Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲЕҶ ДУЗДУ ҒОРАТГАР ГУШНА НЕСТ! посух ба иддаои Толибон, ки гуфтаанд: “Мо бо шиками гурусна 20 сол бо Амрико ҷанг кардем”

ҲЕҶ ДУЗДУ ҒОРАТГАР ГУШНА НЕСТ! посух ба иддаои Толибон, ки гуфтаанд: “Мо бо шиками гурусна 20 сол бо Амрико ҷанг кардем”

25-11-2021, 11:20
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
ҲЕҶ ДУЗДУ ҒОРАТГАР ГУШНА НЕСТ! посух ба иддаои Толибон, ки гуфтаанд: “Мо бо шиками гурусна 20 сол бо Амрико ҷанг кардем”

Чун аз тариқи телевизион ё дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони гурӯҳи террористии Толибонро дар ин ё он ҷаласаву музокирот мебинам, пеши назарам коҳинони маъбади Омун аз филми Ҳазрати Юсуф ба ҷилва меояд.
Бовар кунед, онҳо ҳеч ба гушна монанд нестанд. Ин муллоҳои “гушна” ҷангкарда амсоли Абдулғанӣ Бародар, Абдусалом Ҳанафӣ, Муҳаммад Ёқуб, Иноятулло Самангонӣ, Амирхони Мутаққӣ, Суҳайли Шоҳин, Саид Акбар Оғо, Муҳаммад Наим, Забеҳулло Муҷоҳид, Шаҳобиддини Диловар, Аббоси Станикзай, ки вазни ҳар кадоме аз онҳо 90 кило болост, агар билфарзе гушна ҷанг карда бошанд, он шикамҳои варамида чун халтаи чакка аз куҷост?
Ин “гушнаҳо” 20 сол бо Амрико на, бо мардуми мазлуми Афғонистон ҷангидаанд? Онҳо 60 ҳазор танро аз мардуми Афғонистони ситамкашида кушта, ҳазорон шаҳру русторо ба хоку хун кашиданд, миллионҳо хонаводаро ба ғаму андӯҳ нишонданд.
Агар аз ёди “гушна”-ҳои шикамдами дар пушти шариати Ислом пинҳоншуда ва дини ҳанифро домсохта, аз хотири “муҷоҳидин”-и аморати исломӣ рафта бошад, аз ёди аҳли олам нарафта, ки онҳо бо “шиками гушна” бо кӣ ҷангиданду киро қатлу террор карданд:
Ин “гушна”-ҳо Устод Бурҳониддин Раббонӣ- роҳбари ҷиҳод ва муқовимати мардуми Афғонистонро куштанд. Қатли ноҷавонмардонаи Раиси Шурои Олии Сулҳи Афғонистон, олими шинохта ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Устод Раббонӣ дар таърих назир надорад. Ин гуна ҷиноят ва ваҳшониятро танҳо гургсифатоне дар сурати одамӣ, душманони дин ва уламои динӣ, душманони сулҳу осоиш ва чашмгуруснаҳои худфурухтаи зархариди беҳувият ва беимон метавонанд содир кунанд. Устоди сулҳҷӯ намояндаи ин “гушнаҳо”-ро дар манзилаш бо чеҳраи боз пешвоз гирифту он қотилфиристодаи аз инсоният ва одоби меҳмондорӣ бӯе набурдаи соҳибхонаро қатл кард. Онҳо Қаҳрамони миллӣ, муҷоҳиди №1- и ҳамаи таърихи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро террор карданд.
Фиристодаҳои террористонро Масъуди муборизи ростин ва поксиришт 1 моҳ нону об доду он бадсириштон диловари корзори мардонагиро қатл карданд. Онҳо генерал Довуди Довуд, Абдураҳмони Саидхелӣ, Маликзаринро қатл намуданд. Террористон дар меҳроби масҷид хеле маккорона, номардона мусулмонони зиёдеро ҳангоми адои фаризаи илоҳӣ эъдом карданд, аз ҷумла имомҳои масоҷид, олимони дин Мавлавӣ Аёзи Ниёзӣ, Мавлавӣ Азизуллохони Муфлиҳ донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул 110 тан духтарбачаҳои 10- 14 -солаи литсеи духтаронаи Саидушшуҳадо, генерали афсонавӣ Розиқи Қандаҳорӣ, инфиҷори журналистони шинохта, аз ҷумла Ямо Сиёваш ва қатли ҳазорон тан мусулмони бегуноҳи дигарро ҳамин гуруснаҳо анҷом доданд. Онҳое, ки имрӯз қудратро ба даст гирифтаанд, зархарид ва муздури хадамоти ҷосусии хориҷиҳоянд. Миллати Афғонистон ҳазорон сол давлатдор буду давлатмард дошт, аммо ин гуна ҳукумати нокора ва вазирони аз илми сиёсат ва мардумсолорӣ бегонаро, ки фақат дар дафтари аъмолашон қатлу ғорат, террору чаповул ҳасту аз хайру некӣ ва ободкорӣ хабаре нест, ёд надорад.
Имрӯз мансабдорони Покистон мисле, ки хонаи худашон бошад ҳар вақт бихоҳанд ба Кобулу Қандаҳор омада барои мавлавиҳои 20 сол “гушна” ҷангкарда, вале дар асл дар меҳмонхонаҳои панҷситорадори Дубай, Қатар, Покистон дами беғам зада ҳукумат месозанд. Давлати Карзай ва Ашраф Ғанӣ бо Амрико машварату маслиҳат мекарду ҳукумати Толибон бо Чин ва Покистон. Ғанӣ дасти Байдени насрониро мебӯсиду мулло Бародар дасти бародарӣ ба сӯйи вазири хориҷаи Чин Ван И дароз мекард.
Пас, кӣ беҳтар, Ғанӣ ё Бародар?
Ё лубиёву каду, “офарин” ба ҳарду!!!
“Гушнаҳо” бо сабаби хиёнати нобахшидании Ашраф Ғанӣ ва ёрони беимони ватанфурӯшаш, аз нодонӣ, беамалӣ ва азхудрафтагии сарони қавмӣ ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ сарзамини мусулмони Афғонистонро бе ҷанг ишғол намуданд. Онҳо гуфта буданд, ки гӯё ислоҳ шудаанд ва он гушнаҳои 20 сол пеш нестанд, мардум то ҷое бовар кард, чун гумон доштанд, ки мулло ва мусулмон дурӯғ намегӯяд. Аммо ҷаҳон шоҳид аст, ки онҳо як зарра тағийр наёфтаанд, балки ваҳшитару хашинтар шудаанд.
Шунидани хитоби бонуи мусалмон аз вилояти тоҷикнишини Кописо (12 ноябр), ки аз тарафи сарбозони “гушна”-и толибон мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор гирифтааст, дилҳоро реш-реш месозад. Ӯ бо тани афгору хуншор аз раҳбарони ҳукумати собиқ, раисони аҳзоби сиёсӣ, сарони қавмӣ ва генералҳои пешин гилаи ҷонсӯз дорад, ки онҳо ҷони худро берун кашиданду модарони хоҳарони мусалмони хешро ба дасти як тӯдаи разил, фосиқ, фосид ва нобакор супурданд.
Бо истифода аз фориғболӣ ва бемасъулиятии Амрико дар қиболи тааҳуди супурдааш ба миллати Афғонистон, аз беақлии доктор Абдулло ва тими музокиракунандааш дар Қатар, аз дурӯягии Залмай Халилзоди хоин ва худфурӯхта, аз хушбоварии мардум ба ваъдаҳои Ашраф Ғанӣ, Амрулло Солеҳ, Атои Нур, Карим Халилӣ, Дустум, Қонунӣ, Муҳаққиқ ва дигар тиккадорони бефаросати қавмӣ ва ҳизбӣ бо пуштибони доираҳои истихборотии Покистон толибон муваффақ ба ишғоли хоки Афғонистон шуданд. Пас аз ишғоли ин сарзамини озода низ аз бераҳмиву террори мардуми бечораи бегуноҳ даст накашиданд. Зеро:
Неши ақраб на аз раҳи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Қатли омми тоҷикони Панҷшер, куштори мусулмонони аҳли ташайю дар масоҷиди Кандаҳору Кундуз ба ҳангоми адои намози ҷумъа, кушторҳо дар шаҳри Ҷалолобод, латукӯби занон дар ҷодаҳои Кобул, иҷборӣ аз ватани аҷдодиашон кӯч додани ғайрипуштунҳо, аз гушнагӣ ҷон додани мардум, аз ҷумла марги дилхароши 8 тифли маъсум дар маҳаллаи Дашти Барчӣ идомаи ҷиноёти ҳамин “гушна”-ҳост. Ҳар рӯзу шаб дар шаҳру русто дари мардумро, махсусан хонаводаҳоеро, ки бо ҳукумати пешин робита доштанд, мекӯбанд, молу сарвату ҷони одам меҷӯянд. Инҳо гушнаи нон нестанд, гушна он тифлакони маъсуманд, ки дар сояи сиёҳи давлати фосиди аморати исломӣ аз гушнагӣ ҷон доданд. Як нафар аз ин толибони “гушна” дар 20 сол аз гушнагӣ ҷон надод.
Манъи фаъолияти занон дар корхонаҳо, ҳаром эълон намудани мусиқӣ худнамоие беш нест. Гӯё толибон пуштибони Ислому ҳомии шариати Муҳаммадианд. Аммо ин ҳилаи шаръии онҳост. Мардуми Афғонистон, ҷомеаи бедори ҷаҳон медонад, ки ин намоз хондани гурбаи обид макр аст.
Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори як нафар толиби муздурро, ки ба дасти нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Аҳмад Масъуд дар Панҷшер асир афтодааст, тамошо карда, то куҷо мусулмон будану аз Ислом огаҳӣ доштани сарбозони толибони “гушна”-ро донистам. Ин муздури гушнаи бесавод ба Панҷшер омадааст, ки мардуми ҳазорон сол мусалмони ин водиро мусалмонӣ омӯзад ва агар саркашӣ кунанд бо онҳо “ҷиҳод” кунад. Аммо ин “ғозӣ” ва “муҷоҳиди аморати исломӣ” на калимаи шаҳодатро ёд дораду на медонад, ки пайғамбараш кист. Аз дасти ана ҳамин гуна гушнаҳои бесаводи ба ном “муҷоҳид” ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ қатл шуданд, ҳазорон донишмандон, аҳли илму ҳунар тарки кишвар карданд. Толибон мегӯянд, ки пуштибонии мардумӣ доранд ва як зарра эҳсоси шарм намекунанд. Онҳо пуштибонии покистонӣ доранд, пуштибонии чиноиро то ҷое ёфтаанд. Аммо пуштибонии мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро надоранд. Оё пуштибонии мардумӣ ҳамин аст, ки мардум хонаву дар, молу дороӣ ва кору шуғли худро гузошта, осемасар фирор мекунанд.? Агар пуштибонии мардумӣ доранд ва аз батни мардум рӯйидаанд, пас як интихоботи озод баргузор кунанд ва собит созанд, ки мардум бо онҳост. Ба бовари ман аз батни мардуми мусулмон ва озодаи Афғонистон ҳунарманд, шоир, олим, ҳофизи Қуръон, омӯзгор, муҳандис, табиб, кишоварз, вазир, раис, ҳоким, қаҳрамон, варзишкор, муҷоҳид, мубориз ва тоҷир мерӯяд, аммо террорист намерӯяд. Террорист дар ҷойи дигар, бо пуштибонии молӣ ва маънавии дигарон ва барои қатли ҳамватан, барои вайрон кардани хонаву дари ҳамватан тарбия ва омода мешавад. Толибон мегӯянд имрӯз дар Афғонистон амният таъмин аст. Ҳама медонанд, ки ҳамин толибон буданд, ки ин сарзамини озодаро ноамн карданд. Ҳар рӯз дар саросари кишвар қатлу террору инфиҷору интиҳор буд. Бо он ки Афғонистон ба қавли террористони ба давлат расида амн аст, аммо ҳанӯз амният таъмин нест, мардум роҳи фирор меҷӯянд, чунки зимоми кор ба дасти аҳли кор нест. Чун зимоми ҳукуматдорӣ дар саросари Афғонистон ба дасти ин мавлавиҳо расид, онҳо аз он ки дар илми давлатдорӣ бебаҳраанд, ҳеч нороҳату нигарон нашуданд. Онҳо як навъ миссияи худро анҷом додаанд ва акнун хоҷагонашон барои онҳо ҳукумат месозанд ва одамони мавриди назари худро дар симатҳои роҳбарӣ ҷо ба ҷо мекунанд. Вақте касони “гушна” ва ба одамкушӣ одаткарда дар сари ҳукуматанд ва барои сарнавишти миллионҳо тасмим мегиранд, ҳеҷ ҷони зинда худро дар амн эҳсос намекунад. Афғонистон имрӯз дубора ба лонаи амни терроризми байнулмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Имрон Хон ҳам имрӯз дар сари дуроҳа қарор дорад.
