Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Ман бо духтаре вохӯрдам»

«Ман бо духтаре вохӯрдам»

14-08-2018, 09:34
Хабарро хонданд: 427 нафар
Назарҳо: 0
«Ман бо духтаре вохӯрдам»

Яке аз бузургтарин донишмандони дунёӣ Суқрот дар хотироти хеш навиштааст: «Лаҳзаҳо ва мазмунҳои хотирмони дарҷавонӣ рух дода, ҳангоми пирӣ ба қалби одамӣ нерӯ ва малҳам мебахшанд».
Оре, дар давоми умр одамизод борҳо бо ҳодисот, воқеот ва мазмунҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки онҳо то охири умр дар хотираш нақш баста, мондагор мешаванд. Албатта дар давоми зиндагиномаи мо чунин мазмунҳо хеле зиёданд ва мувофиқ ба хотирмонияшон дар тафаккурамон нақш бастаанд. Бахусус филмҳои бадеӣ, ки дар айёми ҷавонӣ тамошо кардаему он писанди хотирамон гаштааст ва то ҳанӯз дар қалби мо маъво гирифтаанд.
Ҷавонии банда дар солҳои 80-ум ва 90-уми асри гузашта сипарӣ шуд. Ёд дорам дар аввали солҳои 80-ум филмҳои нав ба нави истеҳсоли Ҳиндустонро дар кинотеатрҳо бо шавқ тамошо мекардем. На фақат тамошо мекардем, балки бо иддае аз ҳунармандони ин филмҳо пайравӣ карда, аз ӯ барои худ идеали зиндагӣ месохтем.
Дар қатори филмҳои хориҷӣ филмҳои зиёди истеҳсоли «Тоҷикфилм» низ буданд, ки тамошои онҳо ҷолиб ва хотирмон буд. Филмҳои «Рустам ва Суҳроб», «Достони Рустам», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Парвози умед», «Вохӯрӣ дар дараи марг» ва боз чандин офаридаҳои дигаре буданд, ки аз тамошои онҳо мо як ҷаҳон ғановати маънавӣ мегирифтем. Аммо дар байни онҳо филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» барои мо ҷавонони ҳамон давра маҳбубияти махсус пайдо карда буд.

Рафаэл тоҷикона табассум карданро ёд гирифт

«Ман бо духтаре вохӯрдам»дар назари аввал унвонии филм хеле сода ба назар мерасад, аммо агар дар атрофи он возеҳона назар андозем, дарк мекунем, ки номи он ҷолибияти махсус дорад. Худ қазоват кунед, агар шумо ба дилхоҳ шинос ва ё ҳамсуҳбататон гӯед, ки «Ман бо духтаре вохӯрдам», ҳатман ба шумо савол медиҳад, «кист он духтар?», пас ҳамсуҳбати шумо мутаваҷҷеҳи гуфтаатон мешавад. Аз ин бармеояд, ки унвонии филм назаррас ва ҷолибияти махсус дорад.
Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки филми мазкур соли 1957-ум ба навор гирифта шудааст ва чаро дар байни ҷавонони солҳои 80-ум маҳбубият пайдо карда буд? Пеш аз ҳама мазмуни он ҷолиб ва шавқангез аст. Коргардони филм Рафаэл Перелштейн, ки худ аз ақвоми таҳҷоӣ набуд, тӯли ним сол танҳо расму оин, рафтор, гуфтор ва дигар пахлуҳои зиндагиномаи мардуми тоҷикро омӯхт. Яке аз ҳамкоронаш боре шӯхиомез гуфта буд: «Рафаэл метавонад,ҳатто тоҷикона табассум кунад». Маҳз анаҳамин воқифияти коргардони филм Рафаэл Перелштейн аз зиндагиномаи мардуми тоҷик дар сабт ва таҳияи филм барояш кумаки калон расонд. Бубинед, ҳар порчаи алоҳидаи филм ба тамошобин чунон мазмуне мебахшад, ки бинанда бевосита худро дар он саҳна иштирокчӣмепиндорад.Ҳаракати чашм, абрӯ, табассум, нигоҳ, лаҳзаҳои ғамгинӣ ва шодии қаҳрамонони филм тарзе наворбардорӣ шудаанд, ки дар онҳо сохтакорӣ тамоман ба назар намерасад. Инчунин, интихоби мавзеи сабт, кадр, манзараҳо, костюмҳо, мусиқиҳо ва дигар атрибутҳои саҳнавии филм мувофиқ ба мазмуни он тарҳрезӣ шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки қисми зиёди коргардонҳои синамо ҳангоми наворбардорӣ чеҳраиҳунармандонро дар шаклҳои наворбардории бузургу хурд (макроплан, микроплан) рӯйи навор оварда наметавонанд. Зеро чеҳра баёнгари эҳсоси ботинӣ ва зоҳирии инсон аст ва на ҳар ҳунарманди кино метавонад эҳсоси зоҳирияшро барҷаставу табиӣ нишон диҳад ва аз наздик намоиш додани он дар экран, хурдтарин эҳсоси сохтаи чеҳраи ҳунармандаз тарафи бинанда мушоҳида мешавад.Вале дар филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» коргардони он РафаэлПерелштейн тавонистааст, ки ҷасурона чунин наворҳоро сабт намуда, пешкаши бинандагон гардонад.

Суруди ба дил наздик

«Ман бо духтаре вохӯрдам»

Дигарлаҳзаи хотирмони филм оҳанг ва суруду рақсҳои пешниҳодшуда мебошад, вале суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар назди тамошобин манзалати дигаре пайдо карда буд. Матни шеърии он аз ҷониби устод Мирзо Турсунзода эҷод гардида, аз тарафи композитори шинохтаи Шӯравӣ Андрей Бобоев оҳанг баста шудааст ва онро овозхони номии Шӯравӣ Рашид Беҳбутов сароидааст. Матни русии сурудро Гаролд Регистан дар асосишеъри устод Мирзо Турсунзода тарҷума намудааст.
Композитор Андрей Бобоев дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ ба монанди опера,контата, оперета, симфония, ҳамсароӣ, балада ва ғайраҳо асарҳо эҷод намудааст ва аз тамоми паҳлуҳоижанрҳоигуногунимусиқӣвоқифбуд.Ӯ аслан зодаиҷумҳурии Арманистон буда, аз нисф зиёди умри худро дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон гузаронидааст ва дар ин шаҳр зиндагиву кору эҷод намудааст. Бо супориши махсус ба Тоҷикистон омада, барои филми мазкур оҳанг бастааст.
Аслан Андрей Бобоев аз аҳли Кафқоз буд ва суруду оҳангҳои тоҷикиро хеле меписандид.Маҳз ҳамин муҳаббати доштааш ба ӯ имкон дод, ки ба осонӣ дар равияи мусиқиҳои тоҷикӣ оҳанг бандад. Дар бораи эҷодиоҳанги ин суруд Андрей Бобоев чунин гуфтааст: «Ҳангоме эҷоди ин оҳанг ман аз нигоҳҳои зебосанамҳои тоҷик, табассум ва ибову шарми онҳо илҳом гирифтам…».
Чуноне ки дар боло иброз доштем, хонандаи суруд дар ин филм Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Рашид Беҳбудов мебошад. Дар атрофи сарояндаи ин суруд байни тамошобинон ду ақида вуҷуд дорад. Иддае аз тамошобинон андеша доранд, ки сарояндаи суруди мазкур на Рашид Беҳбудов аст, балки онро ҳунарманди шинохтаи даврони Шӯравӣ Рауф Атакишиев сароидааст. Дар бораи кӣ будани сарояндаи суруди мазкур дар титрҳои таҳиягарони филм низ маълумоте дода нашудааст ва яке аз сабабҳои асосии ин ду андешагӣ маҳз ҳамин мебошад. Аммо дар асл чунин нест, хонандаи суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» Рашид Беҳбудов аст, чунки дар қиёс садои овозхон Рауф Атакишиев аз овози Рашид Беҳбудов ба куллӣ фарқ мекунад.


Маҳбубиятисуруд

Албатта дар ҷаҳони мусиқӣ чунин сурудҳое, ки дар қалби мардум ба зудӣмаъво гирфтаанд, хеле зиёданд.Намунаи беҳтарини онҳо «Марселеза», «Ватан-модар даъват мекунад», «Катюша», «Хазони ишқ», «Танҳоӣ»,«Муҳаббат»вағайраҳо мебошанд, ки то ҳанӯз байни мардум шуҳратёранд.
Пеш аз ҳама матн ва оҳанги суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» ба дили мардум наздик аст, яъне композитор Андрей Бобоев тавонистааст, ки оҳанги сурудро ба қалби одамон наздик эҷод намояд. Инчунин, матни суруд ба оҳанг тавъам афтода, ҳатто шунидани он дар тафаккур манзараеро намудор мекунад. Сипас, шиддатнокии (диопозон) овозии сароянда, ҷӯрии овоз (ритм) бо навозиши ансамбл, қувватнокии садо (динамика)ва сифати овози сароянда (тембр), ба ҳам мувофиқ афтода, дар гӯши сомеон хеле форам мерасанд.
Маҳз ҳамин форамии суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» буд, ки аз тарафи дигар ҳунармандони шинохта ба монанди Филип Киркоров, ансамбли «Ялла», Авнер Муллоқандов ва боз чандин нафар сарояндаҳои дигар суруди мазкур сароида шудааст.


Розия зеботарин бонуи Осиё дониста шуд
«Ман бо духтаре вохӯрдам»
Одатан дар даврони Шӯравӣҳангоми сабт ва таҳияи филмҳои бадеӣҳунармандонро аз дигар ҷумҳуриҳо даъват мекарданд, гарчанде, ки дар байни ҳунармандони мо буданд шахсиятҳое, ки ҳунари баланди саҳнавӣ доштанд. Аммо дар филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» қариб тамоми нақшофарони филм тоҷикон буданд. АслӣБурҳонов( Мухтор-ака), Розия Акобирова (Лола), Ҷаҳон Саидмуродов (Саид), София Тӯйбоева (Меҳринисо), Абдулхайр Қосимов (Ниёз),Тоҳир Собиров (Олим), Самариддин Саъдиев (музадӯз), Саодат Ҷӯраева (Зебо) тавонистаанд, ки дар филм нақши ба зиммаашон бударо олӣофарида, пешкаши тамошобинон гардонанд. Бахусус қаҳрамони асосии филм Розия Акобирова нақши Лоларо бо маҳорати баланд иҷро кардааст.
Интихоби ҳунармандон аз ҷониби коргардон мувофиқи дид ва нигоҳи баланди коргардонӣ сурат гирифтааст ва маълум аст, ки таҳиягари филм Рафаэл Перелштейн сужаи онро хеле хуб хондаву омӯхтааст. Мувофиқ ба чеҳра ва рафтори ботини қаҳрамон, ҳунармандонро интихоб кардаву ба онҳо нақш додааст. Бинанда ҳангоми тамошои филм дар чеҳраи ҳунармандон, қаҳрамонони ҳақиқиро мебинад ва интизор аст, ки оянди чи мешавад. Дар филм занҷирбандии сужа хеле моҳирона истифода шудааст. Баъди ҳар як пораи сабтшуда, пораи дигари он гӯё давоми эпизоди гузаштааст ва тамошобин пурра ба мазмуни он дода мешавад.
Албатта, ҳунармандон Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Абдулхайр Қосимов, Саодат Ҷӯраева дар он давра номвар буданд ва дар байни тамошобинон қадру манзалати баланд доштаанд. Филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» номи онҳоро боз ҳам баландтар бардошта, чеҳраашонро барои ояндагон абадан мондагор намудааст.
Дар ҳамон давра Розия Акобирова ёдовар шуда буд, ки баъди дар экран баромадани филм ба унвонияшҳар рӯз садҳо мактуб ворид мешуд.
Соли 1958-ум филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар нахустин Кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африко соҳибиҷоизаи«Кӯзаибузург»гардид. Дар ин кинофестивал маршалихитоӣЧжоу Энлай ба сухан баромада ҳунарманд Розия Акобиравро зеботарин бонуи Осиё эълон намуд. Ин филмро то соли 1958 25 миллион нафар роғибони синамо тамошо карданд.


Филм пораи ҳаёт аст
«Ман бо духтаре вохӯрдам»
Албатта дар бораи қадру манзалати санъати кино ва мавқеи он дар ҳаёти инсонӣ гузаштагону имрӯзиёнамон суханҳои зиёде гуфтаанд. Жан Люк навиштааст:«Кино дар 24 кадри худ дар як сония ҳақиқати зиндагиномаи инсониро тасвир мекунад. Тамошои як филми ба дил мақбул асареро мемонад, ки мо дар чанд рӯз мехонем…».
Бале, филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» низ аз зумраи он филмҳоест, ки дар 91 дақиқа (хронометраж) як пораи ҳаёти моро ба тариқи пурра нишон додааст. Агарчи филми мазкур дар жанри мусиқӣ- мазҳакавӣ таҳия шуда бошад ҳам, аммо инъикосгари нуқсони замон аст ва камбудиҳои ҷойдоштаи ҳамзамононашро ноаён ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Дар даврони Шӯравӣ иддае аз падару модарон бахусус дар кӯҳистон барои хондани духтарҳояшон дар мактабҳои олӣмонеъ мешуданд. Инчунин намегузоштанд, ки духтаронашон вобаста ба ҳунари доштаашон дар озмуну фестивалҳо иштирок кунанд. Филми мазкур ифшогари ин нуқсони дар он замонҷой дошта буд.
Дар охир ҳаминро бояд иброз дорем, ки агарчи филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» зиёда аз 60 сол умр дида бошад ҳам, аммо то ҳанӯз онро бо шавқ тамошо мекунанд ва барои тамошобинони муосир ҳам маҳбубияти махсус дорад.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: