Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 2-юми ноябр рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

2-юми ноябр рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

2-11-2018, 10:30
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
2-юми ноябр рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

НЕРУИ МУСИҚӢ
Дар таърих ва тамаддуни инсонӣ санъати мусиқӣ мавқеъ ва манзалати махсус дорад. Он новобаста ба миллату халқиятҳои гуногун ба ҳама мардум ошност ва агар ин мазмуро дигархелтар маънидод намоем, мусиқӣ забону сарҳад надорад.
Ҳанӯз аз давраҳои аввали пайдоишаш мусиқиро волотарин санъати дунёӣ меҳисобиданд ва ба гуфти санъашинос ва оҳангсози машҳури фаронсавӣ Ижен де Иден «мусиқи санъатест, ки на танҳо як мардум, балки метавонад тамои мардуми оламро ба ҳам муттаҳид созад…».
Бале, мо дар боби бузургӣ ва нерӯи тавонои мусиқӣ навиштаҳои зиёдеро дар эҷоди адибони гузаштаву имрӯзаамон хондаему шунидаем ва дар олам миллате нест, ки ин санъатро дӯст надорад.
Қисме андеша доранд, ки санъати мусиқӣ танҳо барои фароғат ва истироҳати одамӣ офарида шудааст ва чунин ҳам аст, аммо ин танҳо як шохаи он ба ҳисоб меравад.
Одамӣ пас аз шунидани оҳанг ва ё суруди ба дил мақбул худро дар олами дигар тасаввур мекунад ва вориди ҷаҳони руъё мешавад. Бале, ин падида ба инсон ҳаловату фароғати бузурге мебахшад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мусиқӣ дигар паҳлуҳои таъсиррасонӣ ба тафаккури инсониро дорад. Қабл аз ҳама он тарбиятгар аст, аммо дар ҷомеаи муосири мо ин маънӣ як дараҷа мазмуни худро гум кардааст. Мо гуфтани нестем, ки ин санъат имрӯз қадру манзалат ва воситаҳои таъсирасонии худро ба фано бурдааст, не ва ҳаргиз не…, балки мусиқии имрӯзаи тоҷик дар ҳоли рушд аст ва бо мусиқиҳои мухталифи башарӣ омезиш ёфта истодааст.Мақсад ва мароми мо дигар аст, яъне имрӯз сурудҳое, ки мазмунҳои тарбиявӣ доранд, аз ҷониби ҳунармандони ҷавон кам сароида мешаванд. Нисбат ба ин мазмун иддае ақида доранд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳамқадами ҳаёт бояд бошем.Ба назар чунин мерасад, ки ин гуфта як андоза тақаллубангез аст ва камандешагии онҳоро нишон медиҳад. Аммо эшон набояд фаромӯш созанд, ки мо тоҷикем соҳиби менталитети тоҷикона ҳастем. Муносибати байни ҳамдигарӣ, хислат, оину расму русуми худро дорем ва билохиран рӯзгорамон аз зиндагиномаи дигар мардумони дунёӣ фарқ мекунад. Пас бояд ба маърифату маданияти миллати худ худ эҳтиром дошта бошем. Гиромидошти расму русум ва гузаштаву имрӯзаи номварону номбардорони миллат мактаби бузургест барои насли имрӯзаву фардои мо тоҷикон. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ ин маъниро таъкид кардаанд.
Дигар паҳлуи мусӣқӣ, ки дар борааш мехоҳем имрӯз нақл кунем, мусиқиҳои ватанпарварона (патриотӣ) мебошанд, ки алҳол дар байни сарояндагони мо хеле маъмул шудаанд. Ҳунармандони шинохтаи тоҷик ба монанди Толиб Абдуллоев, Зикруллоҳ Ҳакимов, Тобиш Ҳололӣ, Ҷаъфари Ҷалол ва боз чанд нафари дигар тавонистаанд, ки бо сурудҳои ватандӯстонаи худ дар дили ҳазорон нафар муштоқони санъати овозхонӣ маскан гиранд. Имрӯз ҳатто якчанд сурудҳои мазмуни ватандӯстона доштаи онҳоро ҳунармандони афғон мехонанд. Бале, мавқеъ ва манзалати сурудҳои патриотӣ хеле бузург аст.
Соли 1792 қабл аз оғози ҷанги Пруссия ва Австрия бо Фаронса, шоир, оҳангсоз ва афсари артиши фаронсавӣ Руже де Лил сурудеро бо номи «Артиши рейн» эҷод намуд, ки дар муддати кӯтоҳ байни афсарон ва сарбозон маҳбубияти зиёд пайдо кард. Суруди мазкур сараввал ҳамчун суруди маршии федератҳои марселӣ, ки бо хоҳиши худ ба фронт мерафтанд сароида мешуд. Баъдтар дар байни мардум чунон шуҳратёр гардид, ки онро хурду калон аз ёд карда буданд, зеро оҳанг ва мазмуни он ба ҳам тавъам афтода, дар ниҳоди шунаванда эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор мекард. Ҳатто як генерали франсуз, ки дар майдони ҷанг сарбозони зиёдашро талаф дода буд ва муҳтоҷи сарбоз буд, ба сарфармондеҳ нома ирсол намуд ва аз ӯ чунин хоҳиш кард, ки «…барои ман хазор сарбоз ва ё як дона нусхаи суруди «Артиши рейн»-ро фиристонед, Баъдтар ин суруд унвони «Марселеза»-ро гирифт ва суруди миллии франсузҳо гардид. Воқеан суруди мазкур ба забонҳои мухталифи дунёи тарҷума шуда, аз ҷониби ҳунармандон бо забони модариашон сароида шудааст.
Ба оҳанги Марселеза устод Садриддин Айнӣ бо номи «Марши ҳуррият» шеър навишт ва он аз ҷониби ҳамсароёни (хор) тоҷик борҳо иҷро карда шудааст.
Суруди дигаре, ки он дар байни мардуми дунё машҳур гардидааст, «Ҷанги муқаддас» ном дорад, ки он дар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби шоир Василий Лебед-Кумач навишта шудааст ва ба он оҳангсози номии даврони шӯравӣ Александр Александров оҳанг бастааст. Ин суруд дар муддати ниҳоят кӯтоҳ чунон шуҳрат ёфт, ки иддае онро ба оёти муқаддас баробар медонистанд. Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон ин сурудро набзи ҳамондавраи давлат номидааст.
Аз солҳои 50-60 сар карда, зумрае аз сокинони сайёра норизоии худро насбат ба сиёсати беҳадаф ва ё воқеаву ҳодисоти номатлуби рухдода, бо суруду оҳанг ифода мекарданд. Барои мисол дар солҳои 60-уми асри гузашта, гуруҳе аз ҷавонони Амрико ҳамчун нишони эътироз ва норозияти хеш нисбат ба ҷанги Ветнам, бар хилофи сиёсати Линдон Ҷонсон гирдиҳамоӣ намуданд. Дар ин гирдиҳамоӣ гуруҳи анасмбли Creedence Clearwater Revival, бо суруди «Fortunate Son» баромад карда, эътирози худро баён доштанд. Ин суруд дар байни мардум машҳур гардид ва яке аз тарғибгарони асосии хотима ёфтани ҷанг дар Ветнам шуд.
Паҳлӯи дигари санъати мусиқӣ беҳбуд бахшидан ба тафаккур ва ҷисми инсон аст. Дилхоҳ суруде, ки мазмун ва оҳанги хуб дорад метавонад ба ҷисму руҳи инсонӣ таъсири баланд расонад. Имрӯз ба воситаи мусиқӣ дар иддае аз мамлакатҳо одамонро табобат мекунанд. Масалан, дар пойтахти ҷумҳурии Литва- шаҳри Вилнюс беморхонае ҳаст, ки дар он маризонро бо оҳанги мусиқӣ табобат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки таи солҳои охир назари мардуми мо ба мусиқии касбии ҷаҳонӣ зиёд шуда истодааст. Маҳз бо шарофати соҳибдавлату соҳибистоқлол гаштанамон ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов имрӯз жанрҳои мухталифи мусиқӣ дар ватани мо рушд карда истодаанд.Тӯли солҳои истиқлолият даҳҳо асарҳои саҳнавии мусиқии касбии ҷаҳонӣ ба монанди опера, ҳамсароӣ (хор), оперета, сюита, симфония рӯи саҳнаи тоҷик баромаданд. Композиторони тоҷик Қудратулло Ҳикматов, Толиб Шаҳидӣ, Қудратулло Яҳёев, Шуҳрат Ашуров, Амирбек Мусоев ва боз чанде дигарон тавонистанд, ки дар давоми соҳои соҳибитиқлолӣ асарҳои хуби саҳнавии мусиқӣ офаранд.
Мутаассифона иддае аз ҳамватанони мо дар ақидаи онанд, ки зумрае аз жанрҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ ба монанди-опера, балета, оперета, контата, симфония, серенда ва ғайраҳо барои мо бегонаанд ва мазмуни чунин мусиқиро мардум ҳеҷ гоҳ фаҳмида наметавонад. Аммо на… ва боз на…, дар аввал мо гуфта будем, ки санъати мусиқӣ на сарҳад ва на забон дорад, яъне мусиқии ба дил мақбул новобаста ба халқияту миллат ба одамӣ писанд меафтад.
Дуруст аст, ки опера, оперета, балетаро на ҳар кас дарк карда метавонад, аммо бояд иброз дорем, ки ин намуди жанрҳои мусиқӣ бештар байни ашрофзодаҳо маҳбубият пайдо карда буданд, зеро фарзандони онҳо ҳанӯз аз овони наврасӣ таълими мусиқӣ мегирифтанд ва ба онҳо жанрҳои мухталифи мусиқиро меомӯзонданд. Мо ин мазмунро борҳо дар тамошои филмҳои таърихиву классикӣ дидаем.
Дар ҷои дигар дар ҷумҳурии Озарбойҷон роғиби мусиқии касбӣ барои тамошои опера ва ё балет як моҳ пештар чипта дархост мекунад.
Пас аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки барои дарки жанрҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ фарзандонро ҳанӯз аз овони наврасияшон бояд тарбия намоем. Огаҳӣ ёфтан аз паҳлуҳои гуногуни мусиқӣ назар ва тафаккури ӯро дигар мекунад ва инсонро ба рост ҳидояд месозад. Яке аз нобиғаҳои санъати мусиқии ҷаҳонӣ Иёҳан Себастян Бах дар ҷое навиштааст, ки «мусиқӣ ҳамеша ҳидоятгарӣ роҳи рост барои одамӣ ҳаст…».
Албатта дар бораи мусиқӣ ва паҳлуҳои мухталифи таъсири он метавон соатҳои зиёде ҳарф зад, аммо дар хотима ҳаминро гуфтанием, ки ин офарида махзанест, дар он эҳсосоти волои инсонӣ ба монанди шодиву нишот, ғаму андӯҳ, муҳаббату садоқат, орзуву омол ва дигар маъниҳои зиндагӣ нуҳуфтаанд ва он метавонад дар ниҳоди дилҳоҳ одами солимақл эҳсоси дӯст доштани ватан, ишқ, ифтихор ва ҳувияти миллиро бедор кунад.
Мусиқӣ гузаштаро ба имрӯза ва имрӯзаро ба оянда васл мекунад.
Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: