Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб4-10-2016, 15:46
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ба ҷамоати деҳоти Зиракӣ ташриф оварда, бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи номбурда дар заминаи хоҷагии Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 7 ҳазор гектар ташкил гардидааст, ки 5 ҳазору 500 гектари онро майдони зироати кишоварзӣ ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 2 ҳазору 375 гектараш замини корам мебошад, аз ҷумла 2 ҳазору 100 гектар замини обӣ, 320 га замини лалмӣ буда, 330 гектарро боғ ва боқимондаро чарогоҳ дар бар мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта бевосита шинос гардиданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло дар кооперативи мазкур беш аз 1000 нафар фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Кишоварзон соли равон дар майдони 830 гектар пахта кишт карда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, саривақт додани нуриҳои минералӣ ва шудгори байни қаторҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварданианд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чинакчиён ва механизаторону саҳмдорон, ки ба ҷамъоварии ҳосил машғул буданд, суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба ҷамъовари беталафи ҳосили боқиммонда даъват намуданд. Тибқи иттилоъ то имрӯз чинакчиён 700 тонна ҳосили ғундоштаи хешро ба корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Зарҳам", ки ашёй хоми кооперативро ҳамчун тухмӣ қабул ва коркард месозад, супоридаанд. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 190 тонна бештар мебошад. Кишоварзон дар қитъаҳои пахта навъҳои тухмии серҳосили «Ирам», «Сорбон», «Ориё» ва ғайра кишт кардаанд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, аз он ҳосили дилхоҳ руёнидан мумкин аст. Айни замон барзгарон аз майдони 800 гектар зиёда аз 400 тонна ғалладонагиҳо, 15 номгӯйи тухмии гандум, аз ҷумла, «Сарвар», «Садоқат», «Сонмез», «Иршка», «Краснодар 99», «Старшина», «Сомонӣ», «Ормон» ва ғайраро таҷриба намуда, барои истифода ба дигар хоҷагиҳо ба фурӯш баровардаанд. Кишоварзони кооперативи тиҷоратӣ соли ҷорӣ 3 ҳазору 700 тонна ғалла рӯёниданд, ки аз ин нишондод 500 тоннаашро тухмӣ ташкил медиҳад. Чуноне саҳмдорон иттилоъ доданд, соли равон онҳо аз кишти барвақтии сабзавот 6 ҳазору 440 тонна ҳосил рӯёнидаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 280 тонна зиёд будааст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастранҷи боғу токпарварон, ки меваҳои шаҳдбори боғоти кооперативро муаррифӣ мекарданд, таваҷҷуҳ намуданд. Боғпарварон таъкид доштанд, ки алҳол майдони умумии боғҳои кооператив 344 гектарро дарбар мегирад ва 75 гектараш боғҳои ҳосилдиҳанда мебошанд, ки соли ҷорӣ аз ин боғот 130 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст. Дар коопертави мазкур баробари боғдорӣ ба кишти полезиҳо ҳам диққати ҷидди дода, номгўйи зиёди тарбузу харбуза ва кадуро ба маъраз гузоштанд. Картошкапарварони ҳоҷагӣ зиёда аз 600 тонна картошка истеҳсол карданд, ки аз як гектар 250 сентинерро ташкил медиҳад. Ба иттилои кишоварзон майдони кишти полезиҳо ба 35 гектар расонида шудааст ва имсол 420 тонна меҳсулоти полезӣ ба даст овардаанд. Мутахассисони кооператив инчунин гулу гиёҳҳои шифобахшро, ки дар ин хоҷагӣ ба таври васеъ парвариш меёбанд, дар намоишгоҳ ба маъраз гузоштанд. Чуноне таъкид шуд, мутахассисон дар кооператив соли равон дар масоҳати 10 гектар кишт ва парвариши 22 номгўйи гиёҳҳои давобахш, аз ҷумла «Нардсунбур», «Пудина», «Ноки заминӣ», «Қоқу», «Озариюн», «Лимугиёҳ», «Гули зарпоша» ба роҳ монданд. Дар ин самт ба кишоварзон мутахассинону олимони соҳавӣ тавсияҳо дода, раванди нигоҳубини растаниҳои нодирро меомӯзонанд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагидорони кооператив парвариши намудҳои беҳтарини чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти «Сиёҳало» мебошад. Иброз шуд, ки алҳол саршумори чорво дар хоҷагӣ ба 600 сар, аз ҷумла 110 сар модагов, 100 сар асп ва зиёда аз 1000 сар моли майда мерасад. Соли равон беш аз 400 тонна шир ва 25 тонна гӯшт истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳри Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.