Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “ПАЙВАНДИ НАСЛҲО – ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ”

“ПАЙВАНДИ НАСЛҲО – ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ”

6-05-2022, 07:02
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
“ПАЙВАНДИ НАСЛҲО – ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ”

Дирӯз дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳамоиши Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони “Пайванди наслҳо” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба ҳамоиш ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда, сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” даъват гардида буданд.

Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ифтитоҳ гардид.

Сипас, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба сухан баромада, сароғоз аҳли ҳузурро ба муносибати иди саиди Фитр, солгарди ҷашни таърихӣ – Ғалаба алайҳи Германияи фашистӣ аз номи кулли ҳизбиёни вилоят самимона табрику муборакбод гуфта, рӯзгори босодат, хонаи обод ва дили шод таманно намуд.

Дар идомаи баромади худ Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар ҳафтаи поси хотир баргузор гардидани маҳфили ҳамешагии “Пайванди наслҳо”-ро ҳикмати хубе арзёбӣ кард. Зеро мо гузаштаро фаромӯш карда, имрӯзро ҳаргиз сохта наметавонем. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш зикр дошта буданд: “Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа мебошад. Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд.

Мавсуф тадбири баргузории силсиламаҳфилҳои “Пайванди наслҳо”-ро маҳз аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат шуморида, гуфт, ки бо мурури вақт доманаи он густурдатар гардида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаи беш аз 28 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бозгӯи онро дорад, ки мо аз сабақҳои нодиру таърихии насли нисбатан калонсол, ки бо меҳнати софдилона барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи миллат ва ҳизб дар арсаи байналмилалӣ заҳмат кашидаанд, фаровон истифода барем. Зеро тавре Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба ашхоси бофарҳанг, боистеъдод, ҷӯянда ва дилсӯзу ғамхори миллату Ватан такя мекунад. Таҷрибаи Шумо – ветеранҳои муҳтарам, зиндагиву фаъолияти Шумо барои мардум ва хусусан барои наслҳои ҷавони кишвар дар сохтмони ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта сабақи нодир аст”.

Баъдан ҳадафи аслии ҳамоиши мазкур баён карда шуд, ки он омӯхтани кору пайкори собиқадорон ва дар заминаи он тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ, эҳтироми Ватан, эҳтироми волидону бузургдошти ниёгон мебошад. Хушбахтона, маҳфил миёни ҷомеа, хосса маҳбубияти хосро гирифтааст ва он дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Истаравшан дар сатҳи баланд баргузор гардида, самараи нек ба бор овард.

Қайд карда шуд, ки дар шароити вазъи ҳассоси сиёсии ҷаҳони муосир рисолати собиқадорони меҳнат, онҳое, ки дар ҷомеа воқеан ҳам, мавқеъ ва мақоми баландро соҳибанду бо сухану амали нек метавонанд ҷомеаро ба сӯи ваҳдату ҳамдилӣ бубаранд, боз ҳам бештар гардид. Хоссатан дар тарбияи маънавию сиёсии насли наврас ва ҷавонон ҷомеа аз ҳар вақта дида бештар ниёз ба чунин нафарони созанда дорад. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки нақши раисони маҳалла, пирони кор боз ҳам беҳтару бештар дар ҷомеа муаррифӣ шавад. Дар зеҳну тафаккури мардум бояд андешаеро ҷо кунем, ки танҳо миллати соҳибмаърифату хештаншинос, ватандӯсту шуҷоъ метавонад дар мубориза ба авзои номукаммали сиёсии ҷаҳонӣ тоб биёрад.

Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон афзуд, ки тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”. Дар китоби оламшумул – “Қуръон”-и азимуушанъ низ омадааст, ки дӯст доштани Ватан худ имон аст ва оне, ки ватанпараст аст ба ҳадди ибодат баробар аст. Ин ҳикмат, хушбахтона, имрӯз пайравони зиёдеро ба худ касб кардааст. Дар қиёс ба солҳои пешин анъанаи хуби бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан рафтани ҷавонон шоистаи омӯзиш аст. Ҳамзамон, дар сатҳи баланд доир шудани маросими гусели наваскарон барои баланд гардидани ифтихори миллии ҷавонон василаи хубест. Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Ҳамчунин, андешаҳои худро дар бораи он ки чӣ бояд кард, то ҷавонон худ ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваст шаванд, баён карда, аз ҷумла гуфт, ки аввалан тарбияро аз кӯдакистон оғоз бояд кард. Пасон дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи далерӣ бояд тарбия намуд. Ҳангоми машқварзӣ ва обу тоби бадан корбарӣ бо аслиҳаи ҷангиро барояшон омӯзонд. Китобҳои характери ватандӯстиву ватанхоҳиро бояд талқин кард. Бо онҳое, ки нав аз хизмати ҳарбӣ омадаанд, мулоқотҳо бояд доир кард. Онҳоро тавре бояд пешвоз гирем, ки дигарон, хоса ҷавонон ҳавас намоянд.

Дар идомаи баромади хеш Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зада, риояи ҳамешагии онро ҳатмӣ шуморид, зеро бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба рӯзгори аҳли ҷомеа таъсири худро торафт аён месозад, сарфакорӣ, истифодаи мақсадноку самараноки имкониятҳои молию пулии ҳар як фард, ҳар як оила ҳукми зарурати ҳаётиро гирифтааст. Иқдоми саривақтӣ ва бамавриди Сарвари давлатро гувоҳи боз як ғамхории он кас дар ҳаққи халқу миллат шуморид, ки аз худшиносӣ, ифтихори ҳамешагии миллии доштаашон сарчашма мегирад ва ин ҳуҷҷат чун неъмати ҷамъиятӣ ва сармояи иҷтимоӣ дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ – иқтисодии дохилӣ ва умумибашарӣ омили гиреҳкушо гардидааст.

Имрӯз, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба рӯзгори аҳли ҷомеа таъсири худро торафт аён месозад, сарфакорӣ, истифодаи мақсадноку самараноки имкониятҳои молию пулии ҳар як фард, ҳар як оила ҳукми зарурати ҳаётиро гирифтааст, аз ақлу заковат ва хиради азалии Сарвари давлатамон кас ба ваҷд меояд. Зеро Ҷаноби Олӣ ҳанӯз якуним даҳсола пеш вазъи имрӯзаи ҷомеаро эҳсос намуда, ба ин иқдоми сазовор рӯй оварданд. Ва ин иқдом имрӯз натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба зарурати қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин андешаи ҷолиб баён дошта буданд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағи зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

– Барои он, ки Қонуни мазкур пурра дар амал татбиқ гардад, ба мову Шумо лозим аст, ки мазмуну моҳияти онро мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон, ки дар ҳар ҷамъомаду вохӯриҳояшон бо мардум борҳо таъкид менамоянд, дуруст ва возеҳ фаҳмонем. Дар робита ба суханони болоӣ барои зиндагиву рӯзгори хуррамонаи халқамон ва таъмин намудани рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар заҳмат кашем, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои фаровони табиии кишварамон – замин ва обро таъмин кунем ва ҳар чи зиёдтар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоем, – афзуд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва бо суханони зерин баромади худро анҷом пазируфт:

– Воқеан, шарифтарин Инсон он аст, ки ғами миллат ва ояндаи онро бихӯрад ва барои Ватану халқи хеш хидмати беминнат кунад, бо ҳама якрӯву якдил бошад, хайрхоҳу хайрандеш, дурбину сарбаланд, дастгири хурду бузург, ҳидоятгари инсонҳо, соҳиби хираду тафаккури воло, хирадманду адолатгустар бошад.

Баъдан ба кори ҳамоиш барор хоста, гуфт, ки бовар дорем маҳфили мазкур дар тарбияи маънавии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад ва нақши онҳо чун идомабахши наслҳои соҳибфазилат дар пешрафту шукуфоии кишварамон боз ҳам равшантар эҳсос мегардад.

Иҷрокунандаи Раиси шаҳр Раънохон Ҳошимзода ба сухан баромада, ҳозиринро ба шаҳри Гулистон, ки рӯз то рӯз ба боғшаҳр табдил ёфта истодааст, хайрамақдам гуфт ва баргузории маҳфили мазкурро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳо ба тафаккури ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва арзишҳои олии он, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва дар ҷамъият пайдо намудани мақому мартаба раҳнамун месозад. Зеро омӯхтани таҷрибаю ҳаёти калонсолон барои насли ояндасоз мактаби хештаншиносӣ аст.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров зимни баромади худ аз ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши насли калонсол ҳарф зада, ҷавононро ба илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштани волидон, хидмат намудан ба халқу миллат ва дар замири худ парваридани хислатҳои писандидаи инсонӣ даъват намуд.

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамулло Одилов бо каломи ибратомӯз ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ ва ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми кишвар раҳнамун сохт.

Сипас, Мавзуна Раҷабова аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба Мафҳуми Ватан – Модар, ватандӯстӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, Бузургмеҳр Бегов ва Сайфиддин Раҷабов, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намудаанд, оид ба масъулияти фарзандӣ ва шароити хизмати сарбоз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом ба 40 нафар ҷавонони фаъол, ки нав ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” пайвастанд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳо супорида шуданд. Ҳамчунин, ба 20 нафар ҷавонон, ки нав ба сафи ҲХДТ дохил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба 8 нафар пешсафони ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Баъд аз интиҳои ҳамоиши “Пайванди наслҳо” меҳмонон аз боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик ва майдони муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дина намуданд.

Меҳмононро ҷавонону духтарон дар назди майдони шаҳидони ҶБВ бо қироати шеър истиқбол намуданд.

Ҳайати роҳбарият, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ бо мақсади арҷгӯзорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пояи муҷассамаи аскари номаълум гулчамбар гузоштанд.

Дар тарабхонаи “Соҳил”и шаҳри Гулистон қисмати адабӣ – фарҳангии ҳамоиш идома ёфт. Ду оилаи намунавӣ, ки дар тӯли зиндагӣ ба муваффақиятҳои давлативу ҷамъиятӣ расида, фарзандони накӯ ба воя расонидаанд аз ҳаёти худ ҳамчун дарси ибрат барои ҷавонон нақл намуданд ва ҷавононро барои бунёди оилаи мустаҳкам даъват карданд.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки сарояндагону ҳунармандон ва овозхони ҷавону умедбахш Назирҷон Мирмуллоев ба ҳамоиш шукӯҳу шаҳомати идона бахшид.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамоиши тантанавиро ҳусни анҷом бахшид ва ба ҳамагон барору комёбиҳо таманно карда, орзу намуд, ки дар фазои Тоҷикистони озоду обод ҳамеша кабӯтарони сулҳу дӯстӣ болафшон бошанд ва амну оромии кишвар пойдор бимонад.

Моҳира РАҲИМЗОДА,

“Сухани халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: