Либос-осори ниёгон28-08-2018, 08:14
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Либос яке аз рукнҳои асосии ҳар як миллат аст. Ва ҳар як миллат либоси анъанавии худро дорад, ки он мероси асрҳои гузашта буда, аз насл ба насл меояд. Хушбахтона,имрӯзҳо занону мардон бо либосҳои миллии худ фахр карда, онро бо тарзҳои гуногуни миллӣ дар бар мекунад, ки ин ҳам як фахри миллати мо буда, дар тамоми рӯи дунё моро яъне миллати тоҷик будани моро нишон медиҳад. Дар Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент либосҳои анъанавии тоҷикони водии Зарафшон гирд оварда шуда ба намоиш гузошта шудааст. Намоиши либосҳо мансуб ба асрҳои гуногун аз соли 1958 ба роҳ монда шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки қисмати либосҳодар Хазинаи осорхона бештар аз 300 намудро ташкил карда, нигоҳдорӣ мешавад. Ба ин либосҳои тоҷикони Самарқанду Бухоро, Ургуту Панчакент ва қисмати кӯҳистони водии Фалғару Мастчох, деҳаҳои Могиён, Шинг, Киштут ва ғайра акс ёфта, қиммати баланди илмӣ- фарҳангӣ доранд. Бештари ин либосҳо аз матоъҳое дӯхта шудаанд, ки имрӯз истеҳсоли онҳо вучуд надоранд, дар солҳои пешина, матоъхоро дар дастгоҳҳои бофандагӣ мебофиданд ва асосан либосҳо аз матоъҳои пахтагини тоза, пашмин, аз шоҳии тоза дӯхта мешуданд. Аз ҷиҳати дӯхт байни либосҳои ҳозираи миллӣ ва пештара фарқияти бисёре дошт. Дар ҷумҳурии мо се вилоятҳои бузург: Суғд, Хатлон ва Бадахшон арзи вуҷуд доранд ва дар ҳар яки он занон, мардон либосҳои хоси худро доранд. Дар вилояти Бадахшони кӯҳӣ занон асосан либосҳои ба худ хос доранд. Онҳо куртаю ҷомаҳои худро бо кашидадӯзиҳо оро медиҳанд. Вилояти Хатлон либосҳои миллии хоси худ чаканро муаррифӣ мекунад, ки аз либосҳои мардуми вилояти Суғд фарқ мекунанд. Либосҳои мардумии Суғд аслан атлас буда, бо либоспӯшии мардумони Самарқанду Бухоро хеле наздиканд. Коллексияи либосхои занонаи тоҷик дар осорхона рангоранг буда, аз ҷиҳати дӯхт низ гуногунанд, ва либосҳо давраҳои хеле қадим ва ҳозираро дар бар мегиранд. Дар замони ҳозира низ мардуми мо расму оини аҷдодони моро гум накарда, ба духтани сару либоси миллӣ-мардумӣ машғуланд. То ҳол занону духтарон, мардҳо либоси миллӣ дар бар доранд. Хусусан арӯсҳои диёри Зарафшон замин дар вақти тӯй ва дигар маъракаҳо бо сартӯр орошоти зебо, пӯпак дар мӯй, кафш ва дастрӯмол доранд, бо куртаҳои миллӣ арӯси худро оро медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то замони ҳозира арӯсон оини либоспӯшии худро гум накардаанд. Баръакс он бо ороишоти замонавӣ боз ҳам зебо гаштааст. То замони мо дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони азиз ҳунармандон- дӯзандаҳо, сӯзанидӯзҳо, ҷомадӯзҳо, тоқидӯзҳо, яккабанддӯзон дар эҳёи либоси миллӣ саҳм мегузоранд. Хусусан дӯзандаҳо ботарзҳои гуногуни замонавӣ ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғуланд онҳо аз матоъҳои атлас, шоҳӣ, шифон, бахмал ва ғайра куртаҳои миллӣ медӯзанд ва то ҳол расму оинҳои мардумии моро давом дода шаъну шарафи миллати моро баланд мебардоранд. Бахши либосҳои захиравии осорхона як қисмати басо муҳим ва пурқиммати мероси давраҳои пешина ва имрузаи тоҷикони водии Зарафшон аст, ки онро пурра кардан ва нигоҳ доштан вазифаи муҳими мо кормандони осорхона мебошад. Мардум то имрӯз ба осорхона либосҳои қадимаи хешро, ки солиёни зиёд дар хазинаи оилавӣ нигаҳдорӣ шудаанду меросӣ мебошанд, ба осорхона пешниҳод менамоянд. Ҳоло дар Хазина зиёда аз 20 намуди ҷомаҳои мардона, 40 намуди ҷома ва куртаҳои занона, 180 намуди ороишоти занона, 18 намуди фаранҷиҳои қадима, 15 намуди пӯпакҳо барои ороишоти мӯй ва ғайра маҳфузанд Намоиши ин либосҳо дар шӯъбаи мардумшиносии осорхона ба тамошои меҳмонони махаллӣ ва хориҷӣ гузошта шудааст, ки мо бояд онро ҳама вақт хуб ҳифз намоем. Шаҳноза Қадирова, корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ш. Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.