Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

30-11-2019, 16:55
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
29.11.2019, Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!

Муҳтарам ҳамтоён!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, барои пазироии самимӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои гузаронидани вохӯрии имрӯза арзи сипос намоям.

Мо дар ҳайати маҳдуд доираи васеи масоили мубрами рӯзномаи минтақавиро муҳокима намудем.

Натиҷаҳои мубоҳисаҳои судманд бори дигар қаробати мавқеъҳои давлатҳои моро оид ба амиқ гардондани ҳамкории минтақавӣ нишон доданд.

Дар ин росто имрӯз дар назди мо вазифаҳои калон истодаанд ва мо бояд икдоми минбаъдаи мушаххаси худро оид ба рушди судманди ҳамкории минтақавӣ, ки ба болоравии минбаъдаи некуаҳволии халқҳои мо равона гардидаанд, муайян созем.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори аҳким ва рушди ҳаматарафаи робитаҳо ва шарикӣ миёни давлатҳои минтақа буд ва ҳаст.

Чунончи, дар мақоли тоҷикӣ омадааст: «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур».

Халқҳои мо таърихи бисёрасраи ҳамзистии созанда дар рӯҳияи ҳамсоягии нек ва дастгирии ҳамдигарро доранд.

Яке аз сматҳои муҳими шарикии минтақавӣ ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодиёт мебошад.

Дар ин зимина, мехоҳам ҷараёни устувори афзоиши мубодилаи тарафайни Тоҷикистонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намоям.

Ҳамзамон, ба таври возеҳ мусаллам аст, минтақа дар ин соҳа неруи калон дорад, ки ҳанӯз ба пуррагӣ истифода нашудааст.

Мо ҷонибдори мунтазам вусъат додани маҷмӯи ҳамкории иқтисодӣ мебошем.

Вазифаи асосӣ дар ин самт, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ, захираҳои меҳнат ва сармоя мебошад.

Барои рушди ҳамкории сармоягузорӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Инҷо зикр кардан ба маврид аст, ки аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо назардошти манфиатҳои умумии ҷонибҳо яке аз шартҳои муҳим мебошад.

Ин иқдом ҳам ба ҳамкории воқеӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам ба суръат бахшидани рушди иқтисодии кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина, ба назари мо, зарурати ташкили Фонди сармоягузории Осиёи Марказӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои ояндадори минтақавӣ мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ ва дар бахшҳои гуногуни саноат зарур шуморем.

Минтақаи мо дорои имкониятҳои васеи нақлиётию транзитӣ мебошад.

Мо барои манфиати халқҳоямон бояд шароити мусоид фароҳам оварем.

Пӯшида нест, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ дар минтақа аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ мебошад.

Бо ин максадҳо Тоҷикистон ба эҷоди долонҳои нав ва барқарорсозии долонҳои минтақавии нақлиётӣ ва транзитӣ ахамияти хоса медихад .

Зарур аст, ки кишварҳои минтақа барои фароҳам овардани шароити хуб барои ҳамлу нақли транзитӣ кӯшиши худро равона созанд.

Баланд бардоштани сатҳи амнияти нақлиётӣ, татбиқи сиёсати фасеҳи тарифӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ низ муҳим мебошад.

Бо дарназардошти воқеияти имрӯза, баррасии масъалаи омодасозӣ ба имзои Созишномаи бисёрҷанбаи дахлдорро ҷиҳати таҳияи минбаъдаи механизми умумии минтақавии ҳамкории нақлиётӣ ва транзитӣ мувофиқи мақсад мешуморем.

Истифодаи самарабахши иқтидори обу энергетикаи минтақа ҷанбаи дигари муҳими ҳамкорӣ ба шумор меравад.

Оқибатҳои тағирёбии иқлим ва талаботи рӯзафзун ба захираҳои об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти минтақа вобаста мебошанд, зарурати ҳамоҳангсозӣ ва амалҳои мураттабро дар соҳаи истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои об талаб мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам бори дигар омодагиамонро барои муколамаи кушод оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли қобили қабули тарафайн ва оқилона дар ин самт изҳор намоям.

Дар ин росто, амалҳои муштараке, ки ба татбиқи амалии лоиҳаҳо ва барномаҳои минтақавӣ дар соҳаи истифодаи об, аз ҷумла дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал нигаронида шудаанд, аҳамияти муҳим доранд.

Итминон дорем, ки талошҳои муштараки мо дар татбиқи лоиҳаҳои обӣ ва энергетикӣ дар ҳалли масъалаҳои зиёди рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд.

Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии глобалии замони мо ба шумор меравад.

Оқибатҳои тағирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза дар минтақаи мо таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон, ки дар он то шаст (60) фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо ба назар мерасад.

То имрӯз аз сенздаҳ (13) ҳазор пирях, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгиранд, ҳазортоаш нопадид шудааст.

Ҳамзамон мехоҳам зикр намоям, ки дар ин замина маҷрои дарё дар ҳудуди меъёрҳои дарозмӯҳлат боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди ин, моро мебояд ба мушкилоти обшавии захираҳои барфӣ ва яхии минтақа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем.

Дар робита ба ин, ман борҳо аз минбари СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо даъват кардаам.

Мо пешниҳод менамоем, ки ҳамгироии сохторҳо ва бахшҳои илмии кишварҳоямон дар самти назорати ин ва дигар манбаъҳои об дар минтақа тақвият дода шавад.

Дар ин росто, ба роҳ мондани мубодилаи доимии иттилоот ва андешидани тадбирҳоро барои таҳия ва татбиқи якҷояи барномаҳои минтақавӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳолати пиряхҳо мувофиқи мақсад мешуморем.

Самти дигари муҳими ҳамгироии мо метавонад ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ бошад.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва бо дарназардошти шароити табиию иқлимӣ зуд-зуд ба зуҳуроти офатҳои табиӣ дучор мегардад.

Онҳо ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар миллионҳо доллар зарари зиёди моддӣ мерасонанд, мутаассифона, ҳолатҳои марг низ ҳастанд.

Мо ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодда манфиатдорем.

Рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ аҳамияти басо муҳим дорад.

Мехостам аҳамияти густариши равобитро дар соҳаи илм ва маориф махсус таъкид намоям.

Мо ба таҳкими минбаъдаи равобит дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва варзиш манфиатдорем.

Мо ҳамаҷониба тақвият бахшидани робитаҳо миёни марказҳои илмию таълимӣ ва доираҳои эҷодии кишварҳоямонро муҳим мешуморем.

Дар ин замина, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола дар кишваре, ки дар он Шӯрои машваратии навбатиамон баргузор мешавад, Рӯзҳои муштараки фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шаванд.

Ҳамчунин, ба мақсад мувофиқ мешуд, ки ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шавад, ки Барномаи минтақавии мубодилаи байнидонишгоҳӣ ва илмӣ, баргузории конфронсҳои муштараки илмию амалӣ, семинарҳо, омӯзишҳо ва мизҳои мудавварро оид ба масъалаҳои мубрами минтақаамон таҳия намоянд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ ҷузъи муҳими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.

Ин соҳа дар густариши робитаҳо миёни халқҳои мо нақши муҳим дошта, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди мубодилаи фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Мо тақвияти ҳамгироии минтақавиро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкории наздик, самарабахш ва мутақобилан судманд дар ин соҳа зарур мешуморем.

Муҳтарам ҳамтоён,

Таъмини амният омили асосии рушди устувор мебошад.

Тавре вақт нишон дод, сатҳи таҳдидҳо ва чолишҳо ба амнияти минтақавӣ, сарфи назар аз андешидани чораҳо дар самти мубориза бо онҳо, паст нашудаанд.

Фаъол шудани амалҳои созмонҳо ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар қаламрави минтақа ба таври возеҳ ба назар мерасад.

Далели он, ки террористҳо ва экстремистҳо ба воқеияти нав мутобиқ шуда истодаанд, шаклҳо ва усулҳои нави гузаронидани амалҳои террористиро тарҳрезӣ ва татбиқ мекунанд, боиси нигаронист.

Дар робита, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткории фаромиллӣ, киберҷиноят, хариду фурӯши одамон, инчунин яке аз таҳдидҳои асосӣ барои минтақаи мо – тақвият ёфтани таъсири тундгароии мазҳабӣ дар мадди аввал қарор мегиранд.

Дар ин самт мо иттифоқчиёни ҳақиқӣ ҳастем.

Ба ақидаи мо, барои коҳиш додани сатҳи ин таҳдидҳо, пеш аз ҳама, ҳамоҳангсозии фаъолтари фаъолияти хадамоти махсус, сарҳадӣ, зиддитеррористӣ ва маводи мухаддир зарур аст.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, мо пешниҳод менамоем, ки механизми баргузории ҷаласаҳои мунтазами роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳия карда шавад.

Барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Афғонистон шарти басо муҳими таъмини устувори амнияту субот дар минтақа мебошад.

Аз ин рӯ, мо кӯшишҳои байналмилаливу минтақавиро, ки ба ҷустуҷӯи роҳҳои осоиштаи ҳалли мушкилоти Афғонистон нигаронида шудаанд, пурра дастгирӣ менамоем.

Дар баробари ин, мо бар он итминон дорем, ки мардуми Афғонистон худашон бояд сарнавишташонро ҳал кунад.

Омодаем минбаъд низ ба раванди ташаккули заминаҳои зарурӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити сулҳ ва амнияти кафолатдодашуда дар замини ҷафодидаи Афғонистон ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Имрӯз мо Тартиби Вохӯриҳои машваратиамонро тасдиқ хоҳем кард, ки ба муколамаи мунтазами эътимодомези мо дар сатҳи минтақавӣ шакли мушаххас медиҳад.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи имрӯза, мо инчунин Изҳороти муштарак қабул хоҳем кард, ки нуқтаи назари умумии моро дар бораи вазъ дар минтақа ва кӯшиши ҳамкории минбаъдаи созанда дар минтақаро инъикос мекунад.

Бо дастгирӣ аз қабули ин ҳуҷҷатҳо, ба он изҳори итминон мекунам, ки мубодилаи афкори ҳамаҷониба судманди имрӯз дар Тошканд баргузоргардида ба ҳамкории муассири кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.

Дар хотима мехостам бори дигар ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович барои меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои баргузории чорабинии имрӯза дар фазои муколамаи созанда изҳори сипос намоям.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: