омодагиҳо ба намоишҳои навро пайгирӣ мекард ва талош менамуд ҳеҷ як нахустнамоишро нодида намонад. Дар солҳои бозсозии Горбачёвӣ бисёре аз роҳбарони ҳизбиву давлат бо журналистон ҳамнафас мешуданд. Дӯстӣ бо онҳо гӯё муд шуда буд. Бо назардошти он ки Горбачёв ба матбуот ихтиёроти бештар дод, онҳо хеле ба зудӣ дарк намуданд, ки бетаваҷҷуҳии пеш ба журналистон барояшон хатар дорад. Онҳо бо камоли майл рӯзноманигоронро қабул мекарданд ва ё ҳатто ба иншоотҳои зарурӣ ҳамроҳӣ мекарданд, шахсан онҳоро истиқбол менамуданд ва гусел мекарданд. Иззатулло Ҳалимов ҳеҷ гоҳ аз қабули журналистон сар намепечид, вай бо онҳо робитаҳои хуби дӯстона дошт. Вай матбуотро ба унвони шарик дар як амри муштарак медонист. Ҳамаи рӯзноманигорон-таҳлилгарони таъсиргузор бо як ҷаҳон эҳтиром ба ӯ менигаристанд. Дар солҳое, ки вай дар водии Вахш кор мекард, ман ягон ҳарфи танқидӣ дар рӯзномаҳоро нисбаташ ёд надорам. Соли 1996 ва ё 1997 (дақиқ намедонам) дар телевизиони хориҷии “НТВ” сужаеро тамошо кардам, ки ҷангиёни мухолифи давлат (ИОТ) маркази ноҳияи Комсомолободро ишғол карданд ва дар бораи гузаштани ин ноҳия ба ихтиёри мухолифон хабар дода мешуд. Ман комилан сабру таҳаммулро аз даст дода будам ва бесаброна охири намоишро интизор шудам. Хостам донам, ки сарвари он Иззатулло Ҳалимов куҷост. Ва чун хабар ёфтам, ки дар шаҳри Душанбест, нафаси сабук кашидам. Мусоҳибаи журналист бо муовини ӯ хеле мароқангез буд. Ба суоли журналист “Вай иваз шудани ҳокимият дар ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?” тахминан ин гуна посух дод: “Оҳ агар ман метавонистам ба як гӯшаи замин мерафтам, ки он ҷо тоҷик набошад...”. Барои тоҷиконе, ки дар сатҳи миллӣ меандешиданд (ва Иззатулло Ҳалимов аз зумраи онҳо буд) ҷанги шаҳрвандӣ фоҷеаи шахсӣ маҳсуб меёфт. Иззатулло Ҳалимов аз зумраи он рӯшанфикрони покниҳод буд, ки дур аз ғаразҳову ҳиссиёти маҳалгароӣ дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 зоҳир шуда буд. Солҳои 1991-1992 ба иллати вазъи баамаломада мо хеле кам вомехӯрдем. Вале ҳар боре медидам, ҳис мекардам, ки дар чеҳрааш осори амиқи ғусса лона мегузорад. Вай аз он ранҷ мебурд, ки беҳокимиятӣ ва беназмиву харҷу марҷ ҷумҳуриро фаро мегирад. Инсоне бо тафаккури давлатӣ, таҷрибаи бойи корҳои роҳбарӣ беҳтар аз дигарон медонист, ки ҳукумати тӯдаҳо ба фоҷеа меанҷомад. Ман гумон мекунам сабаби марги бармаҳали ӯ низ дар ҳамин мантиқ нуҳуфтааст. Августи соли 2010. Шарҳ: Ин очерк моҳи августи соли 2010 навишта шуд ва шакли кӯтоҳшудаи он дар ҳафтаномаи “Азия-плюс” интишор ёфт ва ҳамзамон дар сомонаи нашрия низ ҷой дода шуд. Ба унвони ин сомона номаҳои ҳамовозии зиёде расиданд, ки баъзеи онҳоро бидуни таҳрир ва ислоҳи иштибоҳоти граматикиву услубӣ (русӣ) пешниҳод мекунам. «Имрӯз Ватан ба касоне мисли ӯ ниёз дорад”. «Афроде дилдодаи кори худ ва кишвар ҳоло вуҷуд надоранд”. «Ман Иззатулло Ҳалимовро хуб мешинохтам ва тоза фаҳмидам, ки ӯ дар қайди ҳаёт нест. Баъди таъин шуданаш Қӯрғонтеппа шукуфо гашт. Вай на танҳо дар роҳбарӣ якум буд, балки дар ҳаёт низ: фурӯтан, меҳрубон... Ва фарзандони худро ба ҳамин равиш бузург кард. Онҳо ҳаргиз аз он ки падарашон шахси аввал дар вилоят буд, такаббур накарданд, хоксору мутамаддин буданду монданд. Ман онҳоро эҳтиром мекардам. Ва сад афсӯс, ки ӯ дигар бо мо нест”. Вақте ин навиштаҳоро мехондам, қаҳрамони худро боз ҳам беҳтару хубтар шинохтам ва як бори дигар мутақоид шудам, ки ҳикмати халқ куҳна намешавад: муҳим он аст, ки мардум дар бораи инсон пас аз марги вай чӣ мегӯянд. Чаро ин байти Саъдии бузургворро ин ҷо наорам: «Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист, К – аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро». Соли 2013 сокинони яке аз кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонпеппа, ки номи нависандаи рус Чернишевскийро дошт, ба ҳукуматдорон муроҷиат карданд, ки ин кӯча ба номи Иззатулло Ҳалимов гузошта шавад. Эҳтимолан, ин аввалин бор буд, ки дар тағйири номи кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ибтикори амал аз сӯйи худи мардум сурат гирифт. Ифтихору тамҷид аз роҳбарони шаҳр, ки аз ин ибтикор амалан ҳимоят карданд. Ва ҳоло дар Қурғонтеппа кӯчае номи Иззатулло Ҳалимовро дорад... Саломиддин Мирзораҳматов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.