Инон ба тафриқа додеду ранҷҳо дидед,
Дигар зи зовияи офият сафар макунед!
Фаттоҳӣ
Бояд донист, ки аҳли дину мазҳаб (фақеҳҳо, муллоҳо, эшонҳо, хоҷаҳо, шайхҳо, сўфиҳо, авлиёҳо…) ҳамеша ба зарари миллат ва манфиатҳои кишвари мо амал кардаанд. Масалан, вақте ки Элликнасри Қарохонӣ соли 389 ба Бухоро ҳамла намуд, фақеҳон мубориза ва муқовиматро бар зидди эшон, яъне туркон, ки мусулмон шудаанд, ҷоиз надонистанд ва хилофи шариат хонданд. Ин истилогарон Бухороро забт намуда, амир Абдулмалик-охирин подшоҳи Сомониёнро, ки ба тозагӣ ба тахт нишаста буд, бо бародараш Мансур нобино карданд. Ҳамзамон, шоҳзодагони дигарро низ асир ва қатл намуданд ва бад-ин тартиб давлати миллии Сомониёнро аз байн бурданд. Аз ин хотир, мо бояд аз ҳаводиси гузашта, ки бар сари миллати мо омадааст, ҳар оина ибрат бигирем, як дақиқа ҳам ғафлат наварзем, зеро ҳамин навмусулмонон буданд, ки кишвари моро истило карданд ва ба майдони ҷангу ҷидол табдил доданд. Онҳо на танҳо миллати моро қатли ом намуданд, балки дар асорату бардагӣ қарор доданд ва муҷиби турку ўзбек гардидани бисёре аз онҳо дар дарозои таърих гардиданд, ба ҳувияти миллии мо зарбаи ҷонкоҳ заданд ва онро осебпазир намуданд. Мо бояд содалавҳиро имрўз канор бигзорем ва пеш аз ҳама, ҳувияти миллии худро қавӣ намоем, ҳамвора пайи манфиатҳои миллату кишвар бошем ва ҳеҷ гоҳ ба умеди дигарон нашавем, зеро мо асрҳо боз ба умеди мусулмонон шудем, аммо маҳз аз дасти ҳамин мусулмонон ба асорату бадбахтӣ гирифтор шудем. Ибтидо кишварамонро аз даст додем, пасон ҳувияти миллиамонро гум кардем, бе пойтахт мондем, шаҳрҳои бузургамонро аз даст додем, олимону адибонамонро ба эшон «ҳадя» кардем ва бад-ин тартиб теша бар решаи худ задем. Албатта, ин иштибоҳоти ҷуброннопазир буд, ки миллати мо дар тўли таърих пора-пора гардид, дар кўи саргардонӣ умр ба сар бурд, мурда-мурда зиндагӣ кард, қудрати сиёсиашро аз даст дод, танҳо нуфузи илмиву адабиаш буд, ки ўро зинда нигаҳ дошт. Ҳамин мурда-мурда зиндагонӣ карданро мо умр донистем, зеро хонадонҳои миллӣ, аз ҷумла Сомониён, аз байн рафта буданд, дигар касе набуд, ки майдондорӣ кунад, зеро шамшер аз даст рафта буд, танҳо қалам монда буд, ки мо онро ба кор андохтем, аммо ин қалам дар хидмати шамшер қарор дошт. Бинобар ин, баъди аз байн рафтани хонадонҳои миллӣ миллати мо дигар маҷоли муқовимат ва аз нав ба даст овардани қудратро аз даст дода буд. Албатта, шоир, олим, ки қалам дошт, ҳеҷ гоҳ шамшер намегирифт, зеро вазифаи ў дигар буд. Лиҳозо, миллати мо дар асорат мезист ва наметавонист қоматашро рост намояд, озод нафас гирад, мавриди ғамхории амирону подшоҳони бегонатабор қарор гирад. Бинобар ин, шоираш даст ба шикоят мезад ва мегуфт:
Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,
Он чи ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам.
Ва дигаре ба тафсили ин иҷмол мепардохт ва ба гўши ғофилон аз таърих ва бехабарон аз худ чунин тарона мехонд:
Халқи тоҷик,
Халқи ормон,
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод,
Душмани дарвеши худро
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд
Бо як сухан, баъди пош хўрдани давлати миллии Сомониён ва рўи кор омадани сулолаҳои бегонаи туркнажод, ки бо номи мусулмон дар кишвари мо ҳукмронӣ мекарданд, дигар миллати мо рўи хушро надид, ки надид. Ҳолу аҳволаш дигарсон шуд, озода буд, ба ғулом табдил ёфт, забардаст буд, ба зердаст мубаддал гардид. Ин ҳолатро Кисоии Марвазӣ пеш аз Носири Хусрав (Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд, ҳама дигар шудаш аҳволу Сомон.) пай бурда ва гуфта буд:
Ба вақти давлати Сомониёну Балъамиён
Чунин набуд ҷаҳон, бо ниҳоду сомон буд.
Азбаски баъди шикаст хўрдани Сомониён ҳувияти миллии тоҷикон осебпазир гардида буд, эшон маҷоли ифтихор аз нажоди худро билкул аз даст дода буданд. Лиҳозо, бо номи мусулмон мезистанд, аз гуфтани миллати озода ва деҳқон маҳрум шуда буданд, яъне дигар худро на деҳқон ва на озода гуфта наметавонистанд, зеро зердаст шуда буданд, танҳо бо ҳувияти мазҳабӣ мезистанд. Аммо истилогарони ғолиб, ки аз дасти онҳо мусулмон шуда буданд, ҳувияти миллии худро нигаҳ медоштанд, ҳар ҷо ки мерафтанд, бо номи қавм (турк) мерафтанд, ҳар коре, ки мекарданд аз номи қавм, яъне ҳамчун турк мекарданд. Масалан, Салҷуқиён зери байрақи ислом ба истилои заминҳои дигар пардохтанд, ба Руму Аврупо ҳуҷум карданд ва худро ҳамчун турк муаррифӣ кардаву шиносонданд. Аз ин рў, мағлубон-румиёну юнониён ва соири аврупоиён онҳоро на мусулмон, балки ҳамчун турк ном мебурданд. Ба хотир биёред, давлати туркони Усмониро, ки қариб тамоми Аврупоро истило карда буданд, аммо на ба номи давлати исломӣ, балки ба номи миллату қавмашон-туркҳо. Мо ин ҳолатро ҳангоми фатҳи Ҳинд аз ҷониби Муғулҳои Бузург, ки бо роҳбарии Бобур ва ҳамтаборони ў сурат гирифта буд, низ боздид менамоем. Онҳо ба номи ғазовот бар зидди куфр меҷангиданд, аммо турку муғул будани худро на танҳо фаромўш намекарданд, балки дар ҷои аввал мегузоштанд. Лиҳозо, аҳолии ин сарзамин ҳам, пеш аз он ки бидонанд ба кишварашон мусулмонон ҳуҷум кардаанд, медонистанд, ки муғулҳо ҳамла намудаанд. Аз ин рў, дар таърих низ ин муҳоҷимон ва ин истилогаронро бо номи Муғулҳои Бузург ёд менамоянд. Аз ин суханон чунин истинбот мешавад, ки дини ислом барои туркону муғулҳо ҳамчун дини миллӣ хидмат намудааст, миллатро эҳё кардааст, зеро онҳо, ҳар ҷо, ки рафтанд, ҳар кор ки кардаанд, барои турк ва миллати худ намудаанд. Аз ин рў, ҳам халқу кишварҳои дар асоратафтода ва ҳам таърих онҳоро ба номи турк ва муғул хондаанд ва ёд кардаанд. Албатта, ҳамроҳи ин истилогарон ва лашкари онҳо одамони касбу пешаҳои гуногун, аз ҷумла ҳакимон, адибон, фақеҳон, пизишкон, мунаҷҷимон, олимон, мусиқидонон, хаттотон, оҳангсозон, муҳосибон, овозхонон, сўфиён, дарвешон, қаландарон, ҳунармандон, маҷлисороён, мутоибагўён, ҳаззолон, қиссагўён, дабирон, шоирон, бозаргонон ва ғайра, ки аз қавму миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикону форсҳо, буданд, низ мерафтанд, аммо онҳо ҳамчун мусулмон ном бурдаву шинохта мешуданд. Азбаски истилогарони асосии Ҳинд турку муғул ва сипоҳиёни онҳо буданд, мардуми ин сарзамин онҳоро турку муғул мегуфтанд. Ҳатто қаламрави Темуриёнро низ Ҳинди Муғул меномиданд. Абдуллоҷон Ғаффоров, яке аз муҳаққиқони адабиёти форсизабонони Ҳинд, гўяд: «Заҳириддин Бобур дар солҳои 1526-1527 ба ҳукмронии сулолаҳои Деҳлӣ ва хонигарии Раҷпутана хотима дода, дар қисми шимолии Ҳиндустон давлати худро ташкил намуд. Ворисони Бобур вилоятҳои дигари Ҳиндустонро ба давлати худ ҳамроҳ намуданд, ки шакли империяи бузургро гирифт ва то соли 1857 давом кард. Бинобар аз насли Чингизхон будани модари Бобур, Империяи дар Ҳиндустон асосгузоштаи ў дар таърих бо номи «Империяи муғул» ё «Муғулҳои бузург» маъруф гардидааст. Мардуми маҳаллии Ҳиндустон, чи ононеро, ки ҳамроҳи Бобур ба Ҳиндустон рафта буданд ва чи муҳоҷиронеро, ки дар давраҳои минбаъда аз Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон рў ба Ҳиндустон оварда, сокини он ҷо гардида буданд ва онҳо ба қавму миллатҳои гуногун тааллуқ доштанд, ҳамаро муғул меномиданд». Бад-ин маънӣ, Аҳмад Гулчини Маонӣ дар ҷилди дувуми китоби «Корвони Ҳинд», дар бахши «Ашрафи Мозандаронӣ», ашъори зерини Ашрафи Мозандарониро меорад, ки қобили хондан ва андеша кардан аст:
Дар ин ғурбат шудам ғамгину ғамхоре намеояд,
Ба сарвақтам зи ёрони ватан ёре намеояд.
Муғулро суҳбати ҳамҷинс мебояд ба Ҳиндустон,
Шаб аз нури назар бе рашванӣ коре намеояд.
Саводи Ҳинд гулистони хобро монад,
Ҳавои шўраи обаш саробро монад.
Назораи бути ҳиндӣ пас аз бутони муғул
Ба соя дар шудан аз офтобро монад.
Гар ба Ҳиндустон зи беқадрӣ гадо бошад муғул,
Беҳ, ки дар мулки дигар фармонраво бошад муғул.
Ў пас аз овардани ин намунаҳо, дар қисми тавзеҳот, доир ба истилоҳи «муғул» чунин менависад: «Истилоҳи нохушояндест, ки дар «Ҳиндустон (Ҳинди Муғул) эронии сафедпустро (муғул) мегуфтанд». Дар «Захиратулхавонин», зимни тарҷумаи Қизилбоши туркман чунин омадааст: «Навкараш аксар мардуми муғули эронӣ буд. Муҳаммадқулии Салим гўяд:
Баски дар мамлакати Ҳинд муғул хор шудаст,
Мекунад хоки сияҳ бар сари худ фили сафед.
Озоди Билгиромӣ дар эътироз ба рубоии Ҳайдарии Табрезӣ гўяд:
Дар кокули бутон дили бадхў фиғон кунад,
Ҳамчун муғул шикояти Ҳиндустон кунад.
Намунаҳои дигар аз Муҳаммадқулии Салим:
Салоҳи кори худ аз каф мадеҳ, ҳақиқат чист?
Ба мулки Ҳинд қадам чун ниҳӣ, сипоҳӣ бош!
ХХХ
Нест улфат бо муғул шаккарлабони Ҳиндро,
Кош бар сар чирае ҳамчун магас медоштам.
Аз ин рў, бояд донист, ки тоҷиконро на англисҳову русҳову немисҳову латишҳои кофир, балки мусулмонони арабу турку муғулу усмонию салҷуқию ғазнавию темурию манғитӣ дар дарозои таърих ба хоку хун кашиданд, ба давлаташон, ба зану фарзандонашон дасти таҷовуз дароз карданд, пойтахташонро гирифтанд, миллаташонро дигар карданд, озодагиашонро аз байн бурданд, номашонро аз хотирашон зуданд, мусалмону ўзбек хонданд. Аммо ғайримусулмонон, яъне болшевикон, русҳо, украиниҳо…, тоҷикро миллат карданд, зинда карданд, эҳё намуданд, шоиронашро, олимонашро ба номи тоҷик муаррифӣ намуданд, марказҳои тоҷикшиносӣ ташкил карданд, бо як сухан, давлати тоҷиконро, ки баъди фурўпошии Сомониён аз даст дода буданд, эҳё намуданд, ташкил карданд. Маҳз онҳо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро барои исботи мавҷудияти миллати тоҷик фармоиш доданд ва ғайра. Оё ҳамаи ин амалҳои некро мусулмонон (муъмин- бародари муъмин) барои тоҷикон мекарданд? Албатта, не! Аз ин рў, агар инқилоб намебуд, кофирон, яъне русҳо, болшевикон намеомаданд, миллати тоҷикро аз асорати турку муғул (манғитиҳои мусулмон) озод намекарданд, онҳо ҳанўз ҳам худро мусулмон ё ўзбек мегуфтанд. Мисли тоҷикони Афғонистон, ки то имрўз худро аз сабаби набудани давлати миллӣ ва аз тарси бародарони зўри мусулмони ин кишвар-пуштуҳо худро афғон мегўянд. Бинобар ин, мо набояд аз «кофирон», бегонагон, онҳое, ки моро аз асорати бародарони мусулмон наҷот доданд, кишвар сохтанд, давлат доданд, пойтахт сохтанд, шикоят намоем, зеро баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён тоҷикон танҳо дар соли 1929 аз нав соҳиби давлати мустақили худ (дар як гўши ватани бузургашон) шуданд. Ин рухдоди муҳимро мо бояд нодида нагирем, зеро бародарони турки мусулмони мо, аз ҷумла амир Олимхон, бароямон давлати алоҳидаву мустақил насохт, Рўзи Рўдакӣ таъсис надод, шоирони миллии мо-Рўдакию Фирдавсию Носири Хусраву Дониш ва ғайраро ба барномаи таълим ворид насохт, балки ҳар қадар ки тавонист, миллатро несту нобуд намуд. Аз ин хотир, хидмати халқи рус, болшевикон, Инқилоби Октябр ва таълимоти марксистӣ - лениниро, ки аз андешаҳои олӣ ва мутараққии инсонӣ сарчашма мегирад (ба хотир биёред муборизаи Маздак, Монӣ, Яъқуби Лайс, Абумуслим, Маҳмуди Торобӣ, Муқаннаъ, Спартак, Емелян Пугачёв, Салават Юлаев ва ҷамъияти ормонии Низомӣ, Ҷомӣ, Томас Мор ва дигаронро), дар таъсиси Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ бояд аз ёд набарем. Ин ҳақиқатро ҳатто муаррих ва донишманди маъруфи тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, ки тафаккур ва эҳсоси диниаш бар тафаккур ва эҳсоси миллиаш ғалаба дорад, низ эътироф намуда, ба муносибати 70-солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби худ-«Давлатдории тоҷикон» чунин навиштааст: «70-солагии ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон (1929-1999)-эҳтимоли ғолиб он аст, ки дар асари таассуботи динӣ ё ҳавохоҳии демократӣ ва ё дигар рўҳияҳои бадбинӣ аз замони Шуравӣ ин ҷашни муҳим чун як чизи гумному набуда гузашта равад. Агар ин эҳтимол, ки гуфтем, воқеӣ гардад, пас ин фоҳиштарин ғалати мо дар ин авохир хоҳад буд. Ҳаммиллатони азиз, боре тамоми пардаҳои таассубиро бидаред ва чун оина дар ин масъала нигаред, он гаҳ хоҳед фаҳмид, ки дар давлатдории тоҷикон аз ин ҷашни муҳимтар нест! Тасаввур кунед нимаи аввали асри бистро, ки ҳоли миллати тоҷик чи гуна буд: Дар Эрон (ба маънии ҷуғрофии имрўза) хонадони Ризошоҳи Паҳлавӣ дар асари тафохуроти аз ҳад зиёди миллӣ номи давлаташро, ки Форс буд, Эрон ном ниҳод ва «миллати эронӣ» падид овард, яъне номи «тоҷик» аз он кишвар канда шуд, дар сурате, ки кулли манобеи таърихӣ мардуми он кишварро бо номи «тоҷик» ёд кардаанд. Ва дигар, номи Эрони бузургро дар доираи Эрони ғарбӣ маҳдуд карда, Эрони шарқӣ (ҳудуди имрўзаи Афғонистону Мовароуннаҳр) аз ин ба куллӣ маҳрум шуд. Дар Афғонистон, ки дар асрҳои миёна билкул сарзамини тоҷикон буд, дар нимаи аввали асри бист ин миллат саркўб ва бедавлат буд. Дар Мовароуннаҳр пантуркистон, ки аз шукўҳу шаҳомати миллати тоҷик дар гузашта огаҳ буданд, тамоми кўшиш бар он додаанд, ки номи ин миллатро аз ин кишвар ба пуррагӣ баркананд, то ҳокими мутлақи ин марзу бум бошанд. Ва муваффақиятҳои ҷиддие низ ба даст оварданд. Хушбахтона, падид омадани давлати Шуравӣ ҳамчун падид омадани Исо бар умматон нури умедро бар сари ин халқ пошид. Фарзандони боғайрату баномуси ин миллат, чи олиму чи сиёсатмадор, ҳама, дар паи эъмори давлати миллӣ афтоданд, уламои бузурги рус, ки аз асли маънӣ огаҳ буданд, бо амри виҷдон бар кумаки ин миллат бархостанд. Ва дар ниҳоят сарварони давлати Шуравиро эътимод бахшиданд, ки ҷумҳурие барои тоҷикон бисозанд. Ин бузургтарин ғалабаи халқи тоҷик дар роҳи наҷоти хеш буд! Мабод он рўз, ки ёди он рўз аз хаёли нафаре аз тоҷик канда шавад!». Албатта, дар ин замина гуфтаи Муҳаммадамини Риёҳиро низ овардан айни муддаост: «Аз таърих дарс биёмўзем. Ба ёд дошта бошем, ки дар тўли қарнҳо усмониҳои мусулмон ва ўзбекҳои мусулмон чи тохтутозҳое, ки ба сарзамини мо накардаанд ва чи хунрезиҳову вайронгариҳо ба бор наёвардаанд. Дар ҳамин солҳои наздик ба чашм дидем ва бо гўшту пўсти худ эҳсос кардем, ки Ироқи мусулмон, ки аксарияти мардумаш шиа ҳастанд, ба муддати ҳашт сол бераҳмона оташ бар сари мову шаҳрҳои мо боронид ва садҳо ҳазор тан фарзандони Эронро кушт ва зоеоте ба кишвари мо ворид кард, ки дар тўли чандин қарн ҳам ҷубронпазир нахоҳад буд. Кишварҳои мусулмони дигареро ҳам мешиносем, ки хоставу нохоста бо мо кина меварзанд ва аз латма задан ба манофеи Эрон худдорӣ намекунанд».
Дар ин замина, хусусан, зиддиятҳои мазҳабиро, ки муҷиби парокандагии миллат, тафриқа, ҷудоӣ ва куштору қатли ҳаммиллатон, ҳамдинон гардидаанд, набояд фаромўш кард. Ин мазҳабгароиҳои пучу бемаънӣ, зиддиятҳои ақидатӣ ва имониро адибони мунавварфикр босароҳат ва равшанӣ дар осорашон матраҳ ва гўшзада намудаанд, аммо, мутаассифона, касе ба дидаи ибрат ба ин гуфтаҳо нанигариста ва аҳамият надода ва намедиҳад:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Ҳофиз
Китоби ҳафт миллат гар бихонад одамӣ, омист,
Нахонад то зи ҷузви ошноӣ достонеро.
Назирӣ
Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷомаи маям,
К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.
Гўянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?
Сад шукр, ки сагсуннию харшеӣ наям.
Ҷомӣ
То кай гўӣ, мазҳаби ҳақ мазҳаби мост,
Дар гўшам гў, ки ҳақ чӣ мазҳаб дорад?
Толиби Омулӣ
Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон
Дар бадомўзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.
Урфӣ
Дигар, мусаллам аст, ки аксар вақт тоҷикон худро ба дасти худ саркўб ва қатл намудаанд. Дар ин маврид, аз як сў агар ҷаҳлу нодониву ноогоҳиву ноиттифоқиву гумроҳӣ сабаб шуда бошад, аз сўи дигар, бовар ба бегонагон, ҳамдинон, зархаридон, исломгароён, туркпарастон сабаб гардидааст, ки эшон ҳамдигарро бикўбанду бикўшанд ва аз байн бибаранд. Бояд донист, вақте ки Саффориён ба қудрат расиданд, пояҳои хилофатро ба ларза оварданд, онҳоро маҷбур карданд, ки ба аҷамиён на фақат ба дидаи таҳқир, балки ба чашми эҳтиром бингаранд ва ба манфиатҳои онҳо бетафовут набошанд. Ин давлат, ки на давлати ашрофиён, балки давлати заҳматкашон буд, ба зудӣ ба дастгирии васеи мардум бархурдор гашт ва бисёре аз қонуну қоидаҳои ҳукмрон, аз ҷумла забони дарбор, шеъру шоириро тағйир дод ва имконияти ба забони модарӣ, яъне тоҷикию форсӣ шеър гуфтанро барои ҳамватанонамон муҳайё сохт. Ба ин кор, агар, аз як тараф, тасмими Яъқуби Лайс, ки худ рўйгарзода, яъне аз табақаи поёнӣ ва аҳли заҳмат буд, сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, балад набудани ў ва аксари мардуми тоҷик ба забони бегонаи истилогарони араб буд. Аз ин нуқтаи назар, ў ба забони арабӣ мадҳ гуфтанро манъ намуд ва ба забони тоҷикӣ суруданро расмият бахшид ва дастур дод. Яъқуби Лайс, ки аз рўҳи қавии миллӣ ва истиқлолхоҳӣ баҳравар буд, на танҳо давлати худро рўз ба рўз қавию васеъ месохт, балки барои тасхири хилофат низ омодагӣ мегирифт ва мекўшид. Ҳамин буд, ки ў то шаҳри Басра пеш рафт. Дар ин бора Носири Хусрав дар «Сафарнома» чунин овардааст: «Ва дар масҷиди одинаи он ҷо бар минбар номи Яъқуби Лайс дидам навишта. Пурсидам, аз яке, ки ҳол чӣ гуна будааст? Гуфт, ки Яъқуби Лайс то ин шаҳр гирифта буд, валекин дигар ҳеҷ амири Хуросонро он қувват набудааст».
Бадбахтона, Аббосиён бо ҳилаву тадбир, яъне ташкили хиёнати лашкариёнаш Яъқубро шикаст доданд ва аз байн бурданд. Баъдан Саффориёнро бо дасти Сомониён барандохтанд, яъне Амри Лайс-бародари Яъқуби Лайсро низ ба дасти Исмоил саркўб намуданд. Баъдан, дар замони ҳукмронии атрок низ маҳз ихтилофи мазҳабӣ муҷиб шуд ва ба амир Темур имкон дод, ки ду давлати миллии тоҷикӣ-Картҳо ва Сарбадоронро ба ҳам ҷанг андозад ва пасон аз байн бибарад. Ба ҳарфи дигар, ҳамин ҷанг миёни давлатҳои тоҷикии Сарбадорон ва Куртҳо, ки асосан бо ташвиқи руҳониён даргирифт, имкон дод, ки Темур ба осонӣ ҳукуматро ба даст бигирад. Агар ҳамин зиддиятҳои мазҳабӣ намешуд, дахолату ташвиқи рўҳониён намебуд ва ин ду давлати тоҷикӣ як мешуданд, давлати миллии тоҷикон, ки баъд аз заволи Сомониён барҳам хурда буд, эҳё мешуд ва халқҳои тоҷику форс аз чанголи шуми турку муғул абадан раҳоӣ меёфт ва мо имрўз (мисли русҳо) соҳиби як империяи бузурги миллӣ мешудем. Дареғ, сад дареғ, ки чунин нашуд! Ба қавли ростини шоире, ки дар он рўзгорон зиста ва бо ҳасрату афсўс гуфта:
Гар хусрави Курт бар далерон назадӣ,
В-аз теғи ялӣ гардани шерон назадӣ,
Аз бими синони Сарбадорон то ҳашр
Як турк дигар хайма дар Эрон назадӣ!
Ниҳоят, ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар поёнии асри гузашта, баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон, роҳандозӣ гардид, намунаи дигари ғафлату худкушӣ, гумроҳии миллӣ, тафриқандозӣ, дахолати бегонагон, руҳониёни гумроҳу ҷоҳили зархариди кишвар ва неруҳои дигари манфиатдори дохиливу хориҷӣ буд, ки кишвар ва миллатро ба хоку хун кашиданд. Қариб буд, ки давлат ва миллат аз байн биравад. Хушбахтона, ин дафъа неруҳои солим, ақлгаро, миллатдўст тавонистанд, ки миллат ва кишварро аз нестшавӣ наҷот бидиҳанд. Ба ташкили давлати демократӣ, ки ормонҳои миллию умумиинсониро дунбол ва риоя менамояд, муваффақ шаванд ва дасти бунёдгароёну исломгароёни ифротиро, ки сохтани давлати исломӣ ва аз байн бурдани арзишҳои миллиро дар сар мепарвариданд, ба таври ҳамешагӣ аз сари кишвар кўтоҳ созанд. Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар кардааст: «9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид… Вале, мутаассифона, ҷараёни рўйдодҳои иҷимоию сиёсӣ дар кишвар тарзе сурат гирифт, ки заминаҳои таҳаввулоти тадриҷии кишвар ва рушди осоиштаи Истиқлолро дар чунин марҳилаи ҳассос ба куллӣ аз байн бурд. Фурўпошии низоми шўравӣ ва сохторҳои сиёсиву иқисодии он, шикасти идеологияи ҳоким, набудани аҳзоби сиёсии корозмуда ва шинохта дар кишвар, тасаввуроти ғалат дар бораи сарватҳои моддӣ ва имконоти иқтисодии кишвар, дарки мафҳуми истиқлол ба маънои озодии мутлақ ва ҳатто анархизм, ҳайронӣ ва саргумӣ ва озодиҳои ба даст омада, набудани таҷрибаи давлатсозӣ ва кишвардорӣ, зуҳури маҳалгароӣ-ғаризаи инсони ибтидоӣ ва бозмондаи ҷомеаи қавмӣ дар сиёсат, мудохилоти хориҷӣ, сахтгириҳои мухталифи идеологӣ, умед бастан ба ину он давлати бегона, бемасъулиятӣ ва саҳлангории гурўҳҳои сиёсии ҷавон дар масъалаҳои ҳаётии мамлакат, набудани роҳбару пешвои эътирофшудаи миллӣ ва даҳҳо омилу ангезаҳои ошкору ниҳони дохиливу хориҷӣ кишварро ба ҷанги дохилӣ кашиданд.
Ин ҳамсояҷангиву бародаркушӣ, оташ задани хона ва хароб кардани ватани хеш, ки ҷуз худкушӣ номи дигаре нахоҳад дошт, оқибатҳои даҳшатнок ва хисороти ҷуброннопазири моддиву маънавӣ ба бор овард ва раванди инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодии кишварро ба даҳсолаҳо ақиб андохт. Мардумони осоишта, ки рўз то рўз бенавотар мешуданд, аз бими ҷанг тарки ватан карда, гурўҳ-гурўҳ ба кишварҳои дуру наздик паноҳ мебурданд. Давлат оҷизу нотавон шуда, фақру бечорагӣ ва сукути ваҳшатнок кишварро фаро мегирифт. Дар чунин замони хунрез ва даврони бесарусомонӣ бо саъю талоши як гурўҳ вакилони оқибатандеши Шурои Олӣ ва шахсиятҳои иҷтимоии ватанпарасти кишвар 16 ноябр – 2 декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи раҳоибахши миллӣ, ки таърихнигорону сиёсатшиносони имрўзу фардо борҳо ба нақши он дар оғози давраи Истиқлол ва таърихи навини тоҷикон муроҷиат хоҳанд кард, ҳукумати қонуниро ташкил намуд ва бори раёсати Шурои Олӣ ва садорати ҳукумати навро ба уҳдаи инҷониб вогузошт».
Лиҳозо, мо имрўз бояд беш аз ҳар вақти дигар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва неруҳои тафриқандоз ва ғайримиллиро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар даст ба фитнакорӣ мезананд, кашф ва фош бисозем, ба онҳо пайкор намоем ва ҷавоби дандоншикан бидиҳем. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба бетарафӣ, хомўшӣ дар муқобили ин гуна падидаҳои осебрасон ба манфиатҳои миллӣ роҳ надиҳем. Беҳуда Лоҳутии доно ба мо ҳушдор надодааст:
Зинҳор, пас аз ин фатҳ ғафлат манамо, зинҳор,
То бар сари мо з-ин пас душман назанд ҷавлон!
ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА