Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Зана худаш кию гапаш чӣ?“

“Зана худаш кию гапаш чӣ?“

18-10-2021, 08:17
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
      “Зана худаш кию гапаш чӣ?“
Ҷомеаи ҷаҳониро хушунати оилавӣ фарогир шудааст ва ин амали номатлуб, новобаста ба халқияту миллат ва дину маҳзаб, дар саросари ҷаҳон майдони фаррох пайдо кардааст. Мутаассифона ин амали нанговар, байни мардуми шарқ, бахусус, мазҳабпарастон бештар ба назар мерасад. Ҳатто иддае манзалати занро ба мол баробар мекунанд ва ӯро ҳамчун моли мард медонанд. Афсӯс, ки ин назари ноқису ваҳшатофар то ҳанӯз байни иддае аз мардуми мусулмонтабор тарғиб мешавад ва яке аз сабабҳои асосии сар задани хушунати оилавӣ мегардад.
Даҳшатафкан аст, вақте инсоне дар назди инсони дигар қадр надорад, эҳтиром гум мешавад. Аз байн рафтани эҳтиром, байни марду зан эҳсоси хусумат, якдигарбадбинӣ, низоъро меафзояд ва оқибати он воқеоти хатарнокро ба вуҷуд меорад.
Равоншиносон таҳқиқ кардаанд, ки эҳтиром накардани зан ҳанӯз аз давраҳои хеле кӯҳан пайдо шудаву аз забон ба забон гузашта, то ба имрӯз омада расидаанд. Ҳатто то имрӯз байни мардум гуфтаву мақолхое ҳастанд, ки қадри занро паст нишон медиҳанд. Барои мисол борҳо шунидаем, ки зумрае аз мардон чизеро исбот карданӣ бошанд, ҳатман мегўянд: “зан бошам, агар ин корро карда бошам…” Дар ин гуфта пеш аз ҳама нотавонии зан бо нигоҳи ҳақорат нишон дода шудааст. Агар ба гуфтаҳои болои амиқтару фасеҳтар назар андозем, ин рўҳияи бемаъниро дар зарбулмасалу мақолҳо пайдо карда метавонем. Бубинед, мақолу зарбулмасалҳое, ки ба занҳо рабт доранду садсолаҳо сари забонҳост чӣ маъниҳоро ифода мекунанд: «Занро зан, агар намурд бо табар зан...», «Зана худаш чию гапаш чӣ?», «Мўйдарози кўтоҳақл», «Дарахти макри зан сад реша дорад...” ва ғайраҳо.

Амалҳои нанговар

Мутаассифона, новобаста аз оне, ки мо дар кадом шароит зиндагӣ мекунем, ин мақолу зарбулмасалҳо то ҳанӯз маъмуланд ва ба насли оянда, наврасону ҷавонон таъсири бад расонда, дар рӯҳияи носолим ба воя мерасанд. Барои дарки дурусти эҳтироми зан волидон, васоити ахбори омма, мактаб ва муҳит таъсири хуб расонида метавонанд, то онҳо нисбат ба зан бо назари нек ба воя расанд.
Мавриди зикр аст, ки хушунати оилавӣ дар ватани мо носозгориҳо ва амалҳои мудҳишеро ба миён овардааст, ки онҳо доғи ҷомеаи имрӯзаи мо шудаанд. Аз дасти хушдоман ва шавҳар худкушӣ кардани занон дар ҷомеаи муосири мо зиёд дида мешавад.
Дар ду соли охир дар шимоли Тоҷикистон 44 зан бар асари хушунат худкушӣ кардаанд. Мақомоти додситонии вилояти Суғд мегӯяд, барои ин худкушиҳо чанд шавҳари ин занҳо, хушдоманҳо ва як хусурро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Чунин амалҳои зишту нанговар дар шаҳрҳои Норак ва Панҷакент соли гузашта ба вуқуъ пайвастанд, ки ифшои онҳо хеле сахту нанговар аст. Кас аз он дар ҳайрат мешавад, ки инсони солимақлу соҳибмаърифат чӣ тавр метавонад, ки ба нафаре завлонаи зулму истибдодро раво донад ва ӯро ба дараҷаи худкушӣ оварда расонад? Охир зан офарандаи зиндагист ва эҳтироми ӯ вазифаи муқаддаси ҳар марди солимфикр мебошад. Ҳатто Худованд дар Қуръони маҷид сураеро бо номи «Нисо» нозил кардааст. Сураи мазкур ҳақ ва ҳуқуқи занонро аз нигоҳи Ислом мушаххас мекунад.
Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум аз қабили хушунати мардон нисбати занон – ҳамсарон, хушунати хушдоман нисбати келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад.
Баҳри ҳалли ин муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кишвари мо низ Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» амал мекунад ва дар доираи ин Барнома Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст. Дар шаҳру навоҳии ватанамон ҳам ин муаммо аз масъалаҳои мубраму ҳалталаби рўз боқӣ монда, бахшҳои кор бо занон ва оила корбариҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд.
Аксаран арўсҳо шикоят доранд, ки дар натиҷаи бадмуомилагии хушдоманҳо, мавриди латукўби шавҳарони худ қарор мегиранд. Ҳодисаҳои зиёде шуда, ки хушдоманҳо гунаҳгори хонавайронии фарзандон мешаванд. Ҳолатҳое низ ҷой дорад, ки моҷаро бо гуноҳи келинҳо сар мезанад. Пушида нест, ки имрӯз қисми зиёди хушдоманҳо савод ва ҷаҳонбинии кам доранд.Онҳо мутеи расму русумҳои кӯҳнаи оиладории фарзандони худ ҳастанд ва эшон дарк карда наметавонанд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва тафаккури нав ҳукмфармои ҷаҳон шудааст.
Дар даврони муосир, ҷавонон ба зиндагӣ нигоҳи нав доранд ва мафкураи онҳо аз мазмунҳои зиёди ҷаҳонӣ хабардор аст..

Иҷбору фишор

Аслан ҳамаи мардум озодиро дуст медорад ва одамӣ неъмате ба номи хирад дорад, ки роҳнамояш ҳаст ва инсон неку бади рафтори худро бо василаи он ташхис медиҳад. Иҷбору фишор бар инсоне, чӣ зан бошаду чӣ мард, дар қарни бисту як коре абас ва маҳкумшаванда аст. Дар ҳолате, ки инсон заковатманду боақл аст, чӣ боиси хушунати оилавӣ шуда метавонад ва кадом омилҳое ҳастанд, ки ин ҳолати оседдпазиру нанговарро ба миён меоранд? Заминаҳои хушунати оилавӣ аз куҷо сар мезанад?
Омӯзиши муносибатҳои оилавӣ, ки дар он шавҳар золим (тиран) ва ҳамсар қурбонӣ ҳаст, ё баръакс, як андоза гаронӣ дорад. Золимҳо бештари мавридҳо зӯровариро ба ҳамсарон ва фарзандонашон раво мебинанд ва ин маънии онро надорад, ки ӯ онҳоро дӯст намедорад, дӯст медоранд, аммо дар ниҳоди онҳо хислати золимӣ ва зӯроварӣ маскан гирифтааст.Чунин инсонҳоро золимҳои хонагӣ меноманд ва онҳо дар кӯча аз оддитарин авбошҳо тарсу ҳарос дошта ҳеҷ гоҳ ба муқобили зӯроварии онҳо баромада наметавонанд, чунки одатан “хонашери майдонғариб” ҳастанд.

Хушунатхоҳ будан

Дар бисёр мавридҳо одатан баъди ду се моҳи оғози зиндагии оилавӣ муносибати байни ҳамдигарии зану мард ва хислату рафтори онҳо маълум мешавад.Одатан, дар даврони муосир пеш аз никоҳ хонадоршавандагон ба ҳамдигар муносибат карда, гӯё аз наздик якдигарро меомӯзанд, аммо ин тавр нест. Дар ин давра хонадоршавандагон кушиш мекунанд, ки аз ҳамдигар хусусиятҳои бади хислати доштаашонро пинҳон доранд. Хушунатхоҳ будани мард ва ё зан баъди дар як болин сар мондан, дар давоми зиндагии якҷоя маълум мешавад. Масалан, баъди се моҳи зиндагӣ мард ба хӯрокпазии ҳамсараш эрод мегирад ва баъди андаке моҷаро ба рӯи занаш торсакӣ мезанад. Ин торсакии ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт дар қалби зан алами бузургеро бедор мекунад. Ин ҳолати ниҳоят сахт аст, аммо шавҳар ба зуди пушаймон шуда, аз ӯ бахшиш мепурсад. Зан ӯро мебахшад, аммо ин рафтор ва амали мард дар моҳҳои минбаъда ҳам такрор меёбад ва баъзан зумрае аз занон ба ин амали нанговар одат мекунанд ва зиндагиашонро бо чунин шавҳарон идома медиҳанд. Дар охир чунин амал ва муносибат оқибатҳои нохуш меорад.
Равоншиносон дар чунин ҳолат тавсия медиҳанд, ки баъди истинтоқи нахустини шавҳар зан бояд аз хона муддате баромада равад, то шавҳар атрофи рафтори кардааш фурсати андеша ёбад.
Дар ҳолати дигар бояд инсон дарк кунад, ки ин амал бо кадом сабабҳо рӯй дод ва аз куҷо сарчашма гирифт, онро чӣ тавр бояд хомӯш кард. Вале баъзан шоҳиди он мегардем, ки баъзе аз ҳамсарон ба бемории шизофрения гирифторанд ва ҳолатҳои моҷаро ва лату кӯб кардани зан пайваста руй медиҳад. Дар чунин ҳолатҳо зан ва ё мард ҳатман бояд ба ягон шахси наздикашон ва ё равоншинос муроҷиат намоянд.
Равоншинос аз Донишгоҳи тиббии шаҳри Ростов Ирина Новосёлова атрофи мавзӯи дар боло зикргардида чунин андеша дорад: “ моҷаро пеш аз ҳама мушкилоти мушаххасе шуда метавонад, ки онро танҳо ҳамсарон метавонанд бо роҳи осоишта ҳал кунанд. Мутаассифона, хешу табор ва дигар наздикони зану шавҳар дар дисёр мавридҳо барангезандаи ҳолати руҳии онҳо мешаванд ва зану шавҳарро ба роҳи бад ҳидоят менамоянд”. Бале ва ин маънӣ баҳсангез ҳаст ва тақозои матраҳи зиёдро дорад.

Ҷамъбаст

Коршиносон исбот кардаанд, ки қариб 90 фоизи амалҳои хушунати оилавӣ ба занон рост меояд. Зиндагии рузмарраи мо гувоҳ аст, ки занон ва духтарони мо дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ ба хушунат тарбия ёфтаанд ва ин хислати хуби инсонии онҳо дар ҷаҳон ҳамто надорад.
Гумон мекунам, ки ҷомеаи солим ва мутамаддин маҳз бо тавассути зан-модар маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ҳамагон мубориза барем ва манзалати занро боло шуморем.

Т. Орифӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: