Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Далелҳои дар роҳи рушд будани мамлакат зиёданд

Далелҳои дар роҳи рушд будани мамлакат зиёданд

21-02-2018, 11:27
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
Далелҳои дар роҳи рушд будани мамлакат зиёданд
Суҳбати ихтисосии хабарнигори «Минбари халқ» Неъматулло Худойбахшов бо муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов

- Муҳтарам Мирсаидов, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омадааст, ки «Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст». Сараввал мехостам ҳамин матлабро шарҳ диҳед.
- Воқеан ҳам Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар доираи амалӣ гардонидани ду стратегияи бузурги давлатӣ - ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ инфрасохторҳои бузургеро бунёд намудааст, ки он ҳам нақши инфрасохтори истеҳсолӣ ва ҳам инфрасохтори иҷтимоиро ба иҷро мерасонад. Худ қазоват намоед, бахши энергетикии мамлакат на танҳо як соҳаи муҳими истеҳсоли неъмати саноатӣ, аниқтараш ҷузъи муҳими бахши воқеии иқтисодиёт, балқи инфрасохтори муҳими истеҳсолиест, ки маҳз дар пояи рушди ин соҳа рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт таъмин мегардад. Ҳамзамон бахши энергетикии мамлакат нақши инфрасохтори иҷтимоиро низ ба иҷро мерасонад, зеро зиндагиву рўзгори осудаи мардум, хонаводаҳоро бе таъмини неруи барқ тасаввур кардан ѓайри имкон аст. Ҳамин аст, ки неруи барқ ҳамчун неру ва захираи стратегии ҷомеа пазируфта мешавад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди низоми энергетикии мамлакат татбиқи чандин лоиҳаи бузургеро ба иҷро расонидаааст ва имрўз барои навсозии низоми энергетикӣ ва «бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст» Таҷдиди неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии“Норак” “Сарбанд” ва “Қайроққум” сурат гирифта, дар маҷмӯъ, барои ин кор беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад. Низоми роҳу нақлиёти мамлакат низ нақши инфрасохторҳои бузурги ҳам истеҳсолӣ ва ҳам иҷтимоиро ба иҷро мерасонад. Ин бахши иқтисодиёти мамлакат чун рагҳои хунгарди иқтисодиёт барои мамлакати кўҳсор хеле муҳим аст. Бинед, ки дар давоми шаш соли охир, яъне дар давраи солҳои 2010-2016 боркашонии автомобилӣ аз 48,9 то 76,8 млн.тонна афзудааст, мусофиркашонӣ тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт бошад, аз 527,2 то 560,7 млн. нафар одамон расидааст. Чи тавре мегўянд, неруи иқтисодиёт дар суръати ҳаракати натиҷаҳои он нуҳуфта аст, ҳар қадаре, ки моли истеҳсолшуда зуд ҳаракат карда истеъмолгари худро пайдо кунад, ҳамон қадар суръати пешрафти иқтисодӣ баланд мегардад. Ва ё ҳаракат - ин неруи миллат аст. Дар доираи ин инфрасохторҳои бузурги миллӣ дигар инфрасохторҳои бозориву тиҷоратӣ, иҷтимову фарҳангӣ, маишӣ ва ѓ. рушд ёфтаст.
-Дар бораи таъкиди Сардори давлат оид ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон чӣ гуфтан мумкин аст?
- Дар ҳақақат, дар Паём дар баробари нафъи сиёсати «дарҳои кушода», ки доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшидааст, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии кишвар низ таъкид шудааст. Дар назари мо, ҳифзи манфиати иқтисоди миллӣ пеш аз ҳама дар таъмини амнияти иқтисодиёт инъикос меёбад. Бехатарии иқтисодӣ бо маънои васеъ дар сатҳи кофӣ таъмин будани амнияти миллӣ бо захираҳои молиявӣ ва дигар захираҳои зарурӣ ва шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими мардум, ҷомеа ва давлатро дар низоми иқтисодиву иҷтимоӣ аз таҳдиди хатарҳои дохиливу буруна ифода менамояд. Амнияти озуқаворӣ, ки яке аз стратегияҳои давлатӣ эълон шудааст, ҷузъи таркибии амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиати миллӣ мебошад. Бино бар ин, Пешвои миллат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки «бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад».
Ҳифзи манфиати иқтисоди миллӣ кори бисёр механизмҳоро талаб менамояд. Пеш аз ҳама, паст намудани сатҳи вобастагии иқтисодиёти мамлакат аз бозори ҷаҳонӣ масаъалаи ҷиддист. Дар роҳи ҳалли ин масъала Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 қабул шудааст ва дар маҷрои татбиқ қарор дорад. Ин барнома ҳадафи татбиқи сиёсати давлатии иқтисодии хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷиро дар бар мегирад. Воқаен, натиҷаи татбиқи ин барнома буд, ки дар 11 моҳи соли 2017 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст.
Масаъалаи дигар дар роҳи хифзи манфиати иқтисодии миллӣ ин ҳисоб намудани қобилияти воқеии даромад аз фаъолияти иқтисодии беруна ва тиҷорати беруна мебошад. Яъне, ҳисоб намудани нишондиҳандаи маҷмуи даромади дохилӣ, ки он аз Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо бузургии фоида ва ё зарари тиҷоратӣ тафовут дорад. Маҷмуи даромади дохилии воқеӣ қобилияти харидории даромадро ифода намуда, аз динамикаи нархи содиротӣ ва воридотӣ вобаста мебошад. Бино бар ин, даромад аз фаъолияти тиҷорати беруна барои гурўҳи алоҳида шояд судманд бошад, вале аз нигоҳи манфиати миллӣ вақте ки бо даромади тиҷоратӣ молҳои мувофиқ аз берун харида намешавад, баъзан зараровар аст. Ин шабоҳат дорад бо он, ки дар корхонаҳои муштарак бо давлатҳои хориҷӣ коргарони хориҷӣ музди хеле баланд мегиранду коргарони миллӣ маоши хеле паст. Чунин тафриқаҳо ва ноадолатиҳои иқтисодӣ бисёр вомехўранд, ки ҳифзи манфиати иқтисоди миллиро коҳиш медиҳад.
Мо «бояд барои баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ кӯшиш намоем» гуфта шудааст дар Паём. Инро чӣ тавр метавон шарҳ дод?
- Чи тавре дар боло зикр намудем, Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ҳадафи “баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ва афзун намудани ҳаҷми содирот, коҳиш додани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ дар ҳаҷми умумии воридотиро дорад. Дар ин ҷода, чуноне ки таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, соҳаи саноати коркард дар бунёди арзишҳои нав ва боло бардоштани иқтидори рақобатии иқтисодии мамлакат заминаи мутмаин ва мақоми аввалиндараҷа дорад. Масалан , имрўз иқтидори коркарди нахи пахта ба беш аз 70 ҳазор тонна расонида шуд. Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсолӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта, ки барои истеҳсоли газвору молу маҳсулоти тайёри дўзандагӣ равона шудааст, ба фаъолият оѓоз намуд, фабрикаи ресандагии дорои иқтидори бузург ба истифода дода шуд. Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ ташкил гардида, дар онҳо беш аз 5 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ, хусусан занону духтарон ба касбомўзӣ ҷалб гардидаанд.
Солҳои охир иқтидори истеҳсолии саноати хўрокворӣ, ки дар таъмини амнияти ѓизои мамлакат нақши калидӣ дорад, рў ба рушд аст ва имконият фароҳам омадааст, ки аҳолии кишвар бо маҳсулоти ѓизоӣ таъмин гардад. Дар ин соҳа шумораи корхонаҳо афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо дар соли 2016-ум ба 36896 миллион сомонӣ расидааст, ки дар қиёс ба соли 2010 беш аз 1,5 маротиба зиёд аст ва ҳиссаи соҳа дар маҷмўи маҳсулоти саноатии кишвар қариб 25 фоизро ташки медиҳад. Аммо, ин ҳоло моро қаноатбахш кунонда наметавонад, зеро истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти хўрокворӣ ба ҳар аҳолии мамлакат аз меъёрҳои муқарраршудаи истеъмолӣ пасттар мебошад. Бино бар ин, дар Паём Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда шудааст, ки “дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намояд”. Умуман, ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ бо тариқи рушди соҳаҳои саноати коркард самти стратегӣ маҳсуб ёфта, дар татбиқи тамсилаи рушди иқтисодии воридотивазкунанда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва аз ин рў сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёт нақши ҳалкунанда дорад.
-Вобаста ба рушди иқтисодии мамлакат дар Паём гуфта шудааст, ки “Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад”. Шумо иҷроиши нишондиҳандаҳои маҷмўии рушди иқтисодиро дар чӣ мебинед? Оё барои ба чунин натиҷа расидан дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ заминаҳо мавҷуданд?
- Дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ҷараён қарор дорад. Натиҷаҳои татбиқи ин барнома гувоҳ бар он аст, ки рушди устувори иқтисодиёт таъмин гашта истодааст. Чуноне, ки дар Паём қайд шудааст, соли 2017 суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Соли 2016 ин нишондиҳанда 54,4 млрд. буд ва соли 2017 дар ҳаҷми 5,6 млрд афзудааст. Пас бе назардошти иқтидорҳои саноатии нав, ки соли 2018-2020 бояд ба кор дароварда шавад, ҳисоб кунем ҳам, дар се соли минбаъда бо ченаку меъёри сатҳи рушди соли 2017 ҳачми ММД ба 76,8 млрд. мерасад. Аммо, бо назардошти амалигардии иқтидорҳои ба нақшагирифтаи солҳои 2018-2020 ҳаҷми маҳсулоти ММД аз 82 млрд. сомонӣ ҳам зиёд хоҳад шуд. Худи ҳамин ба кор даромадани агрегатҳои аввалини Неругоҳи барқи обии “Роѓун” дар рушди иқтисодии мамлакат такони бузург мебахшад. Илова бар ин, чи тавре ки дар Паём оварда шудааст, “Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардидааст.”
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳосилнокии меҳнати ҷамъятӣ, ки нишондиҳандаи самаранокии иқтисодиёт мебошад, низ афзудааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,5 фоиз баланд бардошта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи солҳои 2011- 2016 аз 7862 то 15090 млн. сомонӣ афзудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард бошад, дар ин давра аз 5428 то 9367 млрд. сомонӣ расидааст.
Чи тавре мебинем, дараҷаи рушди соҳаҳои саноати коркард сатҳи афзалиятнок гирифтааст.
Солҳои охир, пайваста бо бунёди инрасохторҳои азими стратегӣ ва такмили асосҳои институтсионалӣ барои рушди соҳибкории истеҳсоливу саноатӣ заминаҳо ва шароитҳои мусоид пайдо шудааст. Гурўҳи муаяйни соҳибкорони ташаббускору неруманд ва силсилакорхонаҳои саноатӣ, ки дар минтақаҳои мамлакат дар ин самт фаъолияти босубот пайдо намуданд, аз ин шаҳодат медиҳад. Масалан, ба кор андохта шудани якчанд корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат, ки дар саноати истеҳсоли алюминий ҳамчун маҳсулоти асосӣ ба ҳисоб меравад, барои кам кардани арзиши аслии истеҳсоли алюминийи аввалия дар мамлакат ва дар роҳи тадбиқи стратегияи воридотивазкунанда ва рақобатпазирии он дар бозори дохлииву ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ё гирем, таъсиси корхонаҳои сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Бобоҷон Ѓафуров ва Ёвон бо иқтидори бузурги истеҳсолии лоиҳавӣ, ки на танҳо боиси аз байн бурдани воридоти семент аз хориҷи кишвар, балки таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилӣ ва афзоиши содироти он гардидаанд. Ва ҳоло масъалаи ҷойгоҳи устувор пайдо кардани ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ба миён омадааст ва ин ташкили маркетинги байналмииллалиро тақозо дорад.
Соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт зиёда аз 1,5 млн. тоннаро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи ҷумҳурӣ мебошад. Мо имрўз метавонем комилан талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриро бо ин намуди сўзишвории ватанӣ таъмин намоем. Пас, ин корҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафи саноатикунонии иқтисодиёт, ки асоси таъмин рушди босуботи иқтисодӣ мебошад, амалӣ гашта истодааст.
Дигар соҳаи муҳиме, ки дар он субъектҳои бахши хусусӣ бештар рушд ёфтаанд, соҳаҳои кишоварзӣ мебошад. Бо рушди муназзам ва устувори ин соҳа амнияти озуқавории мамлакат ва рушди соҳаи саноати коркард, бахусус хўрокворӣ таъмин мегардад. Алҳол дар соҳа зиёда аз 10 барномаҳои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлат татбиқ шуда истодаанд. Таъмини рушди устувор, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама ворид намудани заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам суръати нав касб мекунанд. Пас, ин далел бар он аст, ки “дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад”.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: