Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САЛОМАТИРО АФЗАЛ ДОНЕД

САЛОМАТИРО АФЗАЛ ДОНЕД

18-06-2018, 09:09
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
САЛОМАТИРО АФЗАЛ ДОНЕД

Ҳамасола дар ҷаҳон аз таъсири истифодаи тамоку наздики 6 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), сил ва вараҷа зиёдтар аст. Аз рӯи таҳлилҳо агар дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 млн. нафар зиёдтар гардад.
Ин нукта зимни як нишасти матбуотӣ таҳти унвони «Саломатиро афзал донед на тамокуро», ки ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зиди тамокукашӣ» бахшида шуда буд, садо дод. Зикр шуд, ки аз ин шумора зиёда аз 5 млн. ҳолат дар байни истеъмолкунандагони кунунӣ ва собиқ истеъмолкунандагони тамоку, ҳамчунин беш аз 600000 ашхоси гирифторони таъсири дуди тамоку ба қайд гирифта шудааст.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тамоку ва маҳсулоти тамоку маҳсули дасти худи инсон аст, вале, мутаассифона, имрӯз инсон маҷбур мешавад, ки бар зидди маҳсули дасти худ мубориза барад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар натиҷаи истифодаи тамоку ҳамасола дар ҷаҳон миллионҳо нафар гирифтори бемориҳои ғайрисироятӣ гардида мефавтанд.
-Мутаассифона ҳанӯз ҳам қисми зиёди аҳолии кишвар оид ба зарару оқибатҳои харобиовари тамоку маълумоти кофӣ надоранд ва то ба ҳол шумораи зиёди шаҳрвандони кишвар ба истеъмоли тамоку машғуланд. Тибқи оморҳои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку истеъмол мекунанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Тибқи оморҳои расмии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи тамоку дар байни аҳолӣ, миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми 9-ум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм аст.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилотҳои мавҷударо дар самти зиёд гардидани бемориҳои ғайрисироятӣ, хусусан бемориҳои дилу рагҳо, бемориҳои музмини роҳи нафас ва афзоиши бемориҳои саратонро ба инобат гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро дар таҳрири нав қабул кард. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим карда, фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши ин гуна маҳсулотро муайян мекунад.Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур дар дохили биноҳои муассисаҳои хуроки умумӣ, бахусус тарабхона, ошхона, чойхона қаҳвахона ва ғайра истеъмоли маҳсулоти тамоку, аз ҷумла сигор, чилим, нос ва сигори электронӣ қатъиян манъ аст. Бинобар ин, қонуни мазкур моликон ва шахсонеро, ки ҳуқуқи истифодаи биноҳои зикршударо доранд, уҳдадор намудааст, ки берун аз иншоот ҷойҳои махсуси тамокукаширо муайян намоянд,»,-афзуд Мирҳамуддин Камолзода.
Игор Поканевич, роҳбари Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки ба хотири маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку қонуни махсус қабул кард. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсоне мебошанд, ки ба саломатии миллати худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин хотир барои саҳми арзанда ва намоёнашон дар самти мубориза алайҳи истифодаи тамоку аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо Ҷоизаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд», -афзуд Игор Поканевич.
Илҳомҷон Обидов, намояндаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон гуфт, бо мақсади риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» 16 январи соли равон бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аломатҳои манъкунандаи истифодаи маҳсулоти тамоку тасдиқ шудааст, ки ҳар як соҳибмулк ё ин ки масъули бино уҳдадор аст онро дар ҷойҳои намоён насб созад. Вале мутаассифона, дар аксар ҷойҳо талаботи мазкур то ба ҳол риоя нагардидааст.
Яке аз маҳсулоти дигари тамоку нос мебошад, ки дар қонунгузорӣ мафҳуми он низ нишон дода шудааст ва ҳамаи он талаботҳое, ки дар қонун омадааст ба истифодаи нос низ дахл дорад. Мутаассифона дар масъалаи истеҳсол, фурӯш ва истифодаи он то ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд. Дар ин ҷода аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меъёру қоидаҳои санитарӣ коркард шудаистодааст. Инчунин айни замон қоидаҳои истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯшӣ нос дар баррасии агентии Тоҷикстандарт қарор дорад.
Гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» паҷ моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, мутаасифона, талабаоти қонуни мазкур то бо ҳол ба таври бояду шояд иҷро намешавад. Барои мисол пас аз қабули қонуни мазкур дар аксар тарабхонаву ошхона ва чойхонаву қаҳвахонаҳои пойтахт барои сигоркашҳо дар дохили иншоот утоқҳои махсусро фаъол кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» омадааст, ки тамокукашӣ ва истеъмоли дигар намуди маҳсулоти тамоку дар дохили бино ва иншоот манъ аст.
Бино ба иттилои намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Холмуродзода бинобар сабаби риоя нашудани қонуни мазкур ва истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои мамнуъшуда, давоми 4 моҳи соли равон нисбат ба 5240 нафар санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба миқдори 24925 сомонӣ ҷарима ситонида, ба давлат супорида шудааст. Ба гуфтаи ӯ дар аксар ҳолатҳо риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур дар ҷойҳои ҷамъияӣ, аз ҷумла дар назди биноҳои таълимиву тандурустӣ ва дар ҷойҳои серодам ба қайд гирифта шудаат. Ӯ мегӯяд, истифодаи тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар баробари таъсири бад расонидан ба саломатии кӯдакон, инчунин, психологияи онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Вақте онҳо дар дасти одамони калонсол сигорро мебинанд, он дар зеҳнашон нақш мебандад ва дар оянда ба ин кор майл намуданашон эҳтимол дур нест.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки шахси тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки ба наздиконаш низ таъсир мерасонад. Муайян гардидааст, одамоне, ки тамоку мекашанд, нисбат ба одамоне, ки тамоку намекашанд, 2-4 маротиба зиёдтар аз бемории ишемияи (камхунии) дил ва сактаи хунрагҳои майна ранҷ мекашанд.
Ба ақидаи онҳо дар таркиби тамоку моддаҳои заҳрогини химиявӣ, ба мисли бензатратсен, изотопи радиоактивии калий ва як қатор карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи асосии зудтаъсир ва заҳрогини тамоку ин никотин аст. Тибқи пажӯҳишҳои илмӣ, шахсе, ки дар 1 рӯз аз 1 то 9 дона сигор мекашад, ҳадди ақал 4 соли умри худро кам мекунад. Агар истифодаи сигор дар 1 рӯз аз 10 то 19 дона ва зиёда аз он сурат гирад, сигоркаш аз умри худ 5-6 солро хоҳад бохт.
Тибқи хулосаи таҳлилгарон ҳарчанд одамон зарари тамокуро ба таври умумӣ дарк карда бошанд ҳам, аммо дар бораи алоқаи бевоситаи тамоку ва бемориҳои дилу сактаи майна тасаввуроти кофӣ надоранд. Ба ақидаи Зсузанна Ҷакаб, директори минтақаи аврупории бюрои ТУТ истифодаи тамоку ба зиёд шудани шумораи бемориҳои музмин ва марг оварда мерасонад, ба одамон ва аҳли оилаи онҳо таъсири хатаровар дорад. Бинобар ин, ҳамасола дар рӯйи ҷаҳон аз бемориҳои дилу рагҳо 17,7 миллион нафар одамон ба ҳалокат масанд, ки ин сеяки ҳамаи ҳодисаҳои маргро ташкил медиҳад.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: