Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Панҷакент: Оғози курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ

Панҷакент: Оғози курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ

16-05-2022, 15:14
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
  Панҷакент: Оғози курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
Бо мақсади тақвияти кори кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоӣ 16 май дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Дар ҷараёни курси бозомӯзӣ бар идоваи маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, суҳбатҳо ҷиҳати табдили таҷрибаи пешќадам, баррасии фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар самтҳои афзалиятнок, баргузории мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногуни мавзуӣ пешбинӣ шудаанд.
Иштирокчиёни курс берун аз соатҳои омўзишӣ аз маҳали ёдгориҳои таърихӣ, хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии «Саразм», қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи маъюбону пиронсолон ва ташкилотҳои намунавии ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент вохӯрӣ менамоянд.
  Панҷакент: Оғози курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд барои дар ҳаёт татбиқ намудани ормонҳои халқ фаъолона талош варзида, ташаббускору навовар аст ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар татбиқи амалҳои созанда пешсафу роҳнамо мебошад. Тавре Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ишора мекунанд, бештари дастовардҳои назарраси кишварамон бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳизби мо дар ин давра бо ташаббусҳои бузургу созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард.


Пешвози гарми иштирокчиёни курси бозомӯзӣ дар ноҳияи Айнӣ
Иштирокчиёни курси бозомӯзиро, ки якшанбе, 15 май аз пойтахти кишвар бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ба самти Панҷакент - маҳали баргузории ҳаракат карданд, ҳамон рўз дар маркази ноҳияи Айнӣ аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, Раёсат, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва фаъолони ҳизб самимона истиқбол намуданд. Иштирокчиён дар маркази ноҳияи Айнӣ аз майдони рамзҳои давлатдорӣ - Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карда, дар пояи он акси хотиравӣ гирифтанд. Тавре гуфта шуд, баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, андозаи матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр аст. Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро дарбар гирифта, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.
Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ ҳам аз 1600 метри мураббаъ иборат буда, он аз рӯи меъмории миллӣ омехта бо замони муосир бунёд шудааст. Баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад. Дар зерсохти иншоот матни Суруди миллиро зебо ҳаккокӣ шуда, ки он дар бедор сохтани худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.
Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ 28 июли соли 2021 дар маросими бошукўҳе аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода ќарор гирифта буд.
Боздид аз хона- музейи ЛоиқШералӣ
Дар доираи барномаи рўзи аввали сафар ба Панҷакент иштирокчиён аз хона-музейи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шариф воќеъ аст, боздид карданд.
Таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ аз ҳадафҳои авлавиятдоштаи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар ин деҳа инчунин мақбараи Муҳаммади Башоро (ёдгории меъмории асрҳои XI – XIV) ҳам воқеъ аст, ки ёдгоре аз гузаштагон мебошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи бузургони шеъру адаби муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ буда, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналхалқии “Нилуфар” аст.
Аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки устод Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар ҳамин деҳа, дар оилаи коргар ба дунё омад. Баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро хатм кард ва соли 1963 факултаи таъриху филологияи ДДОТ ба номи С.Айниро ба поён расонд. Шоири ҷавон, ки маҳорати барҷаста дошт, бо тавсияи бевоситаи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ба таври истисно дар синни 24-солагӣ ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам» ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд.
Лоиқ Шералӣ дар тўли фаъолияти адабӣ, муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи телевизион ва радио, ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ» ва то рӯзҳои охири умрашон раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.
Иштирокчиёни курси бозомӯзӣ пас аз боздид аз хона-музейи шоир, маҳфили гарми ширу шакар ташкил намуда, ба хондани ашъоре аз эҷодиёти устод пардохтанд, ки хеле хотирмон сурат гирифт. Иштирокчиён назди муҷассами зебои шоир, ки пас аз навсозӣ ба зодгоҳаш, деҳаи Мазори Шариф оварда шудааст, акси хотиравӣ гирифтанд.
- Лоиқ Шералӣ шоири тавонои миллати тоҷик аст, - гуфт муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ. – Шеъри ӯ дар ҳар хонадон дӯст дуст медоранд, зеро як ҷаҳон маъниро ифода мекунад.
Таъкид шуд, ки Лоиқ аз беҳтарин вассофони сулҳу дӯстӣ, зан-модар, сарзамину меҳан, анъанаҳои мардумӣ ва муаллифи расотарин тасвиру таъбирҳо дар адабиёти миллии мо дар поёни садаи гузашта аст.

Тамошои шаҳраки бостонии Саразм

Дар доираи барномаи фарҳангии курси бозомӯзӣ, ҳизбиён аз шаҳраки бостонии Саразм дидан намуданд.
Саразм яке аз ёдгориҳои куҳани миллати тоҷик ба шумор рафта, таърихи беш аз 5500-сола дорад. Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки нишонаи таърихи пурифтихори миллатамон аст. Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2003 ва 2005 ба ин мавзеъ омада, бо вазъи он шинос шуданд ва дар хусуси ҳифзу омӯзиши Саразм вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар натиҷа, тайи солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти он болопӯш ва атрофи ёдгорӣ бо панҷара иҳота шуд.
Шаҳри бостонии Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардид.
Ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан - санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аздигар намунаҳои барҷаста аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷиканд, ба ин феҳрист ворид шудаанд.
Зимни боздид аз Саразм номзади илми таърих, ходими калони илмии муассиса Абдурауф Раззоқ иттилоъ дод, ки ин ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум - сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дар бар мегирад. Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳими таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад. Дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад. Ин нуктаҳо дар суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат аснои таҷлили 5500-солагии ин шаҳри қадима 12 сентябри соли 2020 низ садо доданд.
ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ гузошта, ҷиҳати истифодаи имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ корҳои таблиғотиро амалӣ мегардонад.
  Панҷакент: Оғози курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
Ин иќдоми муҳим дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, то 20 май идома меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: