Инак таи чанд соли ахир аст, ки олами Ислом дар оташу ҷангу хушунат аланга мезанад. Миллионҳо нафар мардуми осоиштаи кишварҳои мусалмоннишин, ҳатто занону кӯдакони бегуноҳ, ки комилан ба сиёсату диёнат ҳеҷ гуна иртибот надоранд, ба иллати бозиҳои геополитикӣ, геостротегӣ ва геоиқтисодии кишварҳои абарқудрат ба хун оғушта мешаванд ва ё хонаву дар, ҳаёти орому осоиштаи худро аз даст дода, ба ҳукми барда ба кишварҳое, ки ҳаргиз эшонро ба ҳайси як шаҳрванди комилҳуқуқи худ қабул нахоҳанд кард, муҳоҷир мешаванд.
Банда сари навиштани ин мақола хеле андеша кардам. Агар бо рамзу ишораву маҷоз чизе бинависам, шояд навиштаҳо боз норӯшан монанд. Агар ошкоро ҳарф занам, мабод, ки ба сард кардани муносибатҳои дипломатӣ бо баъзе кишварҳо муттаҳам кунанд. Вале чи илоҷ, ки имрӯз дар сиёсати бузург забони дипломатия аз забони воқеъият ва ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Пас дуруст ин аст, ки аз ҳақиқат ҳарфзанем…
Биёед назар меафканем ба 20-30 соли пеш, ки мардуми мусалмон дар манотиқи араб чӣ гуна ба сар мебурданд. Дар Ироқ мардум аз лиҳози иҷтимоӣ комилан бениёз буданд. Мактабу боғчаҳои кӯдакона, беморхонаҳо комилан ройгон дар хизмати мардум қарор доштанд. Сӯзишворӣ бо нархи рамзӣ ба фурӯш бароварда мешуд. Хонаҳои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳрҳои бузург ба мардум аз ҷониби давлат тақдим карда мешуд. Дар Либия бошад дар давраи ҳукмронии Муаммар Қаззофӣ барои ҳар узви оила давлат ҳамасола 1000 доллар ёрии пулӣ (дотатсия) мерасонид. Маоши ҳамшираи шавқат 1000 долларро ташкил медод, бекорон бошанд ҳар моҳ 730 доллар кӯмакпулӣ мегирифтанд. Ба ҳар як кӯдаки таваллудшуда аз ҷониби давлат 7000 ва барои навхонадорон 64000 доллар барои харидани хона тақдим мешуд. Таҳсил, табобат, барқ, об ройгон буду 50% арзиши автомобилеро, ки шаҳрванд мехарид, аз ҷониби давлат пардохт карда мешуд. Дар Сирия мардуми масеҳӣ, язидӣ ва суннимазҳабу алавӣ дар як кӯча зиндагӣ мекарданд ва бо ҳам ҳеҷ ихтилофе надоштанд. Паҳлӯи масҷиди мусалмонӣ калисои масеҳӣ қарор дошт ва мардум дину мазҳаби гуногун баъд аз ибодат дар як қаҳвахона паҳлӯи ҳам нишаста аз як финҷон қаҳва менӯшиданд.
Дар давраи Саддом Ҳусейн масеҳиҳо дар яке аз хиёбонҳои бонуфузи Бағдод зиндагӣ мекарданд. Ториқ Азизи масеҳӣ (номи аслиаш Микоил Юҳанна) шахси дуввуми давлат ва яке аз наздиктарин дӯстони Саддам буд.
Вале бубинед, ки имрӯз ин мардум дар чӣ ҳол қарор дорад? Дар ободтарин шаҳру рустоҳои ин кишварҳо, ки ҳанӯз аз дасти ДОИШ ба коми оташ нарафтааст, муаллим, духтур ва ё муҳандис, ки 20-30 сол қабл маошашон бо ҳазорҳо доллар баробар буд, баъд аз вазидани «насими гуворо»-и «Баҳори араб» 2-4 доллар мегиранд, ки ҳатто қути лоямут намешавад…
Суол ин аст, ки бар ивази «зулму истибдод»-и Саддомҳову Қаззофиҳо, ки шароити беҳтарини зистро барои мардумашон фароҳам оварда буданд, кӣ «озодиву демократия»-и ҳамоҳанг бо қатлу куштор ва гуруснагиву нодориро ба сари ин мардум таҳмил кард?
Аксарият бар ин андешанд, ки ин як нақшаи тарҳрезишудаи олами ғарб аст, ки ҳадафҳои геополитикии худро дар ин кишварҳо новобаста аз қурбониҳои зиёд пиёда месозанд. Як зумра ҳадс мезанад, ки аслан пояҳои ин ҷангу хунрезӣ бар ҳадафҳои геоиқтисодии кишварҳои ғарб буда, то нафт ягона захираи стратегии кишварҳои араб боқӣ мемонад, ҳеҷ гоҳ мардуми азияткашидаи ин кишварҳо рӯи сулҳу оромиро намебинанд. Бахши дигаре аз коршиносон инро идомаи «юриши салибӣ» мешуморанд, ки садсолаҳо қабл аз ин олами шарқро ба хуну хок кашида буд ва имрӯз дар шакли дигар роҳандозӣ мешавад. Иддае инро ба тарзи зист ва расму оини мусалмонон ҳавола мекунанд ва ҷор мезананд, ки «аслан ҳар куҷое мусалмон ҳаст, ногузир аз ҷангу хунрезӣ ва террор пайгирӣ мешавад»…
Ва воқеан ҳам фарзияи сеюм, ки шояд нисбатан омиёна ҳам бошад, шахсро ба андеша водор месозад: Агар мардуми мусалмон майл ба ҷангу хунрезӣ надошта бошад ва ҳанӯз аз асорати идеологии асри миёна раҳо наёфта бошад оё қуввае ё қудрате метавонад, ки дар қарни ХХI онҳоро водор созад то ватан, таъриху фарҳанг, расму оини ҳазорсола ва ҳатто волидайн ва бародару хоҳари худро ба хоку хун яксон созад? Ҳаргиз!
Коргардонҳое, ки тарҳи ин хунрезиҳоро дар олами шарқ мекашанд, хислати актёрони «соҳибистеъдод»-и ин саҳнаҳои мудҳишро хуб омӯхтаанд ва медонанд, ки ҳама кор дар доираи «сенария»-ҳои матраҳнамудаи онҳо сурат мегирад.
Биёед бидуни хотирбинӣ ба нақши баъзе аз кишварҳои ба истилоҳи аврупоиҳо Шарқи наздику миёна дар минтақа аз зовияи диди ҳақиқат назар афканем. Кишварҳои нисбатан пуриқтидору пешрафтаи Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Покистон оё кореро анҷом додаанд, ки боиси пешгирии ҷангу хунрезӣ дар минтақа шавад ва ё баракс ба оташи ҷанги ин кишварҳо, ки аловмони асосӣ кишварҳои ғарб будаанд, ҳезум кашидаанд?
Агар ба сиёсати чанд даҳсолаи ахири ин кишварҳо назар афканем, аксари ин кишварҳо шарикони стратегии ИМА будаанд.
Чанде қабл Президенти ИМА Барак Обама ба лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби сенат ва конгресси Амрико ҷонибдорӣ шуд, аз салоҳияташ истифода намуда, «вето» (рад) гузошт. Қонуни мазкур дар ҳоли қабул гардидан ба оилаҳо ва шаҳрвандони аз террор ҷабрдидаи Амрико имкон медод, ки аз кишварҳои пуштибони терроризм ҷуброн талаб кунанд. Шояд суоле ба миён ояд, ки ин қонун ба фаъолияти Обама ҳамчун Президент чӣ халале ворид месохт? Ин ҷо «сир» дар он аст, ки дар ҳоли қабул гардидани қонуни мазкур, нахуст Арабистони Саудӣ мавриди ҳадафи даъвогарони ҷубронталаби амрикоӣ қарор мегирифт, ки ба муносибати стратегии ҳарду кишвар латма мезад. Пас Барак Ҳусейн Обама, ки инро худ низ таъйид намуд, бо зид баромадан алайҳи қабули ин қонун ошкоро иқрор кард, ки Арабистони Саудӣ кишвари пуштибони терористон аст.
Гузашта аз ин чанде қабл дар яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА «Ню-Йорк Таймс» (New York Times) мақолаи вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф ба нашр расид, ки дар он муаллиф кишварҳои ғарбро дар бозиҳои сиёсии Арабистони Саудӣ шарик меҳисобад. Ӯ дар мақолаи худ таъйид намудааст, ки тавре баъзе аз расонаҳои ғарбӣ ва Арабистони Саудӣ таблиғ менамоянд, имрӯз мушкилӣ ва ё ҷанг байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон вуҷуд надорад. Балки ин ваҳҳобия аст, ки ба тамоми «муртадон» ; масеҳиён, язидиҳо, шиъиён ва бахусус суннимазҳабоне, ки бештар аз ҳама бори ҷабру зулми эшонро таҳаммул намудаанд, ҷанг эълон кардааст. Ӯ тамоми қувваҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла «Ҷабҳат-ан-нусра», «Ал-Қоида», «Толибон», «Бокуҳарам», «Доиш» ва мисли инро шохаҳои ваҳҳобия медонад ва аз он ҳушдор медиҳад, ки бо тағйири ном кардан инҳо ҳеҷ гоҳ «мӯътадил» нахоҳанд шуд: «Аз ҳамлаи террористии 11 сентябр то кунун ваҳҳобияти ҷангталаб чанд бор тағйири чеҳра дода, аммо дар идеология ва машйи (ҳадафи) бунёдии он тағйире ҳосил нашуда…» Балки ин боз як фиреби навбатии Арабистони Саудӣ ва пуштубони ӯ аз он сӯи уқёнус аст, ки «мехоҳад баъзе давлатҳои ғарбиро васваса намояд, то аз ин ба истилоҳ «мӯътадилон» ҳимоят намоянд »
Муаллиф дар фарҷоми мақолааш аз кишварҳои ҷаҳон даъват менамояд: «Ҷаҳон дигар наметавонад наззорагари куштори на танҳо масеҳиён ва шиъиён, балки сунниҳо тавассути ваҳҳобиҳо бошад. Дар шароите, ки ошӯб бахши зиёде аз Ховари Миёнаро фаро гирифтааст, ин хатари бузург вуҷуд дорад, ки чанд нуқтаи босуботи боқимонда низ дар даргирӣ байни ваҳҳобият ва аҳли суннат дучори бесуботӣ гардад».
Нуктаи ҷолиби дигар дар мақола ин аст, ки Ҷавод Зариф пешниҳод менамояд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид қатъи дастгирии молӣ аз гурӯҳҳои радикалии моил бар нафрат ва ифрот ба роҳ монда шавад.
Шояд сад дар сад бо гуфтаҳои Ҷавод Зариф ҳамфикр бошам. Вале, ин ҷо як чиз маро ба таҳаммул водор месозад, хонандаи азиз. Оё худи Ҷумҳурии Исломии Эрон худ то куҷо дар ин масир тасмим гирифта метавонад? Тавре ки ҷаноби Вазири корҳои хориҷии Эрон даъват намудааст, яъне аз дастгирии молии созмонҳои «мубтанӣ бар нафрат ва ифрот» метавонад ҷилавгирӣ бикунад?
Ҳанӯз аз гӯшҳои мардуми хонабардӯшшудаи тоҷик садоҳои «Золимин, золимин марг ба найрангатон!
Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чангатон!» ва ё «Ваҳдаҳу, ваҳдаҳу ваҳдаҳу ваҳдаҳ! Ло шарик, ло шарик, ло шарика лаҳ! », ки фазои майдонҳои солҳои 90 пойтахтро фаро гирифта буданд, фаромӯш нашудааст. Ин шиорҳо аз эҷодиёти майдоннишинони тоҷик набуд, балки ҳамон нидоҳои «Амрико, Амрико марг бе найранге ту! Хуни шаҳидоне мо мичакад аз чанге ту!» буд, ки дар хиёбонҳои Теҳрон садо медод ва бо «дасти сабук»-и баъзе рӯҳониёни сиёсатмадор ҳадафмандона ба майдонҳои мо таҳмил шуд. Мутаассифона, имрӯз низ чанде аз «майдонмардон»-и ҷабҳаҳои ҷангу куштори кишвар дар баъзе доираҳои Эрон пуштибонӣ меёбанд ва бо умеди рӯзи ошӯб дар он сангар гирифтаанд. Оё мақомоти баландпояи ин кишвари ҳамзабон намедонанд, ки ин қавми мутаассиб таҳрикдиҳандаи ошӯби Ҳоҷи Ҳалим Назарзода буданд ва мехостанд Тоҷикистонро бори дигар ба вартаи ҷанги бародаркуш такон диҳанд? Магар ин аст оини бародарӣ?
Ҳайҳот, ки сиёсати кишварҳои мусалмонии минтақа ба дараҷае печида ва манфиатхоҳии онҳо то андозае бар пояҳои нафс қарор гирифтааст, ки ба гумон аст то чанд соли дигар сулҳу оромӣ дар мамолики шарқ пойдор гардад. Агар чунин аст ва ҳар яке аз ин давлатҳои бозигари минтақа ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мазҳабии худро новобаста аз зарари ҳамсоякишварҳои худ пиёда созанд, баръакс, оташи ин ҷанг бештару баландтар аланга хоҳад зад.
Биёед сари ин маънӣ андеша ронем. Чаро Арабистони Саудӣ ва Туркия амнияти Сурия ва сари қудрат будани Башор Асадро намехоҳанду ИМА тасмими ин ду кишварро ҷонибдорӣ менамояд ва ё чаро Эрон баръакс аз сиёсати Башор Асад дастгирӣ менамояду Русия низ бо он ҳамоҳанг аст. Чаро? Шояд ба ин хотир, ки Башор Асад алавии шиъамазҳаб асту Эрон аз ӯ пуштибонӣ дорад, вале Туркияву Арабистони Саудӣ мухолифанд? Ба гумон… Башор Асад аслан як шахси секулёрӣ (дунявӣ) буда, дар литсейи арабиву фаронсавӣ таҳсил кардааст ва баъд аз хатми донишгоҳ ҳатто дар беморхонаи Марями Муқаддаси (!) шаҳри Лондон таҷриба омӯхтааст. Шахси хеле таҳаммулпазир асту бо ҳамаи дину мазҳабҳо муносибати баробар дорад. Русия низ, ки мусалмононаш ғолибан суннимазҳабанд, ҳаргиз ҷонибдори ихтилоф бо ин қавм нест.
Сабаби ин даргириҳоро яке аз журналистони шинохтаи ғарб Уильям Энгдаль хеле хуб шарҳ додааст. Ӯ дар яке аз мақолаҳои худ «Муоҳидаи махфии амрикоиву саудӣ доир ба Сурия ва ҷанги лӯлаҳои нафту газ» менависад, ки соли 2009 бо луқмаи Вашингтон ва Ар-Риёз, Қатар ба Башор Асад пешниҳод кард, ки аз кони истихроҷи гази «Шимолӣ» (воқеъ дар Қатар) тавассути Сурия ба Туркия лӯлаҳои газ гузаронида шаванд. Башор Асад хуб медонист, ки ин шартномаи ба назар иқтисодӣ аслан сифр сиёсӣ аст ва метавонад, ки ба манфиатҳои шарикони стратегиаш Эрон ва Русия зарба занад. Аз ин лиҳоз ӯ ба Қатар ҷавоби рад дод ва баръакс, соли 2011 лоиҳаи Эрон-Ироқ-Сурияро ҷонибдорӣ намуд, ки кашидани лӯлаи газро аз кони истихроҷи гази «Форси Ҷанубӣ»-и ҶИЭ дар назар дорад. Ҳамин иқдом косаи сабри ИМА ва шарикони ӯро лабрез кард ва боис гардид, ки дар Шарқи наздик оташи ошӯбу фитна аланга занад.
Чаро? Чаро ки Вашингтон мехост гази Қатар ва нафти Ар-Риёзро аз тариқи Сурия ба Туркия интиқол диҳад ва ба ҳамин минвол вобастагии энержии аврупоро аз «Газпром»-и Русия коҳиш дода, бо як тир ду нишон занад. Яъне, аз як ҷониб ба иқтисодиёти Русия, ки солҳои охир «ҷоҳталабӣ» (имперские амбиции) дорад, зарбаи ҷонкоҳ занад ва аз дигар тараф тавассути кишварҳои таҳти тассалуташ дар Шарқи наздик бозори энержии аврупоро таҳти контрол гирад. Инчунин суқути режими Суриё ва ба минтақаи ноамн табдил ёфтани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Русия ҳамсарҳаданд, низ ба манфиати ИМА аст. Пас муқовимати ИМА ва Русия дар Суриё, ки рӯз то рӯз шиддат мегирад, ба истилоҳе муборизаи маргу зиндагист.
Вале…Чаро Ар-Риёз, Анқара, Доҳа, Теҳрон, ки такягоҳ ва ба қавле соҳиби «зиндаву мурдаи» мусалмононанд, ба ҷои пешгирӣ аз ин ҷанги мусалмонкуш ба оташи он равған мерезанд? Бубинед, ки дар натиҷаи ин даргириҳо қадимтарин шаҳру русто, нодиртарин ёдгориҳои таърихи башарият, ки аз ҳазорсолаҳо то ба мо бегазанд расидаанду нишоне аз таъриху фарҳанги миллати араб маҳсуб мешаванд, дар кӯтоҳтарин фосилаи таърихӣ бебозгашт ба хок яксон шудаанд. Имрӯз араб бо дасти дигарон на танҳо падару модар ва зану фарзанди худ, балки мероси гаронбаҳои ниёкон, хотираи таърихии хешро маҳв месозад. Наход танҳо ба хотири нафс? Нафсе, ки олудаи нафту хун аст…
Таърих ин ҳофизаи миллат аст. Миллате, ки таърих, яъне ҳофизаи худро аз даст дод, дигар ба як қавм ё қабилае табдил меёбад, ки бо он ҳарчи хоҳанд, хоҳанд кард…
Дар ин қазия мояи ҳайрат ин аст, ки ин кишварҳои соҳибфатвои минтақа ба хотири чанд «пайсадоллар» хонаи худро оташ зада истодаанд, ки ҷурмаш аз зулми абарқудратони ҷоҳталаби ғарб ҳазор раҳ бештар аст. Беномусӣ, дурӯягӣ ва беимониро то ба ҳадде расонидаанд, ки ба хотири «қонунӣ» кардани ин ваҳшоният аз номи Худованд фатво медиҳанд. Оё онҳо аз ояҳои раббонии : « Ва ҳаргиз дар замин пас аз он ки корҳои он назму салоҳ ёфт ба фасод ва табоҳкорӣ барнахезед ва Худойро ҳам аз роҳи бим ва ҳам аз рӯи уммед бихонед, ки албатта раҳмати Худо ба накӯкорон наздик аст» (сурраи 7, ояти 56) нахондаанд?! Ва ё ба каломи раббонӣ ҳеҷ имон надоранду алайҳи ин фармудаҳои Худованд даст ба куштору табоҳкорӣ мезананд?!
Феълан Арабистони Саудӣ ва Эрон, ки ду кишвари аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ дар минтақа нисбатан тавоно маҳсуб мешаванд, дар ду ҷабҳа муқовимат доранд: дар Сурия ва Яман. Дар Сурия Арабистони Саудӣ пуштубони мухолифин аст, вале Эрон ҷонибдори Башор Асад, президенти қонунии Сурия. Дар Яман бошад баръакс Эрон ҷонибдори мухолифони ҳукумат, вале Арабистони Сауди ҷонибдори Президенти Яман. Ин муқовиматро кайҳо дар Ғарб ба истилоҳи англисӣ «a proxy war» унвон кардаанд, ки маънояш «ҷанги супоришӣ» аст.
Агар имрӯз ин кишварҳои қудратманди мусалмонӣ бо «супориш» ба сари якдигар шамшер мекашанду бедареғ хуни якдигар мерезанд, пас Созмони конфронси исломӣ (Organization of Islamic Conferences- соли 1962 дар Работ (Мароканд) таъсис ёфта, имруз 57 мамлакати дунёро муттаҳид намудааст. Яке аз ҳадафҳои асосиаш дастгирии сулҳ ва амнияти кишварҳои мусалмонӣ), Конгресси умумиҷаҳонии исломӣ (КУИ- соли 1926 таъсис ёфта, аз соли 1949 фаъолият дорад. Намояндагони 36 мамлакатро мутаҲҲид менамояд. Дорои марказҳои тадқиқотӣ ва ВАО аст), Лигаи олами ислом (ЛОИ- соли 1962), Шӯрои аврупоии исломӣ (ШАИ- соли 1973, 12 мамлакати Аврупо шомиланд) ва мисли ин созмонҳои исломӣ, ки ҳадафи аслиашон пойдории сулҳу оромӣ ва рушди муназзами кишварҳои мусалмонист, бо чӣ кор машғуланд? Наход аз ин қадар куштору хунрезӣ, ба хок яксон шудани қадимтарин шаҳрҳои таърихӣ, сарсониву парешонии миллионҳо мусалмонон пинакашон вайрон нашавад? Пас оё аз он ки ин ҷанобон ҳамасола чанд маротиба дар анҷуманҳо ҷамъ мешаванду ришу дастор меҷунбонанд, ба миллионҳо мардуми мусалмон суде ҳаст? Афсӯс , ки не!
Хеле ва хеле нигаронкунанда аст, ки садои ин ошӯбу фитнаҳо рӯз то рӯз ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ наздик мешавад. Ҷангиёни радикалие, ки имрӯз дар Сурия таҳти таъзиқи эътилоф (Русия, Эрон ва Сурия) қарор доранд, ба Афғонистон кӯч мебанданд. Байни сарҳади Покистон ва Афғонистон марзе бо унвони «минтақаи қабилаҳои озод» мавҷуд аст, ки таҳти контроли ягон давлат қарор надорад ва қувваҳои номбурда онро ба истеҳкоми мустаҳками ҳарбӣ табдил додаанд.
Имрӯз пӯшида нест, ки гурӯҳҳои толибон ва ДОИШ бо дастгирии эътилофи зиддитеррори кишварҳои ғарб аз ҳамин минтақа ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешаванд, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад.
Агар ба таърихи башарият назар афканем, ҷангҳои диниву мазҳабӣ аз даҳшатноктарин бархурдҳо маҳсуб мешуданд. Собит шудааст, ки агар оташи ҷанг дар ин замина аланга гирад, пешгирии он хеле мураккаб аст ва он базудӣ паҳн шуда тару хушкро ба комаш мекашад.
Пас дастандаркороне, ки дар Вашингтон, Ар-Риёз, Доҳа ва ё Анқара нишастаанду таълимоти ваҳҳобияро аслиҳаи худ интихоб кардаанд, чашми худро боз кунанд ва бояд аз лӯлаҳои газу нафти худ дуртарро бубинанд. Вагарна рӯзе дарк хоҳанд кард, ин тухми фитнае, ки киштаанду бо хуни мардуми бегуноҳ об медиҳанд, ҳосили марги онҳоро хоҳад дод. Вале афсӯс, ки дер хоҳад шуд….
Бахтиёр Ҳамдам