Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бадахшон ба макони сайёҳӣ табдил меёбад

Бадахшон ба макони сайёҳӣ табдил меёбад

5-05-2017, 09:47
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0

Бадахшон ба макони сайёҳӣ табдил меёбад
Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо эълон кардани дарҳои боз ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди меҳмонхонаҳо, эҳёи санъати бофандагию кандакорӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба яке аз гӯшаҳои зебо ва пурасрори Тоҷикистон-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар ҷалб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм дар шаҳри Хоруғ вазъи кунунӣ ва дурнамои ин соҳаро ба риштаи таҳлил кашида, изҳор доштанд, ки «бо назардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии вилоят ба ҳисоб меравад».

Дар се соли охир дар бисёр феҳристҳои арзишманди ҷаҳонӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи дунё аз Тоҷикистон ҳамчун аз як кишвари хеле муносиб барои рушди соҳаи ҷаҳонгардӣ ёдоварӣ мекунанд. Масалан соли гузашта маҷаллаҳои хориҷии «Диамир» ва «Глобетроттер» аз 4 то 7 саҳифаи худро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бахшиданд. Дар ҳамин сол бештар аз 10 рӯзномаҳои чопи Олмон ва Швейтсария оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии кишварамон мақолаҳо ба нашр расонданд. Рӯзномаи «20 дақиқа», ки дар давлати Швейтсария чоп мешавад, аз ҷумлаи ҳамин рӯзномаҳо мебошад.

Раиси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир Асадшо Зоолшоев зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «дар Бадахшон чанд намуди туризмро равнақу ривоҷ додан мумкин аст, ки дар шароити кунунӣ бештари сайёҳон ба ин намудҳо таваҷҷуҳ доранд. Яке аз ин намудҳо кӯҳнавардӣ ва дигаре саёҳат аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳӣ мебошад. Бо назардошти ин талабот, Ассотсиатсияи соҳаи сайёҳию экологӣ ва фарҳангӣ харитаи саёҳат аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳиро таҳия намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод мекунад. Соли гузашта боз як намуди дигари ҷолибро ба чанд сайёҳ пешниҳод намудем, ки ба онҳо писанд афтод. Ин дар минтақаи баландкӯҳи Мурғоб роҳандозӣ намудани қутоссаворӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки дар оянда ин намуд ҳам ҳаводорони зиёд пайдо хоҳад кард».

Туризм-13
Туризм-11
Туризм-9
Туризм-2
Туризм-6

Ба гуфтаи Асадшо Зоолшоев, Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир бо созмонҳои ватанию ҷаҳонӣ, бо шумули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «DIAMIR» «WELTWELT WANDERN» «TURKISH AIRLINES», созмонҳои ҳамкории Швейтсария, Олмон ва Бунёди Оғохон ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин мушовири соҳаи сайёҳии ташкилоти GIZ, мутааллиқ ба кишвари Олмон Матиас Пойшиел дар таҳия ва тадбиқи лоиҳаҳо ассотсиатсияро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.

«Мақсади мо ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намудани ширкату шабакаҳои туристии маҳаллӣ, ҷалби ширкатҳои калонтарини Олмон барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонгардӣ мебошад. Дар соҳаи сайёҳӣ бештар ҷавонон фаъолият доранд. Дар Соли ҷавонон мо тасмим гирифтем аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи туризм ва хизматрасонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ гурӯҳи махсус таъсис дода, онҳоро ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб намоем. Аз моҳи феврал то моҳи апрел аъзои ин гурӯҳ вобаста ба ихтисосашон дар ассотсиатсияи мо таҷриба омӯхтанд»,-баён дошт раиси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир.

Таъсиси бозори рушдёбанда ва рақобатпазир, муқовимат бо инҳисор дар соҳаи туризм, мусоидат дар таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, маркетинги хизматрасонии сайёҳӣ ва амсоли инҳо вазифа ва ҳадафи асосии Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир ба шумор мераванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: