Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШУКӮҲИ МЕҲРУ ОДАМИЯТ

ШУКӮҲИ МЕҲРУ ОДАМИЯТ

31-01-2019, 09:36
Хабарро хонданд: 577 нафар
Назарҳо: 0
  ШУКӮҲИ МЕҲРУ ОДАМИЯТ

Ҳар қадар, ки ба сарҳади пирӣ наздик мешавам, айёми ҷавонӣ, солҳои донишҷӯӣ, устодону ҳамсабақон ва лаҳзаҳои беҳтарину гуворои ин айёми ширину тилоии умр бештар ба ёдам мерасанд. Дар заминаи ҳамин хотираҳо мехоҳам аз устодони азизам ёд кунам ва заррае ҳам бошад қарзи шогирдии худро дар ҷуброни хизматҳои пурарзиши онҳо адо намоям.
Маҳрам Файзов, ин ном бо рӯзгори донишҷӯии ман пайванди ногусастанӣ дорад.
Аз нахустин лаҳзаҳои донишҷӯӣ чеҳраи гарму нуронӣ, салобату тамкини ин марди солору қавипайкар диққати маро ба худ ҷалб намуда буд. Устод Маҳрам Файзович ба мо аз фанни нутқи саҳнавӣ дарс мегуфтанд. Мо ҳамсабақон ба дарсҳояшон бо шавқу рағбати хосса иштирок мекардем. Ҳангоми тадрис дар радифи омӯхтани нозукиҳои санъати нутқ, ҳамчунин, гармиву ҳарорат ва меҳри бепоёни он касро ҳис мекардем. Суҳбатҳои пурбору пурҳикмати ӯ аз боби фарҳангу адаб ва суханварону ҳунармандони маъруф бо шӯхиҳои намакинашон ба дарсҳо ҳусну маънии бештар мебахшиданд. Устод бо қомати баланду китфони паҳни хеш дар ҷавонӣ паҳлавони майдони гӯштин низ будааст. Вале дар хотири ман ӯ ҳамчун паҳлавони майдони шарафу ҷавонмардӣ ва нангу номуси баланди инсонӣ боқӣ мондааст. Сифлагону дурӯягон, тамаллуқкорону пастфитратон ва бешарафони шайтонмиҷозро чашми дидан надошт. Дили ӯ аз ин гуна хислатҳои зишту нопок орӣ буду завқи баланд, табъи нозук ва тарзи либоспӯшиаш барои мо шогирдон ҳамеша беҳтарин намунаи ибрат буд. Ӯ ҳамроҳи устод Меҳрубон Назаров аз таъсисдиҳандагони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мебошанд. Соли 1974 донишкадаи мазкур дар заминаи факултаи санъат, ки дар ҳайати собиқ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон амал мекард, таъсис ёфт ва мо аз зумраи аввалин довталабон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимии ҳунарҳои зебо будем.
Дили устод М.Файзов барои донишкадаи навтаъсис рушду нумӯъ ва сифати баланди таълиму тарбият, омода намудани кадрҳои баландпояи соҳаи санъат, тарбияти ҳунармандони соҳибзавқу боистеъдод ва тақдири ояндаи онҳо сахт метапиду бетараф буда наметавонист. Барои ҳамин ҳам он солҳо донишкадаи санъат яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимии кишвар буд ва ба донишҷӯёни он бо ҳасад менигаристанд. Ҳунармандони маъруфи тоҷик аз қабили Фаррух Қосимов, Савриннисо Сабзалиева, Нурулло Абдуллоев, Шералӣ Абдулқайсов, Сабоҳат Қосимова. Асалбек Назриев, Қиёмиддин Чақалов, Аҳмадшо Улфатшоев,
Исо Абдурашидов, Саодат Азизова, Бобоҷон Ҳасанов, Давлат Убайдуллоев, Мирзоватан Миров, Муҳаммадҷон Шодиев, Лутфулло Давлатов, Толиб Бобоев ва бисёр ҳунармандони соҳибистеъдоди театрҳои кишвар хатмкунандагони ҳамин боргоҳи ҳунар мебошанд. Аз забони аксари эшон борҳо дар бораи устоди гиромӣ Маҳрам Файзов ва лаҳзаҳои хушу хотирмони бархурди онҳо суханони пурмеҳру қиссаҳои аҷибе шунидаам. Ҳар кадоме аз онҳо номи Маҳрам Файзовро чун устод бо ифтихор ба забон меоранд. Ман низ аз зумраи он шогирдони хушбахте будам, ки борҳо дар печутоби рӯзгори нобасомон ва душвориҳои ҳаёти донишҷӯӣ аз меҳрубониҳои падаронаву ҷавонмардонаи устод Маҳрам Файзов бархурдор гаштаам.
Устод баъди хатми донишкада низ аз тақдиру фаъолияти эҷодии шогирдони худ ғофилу бетараф набуд. Ӯ ҳамеша меҳмони театрҳо шуда ҳар як намоиши нави онҳоро бо назари таҳқиқ тамошо мекард ва пайваста таъкид мекард, ки агар сухани актёр аз саҳна буррову шунаво ба гӯши тамошобин нарасад, пас нақши хеле олӣ ҳам бозӣ кардаи ӯ қимати худро гум мекунад.
Ман меҳру самимият ва таваҷҷуҳи падаронаи устодро то охири умри пуршарафаш эҳсос мекардам. Ӯ на танҳо ба нақшҳои дар саҳнаи театр иҷро кардаам, ҳатто ба намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои телевизиону радио, ки ман ба ҳайси ровӣ ё баранда дар онҳо иштирок мекардам, эътибори хоса дода, дар аввалин дидор андешаҳои худро иброз медошт ва аз комёбиҳои ҳунарии ман кӯдаквор шод мегашт.
Аввалин пирӯзии эҷодии ман бо номи устод Маҳрам Файзов иртибот дорад.
Соли 1977 бо пешниҳоди устод Маҳрам Файзов ман ба озмуни умумииттифоқии ровиён ба номи Вл.Яхонтев омодагӣ гирифтам ва дар ду даври аввали он ки дар худи донишкада сурат гирифт, пирӯз гаштам. Даври ниҳоӣ, ки дар пойтахти шимоли Русия, дар шаҳри бостониву фарҳангбунёди Санкт-Петербург (собиқЛенинград) мегузашт, барои мани раҳҷӯи ҳунар басо тақдирсоз буд. Ҳаяҷону эҳсосоти онлаҳзаинаи маро бо сухан ифода кардан душвор аст. Вале устод Маҳрам Файзов ба ман неру ва боварӣ илқо мекард, то дар азми хеш устувор бошам. Бо тавсияи ӯ матни баромади худро барои даври ниҳоӣ такмил додам. Аз ашъори устод Лоиқ беҳтарин шеърҳоро, ки ба мавзӯи озмун – «Ҷавонон ояндаи сайёра» созгору мувофиқ буданд, бо ду забон - тоҷикиву русӣ интихоб карда, баъди дарсҳо ҳамроҳи устод то бегоҳ, баъзан то торикиҳо машқу тамрин мекардем. Баъзан бо хоҳиши устод барои қисмати русии барномаи ман муаллими маҳорати актёрӣ Щербин Николай Филиппович, ки он солҳо аз шаҳри Ленинград ба донишкадаи мо ба кор даъват шуда буд, кӯмак мекард…
Ниҳоят рӯзи ҷамъбасти озмун, вақте, ки ба ман дипломи ғолиби озмуни умумииттифоқии ровиён ба номи В.Яхонтевро супориданд, дар чашмони устод ашки шодиро мушоҳида кардам.
«- Мо ғалаба кардем, бачем».
Ин суханони устод, ки дар худ маъниҳои зиёде дошт, дер боз дар гӯшам садо медод.
Хушбахтона, дар байни донишҷӯёни Донишкадаи санъати Тоҷикистон бо пирӯзӣ дар ин озмуни бонуфуз ман роҳкушо будам ва ҳамон сол аз байни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон низ номи ман дар шумори ғолибон садо дод. Хонандаи азиз, ин сатрҳоро худситоӣ қабул насоз. Ин далел дастоварди нахустини ман дар ҷодаи ҳунар буд, ки бо дастуру заҳматҳои устодам Маҳрам Файзов ва кӯшишу ғайрати ҷавонӣ ҳосил гашта буд...
Устод Маҳрам Файзов мисли кӯдак завқ мебурду шодӣ мекард, беқаророна ба Душанбе, ба донишкада занг зада муждагонӣ дод.
Вақте, ки ба Душанбе баргаштем, дар вурудгоҳи асосии донишкада лавҳаи калонеро бо паёми табрикӣ ба ифтихори пирӯзии ман дар озмуни умумииттифоқии ровиён гузошта буданд, ки ин ҳам пешниҳоди устод буд. Дере нагузашта дар ин хусус мақолаи пурмеҳри устод Маҳрам Файзов дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба чоп расид...
Маҳрам Файзов бо дили пурмеҳру бекин, ҷавонмардию самимият ба андешаи ман қалъаи устуворе буд алайҳи бахилону нотавонбинон, кӯрдилону иғвогарон, сифлагону бадтинатон...
Чеҳраи зебову пурнури устод, қаҳ-қаҳаи хандаи беғаши ӯ дар хотири ман чун рамзи шукӯҳи меҳр, эътиқод ва одамияти асил боқӣ мондааст.
Барои устод Маҳрам Файзов ҳисси маҳалу худхоҳӣ куллан бегона буд. Ҳарчанд худ зодаи кӯҳистони Бадахшон бошад ҳам, барояш тамоми гӯшаву канори кишвар азиз буд, барои ӯ ҳар пораи хоки Тоҷикистон Ватан буд. Дӯстону ҳамнишинон, алоқамандону ҳаводорони ӯ зодагони тамоми маҳалу навоҳии Тоҷикистон буданд. Ин байти Лоиқи бузургворро устод шиору мароми рӯзгори хеш медонист: Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад, бародар!
Зиндагиномаву рӯзгори пуршарафи устод Маҳрам Файзов барои насли имрӯзу фардои мо, хусусан барои зодагони Бадахшони баландошён дарси ибрату одамият, сабақи худшиносиву меҳанпарастӣ, дастури ватандӯстиву ифтихори баланди миллӣ, ҷавонмардиву хайрхоҳӣ, дӯстиву вафодорӣ, рафоқату якдилӣ ва пос доштани арзишҳои волои кӯҳистониён мебошад.
Тамоми сиришти устод фарҳангу адаб буд. Ҳусни гуфтору муошират, одобу ахлоқи ҳамидаи ӯ намунаи беҳтарин фарде буд, ки дар муҳиту фазои кӯҳистон ба дунё омада, ба камол расидааст. Шароити сахти кӯҳистон дар дили зодагони он нармиву меҳру шафқат, хайрхоҳиву инсондӯстӣ бароин фазилатҳоро ҷой медиҳад, ки нишонаи равшани ҷавонмардиву мардонагист. Бале, устод Маҳрам Файзович бо хислатҳои ҳамидаи худ як пайкараи мӯҳташами хайрхоҳиву футувват буд, ки имрӯз насли ҷавони моро, хусусан зодагони кӯҳистони моро мебояд, ки бо гиромидошти номи неки ҳамдиёри худ парчамбардори шарафу номус ва садоқату мардонагӣ бошанд…
Имрӯз месазад, ки ягон муассисаи фарҳангиро дар зодгоҳи Маҳрам Файзов ба номи ин марди фарҳангсолор номгузорӣ намуда, дар он ҷо гӯшае ё осорхонаеро ба унвони устод мураттаб созанд, то насли наврасу ҷавонони ноҳия ва вилоят аз рӯзгору зиндагинома ва осори илмиву фарҳангии ӯ дастуру сабақ биомӯзанд…


Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: