Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР КОРЗОРИ НОМУС

ДАР КОРЗОРИ НОМУС

6-10-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
ДАР КОРЗОРИ НОМУС
Роҳ
Ин роҳ барои мо шинос аст. Борҳо аз он гузар кардаам, то Қарамиқ-марзи Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавассути ағбаи Хобуработ ба ноҳияи Мурғоб то марзи Чумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин, тавассути Ишкошим то долони Вахону марзи шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. Аммо ин бор ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» меравем, танҳо не, ҳамроҳи гурўҳи ҳамкоронам, бо шумули сармуҳаррири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдам, хабарнигорон Солеҳ Юсуф ва Тағоймурод Орифї.
Барои он аз роҳ ёдовар шудам, ки НБО «Роғун» кайҳо боз дар зеҳну ақли хурду бузурги мардуми мо роҳ ёфтааст, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки «Роғун» тавони иқтисоди Тоҷикистон, ояндаи неки фарзандони он ва рўшании хонадони ҳар кадом хоҳад буд.
Бо вуҷуди он ки шанбе рўзи истироҳат аст, аммо шиносоӣбо ҷараёни иҷрои корҳо дар ин сохтмони бузург моро аз раъямон намегардонад.

Сафои нур
Бори охир ба маҳали неругоҳ 16 ноябри соли 2018 ҳамроҳи гурўҳи калони ҳамкасбон аз дохил ва хориҷи мамлакат омада, шоҳиди рўйдоди таърихӣ– ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣбудем.
Он рўз Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар маҳали сохтмон нахуст хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дод ва бо ҳамин қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣгузошта шуд.
Сарвари давлат дар маросими ба кор даровардани аввалин агрегати неругоҳ таъкид карданд, ки «Расидан ба ин рўзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиён барои наздик овардани чунин рўзи таърихӣшабонарўз заҳмат кашиданд, Яъне, имрўз рўзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣмебошад».
Дуруст аст, ки нур аз пайи худ сафо меорад, зеро беҳуда нагуфтаанд: «Ҳам нуру ҳам сафо».

Шаҳр дар кўҳистон

Вақте вориди ин шаҳр шудем, ба назар Роғун дар домани кўҳҳо чун зинабоғеро мемонад, ки бо сарсабзию зебоияш касро мафтун месозад. Симои ин шаҳр давра ба давра дигар мешавад. Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо низ чанд сохтмон ба истифода дода шудаанд, ки ба шаҳр ҳусни тоза мебахшанд. Аз дидани биноҳои баландошёнаи ҳозиразамон, кўчаҳои васею тозаи асфалтпўш, гулгаштҳои зебою майдончаҳои варзишӣрўҳи кас болида мегардад. Бахусус, Кохи фарҳанг таваҷҷуҳи ҳамагонро бештар ба худ ҷалб мекунад. Маҳсули дастони устоҳои суғдї, бешак, писанди ҳамагон мегардад.
Дар ҳамаи чор минтақаи шаҳр дар паҳлуи ин майдончаҳо ҷойи бозии кўдаконро низ фаромўш накардаанд.
Азбаски шаҳр дар домани кўҳ аст, дар маркази он барои сохтмони майдони калони футбол ҷой нест.
Нигоҳи кас рў ба сўи офтобнишин ба сохтмоне меафтад, ки он дарвоза аст. Бале, ин шаҳр дарвоза дорад.


Мавзеи нави сайёҳӣ
Пеш аз ба майдони сохтмон рафтан, дар бинои маъмурияти ҶСШК НБО «Роғун» ба ҳар кадоми мо барои эҳтиёт сарпўши махсус доданд. Муовини сардори раёсати лоиҳакашии неругоҳ Неъмат Азизов, ки чун донандаи таърихи ин сохтмони азим ба сифати роҳбалад моро ҳамроҳӣмекард, аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сохтмон дар бораи неругоҳ маълумоти муфассал дод.
Тамоми таҷҳизоту чархаҳои барқистеҳсолкунанда НБО «Роғун» дар муқоиса бо неругоҳҳои барқи обии дунё на дар баландии сарбанд, балки дар дохили кўҳ ҷойгир шудаанд. Бино ба иттилои ў, дар обанбори неругоҳ то соли 2028 ки дарозиаш 74 километр ва паҳноияш 616 метр хоҳад шуд,13,3 млрд. метри мукааб об ҷамъ мешавад. Дар оянда ин ҷо як мавзеи хушбоду ҳавои сайёҳӣхоҳад шуд, ки дар ин баҳри азим киштиҳо метавонанд бемалол шино кунанд.

Самти ҷараёни «Вахш» тағйир ёфтааст

Вақте ки аз баландӣ ба обанбор назар мекардем, роҳе, ки моро се сол қабл ба мавзеи ҷамъомади ба истифода додани агрегати якум (шашум) мебурд, дигар нопайдост, акнун он зери об мондааст.
Ду нақбе, ки дар соҳили чапи дарё буд, низ зери об мондаанд ва об бемалол аз онҳо ҷорӣмешавад. Оби зиёдатии ҷамъшуда аз ин ба баъд аз дохили нақбҳои болоӣ мегузарад. Бо бунёди сарбанд самти ҷараёни дарё тағйир ёфта, тавассути туннелҳо аз зери кўҳ ҷорӣмешавад ва дар поён боз ба маҷрои асосӣ мерезад.
Сарбанд ҳам ба андозаи 135 метр боло шудааст. Алҳол дар қисмати поёнии он корҳо дар авҷ аст.

- Ана ҳамин қитъа бо қуму шағал, ки қобилияти нигаҳдории обро доранд, ба баландии 335 метр бо раҳнамоии мутахассисони итолиёвӣпўшонида хоҳад шуд, - бо даст ишора мекунад ҳолати сохтмони сарбандро Неъмат Азизов.
Дар сохтмон ба ҳар як ҷузъиёти кўчак эътибор медиҳанд, то ин ки фардо қазияе рух надиҳад. Дар мавзеи сарбанд поёнтар аз нақбҳои обгузар бо техникаи махсус заминро парма карда, бо истифода аз арматура сутунҳои даврашакл рехта шудааст, ки масофаи байни онҳо ҳудуди як метр аст, мустаҳкамии сарбандро нигаҳ медоранд. Дар маҷрои асосии дарё низ аз рўи як хати рост ҳамин гуна сутунҳои оҳанию бетонӣрехта шудаанд, ки ин сутунҳо ҳам сарбандро мустаҳкам нигоҳ медоранд ва ҳам намегузоранд, ки сўрохиҳо пайдо шаваду об аз онҳо гузарад.
Қатори мошинҳои боркаш бо навбат қуму шағали захирашударо ба поёни сарбанд мекашонанд.
Ҳамаи он корҳоеро, ки мушоҳида кардем, дар берун ба анҷом расидаанд ва ё идома доранд. Аммо корҳои мушкилтарро дар дохили кўҳ дидем.

Барқ аз синаи кўҳ

Нақби мошингузар дар ҳақиқат шоҳроҳеро мемонад, ки мошинҳои бузургҳаҷм дар он равуо доранд ва аз садои баланди компрессору техникаҳои пармагарию кафшергарӣдили кўҳ меларзад. Дар дохил чанд нақб бунёд шудааст, ки ҳар кадом вазифаҳои махсус доранд. Гўё мо дар шаҳре қарор дорем, ки аз шоҳроҳи асосӣба ҳар самт тавассути роҳҳои мошингард рафтан мумкин аст. Бале, шаҳре дар дохили кўҳ.
Тавре зикр кардем, ҳар як нақб бо мақсади муайян вобаста ба баландшавии сатҳи об бунёд шудааст ва пас аз анҷоми сохтмон аксарияти онҳо зери об хоҳанд монд. Дарозии умумии нақбҳои ин ҷо 124 километрро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нақбҳои дар ҷумҳурӣмавриди истифода қарор дошта хеле зиёд аст.
Таваҷҷуҳи моро бештар толори чархаҳо ҷалб намуд, дар маҷмуъ дарозии он 200, бараш 20 ва баландиаш 40 метр аст. Дар ҳамин толор, об чархаҳоро ба ҳаракат дароварда, барқ истеҳсол ва аз трансформаторҳо тавассути ноқилҳо ба берун интиқол мешавад. Дар сурати ба кор даровардани ҳамаи 6 агрегат солона 13,1 млрд. кВт/соат барқи аз ҷиҳати экологӣтоза истеҳсол мешавад, ки ин нерўи андак нест.
Ҳоло дар ин толор чархаҳои 6 ва 5-ум васл шудаанд.
Ҳар як чарха 470 тонна вазн дорад. Барои онҳоро дар толори агрегатҳо гузоштан ду муҳаррики борбардорро васл кардаанд, ки ҳар кадом иқтидори бардоштани 550 тоннаро доранд ва ин толор ба сифати маркази маъмурию идораи чархаҳо хизмат мекунад.
Як маълумоти роҳбалад моро ба тааҷҷуб меорад: «Ҷое, ки мо алҳол қарор дорем, 141 метр дар зери об аст», - мегўяд ў.
Ба гуфтаи Ҷўрабек Маҳмадаминов, сардори басти толори мошинҳо
дар ин ҷо алъон 25-30 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба аз чор бригада дар ду баст бо навбат кор мекунанд.


Маълумоти охирин
Овардани рақамҳои зиёдро, албатта хонанда хуш надорад ва бовар дорам на ҳар кас ба он сарфаҳм меравад. Вале мутмаинам, ки мутахассисону дигар кормандони соҳа «забон»-и ин ададҳоро «медонанд». Барои ин зарур шуморидем, ки бо такя ба маълумоти маъмурияти неругоҳ ҳаҷми корҳои то он рўз анҷом додашударо нишон диҳем.

Айни замон, дар маҷмуъ, дар сохтмон 10 764 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникї, аз ҷумла 10 425 нафар кормандони маҳаллӣва 339 нафар кормандони хориҷї, дар ду вахта ва бастҳои кории шабонарўзӣфаъолият мекунанд. Шумораи мошину механизмҳо 3 192 ададро ташкил медиҳад. Корҳои бетонхобонӣдар толори мошинҳо ва минтақаи трансформаторҳои асосии агрегатҳои 1-3-и Бинои трансформаторҳо, нақбканию бетонхобонии коллекторҳои агрегатҳои 1-3, васлу насби анкерҳои АЖГ ва ПНА дар ин қитъа давом дорад. Корҳои ҳаффории нақбҳои ҷаббандаи №1-3 идома дошта, дар маҷмуъ 34 104 м3 ба иҷро расидааст.
Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣва мустаҳкамкории канораҳои кўҳ идома дорад. То ин давра зиёда аз 4,650 млн. м3 корҳои заминї, 193 240 метр гузоштани анкерҳои ПНА ва АЖГ ва 203 278 м2 пошидани маҳлулҳои бетонӣиҷро гардидаанд.
Корҳои сохтмону васлгарӣдар нақби сохтмонии СТ-4 аз ҷониби Пудратчии ЛОТ-и 3 ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” давом дорад. Ҳаҷми умумии корҳои нақбканї, бо назардошти нақбҳои дастрасӣ641 601 м3, корҳои бетонхобонӣ110 279 м3 , гузоштани анкерҳои АЖГ 26 041 метр, корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 22 347 метр, сементатсияи пуркунанда 52 171 м2 -ро ташкил медиҳанд. Корҳои васлу насби оҳанфулузот дар қисмати камераи дарвозаҳои садамавӣва асосӣидома дошта, дар ҳаҷми 564,1 тонна оҳанфулузот васлу насб гардидааст.
Корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосї, роҳҳои дастрасӣба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кўҳҳо аз сатҳи 1 552 метр идома дорад. Корҳои нақбканӣва мустаҳкамкунии муваққатӣдар иншооти камераи васлгарии турбинаҳо ба анҷом расида, корҳои омодагӣбарои хобонидани бетони конструктивӣдавом мекунад. Корҳои нақбканӣва мустаҳкамкунӣдар нақбҳои обрасони №1,2,3,4, 5 ва 6 қисмати болоӣ(ППТ) идома доранд. Ҳаҷми корҳои нақбканӣ94 244 м3 ва ҳаҷми корҳои бетонхобонӣ2 378 м3-ро ташкил медиҳад.
Корҳои нақбканӣдар шахтаҳои обрасони қисмати поёнӣниз идома дошта, то ин давра дар ҳаҷми 36 552 м3 ба анҷом расидаанд. Ҳаҷми бетони рехташуда 104 м3-ро ташкил дода, корҳои нақбканӣдар шахтаҳои обрасони қисмати болоӣдар дарози 1300 метр низ идома дошта, то ин давра дар ҳаҷми 14 341 м3 корҳои нақбканӣиҷро гардидаанд. Ҳаҷми бетони хобонидашуда 404 м3 буда, дар нақбҳои ҷаббандаи №1, №2 ва №3 корҳои нақбканӣва мустаҳкамкорӣдавом дорад.
Дар сохтмони сарбанд корҳои хобонидани шағалмоя дар сатҳҳои 1013м ва 1034м призмаи такядевори поёнӣ(НУП) идома дошта, дар моҳи август дар ҳаҷми -144 366 м3 мавод; аз ҷумла: - шағалмоя (минтақаи 4) – 144 366 м3 хобонида шуд.
Дар ядрои асосии сарбанд корҳои заминӣва тоза намудани паҳлуҳои кўҳҳо, анкергузорӣва торкретпошӣдар қисмати соҳили чапи ядрои асосӣдар сатҳҳои 1060 ва 1040 м давом дорад. Корҳои кашонидани ҷинсҳои кўҳии коркардшуда дар минтақаи ядрои сарбанд идома дошта, дар моҳи ҷорӣдар ҳаҷми 280 ҳаз. м3 ҷинсҳои коркардшуда бароварда шудааст.

Нуқтаи ормон

Бунёди НБО «Роғун» нуқтаи ормони миллати тоҷик аст. Тибқи нақша, агрегатҳои чорум ва сеюм бояд солҳои 2024-2025 ба кор дарояд. Дар сурати фаъолияти пурраи ин неругоҳ як ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат - амнияти энергетикӣтаъмин хоҳад шуд. Барқе, ки дар синаи кўҳ тавлид мешавад, на танҳо манзили моро мунаввар месозад, балки ба рўзгорамон нуру сафо мебахшад. Бо ҳамин ниятҳои нек мо ҳам аз дидаҳоямон аз як рўзи сафар ба ин корзори номус нуқта мегузорем.

АлӣҶЎРА,
Душанбе – Роғун - Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: