Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Камоли Хуҷандӣ шоири инсонпарвар

Камоли Хуҷандӣ шоири инсонпарвар

18-12-2018, 08:50
Хабарро хонданд: 1508 нафар
Назарҳо: 0
Камоли Хуҷандӣ шоири инсонпарвар
Камолуддин Масъуд ибни Ҳиббатуллоҳи Хуҷандӣ, бо лақаби Бобо Камол, Шайх ва ё Пир маъруф аст. Дар забони тоҷикӣ низ калимаи шайх ё куҳансол ҳамин маъноро дорад. Камоли Хуҷандӣ, яке аз бузургтарин шоирони тасаввуф дар асри ҳаштуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст. Ӯ ғазалҳои бениҳоят ҷаззобу зебо роҷеъ ба муҳаббати Парвардигор навиштааст, ки дар радифи ғазалҳои шоири суфӣ, донишманди бузург ва шоири инсонпарвар ба мисли Саъдии Шерозӣ аст, ки дар даврони муғулҳо дар асри VIII ҳиҷрӣ / XIV милодӣ ҳамқадам аст.
Камоли Хуҷандӣ дар асри VIII ҳиҷрӣ дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Мардуми ин диёр кушодадасту саховатманд буда, табиатан дӯстдори илму фарҳанг ва адабиёт ҳастанд. Дар кӯчаҳо бештар аз дигарон шеър мехонанд. Шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд буда дар қаламрави Мовароуннаҳр, ки бо дарёҳҳои Сирдарё ва Ҷайҳун маъруф аст, доман густурдааст.
Камоли Хуҷандӣ дар синни хурдсолиаш зодгоҳашро тарк карда, ба Тошканд (пойтахти имрӯзаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) рафтааст. Баъд аз он барои адои фаризаи Ҳаҷ ва зиёрати равзаи паёмбари Худо Муҳаммад (с) ба Маккаи Мукаррама сафар кардааст. Ҳангоми бозгашт аз Маккаи Мукаррама ба Табрез рафта, дар дарбори подшоҳ Ҳусайн ал-Ҷалоирӣ муддате хидмат мекунад. Дар Бустон ва Хонақоҳ ихтиёри иқомат кардааст. Подшоҳ Ҳусайн ал-Ҷалоирӣ фармон медиҳад, ки барои ӯ дар минтақаи «Валиёнкуҳ»-и Табрез ҷое омода кунанд.
Шоири парҳезкор Камоли Хуҷандӣ ҳаёти хешро бештар дар гӯшанишинӣ сарф намуда, аз неъматҳои дунё парҳез кардааст. Бо ин парҳезкорӣ эҳтироми амири Мироншоҳ писари Темурро ба даст овард. Соли 787 ҳиҷрӣ ҳокими Қипчоқиёни туркӣ Табрезро ишғол намуда, ҳамроҳи худ аксарияти олимонро ба Қипчоқ мебарад. Баъд аз он Қипчоқро ҳамчун пойтахт барқарор мекунад.
Камоли Хуҷандӣ дар миёни донишмандон дар шаҳри Сарой пойтахти Қипчоқ тули чор сол ихтиёран ё маҷбурӣ боқӣ монданд. Сипас аз он ҷо сафар карда ва ду бор ба он ҷо бозгашт. Инчунин амир Мироншоҳ писари Темурланг ҳокими Табрез онро истиқбол карда, ба эшон даҳ ҳазор динор дод. Мавсуф дар хонақоҳ эътикофи хешро идома медод ва ҳангоми хилватнишинӣ касе ҷуръати даромаданро надошт. Ҳамин тариқ ӯ то охири ҳаёташ гӯшанишинӣ намуда, соли 803 ҳ. аз дунё чашм мепушад.
Аксарияти тазкираҳо дар муайян намудани санаи аниқи вафоташ ихтилоф доранд. Пас аз вафот дар хонақоҳаш як порчаи ҳасири дурушту фарсуда ва як пора хорасанги чақмоқӣ пайдо намуданд, ки ӯ дар вақти хоб он сангро ҳамчун болишт истифода мебурд. Ӯ хеле ҳаёти зоҳидона дошт, танҳо бо як пора нону об зиндагӣ мекард. Гӯё ин, ки дар ҳаёт танҳо ризогии парвардигори каримро мехост.
Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси устоди ғазали ирфонӣ шинохта шудааст. Девони ӯ дорои ғазалҳои асроромези суфиёна ва мақтаъу рубоъиёт аст. Ин девон дар шаҳри Табрези Эрон (макони вафоташ) ба табъ расидааст.
Дар гузашта муште аз хоки қабри Камоли Хуҷандиро аз Табрез оварда, ба сари қабри рамзиаш ва осорхонааш дар шаҳри Хуҷанд гузоштанд. Дар паҳлуи осорхонаи ӯ чашма ва боғи ҳайвонот бунёд гардида, кандакориҳои косибони тоҷик дар деворҳои осорхона аз санъати баланди кандакории мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири такрими ёдбуди шоири ғазалсаро ва булбули шаҳри Хуҷанд дар зодгоҳаш санги асоси мақбараи Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд.
Яке аз шоирони бузурги ирфонӣ Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, ки қисмате аз шеърҳои Камоли Хуҷандӣ осон ва қисмати дигар душворфаҳманд. Бино ба баъзе сарчашмаҳо, орифон зикр кардаанд, ки суҳбат бо Камоли Хуҷандиро аз қироати шеъраш беҳтар медонанд ва ҳамчунин шунидани шеъри Ҳофизи Шерозиро аз суҳбат карданаш беҳтар медонанд.
Инчунин девони Камоли Хуҷандӣ дар соли 1975 мелодӣ дар шаҳри Москав чоп шудааст. Барои намуна яке аз ғазалҳояшро ёдовар менамоем, ки чунин мефармояд (ғазали 8-ум):
Эй зи ғамат дил ба ҷафо мубтало,
Бе ту ба сад гуна бало мубтало.
Сокин гӯӣ ту ба ҷанги рақиб,
Чун ба сагхона гадо мубтало.
Ҳамчун дил хун шуда аз дасти туст,
Бо рухи мо он кафи по мубтало.
Инчунин Камоли Хуҷандӣ дар васфи паёмбари ислом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (дуруд бар ӯ) мегӯяд:
Эй маҳи рухсори ту матлаи субҳи яқин,
Ғошияи кибриёт шаҳпари Рӯҳу-л-амин.
Ойинадори рухат орази моҳи тамом,
Такягаҳи минбарат пояи чархи барин.
Тору пуди ашъори Камоли Хуҷандӣ мисли ҳарир зебо аст ва Роҳи абрешим низ дар Хуҷанд воқеъ аст. Камоли Хуҷандӣ аз шоирону орифони бузургу нотакрор буда чунин мегӯяд:
Гар биҷӯянд ба сад қарн наёбанд Камол,
Булбуле чун ту хуш алҳон ба чаманҳои Хуҷанд.
Дар интиҳо ҳамаи шуморо барои тамошои муҷассамаи хоҷа Камоли Хуҷандӣ даъват менамоям. Муҷассамаи ин орифи бузург ба таври аҷиб сохта шудааст, вақте ки ба он менигаред, бо пойҳои баланд болои санги худсохт қомат афрохта, дарозияш ба ҳафт метр мерасад, аммо асоси пойгоҳаш аз санги хоро сохта шуда, қутраш ба чаҳору ним метр мерасад. Вазнаш шаш тона буда, аз маъдан сохта шуда, бо ранги сабзи наботи биринҷӣ мерасад. Аммо девони Камоли Хуҷандӣ чун ганҷинаи пур аз андешаҳои ирфонӣ ва инсон дӯстонаи ӯ буда, ки чунин мефармояд:
Боғест пур аз гул ва маонӣ,
Девони Камол, тозааш дор.
Мазкур дар бораи зодгоҳаш чунин мегӯяд:
Хоки Хуҷандро, ки зи Шероз кам ниҳад,
Омад ба рӯзгори ту обе ба рӯи кор.
Худовандо ин шоири ширинкаломро раҳмат бифармо. Камоли Хуҷандӣ бисёр инсони хоксор буданд. Яке аз аломатҳои ҳақиқии ӯ донишмандии асил ва саропо ахлоқу маънавиёт мебошад, ки аз ӯ дарси панду насиҳат ва ахлоқи ҳамидаро метавон омӯхт. Имрӯз ҳамагон, бештар ба ахлоқи ҳамида ва ба пайравӣ кардан ба гузаштагони хеш ва тамаддуни исломӣ баргарданд.


Доктор. Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон,


Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ: Абдуҳалим Одинаев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: