Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чойхонаи «Роҳат»

Чойхонаи «Роҳат»

6-09-2018, 14:40
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Чойхонаи «Роҳат»
Яке аз сохтмонҳое, ки назари ҳар меҳмони хориҷӣ ва сокини пойтахтро ба худ мекашад, бинои чойхонаи «Роҳат» аст. Он махсусан барои меҳмонони аврупоӣ бо мақсади ошноӣ бо ҳунарҳои мардумии мардуми шарқ ба ин минтақа сафар мекунанд, як намунаи нотакрор ва қобили таваҷҷуҳ аст.
Чойхонаи «Роҳат»
Беҳуда нест, ки сафири Франсия Дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар, ки худ дӯстдору мафтуни осори мардумӣ аст, чанде пеш дар бинои чойхонаи «Роҳат» консерти гурӯҳи шашмақомхонҳои точикро баргузор кард. Дар оғози ин барномаи ҳунарӣ, ки бо иштироқи Академияи «Мақом» ва таҳти раҳбарии Абдувалӣ Абдурашидов барпо гардид, дипломати фаронсавӣ, гуфт, ки ин иқдом дар чорчӯби гиромидошти Соли туризм ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз сӯйи давлати Тоҷикистон эълон шудааст, ба иҷро мерасад.
Ба ақидаи ӯ, интихоби «Роҳат» барои доир шудани ин барномаи консертӣ, ки садое аз қаъри асрҳо мебошад, беҳуда нест, зеро ӯ бинои чойхонаи номбурдаро як намунаи баланди осори таърихӣ медонад.
Ин бону дипломат таъкид кард, ки санъати меъмории бино, наққошиҳо, таъомҳое, ки инҷо пухта мешаванд ва инчуни сарулибосе, ки пазандаҳою пешхидматҳои ошхона доранд ҳам дар маҷмӯъ натиҷаи ҳунари баланди мардуми тоҷик ҳастанд.
Вай зикр кард, ки ба унвони як хориҷӣ ба ин ҳам арҷ мегузорад ва дар ҳар яке дастони пурэъҷози тоҷикон ва фарҳанги баланди онҳоро мебинад.
Барои тамошои ин барномаи ҳунарӣ сафорат намояндагони сафоратхонаҳо, фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои фарҳангиро даъват карда буд, ки ҳама арзишу қадри хунари мардумиро медонистанд.
Чойхонаи «Роҳат»
Сафири Фаронса дар ин нишасти фарҳангӣ зимни арчгузорӣ ба ҳунари мақомхонҳо зикр кард, ки «Шашмақом» аз санъат ва мусиқии халқи тоҷик буда, бахше аз фарҳанги ин мардум мебошад. Бинобар ҷавҳари баланде, ки дорад он бо гузашти солҳо ба мусиқии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Сафир ҳамчунин дар бораи арзишҳои таърихӣ ва миллии бинои чойхона изҳори назар карда, «Роҳат» - ро дар баробари арзиши таърихӣ доштан аз ҷиҳати меъморӣ аз ҷумлаи биноҳи зебои шаҳри Душанбе баҳогузорӣ кард.
Чойхонаи «Роҳат» ҳанӯз соли 1958 ва замоне бунёд гардида буд, ки шаҳр вусъати имрӯзаашро надошт ва мисли имрӯза ободу зеб набуд. Бо вуҷуди ин дар ҳамон давра гурӯҳи меъмороне, иқдом ба тарҳрезӣ ва бунёди чунин як намунаи олии ҳунари меъморӣ хиёбони марказии ин шаҳри навобод шуданд. Тавре дартаърихи меъмории шаҳри Душанбе омадааст: Чойхонаи «Роҳат» аз сӯйи меъмор Константин Терлетский, муҳандис Даниил Гендлин ва устои машҳури кандакору наққоши тоҷик Мирзораҳмат Олимов тарҳрезӣ ва ба ин сатҳ сохта шудааст.
Дар аввалҳои соли 2017 сайти америкоии интернетии CNN Travel чойхонаи «Роҳат» - и пойтахти Точикистонро беҳтарин чойхона дар ҷаҳон дониста буд.
Дар феҳрасте, ки ин муассисаи таблиғотӣ тайёр кардааст, биноҳои зиёди тафреҳӣ дар шаҳру кишварҳоигуногун, аз ҷумла Мянма, Ню-Йорк, Япония, Канада, Филаделфия, Англия, Вирҷиния ва Хитой шомил буда, аммо дар миёни онҳо бинои чойхонаи «Роарин дониста шудааст.
Аз чанд сол пеш ба ин тараф овозаҳое паҳн мешавад, ки гӯё ин биноро бармекананд ва ба ҷояш тарҳи дигаре барои бунёди яке аз биноҳои маъмурӣ мавриди иҷро қарор мегирад. Баҳонаи аз байн бурдани ин сохтмонро дар он медонанд, ки бинои чойхона ва инчунин Театри ба номи А.Лоҳутӣ ба феҳрасти сохтмонҳои таърихӣ – фарҳангӣ ва меъмории Тоҷикистон дохил нашудааст.
Бо вуҷуди солҳо паҳн шудани чунин як хабар дар нишасти матбуотии мақомоти Ҳукумати иҷроияи шаҳри Душанбе, ки дар моҳи июл баргузор гардид, мақомот эълон карданд: «Дар мавриди вайрон кардани ин биноҳо ҳанӯз кадом санаде тайёр нашуда ва ин масъала дар сатҳи ҳукумати шаҳр ҳам матраҳ нест.
Лозим ба ёдоварист, ки бисёре аз биноҳои таърихӣ дар пойтахт бар асоси Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Точикистон, ки дар соли 1927 Дар бораи Сохтмони шаҳри Душанбе» солҳои 1930 то 1980 асри гузашта бунёд шуда ва бо мурури замон ба ёдгории таърихӣ табдил ёфтаанд.
Меъмор К.Терлетский пас аз ҶБВ ва пас аввали солҳои панҷоҳум дар ҳайати гурӯҳи меъморон аз Санкт- Петербург (Ленинград) ба Душанбеи навбунёд омада буд. Ӯ қабл аз ба иҷро расонидани лоиҳаи ин чойхона бинои Вазорати Корҳои дохилии Тоҷикистон ( ҳоло Раёсати корҳои дохилии шаҳи Душанбе) – ро дар соли 1956 ва чанд бинои дигари хуштарҳро сохта буд.
Меъморон дар ҳар офаридаи ин мутахассиси таҳсилкардаи як аз бузургтарин шаҳрҳои Русия ҳунари нотакрор, асил ва дар маҷмӯъ шоҳкории бузургро мебинанд.
Беҳуда нест, ки тарҳи бинои чойхонаи «Роҳат» дар баробари чанд сохтмони дигари даврони гузаштаи Душанбе ба унвони намуна ба дастури омӯзишии «Архитектураи Шӯравӣ» шомил гардида буд.
Имрӯз, ки атрофи ин бино, ду бари хиёбони ба номи Рудакӣ бо тарҳҳои замонавӣ ва биноҳои баландошёна навсозӣ шудааст, чойхонаи «Роҳат» шукӯҳи тоза касб карда, ба унвони ҳалқаи пайваст байни ҳунари меъмории гузашта ва муосир назари бинанда таъсир мегузорад.
Таҳаввулоти иҷтимоии дар даҳсолаҳои ахир дар пойтахт ба вуқӯъомада ҳам ба сарнавишт ва фаъолияти ҷойхона бетаъсир набудааст. Агар дар гузашта ин чойхона ҳамчун маркази таъомхӯрӣ, истироҳату вохӯриҳо шинохта мешуд, дар чанд соли охир ва махсусан пас аз мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави 2 ресторани болопӯшидаи он ба макони баргузории маросимҳои хурсандӣ ва маъракаҳо табдил ёфтааст.
Овозаи вайрон кардани ин бино низ ба фаъолияти маъмурият ва аҳли коргаронаш шояд бетаъсир набошад, зеро бисёр мешунавем, ки аз сокинони Душанбе ва онҳое, ки замоне дар шаҳр зиндагӣ крдаанд, бо таассуф мегӯянд, ки аз мазаву лаззати таомҳои чойхона фақат ном монда, ва нархи ғизоҳо барои мизоҷони одӣ хеле гарон шудааст. Ҳол он ки дар гузашта ин чойхона асосан маҳали вохӯрӣ ва таомхурию суҳбати мардумони одӣ буд.
Бо вуҷуди ин ҳоло «Роҳат» аз маконҳои пурэъҷоз барои сайёҳон ва меҳмононе аст, ки ҳамарӯза ва дар чор фасли сол ба Душанбе меоянд.
Меҳмонон ва махсусан хориҷиҳоро имрӯз бештар ҳунари меъморӣ ва эъҷози санъати наққошии ҳунармандони миёнаҳои асри бистум ба худ ҷалб мекунад.
Яке аз чунин меҳмонон дар ёддоште дар мавриди чойхона навиштааст, ки ӯ бештар аз ҳунари наққошию кандакории сақфи бино ба ваҷд омадааст ва агарчи мазаи хӯрокҳояш бо вуҷуди барои ӯ, ки меъдааш ба ин навъи таъомҳо одат накардааст, чандон бад набуд, вале ҳунари наққошии сақфи бино дар ҳақиқат дар сатҳи олӣ аст.
Сохтмони аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ ба назар ҷолиб бо ороиши дар ҳақиқат миллии чойхона дар баробари анвои хӯрокҳои миллию аврупоӣ аз ҷозибаҳое ҳастанд, ки диққати меҳмононро ба худ мекашад. Бешубҳа, имрӯз чунин як асари баланди меъморӣ, ки дар он натиҷаи тафаккуру ҳунари роиҷ дар тамаддуни юнонӣ, аврупоӣ ва шарқӣ омезишуаҷассум ёфтаанд, ниёз ба ҳимоят дорад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: