Бонки миллӣ - идоракунии берунии бонкҳо алайҳи муфлисшавӣ равона шудааст3-08-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
- Новобаста аз буҳрони иқтисодие, ки замони ахир ҷумҳурии мо ва кишварҳои ҳамсоя ва шарикони иқтисодии моро фаро гирифтаву таъсири манфӣ ба нишондодҳои макроиқтисодӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидааст, дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи таваррум муътадил нигаҳ дошта шуда, имрӯз он 3,1% -ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд аст,-гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Пирмуҳаммадзода 25 июл дар нишасти матбуотӣ. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки интиқоли маблағ низ дар ин давра нисбат ба соли гузашта 22% кам шудааст, ки ин ҳам натиҷаи буҳрони молиявии ҷаҳонист.
Раиси Бонки миллӣ иброз дошт, ки 4 моҳи ахир қурби асъори миллӣ бетағйир боқӣ монда, нисбат ба доллари ИМА 10,7 % коҳиш ёфтааст. Оид ба ҳамкориҳои соҳавӣ бо ташкилоти молиявии хориҷӣ Ҷамшед Пирмуҳаммадзода қайд намуд, ки айни замон ба Хазинаи Байналмилалии Асъор нисбати ҷалби 500 миллион доллари ИМА сармояи бонкӣ корҳо рафта истодаанд ва бо дигар ташкилоти соҳавии хориҷӣ низ ҳамкориҳо вусъат меёбанд. Ба қавли Ҷ.Пирмуҳаммадзода, ҳарчанд эътимоди шаҳрвандон ба низоми бонкдории кишвар то андозае коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо боварӣ ба соҳа ба нестӣ нарафтааст, чуноне ки баъзе расонаҳо инро нодуруст шарҳ медиҳанд ва сари ин мавзӯъ ҳангома бардоштан даркор нест. Дар хусуси мушкилоти молиявии ду бонки бонуфузи кишвар - Тоҷиксодиротбонк ва Тоҷпромбонк гуфта шуд, ки ҳоло дар ин бонкҳо системаи идоракунии берунӣ ҷорӣ карда шудааст, ки он ба муҳлати 3 моҳ идома мекунад ва дар ҳолати зарурӣ муҳлати фаъолияти низоми идоракунии берунӣ тамдид хоҳад шуд. Самаранокии ҷорӣ намудани системаи буҳронии идоракунии берунӣ натиҷаҳои худро нишон додааст ва то имрӯз зиёда аз 12 ҳазор муштариёни Тоҷиксодиротбонк-соҳибони кортҳо маблағҳои худро гирифтаанд. Нисбати Тоҷпрпомбонк низ дигаргуниҳои мусбӣ ба назар мерасанд. Ба қавли Раиси Бонки миллӣ, мақсад аз ҷорӣ намудани идоракунии берунӣ ба муфлисшавӣ роҳ надодани ин бонкҳо будааст. Гуфта шуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 815 шурӯъ аз 1 январи соли 2017 бояд тамоми нуқтаҳои савдо ба муомилоти ғайринақдӣ гузаранд, дар акси ҳол онҳоро ҷарима интизор аст. Гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ тақозои замон буда, ба қурби асъори миллӣ низ таъсири мусбии худро хоҳад гузошт. Таъкид карда шуд, ки қурби мубодилавии сомонӣ бо андешидани чораҳои муассир ҷиҳати таъмини вазъи муътадили бозори дохилии асъор устувор гардид, ки ин ба раванди муътадили тағйирёбии сатҳи нархҳо заминаи мусоид гузоштааст. Ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор ва қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари нақди ИМА маҷмӯи чораҳои сиёсати пуливу қарзӣ ва маъмуриву назоратӣ андешида шудаанд, ки ба низоми бонкӣ ва сиёсати молиявии кишвар таъсири манфӣ расонидааст. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.