Шаби ялдои Толибон13-02-2022, 10:00
Хабарро хонданд: 936 нафар
Назарҳо: 0
Эҳсоси доимии тарс, ҳарос аз мамнуъиятҳои пайваста тағйирёбанда ва нофаҳмо, пеш омадани душвориҳои майда-чуйда, фақр, бекорӣ, таҳқири занон, фирори қишри босаводи аҳолӣ аз кишвар ва таҳдид бар оғози як ҷанги хуношоми шаҳрвандӣ - ин аст тасвирҳое аз зиндагии Афғонистон дар замони Толибон, ки дар қиссаҳои шоҳидон, ки бисёрашон аз онҷо аз фирор кардаанд. Дар тӯлонитарин шаб, ки ба 21 декабр рост меояд, Малиҳа Зафарии 23-солаи сокини Кобул ҳамроҳи дӯстонаш барои таҷлили ҷашни бостонии Шаби Ялдо рафтанд. Дар як ҳуҷраи танг тақрибан 40 нафар занҳо дар атрофи як матои дарозу бунафшранг, ки бо зарриштаҳо нақшу нигор дӯхта шудаанд, ҷамъ омаданд. Баъзеҳо свитерҳои сиёҳ ва хокистарӣ пӯшида буданд, аммо аксарият либосҳои анъанавии дурахшон доштанд. Доманакҳо бо гулдӯзии тилло оро дода шуда, ҳамон гулдӯзӣ дар рӯймолҳои сабуке, ки сари занонро мепӯшонанд низ буд. Занҳо зери мусиқӣ ҷисми нозуки худро чунбонда, суруд мехонанд ва каф мезананд.Зафарӣ мегӯяд: "Мо як таронаи куҳнаи эронӣ месароем. Дар ин лаҳзаҳо мо каме худро хушбахтӣ эҳсос мекунем." Шаби Ялдо, ки ҷашни он аз суннати бостонии зардуштӣ бармеояд, рамзи пирӯзии хуршед бар зулмот аст. Он дар саросари ҷаҳон - дар Эрон, Тоҷикистон, дар маконҳои иқомати диаспораҳои шиъа дар Америка таҷлил мешавад. Аммо дар Афғонистони имрӯза, ки ба гуфтаи кобулиҳо, мардум ҳамарӯза барои дарёфти ғизо мубориза мебаранд, ҷашн як мазмуни хосе пайдо мекунад. "Ба ин сабаб мо онро дар ҷои бехатар таҷлил мекунем, - мегӯяд Зафарӣ. - Чунки инҷо чунин ҷашнҳо манъ аст." Саъдӣ, ки аз шоирони мондагор дар дунёи шеъру адаби форсӣ аст, дар охири садаи 13 навишта буд: «Боди осоиши гетӣ назанад бар дил реш, Субҳи содиқ надамад, то шаби ялдо наравад». Ва имрӯз барои теъдоде аз афғонҳо ин ҷашн рамзи устувориву ормон ба оянда аст, гарчанде умедвориҳо ками андар кам аст. Дар ҳоле, ки мусалмонони шиъа, аксаран ҳазораҳо, дар Афғонистон, дар берун аз Кобул, пинҳонӣ ин ҷашни офтобиро таҷлил мекунанд, як ҷавон дар Маркази паноҳандагон ва муҳоҷирони Бостон гиря мекунад. Ӯ ҳанӯз 30-сола нест ва бо шими танги ҷинс ва свитери сиёҳаш ба ҳама ҷавонони хатмкардаи донишгоҳҳои ҷаҳон монандӣ дорад. Ҷаббор Қодирӣ мегӯяд: "Ман котиби аввали раиси дастгоҳи президент Ашраф Ғанӣ будам, се се моҳ пеш, дар аввалҳои сентябр ба Бостон омадам." Вақте ки Кобул 15 августи соли 2021 ба дасти Толибон таслим шуд, Қодирӣ дар дафтари кориаш дар кохи раёсатҷумҳурии Кобул буд. "Мо ҳама интизори рўйдоде будем, вале ман фикр намекардам, ки Ҳукумат дар Кобул пас аз чанд соат аз байн меравад." Тахмин мешуд, ки Ғанӣ қудратро ба Шурои куҳансолони Афғонистон – Лоя Ҷирга вогузор мекунад. Аммо Толибон дар охирин лаҳза аз ин сенария даст кашиданд: ба онҳо танҳо пирӯзии комил лозим буд. Ҷаббор Қодирӣ пас аз фирори президент коргоҳашро тарк кард. "Неруҳои амнияти қаср ба мошинҳо иҷозати равоуро манъ карда буд " - идома медиҳад ӯ. Ҷаббор мошини идории худро бо ронанда гузошта, пиёда ба хонааш равон шуд. Такрибан якуним соат рох гашта, тамоми роҳ гиря кард. Дар ҳамон субҳи якшанбеи моҳи август Малиҳа Зафарӣ ба дарс рафт. Вай донишҷӯи соли сеюми шуъбаи гидротехникӣ ва иншооти гидротехникии факултети захираҳои об ва муҳити зисти Донишгоҳи политехникии Кобул буд, ки дуввумин ва бонуфузтарин дар Афғонистон аст. Дере нагузашта устод ба донишҷӯён эълон кард, ки беҳтараш ба хона баргарданд ва волидони Зафарӣ ҳам занг зада, бо нигаронӣ аз ў хоҳиши баргаштан ба хонаро карданд. "Онҳо ба ман тақрибан 20 бор занг заданд, - мегӯяд Зафарӣ. Чун дар роҳ автобус набуд, духтар ночор пиёда рафт. Баъди истироҳати кӯтоҳе дар хона, Ҷаббор Қодирӣ тасмим гирифт, ки ба маркази шаҳр биравад, то бубинад, он ҷо вазъ чӣ гуна аст. Дар қисмати ғарбии Кобул, дар назди қаҳвахонае, ки аз он кексҳои дӯстдоштаашро мехарид, бори аввал толибонро дид. "Дар он лаҳза оби сарде гўё ба сарам рехт ва ҷаҳони ман аз байн рафт," - мегӯяд Қодирӣ. "Тамоми умр ман танҳо барои он кор кардам, ки Кобул онҳоро дигар набинад. Вале онҳо дар ин ҷо буданд." Боз як хизматчии дигари ҷавон низ ҳамин гуна ҳолатро эҳсос кардааст. Сафар Зафар ҳам дар идораи президенти Афғонистон кор мекард. Ў аз шунидани хабари ба дасти Толибон гузаштани шаҳр маъюс шуда, барои донистани вазъият ба кўча баромад. Дере нагузашта Толибонро дид, ки пас аз ду даҳсола дубора ҳукуматро гирифтанд. Чӣ гуна? Ин барояш як муаммо буд. "Ба ҳар ҳол дар фирори президент Ғанӣ аз Кобул як чизи мусбат буд: Кишвар ба як ҷанги дигари шаҳрвандӣ рўбарў нашуд"- мегўяд ў. Шояд ин лаҳза ў аз сўйи Толибон ваҳшиёна кушта ва баъд ба симчўб овехта шудани ҷасади раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Муҳаммад Наҷибулло, ки дар рўзҳои бори нахуст ба қудрат расиданашон дар 27 сентябри соли 1996, ба ёд меорад. Ҷаббор Қодирӣ ҳар рўз аз майдони қатли собиқ роҳбари Афғонистон гузашта ба кор мерафт. Вазъият бадтар мешуд,агар ин бор ҳам чунин ҳолат пеш меомад. Аксари Толибон афроде ҳастанд, ки дар кӯҳистон ба воя расида, дар бораи зиндагии шаҳр тасаввуроте надоранд ва аз интернет истифода намекунанд Илова бар ин, Кобул акнун ба қабилаҳои гуногуни Толибон тааллуқ дорад ва қоидаҳо дар маҳаллаҳои гуногун метавонанд фарқ кунанд. Ба ҷуз аз рӯзномаҳои аврупоӣ, ҳоло дар Афғонистон либоси аврупоӣ ва тарошидани риш манъ шудааст. Шукрия Шоҳин мегӯяд: "Агар дар кӯча марди футболкапӯшро бинанд, меоянду мегӯянд, ки ин "аз рӯи ислом нест". - Ҳоло дӯстонам риш наметарошанд. Толибон тамоман тарошидани ришро манъ накардаанд, аммо онҳо фикр мекунанд, ки чунин гашт бехатар аст."-мегӯяд Ҷаббор Қодирӣ. Мусиқии шўх ҳам мамнӯъ аст. "Толибон дар кӯча баромада, телефонҳоро тафтиш мекунанд." "Дар телефони худ мусиқиро ёфта наметавонед." Тавассути низоми пур аз мамнуъиятҳои майда-чуйда Толибон мардумро ба итоаткорӣ одат мекунонанд. "Онҳо чунин мамнуъиятҳоро ҳамчун воситае меҳисобанд, ки бо он одамон равиши зиндагии маъмулиро фаромўш карда, ба воқеиятҳои нав одат мекунанд", - мегӯяд Андрей Серенко. Нақшаҳои таълимӣ аз нав дида баромада шуданд. "Забони англисӣ аз барнома хориҷ шуд, тарзи таълими фанни таърих дигар шуд, фанҳои марбут ба омӯзиши ислом такмил шуданд." То омадани Толибон ҳамсуҳбати дигари мо, Алӣ дар як маркази хусусӣ ба 50 донишҷӯ забони англисӣ дарс медод. Ҳоло ӯ ба таври ройгон ва пинҳонӣ таълими забони англисиро идома медиҳад. Дар бинои коргоҳи колинбофӣ қариб даҳ нафар шогирдонаш ҷамъ меоянд. Коргарони ин корхона ҳазора мебошанд. Ҳамаи онҳо аз машғулиятҳои махфии омўзиши англисӣ огоҳанд. Алӣ бовар дорад, ки ў ва шогирдонашро намеронанд. Паймон бастаанд, ки агар дар вакти дарс толибон оянд, коргарон мегўянд, ки наврасону Алӣ ҳам инҷо кор мекунанд. «Ҳазораҳо ба ҳамдигар хиёнат нахоҳанд кард, — таъкид мекунад ў. Афғонҳо мегӯянд, буҳрони феълии иқтисодӣ дар Афғонистон ду сабаби аслӣ дорад. Фирори мағзҳо, аз кишвар рафтани намояндагони босаводтарини миллат ва қатъи кумакҳои молии хориҷӣ. Тақрибан 70 дарсади буҷети худро дар замони Ғанӣ кишвар аз хориҷ мегирифт. "Мо дар остонаи фалокати бузург ҳастем" - чунин арзёбӣ мекунад Ҷаббор Қодирӣ, корманди давлати собиқ. Аммо, ба эътиқоди ӯ, ин фалокат ба далели баста шудани маблағҳои Бонки марказии Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ва қатъ гардидани маблағгузории тарҳҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Афғонистон рух нахоҳад дод. Сабаб чизи дигар хоҳад шуд. "Толибон то ҳол наметавонанд бо ин пул чӣ гуна муомила кунанд. Онҳо танҳо чӣ гуна ҷанг карданро медонанд.» Кобул ҳоло ба шаҳри тамоман дигар табдил шудааст. Қаҳвахона ва ошхонаҳо бастаанд, ҳеҷ зане ба назар намерасад, дар ҳоле, ки то ба дирўз тақрибан сеяки корхонаҳои хурду миёна дар Кобул ба онҳо тааллуқ доштанд. Занҳо дигар наметавонанд дар бахши давлатӣ кор кунанд, ба онҳо таҳсил дар донишгоҳҳои давлатӣ низ манъ аст. Малиҳа Зафарӣ мегӯяд: “Занҳои омӯзгор ва муҳандис, ҳама дар хонаанд. Ҳатто дар мактабҳо (ба ғайр аз баъзе вилоятҳо) барои духтарони ба балоғатрасида хондан манъ аст. Ба таври расмӣ занҳо метавонанд дар донишгоҳҳои хусусӣ маълумоти олӣ гиранд, аммо дар амал ин имконнопазир аст. Малиҳа Зафарӣ мегӯяд: "Ман намехоҳам ба донишгоҳи хусусӣ дохил шавам - сифати таҳсил дар онҷо паст аст ва мо пули таҳсилро ҳам пардохт карда наметавонем." "Ҳатто баъзе аз шиносҳоям, ки мард ҳастанд ва дар коллеҷҳои хусусии Кобул дар магистратура таҳсил ва дар як вақт кор мекарданд, ҳоло наметавонанд маблағи таҳсилро пардохт кунанд, зеро худашон маошашонро намегиранд" - мегӯяд Ҷаббор Қодирӣ. "Донишгоҳҳои хусусӣ муфлис мешаванд, онҳо ба хатари басташавӣ рўбарў шудаанд». Дар гузориши Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳоло 72 дарсади ҷамъияти Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд. Ва шумораи камбизоатон бояд то миёнаҳои соли 2022 ба 97 дарсади аҳолӣ афзоиш ёбад. «Соли гузашта аллакай ҳосили паст рўёнда будем, имсол боз ба қадри кифоя борон наборид, — шарҳ медиҳад Қодирӣ, — бо ин аҳвол деҳқонон, ҳатто худро сер карда наметавонанд. Падари Ҷаббор Қодирӣ омӯзгори мактаб аст, ки панҷ моҳ боз маош нагирифтааст. Ба ҷуз аз Ҷаббор, ки ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират кардааст, хоҳари ӯ Ҳомира, нависандае, ки достонҳояш аз рӯзномаи америкоии The New York Times баҳои мусбат гирифтаанд, аз дигар узви оила ҳастанд, ки бояд бо ғизо таъмин гарданд. Сафар Зафар ҳам барои харидани маводи ғизоӣ аввал ноутбуки куҳнаашро фурӯхта, сипас ба фурӯши китоб машғул шуд. Афғони дигаре бо номи Алӣ, ҳисоб кардааст, ки харҷи онҳо дар як ҳафта камтар аз ду доллар ва дар як рўз 26 сент аст. "Падари манн соҳиби дӯкони хӯрокворӣ аст, мо ба ғизо дастарсӣ дорем"-мефаҳмонад Малиҳа Зафарӣ,- аммо ҳамсояҳои мо гуруснагӣ мекашанд. Сектори давлатии мамлакат ҳанўз фалаҷ аст. Эҳсон Фейҷӣ, як мансабдори собиқи дигар, ки дар додситонии кулли кишвар кор мекард, мегӯяд: "Толибон гуфтанд, ки мо метавонем дубора ба кор баргардем, аммо ба ман ҳеҷ пешниҳоди мушаххасе нарасид." Малиҳа Зафарӣ мегӯяд: "Оилаҳо фарзандони худро танҳо мегузоранд, бахти ман буд, хонаводаам хоҳиши таҳсиламро дастгирӣ мекунанд, аммо чанд дўсту дугонаҳоям маҷбур ба шавҳар баромаданд, зеро илоҷи дигар надоштанд." Шукрия Шоҳини 28-сола, шарики ЮНИСЕФ дар Афғонистон ва донишҷӯи соли аввали магистратураи омӯзиши занон ва гендер дар Донишгоҳи Кобул, даҳ рӯз аз хонааш берун нарафт. "Ман сабабе доштам, ки аз ҷони худ битарсам, зеро бо хориҷиён кор мекардам" - мегӯяд ӯ. Ҳоло ба писари амакаш издивоҷ карда, ба Эрон рафтааст. "Оилаи ман фикр мекунанд, ки ин беҳтарин фурсате буд, ки ман доштам. Гирифтани раводид ва рафтан хеле мушкил буд, вале бахтам омад кард", - хулоса мекунад Шоҳин. Режими толибонӣ тарзи зиндагии занонро мешиканад, зиндагии мардонро барҳам мезанад. Андрей Серенко, раиси Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон, мегӯяд: "Дар баробари шикастани тарзи зиндагии занҳо, онҳо тарзи зиндагии мардонро низ вайрон мекунанд." Ин фишангест, ки толибон аз он барои ноил шудан ба тағйирот дар сатҳи асосӣ - дар оилаи калони Афғонистон истифода мебаранд». Чанде аз расонаҳо дар аввалҳои сентябри соли 2021 гузориш доданд, ки рӯзноманигорони афғон Неъмат Накдӣ ва Тақии Дарёбӣ - кормандони рӯзномаи "Этиллооти руз" барои инъикоси тазоҳурот алайҳи мавридҳои поймол шудани ҳуқуқи занон аз сӯи Толибон дастгир шудаанд. Дар натиҷаи шиканҷа Нақдӣ қисман бино ва шунавоиашро гум кард. Алӣ мегӯяд: "Ҳоло ҳар касе бо як рӯзномаи ғарбгаро дар даст мегардад,ба сарихуд бало меорад." Толибон дар шароити бесарусомонии давраи нимҷангӣ қоидаҳои амиқ ва ҷазоҳоеро муқаррар кардаанд. "Онҳо муҳитеро ба вуҷуд оварданд, ки дар он худ барои қудрат меҷанганд. Илова бар ин, дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” фаъолият доранд, ки гоҳе бо ҳамдигар ва бо Толибон ба тавофуқ мерасанд, вале бештар бо ҳам меҷанганд. Ва бо фаро расидани фасли баҳор, ба гуфтаи афғонҳо, даргириҳо бештар мешавад. «Ҷанг дар фасли баҳор сар мешавад», - бовар дорад Қодирӣ. Муҳаммад Наҷибуллоҳ, раиси ҷумҳури дувуми Афғонистон, ки аз сӯи Толибон кушта шуд, дар соли 1992 дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" гуфта буд: "Агар дар Афғонистон бунёдгароӣ пирӯз шавад, ҷанг солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард." Имрӯз, пас аз сӣ сол, дар Афғонистон бунёдгароӣ ҳукмфармост. Худи симои Наҷибулло солҳои охир дар афкори ҷамъиятии Афғонистон хеле тағйир ёфт, вале дигаргуниҳо барои бо роҳи осоишта яктарафа кардани ҷанҷоли кашолёфтаи Афғонистон амалан ягон имконият намегузорад. Андрей Серенко таъкид мекунад, ки "аз назари як бахши муайяни ҷавонони афғон Наҷибулло як шаҳид ва ватандӯстест, ки то охир ба таҷовузи Покистон муқовимат нишон додааст." Гарчанде Наҷибулло як диктатор, зодаи сохторҳои амнияти давлатӣ буд, вале ба ҳар восита барои истиқлолу ободии кишвараш талош мекард». Ҷаббор Қодирӣ, корманди собиқи дастгоҳи раисиҷумҳури ахири Афғонистон, ҳоло дар Маркази паноҳандагон ва муҳоҷирони Бостон кор мекунад. Ӯ нақшаҳое дорад: дохил шудан ба Донишгоҳи Ҳарвард ва навиштани рисола дар бораи роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъҳои қавмӣ ва мазҳабӣ. Аммо вақте сухан дар бораи он равад, ки Кобул, шаҳре, ки ӯ ва мисли ӯ насли нави афғонҳо сохтаанд, осон ба дасти Толибон гузашт, Ҷабор мегиряд. Тарҷумаи С. Юсуф, манбаъ: сайти centrasia |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.