Тоҷикистонро бо нури ирфон равшан месозем…3-11-2016, 10:35
Хабарро хонданд: 378 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳо оиди фалсафаи бузурги Мирзо Абдулқодири Бедил ҷиҳати эҳтироми забону миллату Ватан. Эҳсоси баланди маънии Ватану ватандорӣ ҳамчун рукни муқаддас дар дили ҳар як тоҷики асил ҷой дорад. Ҳифзи соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон, ки баъди ҳазорсолаҳо ба ин неъмати худодод соҳиб шудааст, барои миллати тоҷик чун обу ҳаво зарур аст. Ин миллат бо хиради азалиаш, тавонист, ки фарзандони фарзонаву бофазилату тамаддунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад, ки тӯли ҳазорсолаҳо барои амалӣ шудани орзуву ормони соҳиби давлати миллӣ шудани миллати худ мубориза бурда, ҷоннисорӣ кардаанд. Хушбахтона бо хости Худованд ба вориси арзандаи ин фарзонагону қаҳрамонон-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҳамчун Сарвари давлати навини тоҷикон, таъмини соҳибистиқлолии давлат ва пойдории онро ба ӯҳда гирад ва далеронаву шуҷоатмандона ҳифз намояд. Бо гузашти зиёда аз бист панҷ соли соҳибистиқлолӣ, мутаассифона баъзе ношукроне пайдо шудаанд, ки ба қадри ин осоишу амният ва дастовардҳои беназири даврони навини Давлати Тоҷикистон намерасанд. Гӯйё Мавлонои Балхӣ барои имрӯзи ҳамдиёрону ҳаммиллатони худ гуфта бошанд, ки: Зиҳӣ дарё, ки андар вай ҳама ғарқанду ҳайронанд, Чу моҳӣ зиндаи дарёву дарёро намедонанд. Асрҳост, ки қувваи ҷозибаи сеҳрангези офаридаҳои шоиру адиби орифу тавонои порсу тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил (Абулмаъонӣ ) мухлису ҳаводорони худро ҷалб ва «доғ» месозад, ончунон, ки худи Мирзо Бедил «аз барқи таманнои Худованд саропо оташ асту шайдо»: Бедил, аз барқи таманнояш саропо оташам, Доғ шуд ҳар кӣ ба паҳлӯи мани шайдо нишаст. Воқеъан, дар ғазалиёт, рубоиёт, қасида, таркиббанд, тарҷеъбанд ва маснавиҳои Бедил мавзӯи тавҳиду тасаввуф (ишқи пок ба Худованди воҳид) мавқеъи хосса дошта бошад ҳам, мавзӯъҳои дигари анъанавӣ ба монанди андешаҳои фалсафиву иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва воқеъаҳои таърихӣ хеле хирадмандона ва оммафаҳм баён ёфтаанд. Хонандаи арҷманд, ин лаҳзаҳо мехоҳам андешарониҳои худро пиромуни маъниҳои ирфонаву раббонии ашъори ҳазрати Бедил не, балки ҷиҳати фалсафаи бузурги ҳаёт, пеш аз ҳама эҳтироми забону миллату Ватан аз диди ин марди хирадро рӯи қоғаз оварам. Гуйё шоир аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон бохабару шод буда, оламиёнро ҳушдор месозад, ки дарахти ҳастии ин миллат решаҳои қавию абадӣ дорад, агарчӣ қарнҳо ҳукмфармоёни бегона навдаҳои наврустаи онро бераҳмона мебурриданд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, миллати тоҷик ба рӯзи нек, файзи умеду ормони гузаштагони худ расид ва соҳиби Давлати озоду соҳибистиқлоли худ гардид, яъне ба сараш аз «хоки бар бодрафта»-и ниёгонаш «олами иқбол» рехт: Субҳи ин вайронаем аз файзи навмедӣ мапурс, Хоки мо бар бод рафту олами иқбол рехт. То паре афшондаем, аз осмонҳо бартарем, Бисмили рангем, натвон хуни мо помол рехт. Замони муосири пур аз таҳаввулот ва кашмакашҳо миёни давлатҳои абарқудрат, ки ба хотири пиёда гардонидани манфиатҳои геополитикии иқтисодиву сиёсии худ мехоҳанд ҷаҳонро азнав тақсим кунанд, давлатҳои хурду аз ҷиҳати иқтисодӣ камқувватро ҳушдор месозад, ки баҳри таъмини пойдории истиқлолияти сиёсиву иқтисодии худ ҳарчӣ тезтар чораҷӯӣ кунанд: Надорад ибрати аҳволи дунё фурсатандешӣ, Гарат чашмест, аз мижгон кушудан пештар бикшо. Зи файзи сидқ агар дорад камолат бӯйи огоҳӣ, Ба боди як нафас чашми ҷаҳоне чун саҳар бикшо Дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назаррасу дар баъзе мавридҳо беназиранд. Вале ин бояд ягон тоҷику тоҷикистониро ба хотирҷамъиву ғафлат наорад, чунки бадхоҳону душманони Ватани мо-Тоҷикистон бо мақсади нопоки коҳиш додани рушду нумӯи Тоҷикистон бисёр заҳмат кашида истодаанд: Дар олами инқилобии зеру забар, Бар шавкати худ умеди иқбол мабар. Оливу данӣ фарқ надорад ин ҷо, Ҳар гард, ки бархост зи по рехт ба сар. Маҷӯ тамкини олифитратӣ аз дунҳимматон, Бедил, Ба парвози нигаҳ кай мерасад ашк аз давиданҳо. Аз ҳамин лиҳоз мо бояд худамон ҳушёру зирак бошем, дарк намоем, ки Ватанро бидуни ҳама мушкилоти воқеӣ ва сунъие, ки душманон ба дӯши мамлакатамон бор карда истодаанд, ободу зебо кунем, ба оламиён исбот кунем, мо ҳаққем ва бо хости Худованд ба ин ҳадафи худ мерасем: Бедил аз шабпарра кайфияти хуршед мапурс, Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд. Ба умеди кӯмаку дастгирии бегонагон бояд нашавем ва бори миннати онҳоро накашем: Нест сарв аз бебарӣ мамнуни эҳсони баҳор, Бори миннат хам насозад гардани озодаро. Ҳатто агар дар ҳолати эҳтиёҷоти бузург доштан ҳам дасту бозуву ақли худро кор фармудан ҳунар аст: Агар мардӣ дари таслим зан роҳи талаб макшо, Зи ҳар мӯ эҳтиёҷат гар кунад фарёд лаб макшо. Ва дар ҷои дигар Бедил мефармояд: Касеро даъвии озодагӣ чун сарв мезебад, Ки бо ҳар чор фасл аз бениёзӣ як забон дорад. Инчунин таъкид менамояд, ки мо мисли донаҳое мебошем, ки агар ҳушёр нагардем, пас осиёи даври гардун моро ба орд табдил медиҳад ва раҳме надораду чун даллоки(массажист) ҳаммом нест: Чашм бар эҳсони гардун дӯхтан девонагист, Донаҳо ҳушёр бошед, осиё даллок нест. Дар ин маънӣ аллома Иқболи Лоҳурӣ низ хеле ибратомӯз гуфтааст: Ҳамчу оина машав маҳви ҷамоли дигарон, Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон. Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз, Ки паридан натавон бо пару боли дигарон. Оташ аз нолаи мурғони ҳарам гиру бисӯз, Ошёне, ки ниҳодӣ ба ниҳоли дигарон. Дар мазраъи поки Ватан бо истифода аз нерӯи фитриву ҷисмонӣ бояд тухми некиву муҳаббат бикорем, то ҳосилаш нек бошаду ба рушду нумӯъи Тоҷикистон мусоидат кунад. Худ чун шамъ бисӯзему роҳу қалби ҳамватанонро рушан бисозем, яъне созандагиву бунёдкорӣ кунем: Дар ин мазраъ чи лозим хирманорои ҳавас будан, Диле бояд ба даст орӣ ҳамин тухмаст ҳосилҳо. Забони шамъ фаҳмидам надорад ғайри ин ҳарфе, Ки дар худ гар тавон оташ задан муфт аст маҳфилҳо. Бинобар ин дар роҳи ба ҳадафи олии ватансозӣ расидан бояд пурсабру тоқат ва таҳаммулкор, вале устувору ботадбиру бохирад бошем, то ба пухтагӣ бирасем: Пухтагӣ хоҳӣ ба дарди бенавоӣ сабр кун, Осмон сарсабз дорад меваҳои хомро. Дар ҷодаи ватансозӣ бепарвоиву бетарафӣ, ғофилӣ ва Худо накарда хиёнат намудан, бешарафию душманист: Гову хар аз огаҳӣ инсон нахоҳад гашт лек, Одамӣ гар андаке ғофил шавад хар мешавад. То гуҳар дорад садаф, аз шӯри дарё ғофил аст, Об дар гӯши касе чун ҷо кунад, кар мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ дар замони зиндагии ҳазрати Бедил ва чӣ дар даврони мо ҳам сифлатабъоне кам набуданд ва кам нестанд, ки ба қадри мураббиёну устодони худ намерасанд. Ба мисли нафарони ҳарбие, ки аз ҳисоби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба мансабу рутбаҳои баланд, инчунин боварии Президенти мамлакат сазовор гашта, даст ба ҷинояту хиёнатҳо задаанд: Сифла зи касби камол қадри мураббӣ шикаст, Қатра чу гавҳар шавад, бадгуҳарӣ мекунад. Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксурат аст, Лек ба чоҳ андаке нози харӣ мекунад. Воқеан ноқисонро таълими камол осон набудааст, чуноне ки то дамидани як дона абрро(саҳобро) мебояд, ки чандин бор оби рӯи худро бирезад: Дар муҳаббат чеҳраи зарде ба даст овардаем, З-ин гулистон кардаам барги хазоне интихоб. Ноқисонро Бедил осон нест таълими камол, То дамад як дона чандин обрӯ резад саҳоб. Ҳодисаҳои нангине, ки сентябри соли 2015 аз ҷониби хиёнаткорон рух доданд, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, бахусус ҷавонони боору номусро водору ҳушдор месозанд, ки дар таъмини амнияту осоиштагӣ ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистон аз пештара фаъолтару пухтатар бошанд, ба дасисаву иғвогариҳои шахсҳову гурӯҳҳои ифротиву маҳалгаро ва мансабталоше, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз баҳри манфиатҳои миллату Ватан ҳам гузаштаанд, дода нашаванд. Ба даст овардани истиқлолият шараф и миллат аст, вале таъмини устувори пойдории он вазифаи пуршарафтар ва бомасъулияттари шаҳрвандони Точикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон мебошад. Ватан, оромиат оромии мост, Ҳама нокомиат нокомии мост. Туро ҳаргиз набошад доғу айбе, Агар бошад, нишони хомии мост. Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.