Баробари ба синфхона даромадани Сабур табъи хираи муаллим андаке рўшан шуд. Зеро ў аз дониши ду шогирд чандон қаноаманд набуд. Хайрият… Умед аст, ки ин шогирд имтиҳонгирро бо дониши казоӣ шод мекунад. Охир ў ягона аълохони бахш аст – ку...
- Марҳамат, писар… ду суолқоғазро интихоб намо…
- Хуб, муаллим, - ҳозирҷавобӣ кард шогирд, вале ба иҷрои фармудаи устод чандон ҷадала надошт. Балки мехост бо ў чашм ба чашм афтад ва ба ин нияташ зуд ҳам расид:
- Устод! – дар гуфтори ҷавон оҳанги ифтихортандонае садо дод; - Ин лифофа барои Шумо. Ҳамсабақатон, сардабири рўзномаи ноҳияамон фиристоданд бо ман…
Омўзгор бо ҳавсала лифофаро гирифт, ба навиштаҷоташ нигоҳи тезе партофт. «Аз Мавлон Пўлодзода ба Амри Кабир».
Омўзгор як лаҳза дудила шуд; кушояд ҳозир лифофаро ё баъдтар… ва дар лабонаш табассуми маънидоре гул кард. Биноан, ба шогирд бо сарҷунбонӣ ба суолқоғазҳои рўи миз ишора намуд.
Сабур, ки ба миннатдории устодаш умед дошт, андаке кебид. Бо дили хоҳаму нохоҳам ду қоғазпораи пари мурғмонандро бо нўги ангуштон гирифт ва бо овози қариб шунаво гуфт:
- Суоли рақами сенздаҳ; жанри феллетон ва навъҳои он… Дуюмаш муоширати журналист…
- Бисёр хуб… Гузашта бишин, тайёрӣ бубин…
- Устод! Ба суолҳо нанишаста ҷавоб гўям, майлаш? – Дар гуфтори шогирд ҳанўз ҳам оҳанги ранҷиш садо медод, ки устодаш ба хизматаш эътибори казоне надод…
- Майлашу… Ин писарҳо ҳам маътали навбат – дия… Ақалан, якеашонро пурсем, баъд навбат ба ту… Майлаш?
Сабур сар хам кард, рафта ба курсии аз ҳама охир нишаст.
Устод бо шогирди дигаре ба суолу ҷавоб пардохт. Вале ҳушу ёди Сабур комилан ба лифофаи овардааш банд буд; чаро устод ақаллан онро накушод? Балки беэҳтиётона ба канори миз болои таҳи дафтарҳо гузошт. Дар айни замон аҷаб як табассуми маънидоре ҳам дар кунҷи лабонаш падид омад. Чӣ сирре ниҳон бошад, дар ин табассуми муаммомез? Таваҷҷўҳи Сабур алҳол аз посухи суолҳои имтиҳон дида, бештар ба ин калобаи чигил андармон буд. Шояд муносибати онҳо- ҳамсабақон бо ҳамдигар чандон хуш набошад, ки устод ба кушодани лифофа чандон майле ҳам накард!
- Марҳамат, Сабурҷон, навбат ба ту…
Сабур аз банди хаёлот раҳо ёфта, зуд бархеста омад, рў ба рўи устод нишаст.
- Саволи якум жанри фелъетон… Ин жанр яке…
- Писари нағз… Имонам комил аст, ки ин мавзўъро ба баҳои аъло медонӣ… Ҳоло ба саволи дуюм мегузарем…
Сабур аз ин илтифоти устод хеле рўҳ гирифт ва ба посухи саволи дуюм оғозид:
- Журналистӣ ҳунарест, ки вақти иҷроишаш аз ҳар соҳибкасб муоширати аъло ва нишонраси инсониро металабад…
- Бале, бале, Сабурҷон! – устод ин навбат ба ҷои вожаи дўстдоштааш «писар» номи мукаммали шогирдро ба забон овард, ки ба посухгўй хеле ва хеле писанд омад.
- Акнун Сабурҷон, ту ба як пурсиши дигари ман ҷавоб бояд диҳӣ. Вале пешакӣ огоҳ мекунам, ки ҳаққи гапро мегўӣ… Ҳаққу ҳалоли гапро… - дар лабони сухангў боз ҳамон табассуми пешина, ки бори истеҳзоро бар дўшта дошта метавонист, ба мисли анвори пурдурахши рўи оби мусаффо ба ҷилва омад ва шогирдро боз ба баҳри хаёлот кашид.
- Хўш ки бошад, Сабурҷон… ту ба ман аз ҳамдеҳаат – ҳамсабақи ман Пўлодзода мактуб оварда бароям меҳрубонӣ кардӣ, ки миннатдор ҳастам. Акнун агар малол наояд бигўй, ки сардабири азиз дар номааш ба ман чӣ гапҳо навиштааст?...
Аз ин пурсиши ғайри оддӣ аҳли толор-ҳам донгишҷўёну ҳам омўзгорон дар ҳайрат монданд. Хосатан аз ҳама бештар Сабур ҳайратзада шуд. «Ё пирам, мадад! – аз дил гузаронд шогирд - Устод чун одат боз ба муаммопурсишҳо сар карданд… Барои аз чунин чоҳи бетаг берун омадан ба кас расани пухтабофтае ё занҷири дарозе мебояд… Чӣ гўям дар ҷавоб? «Ҳа» гўям… маънии номаро пурсанд, мулзам мемонам-ку!?»
- Фақат Сабурҷон, ҳаққи гапа мегуфтагӣ, гуфтам – а, пешакӣ? – ин гуфтор гўиё омили наҷот шуд, ки ифтихормандона гуфт:
- Ба ростӣ, намедонам, устод…
- Чӣ хел намедонӣ?
- Ҳамин хел, устод…
- Э! Лифофа шояд зиёда аз якшабонарўз ҳамроҳат буд. Магар накушодӣ? Нахондӣ номаи ҳамсабақамро ?!!
- Не – е, устод..
- Чаро?
- Охир… Охир…
- Ҳа, охири охирон…
- Аз рўи одоб нест охир… ин кор… устод! Ба амонати кас хиёнат кардан нахостам…
- Ҳо, бале! Ин ҷиҳати масъала ҳам ниҳоят нозук, писар… Вале ҳоло барои дарки дурусти масъала бароят як-ду мисол меорам. Хулосабарорӣ аз худат… Чӣ гуфтӣ, писар?
Шогирд тасдиқкорона сар ҷунбонд. Устод аспи нақлашро бо оромии хоса маҳмез мезад;
- Ба мисол гирем, писар, мурғи ҳамсоя аз болои девор ба ҳавлии дигаре парида омад. Соҳибҳавлӣ бо нияти қапидану ба соҳибаш додан бо даву този зиёди ҷонкоҳе ба даст меорад. Дар натиҷа як-ду ё бештар пари мурғ шикаст ё афтод… Ин як тарафи масъала…
Ё ин ки паҳлўи дигари ҳамин гуна ҳодисаро пеши назар биоварем, ки бо ҳамсояи дигаре рух медиҳад. Ин кас бо нияти аз худ кардани ин насибаи болу пардори худомад бо душворие бошад ҳам онро ба даст меорад. Ва ҳамон замон ҳама пару боли мурғи нотавонро барқасдона шикаставу канда мепартояд… Луқмаро барои хўриш тайёр мекунад. - Устод дер гоҳ хомўширо афзал донист, баъдан афзуд:
- Акнун суоле ба миён меояд: амали кадоме аз ин ҳамсояҳо барои ҳаёти мурғи бечора хавфноктар буд?!! – Устод боз хомўшӣ ихтиёр кард, баъдат бо ҷиддият гуфт:
- Интизори хулосаи ту ман! Кадоме пурхавтар?
- Амали ҳамсояи дуюм, албатта!!! - Ба қатъияти гуфтори шогирд эътимод кард устод;
- Ана, ин гапи пухтаи журналист… Агар ту лифофаро мекушодӣ, хиёнат ба амонат шавад ҳам зарараш ба як ҷомеаи бузург не – фақат ба фарде мебуд. Журналист ҳар як падидаи рўзгорро дар қолаби қоидаю қонуни нисбият бояд биҷўяд… Хиёнати фардро ба фарду ҳамин ҷиҳатро нисбати халқу давлату ҷомеа дар мизоҷи ҳақиқат гузошта, баҳои воқеӣ бояд дода тавонад, журналист… Ҳа… ту Сабурҷони азиз, хуб медонӣ, ки фелъетон жанри танқидӣ ва фошкунанда аст. Биноан, журналист барои он ки дар фелъетонаш симои манфури манфиатҷўро нишон дода тавонад ва дар ин амали ба ҷомеаву давлат манфиатовар муваффақ шавад, ҳама нопокиҳои муфтхўри мавриди назарро бояд ҳатман оинавор рўшан карда тавонистан ҳатмист… Он гоҳ банду басти навиштаи танқидӣ мустаҳкаму нишонрас мегардад.. Пас пардакушоӣ аз рўи ҳамагуна ниҳонкориҳои манфиатҷўёни барқасдкор яке аз хислатҳои арзандаи журналист маҳсуб меёбад. Фаҳмо, шогирд? – Суханро боз бо пурсиш ҷамъбаст намуд устод.
- Фаҳмо, муаллим…
- Фаҳмидан хосатан зудфаҳмӣ ҳам хоси қаламкаш бояд бошад… Вале ин фаҳмидаро дар ҳаёт татбиқ кардан рисолати журналисти касбӣ аст, писар…
- Фаҳмидам, – устод, дар гуфтори шогирд оҳанги қаноатмандӣ баръало садо дод ин дафъа ҳам.
- Фаҳмо бошад ҳам боз такроран мегўям: Омўхтаро то абад дар хотир нигоҳ доштан лозим. Дар ҳар лаҳзаи душвори умр аз он манфиате бардоштан ҳам хеле – хеле муҳим, писрам…
Сабур яке қоматашро рост гирифт, нигоҳаш ҷониби омўзгор пурмеҳртар шуд; охир, устод ўро… «Писарам» гуфта муроҷиат дорад,… Ин магар эҳтироми самимитарини ин омўзгори сахтгир нест?!! Дар назари Сабур ин лаҳзаҳо мақому манзалати ин марди доно раво-раво болотар мегирифт. Ва дар дил бо як эҳсоси ҷавонмардона дарк мекард, ки ў низ ҳарчанд ҳоло дар оғози пайроҳаи тайкардаи устодаш қарор дорад, бо ў ҳамқадам будан мехоҳад…
Устод ҳамин дам бо салобати хоса аз ҷой бархест, лифофа дар даст ба ин сўву он сў гоп мезаду худ аз худ мепурсид; «Вай ҳамсабақи ширинкорам ин дафъа ҳам шояд ба рўи як саҳифаи қогаз як аломати суоли бузург гузошта, бароям ирсол дошта бошад. Охир, ман ба ў қариб панҷ-шаш моҳ инҷониб мактубе нафиристодаам-ку. Дар чунин ҳолатҳо ў ҳамеша мактуб – аломати савол мефиристад. Маҳз бо ин як аломат пурсишҳои зиёде аз ў мехоҳад. Саломатиат чӣ хел? Корҳо чӣ? Чаро дер гоҳ боз нома наменависӣ ба ман? Ва боз саф-саф пурсишҳои пурасрор… Бале, эътимоди устод комил аст, ки ҳамсабақаш дар лифофа ҳамон аломати қоқу қаддарозро ирсол доштааст… Биноан, кор ба қолаб меафтад, агар…
Устоди гомзан ба як миҷҷазанӣ дар рў ба рўи шогирд бозистод. Лифофаро ба ў дароз кард ва фармуд:
- Мана, писарам… Лифофаро кушо канӣ… Аз дили сардабир огоҳ шавем, охир…
Сабури ҳайратзада лифофа дар даст боз дер гоҳ сукут кард.
- Ҳой, журналисти оянда… Ман иҷозат додам-ку, беҳарос кушо акнун…
Шогирд баъди ин таъкидот боҷуръатона лифофаро боз намуд.
- Акнун номаро барору барои мо бихон…
Сабур ҳамчунон кард, ки устод бифармуд. Вай дар даст як саҳифа қоғази сап-сафедеро медошт, ки дар он як аломати бузурги савол нақш баста буд. Шогирд банохост бо як ҳаяҷону ҳайрати шадид бонг зад:
- Як аломати калони савол… Дигар,… дигар… ҳеҷ чиз не!!!
- Канӣ, мо ҳам бинем, охир… - хушҳол буд устод. Ў варақи маҳинро гирифт, як нигоҳи маънидоре кард ва рўи қоғазро ҷониби аҳли ҳузур гардонид. Сонӣ бо овози ба ҳамагон шунаво гуфт:
- Ин ҳамсабақи ширинкори ман бо ин номаи кўтоҳ чиҳо гуфта бошад, а, писарам? Ана, ҳозир, писарам, гузашта боз ба курсии охир менишинӣ… Ба ин саволнома ҷавобҳо меёбӣ… Агар беш аз панҷ ҷавобат писанд оянд, баҳои аъло насиби туст…
Устод боз андаке таваққуф карду сонӣ гуфт:
- Вагарна чунин баҳоро умед ҳам накун. Ҳарчанд хуб медонам, ки ин баҳои ҳалкунанда аст барои дипломи сурх гирифтанат… Ҳа, писарам, шарт ҳамин … Канӣ ба курсии ақиб гузар..
Устод оромона омада ба паси миз нишаст:
- Ҳа, писарам… Ҳоло имтиҳон давом дорад. Ҳоло ҳаёт ҳам дар пеш аст. Ҳа, ҳоло зиндагии пурмуаммою пурталош ҳам дар пеш,.. писарам…
Аюби Кенҷа