Покистон беш аз ду даҳсола бо ҳадафи коҳиши нуфузи тоҷикон ва дигар ақвоми ғайрипашту ва ба хотири тавсеаи қудрати хеш дар минтақа гурӯҳи террористии Толибонро, ки ҳамагӣ роҳбаронаш паштутаборанд, ҳимояти молӣ ва низомӣ кардааст. Ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон тамоми гурӯҳҳои даҳшатафкан ва тундрави минтақаро, махсусан ҳаракати “Лаббайк” ва толибони покистониро хеле далертар намуд, ҳатто ҷанговарони гурӯҳи террористии “ал-Қоида” бо нишони хурсандӣ аз пирӯзии бародарони ҳаммаслакашон дар минтақаҳои зери нуфузи худ, аз ҷумла дар Яман ба мардум ширинӣ ҳадя намудаанд. Толибони покистонӣ ва тарафдорони “Лаббайк” беш аз даҳ рӯз боз бар алайҳи ҳукумати Имрон Хон намоишҳои эътирозиро роҳандозӣ намудаанд. Аён аст, ки агар Исломобод тадобири муассире рӯйи даст нагирад, шогирдони парварда ва тарбиякардааш имрӯз не, фардо ҳатман барои худи Покистон дарди сари бузурге хоҳанд шуд.
Ба қавли коршиносони умури минтақаӣ Покистон имрӯзҳо дар андешаи аз байн бурдани гурӯҳи толибон аст, ба ҳамин хотир ҳаракати нави низомии тундраверо бо номи “Даъват” созмон додааст.
Он чӣ Толибон ба Амрико гуфта буданд, ки “ал-Қоида” ва ДОИШ бо онҳо нест ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда супурданд, ки бо ҳама ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ меҷанганд, дурӯғе беш нест. Толибон, “ал-Қоида”, ДОИШ, Ансоруллоҳ, Лашкари тайиба, ҲНИ, ҲИУ, ҶИТШ ва дигар гурӯҳҳои хурду резаи даҳшатафкан ҳама меваҳои як дарахтанд, ки номаш терроризми ҷаҳонӣ мебошад.
Танҳо давлате, ки дар ин замони печида ва пурасрор дар муқобили Толибон ва ҳама гурӯҳҳои террористӣ поймардона истод шуд, ин Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбари давлати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳон бо баёни возеҳ ва рӯшан эълон намуд, ки толибон ва ҳукумати қавмии онҳоро ҳеч гоҳ ба расмият нахоҳад шинохт. Ҳукуматеро, ки дар он тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии мамлакатро ташкил мекунанд ва амдан аз тасмимгирӣ дар масоили мубрами миллӣ маҳрум гардидаанд, ҳаққи мардум ва махсусан ҳаққи занону духтарон ба кор ва таҳсил риоят нашавад Тоҷикистон ин гуна ҳукумати нокораро эътироф нахоҳад кард.
Доноёни асрор қисса мекунанд, ки дар моҳи октябри соли равон дар Арки Кобул Файз Ҳамид- роҳбари Хадамоти ҷосусии Покистон баъди муноқиша бо дуррониҳо дар сари тақсимоти вазифаҳо ба сӯйи мулло Бародар тир кушод. Муҳофизони мулло Бародар бошанд Файз Ҳамидро ҳадафи тир қарор доданд. Аз ҷанҷоли мудавом байни ду гурӯҳи терористӣ: Ҳаққониҳо ва Дурониҳо қариб ҳама медонанд. Дар дохили гурӯҳи Толибон бар сари тақсими қудрат ҷанҷолу нофаҳмиҳо чандест идома дорад. Аббоси Станикзай як узви аршади Толибон низ бо нишони эътироз бо вуҷуди он ки муовини вазири корҳои хориҷӣ таъинаш карда буданд, ду моҳ аз Қатар наомад. Ӯ вазириро орзу дошт, аммо ин мақом насиби мулло Амирхони зирак шуд. Ва ҳамин чанд рӯз пеш мулло Бародар, ки дар миёни толибони гурӯҳи Ҳаққонӣ танҳоӣ мекашид, мулло Аббосро ба Кобул овард. Гуфтугӯи сулҳро дар Қатар дуррониҳо пеш мебурданду вазифаҳои калидиро дар ҳукумати толибон гурӯҳи Ҳаққонӣ гирифт. Мулло Ёқуби вазири дифоъ на ҳаққониҳоро дар як тин мехараду на гурӯҳи мулло Бародарро, зеро ин муллои кандаҳорӣ писари асосгузори гурӯҳи террористии Толибон- мулло Умар аст. Дирӯз толибон волии Кобулро, ки 2 моҳ пеш таъинаш карда буданд, аз мақомаш барканор намуда, Қорӣ Барёлро, ки тайи 20 сол бо шиками “гушна” инфиҷору интиҳорро дар Кобул созмондеҳӣ ва раҳбарӣ мекард ва бераҳмона одамони бегуноҳро мекушт, волии Кобул таъин намуданд.
Толибе бо номи мулло Мутмаъин, ки тайи солҳои охир дар Кобул одам мекушт, манзилу мактабу ҷодаҳоро метарконду ғорат мекард, барои заҳматҳои шоёнаш дар назди толибон бо фармони Гимлери аморати исломӣ мулло Сирочиддини Ҳаққонӣ раиси пулиси пойтахти Афғонистон таъин шуд.
Мулло Абдуллои Сарҳадӣ он нафаре, ки дар Бомиён ба қатли ҳазораҳо гунаҳкор аст, волии Бомиён ва як муллои ҳаққонитабор, ки амалиётҳои ҷангиву интиҳориро дар Лугар ташкил ва роҳбарӣ мекард, барои хизматҳои арзандааш волии ин вилоят таъин гардидаанд.
Кашмакашҳо ва нофаҳмиҳои дохили толибон, нобоварӣ ва беэътимодӣ ба амалкардҳои онҳо, риоя нашудани ҳуқуқҳои мардум, ба хусус ҳаққи занону духтарон ба кору таҳсил, буғӣ кардани озодии баён ва гуногунандешӣ, аз иштирок дар давлатдорӣ маҳрум намудани тоҷикҳо, узбакҳо, ҳазораҳо, туркманҳо, ки 70 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил мекунанд, эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои динӣ ва мазҳабии мардум, аз ҷумла ба аҳли ташайю ва сикҳо ва саду як беамалӣ ва бебандубории ҳукумати “гушна”- ҳо сабаб шуда, ки ҳеч давлате ҳатто модарашон Покистону мизбонашон Қатар ва бародарашон Чини бузург ҳам бо гузашти се моҳ барои ба расмият шинохтани ин ҳукумати берангу бӯй ва бесаркалон то ҳанӯз иқдом накардаанд. Россия, ки як бозигари зирак ва эҳтиёткор аст, барои замонаи дунё ва рӯзи мабодо толибонро 20 октябр ба Кремл даъват намуда буд, вагарна мутобиқи қонунҳои давлати Путин толибон хатарноктарин террористони рӯйи оламанд. Вале аз гардиши дунёи каҷдорумарез мо дидем, ки террористон дар Маскав бо Лаврову Замир Кобулов фурт- фурт қаҳва дам мекашиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: