Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

КОРЗОРИ НОМУС

21-09-2022, 10:25
Хабарро хонданд: 1217 нафар
Назарҳо: 0
КОРЗОРИ НОМУС
Он рӯз дур нест, ки дар партави нури “Роғун” Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррасу барҷаставу шоён ноил гардид. Ҳатто дар ин миён ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар заду солҳои вазнин ва аз ҷиҳати сиёсӣ басо мураккаберо дар рӯзгори мардуми тоҷик пеш овард, вале ин ҳама барои пирӯзии ояндаи халқи мо натавонист садд гардад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кишвари мо бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба дастовардҳо ва музаффариятҳои зиёде соҳиб гардад, ки бунёди НБО «Роѓун» ва ба даст овардани истиқлоли комили энергетикӣ аз ҷумлаи онҳост.
Таҷдид ва эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Пешвои миллат бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ҳусни ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон ба он иқдом намуданд. Воқеан ҳам ба сохтан ва ба кор даровардани ин користони сарнавиштсози Ватан аксар мардум ва мамлакатҳои ғайр бовар надоштанд. Чуноне, ки ба сохтмон ва фаъолгардии Неругоҳи барқи обии Норак итминону боварӣ надоштанд.
Вақте ки Ҳукумати Шуравӣ солҳои шастуми асри гузашта Неругоҳи барқи обии Норакро дар қалби кӯҳсор бо ѓайрату ҷасорати беназир бунёд менамуд, сиёсатмадорони вақти арбадаҷӯйи амрикоӣ тибқи одати иѓвогарии худ ҳангома бардошта буданд, ки СССР сохтмони неругоҳи бузурги барқро дар минтақаи зилзилаи нуҳбала оѓоз карда, дар соҳаи энергетика хаёли хом мепарварад. Ҳол он ки баҳри маснуи он дар фарҷоми як зилзила саропои минтақаи Осиёи Миёнаро дар зери обу гил мегузорад.
Лекин бо вуҷуди ин иѓвогарию буҳтони бебунёд, ҳамон вақт Ҳукумати Шуравӣ тавонист, ки дар назди тамоми оламиён асоснокии техникию иқтисодию экологии лоиҳаи худро исбот намояд. Чи тавре ки ба ҳамаи ҷаҳон маълум аст, ин асоснокӣ ва ҳақиқат шукрона, ки то имрӯз бобақою пойдор аст! Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллатамон исбот намуданд, ки сохтан ва ба истифода додани “Роғун” низ аз тасмимҳои олӣ ва дурандешонаву хирадмандона аст, ки айни ҳол сохтмони ин корзори номус дар марзи анҷомёбист.
Воқеан ҳам, ибтикори Пешвои миллат дар эҳёи Неругоҳи барқи обии Роғун шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастагинопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин менамояд, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор намудааст. Аз баракати ин нияти неки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мардуми тоҷик даҳҳо миллион сокинони кишварҳои дуру наздик аз неруи барқ баҳраманд гардида, мушкилоти замони хушксолиҳо дар кишварҳои ҳамҷавор аз миён бардошта хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати сохтмони НБО Роғун бисёре аз сарварону сиёсатмадорон ва бузургони аҳли илми кишварҳои абарқудрат изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, Елсин Борис Николаевич, Президенти вақти Федератсияи Русия дар замони ҳукмронии худ дар яке аз нишастҳои матбуотӣ оид ба Неругоҳи барқи обии Роғун иброз дошта буд: “НБО Роғун” таҷассумгари ғояи баландтарини муҳандисӣ ва иқтисодии мардуми Шуравӣ мебошад, НБО Роғунро бояд сохт ва ба истифода дод!”. Дар ин радиф Доктор Кристина Гутиерес-Кортинеси испаниягӣ, роҳбари байнигурӯҳии Парлумони аврупо оид ба масоили об низ бобати “Роғун” гуфтааст: “Ба мо неруи барқ, неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза зарур аст. “Роғун” лоиҳаи бисёр хуб буда, ба меъёрҳои бехатарии муҳити зист ҷавобгӯ мебошад, ки ин хеле муҳим аст. Бунёди НБО Роғун-сохтмони ба манбаи тоза ва барқароршавандаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ асос ёфта ва инфрасохтори замонавии муносиб, ки он метавонад беҳбудии миллионҳо одамонро тибқи меъёрҳои экологӣ беҳтар созад”. Ҳамчунин, Ҳилари Креймер, шореҳи машҳури амрикоӣ, муаллифи китоби машҳури “Пеш аз чархиш” низ ибрози ақида намудааст, ки “Неругоҳи барқи обии Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дили иқтисоди пешрафтаи Осиёи Марказӣ бошад. Ин неругоҳ қодир аст, ки на танҳо Тоҷикистони ташнаи барқ, балки минтақаҳои шимоли Афғонистону Покистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ҳамсояро бо барқ таъмин кунад”.
Оре, бузургони дар боло қайдшуда барҳақ гуфтаанд. Воқеан Неругоҳи барқи обии Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии на фақат Тоҷикистон, балки кулли Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бидуни ин неругоҳ рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Ва барои хонандагони ин матлаб шоистаи ёдоварист, ки иқтидори лоиҳавии он бо 6 чарха 3600 мегаватт буда, сарбанди обанбораш бояд 335м бардошта шавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 км3 ва оби судбахшаш 10,3 км3 – ро ташкил хоҳад дод. Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан, “Роғун” метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд.
Ба кор дароварда шудани неругоҳи мазкур имкон медиҳад, ки боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа обёрӣ карда шаванд. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа аст.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суҳбатҳояшон бо бинокорони неругоҳ гуфта буданд, ки дар дурдасттарин деҳа ҳам бояд хонаи мардуми мо доим бо барқ таъмину нурафшон бошад, то ки вақти зарурат модар шабонгаҳон низ ба тифли худ бо хотири ҷамъ шир макондан тавонад. Ҳакимони замонҳои қадими халқи тоҷики мо гуфтаанд, ки ҷойгоҳи кӯдак ҳамеша равшан бошаду вақти шир хӯрдан бояд ба чеҳраи модар нигарад ва дар ин лаҳза модар низ рӯйи тифли худро бубинад. Фақат дар чунин ҳолат шири модар ба ҷисму ҷони фарзандаш бештар мефорад ва солимии вуҷуди ин навруста боз ҳам хубтару беҳтар мегардад. Нури ниҳонии чеҳраи модар барои тифл вақти шир хӯрдан ба таври муъҷизавӣ шифо мебахшад.
Ҳамин гуна, ба суханони ғамхоронаву тиллоии Сарвари давлат тақвият бахшида, иловатан иброз медорем, ки баъди пурра ба кор даромадани ин боргоҳи бузург нуру гармӣ ба вуқуъ пайваста, орзуву ормони чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: