Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар роҳи рушд ва ҳамсоягии наву нек

Дар роҳи рушд ва ҳамсоягии наву нек

6-09-2021, 10:03
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Дар роҳи  рушд ва  ҳамсоягии наву нек

Ўзбекистон дар солҳои истиқлол дастовардҳои таърихиро ноил шуда, ҳоло ба як кишвари иқтисодиёташ пешрафта, вазъи иҷтимоию молияиваш барқарор, илм ва маданияти рушёфта табдил ёфтааст. Аммо то замони дастёбӣ ба истиқлолият Ҷумҳурии Ўзбекистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ асосан манбаи ашёи хом, истеҳсолкунандаи пахта ё пилла, сабзавот барои минтақаҳои саноатии марказ ба шумор мерафт. То ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта истеҳсоли пахта соле беш аз 6 миллион тоннаро ташкил мекард, яъне дар кишвар монокултураи (якказироатии) пахта вуҷуд дошт, ки аз лиҳози иқтисодӣ фақат ба манфиати Марказ кор карда, сабабгори зарари калони экологӣ ва хавфи озуқаворӣ , паст рафтани даромади аҳолӣ ва дигар оқибатҳои вазнин мегардид. Ҳамин тариқ, сарватҳои зиёди табиӣ, хусусан, зеризаминии Ўзбекистон ба пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ хидмат намекард. Гарчанде кишвар захираи бойи газ буд, истихроҷи газ низ ба манфиати Марказ истифода мешуд, мардуми худи мамлакат аз истифодаи он маҳрум буд. Он солҳо ҳамагӣ 5 фоизи аҳолии деҳот бо оби канализатсия (водопровод) , 50 фоизаш бо оби ошомиданӣ , 17 фоизаш бо гази табиӣ таъмин буду халос. Мамлакат гарчанде кишвари аграрӣ буд, аммо ғалла, равғани истеъмолро аз дигар ҷумҳуриҳо меовард. Хуллас, иқтисодиёти як замоне тобеи иқтисодиёти мутамаркази Иттифоқ пас аз пош хўрдани империя рў ба мушкилиҳои ҷиддӣ овард. Аз ин сабаб дар солҳои аввали истиқлол дар Ҷумҳурии Ўзбекистон низ чун дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ СССР вазъияти ногувори иқтисодӣ, демографӣ, иҷтимоию сиёсӣ хеле мураккаб буд. Агар дар баъзе кишварҳои ҳамсоя, билхосса Афғонистон хавфи радикализми исломӣ, террористони байналмилалӣ ба истиқлоли ин кишварҳо таҳдид мекарданд, дар Ўзбекистон низ зуҳуроти терроризм ба назар мерасид. Аз ин сабаб гуфтан мумкин нест, ки истиқлоли Ўзбекистон ба осонӣ ба даст омадаасту муваффақиятҳояш бидуни мушкилот ба даст омадааст. Гуфтан кифоя аст, ки 9 декабри соли 1991 як гуруҳи неруҳои ифротгар бо шиорҳои ташкили давлати исломӣ дар Ўзбекистон бинои ҳокимияти ижроияи вилояти Намангонро ишғол карданд. Ин гуна саҳифаҳои фоҷиабор дар таърихи Ўзбекистони мустақил кам нестанд. Моҳи феврали соли 1999 ташкили суйиқасд ба раҳбари мамлакат Ислом Каримов ва чандин дигар амалҳои террористӣ фикри фавқуззикрро тасдиқ мекунад.
Аммо мамлакат дар роҳи истиқлол, эҷоди як давлати демократӣ ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои зиндагиро ҷомаи амал пўшонд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ва ҳамин дастовардҳо буданд, ки дар Ўзбекистон ба анқариб 36 миллион нуфусаш (чуноне, ки чандне пеш Кумитаи омори мамлакат тасдиқ кард, тоҷикон аз ҷиҳати нуфус пас аз ўзбекон дар ҷойи дуюм мебошанд) ҳамеша суботи иқтисодӣ , сиёсӣ ва ҳам муросои байнимиллию конфессиявӣ ҳукмрон буд ва ҳукмрон мебошад.
20-уми август минбаъд дар кишвар чун “Рўзи соҳибкорон” ҷашн гирифта хоҳад шуд. Зеро дар мулоқоташ бо соҳбикорон ва бизнесменҳо раҳбари кишвар Ш.Мирзиёев саҳми беш аз пеш афзояндаи синфи нави соҳибкоронро дар иқтисодиёт ва ҳаёти ҷҷтимоии мамлакат арзёбӣ намуд ва ба чунин қарор омад.
Қабл аз ҳама ба ислоҳоти соҳаи хоҷагиии қишлоқ эътибори алоҳида дода шуд, расидан ба худкифоии ғалла мақсади асосӣ муқаррар карда шуд, аз ин рў дар кишвар ҳаракати фермерӣ аз ҷониби давлат пешгирӣ карда, замин ба деҳқонон тақсим карда дода шуд. Майдони пахтазор кам намуда, бештар ба кишти ғалла, меваю сабзавот замин, шолӣ замин ҷудо карда шуд. Дар натиҷаи ин солҳои охир дар Ўзбекистон соле беш аз 7 миллион тонна хирмани ғалла офарида мешавад. Ҳосилнокии ҳар як гектар ғаллазори обёришаванда ҳоло беш аз 70 центнерро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ бино ба сабаби кам кардани хариди давлатии ғалла беш аз 1 миллион тонна ғалла дар ихтиёри деҳқонон мемонад.
Ўзбекистон дар солҳои истиқлол дар соҳаи саноат дигаргунсозиҳои бузургро татбиқ кард. Мамлакат ба яке аз 30 кишвари истеҳсолкунандаи автомобил дар дунё табдил ёфт. Аз ин нигоҳ ин ҷумҳурӣ баъд аз Россия дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил дуюмин мамлакат ба шумор меравад. Ҳоло сарфи назар мушкилоти вақтҳои охир Ўзбекистон соле беш аз 270 ҳазор то автомобил истеҳсол мекунад. Саноати автомобилсозии Ўзбекистон ғайр заводҳои GM Uzbekistan,UzSamAvto, Isuzu, ManAuto-Uzbekistan боз вилоятҳои мухталифи ҷумҳурӣ анқариб 30 заводе ҳаст, ки барои корхонаҳои мазкур қисмҳои эътиётӣ , мотор, чарх ва монанди инҳоро истеҳсол менамоянд, даҳҳо ҳазор нафар одамон бо кор таъмин менамоянд. Имрўз ба автомобилҳои сабукрав, боркашон ва автобусҳои сохти Ўзбекистон дар бозори ҷаҳонӣ, хусусан,дар минтақаи Осиёи Марказӣ талабот беш аз пеш меафзояд. Аз соли 1996, аз он вақте, ки дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон корхонаи автомобилсозӣ ба кор даромад, то ин дам 16 намуд мошинҳои сабукрави гуногунҳаҷм истеҳсол карда шуданд ва истеҳсолоти корхона такмил меёбад. Ўзбекистон инчунин саноати тракторсозӣ , лифтсозӣ ва монанди инҳо равнақ ёфтааст.
Ўзбекистон дар бобати истеҳсоли пахта дар дунё ҷои 6-ум, содироти он мақоми 3-юмро ишғол мекунад. Аммо солҳои охир содироти пахта кам карда, ба маҳсулоти тайёр табдил додани он аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Саноати бофандагӣ бо назардошти технологияи замон, истифодаи сармояҳои хориҷӣ, хусусан, аз Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Сингапур, Германия, Швейтсария, Италия, Япония, ИМА ва дигарон хеле пеш рафт. каби давлат инвесторлари иштирокида ташкил қилинган. Ҳоло дар соҳа беш аз 7000 то корхона амал мекунад. Саҳми саноати сабук дар саноати кишвар аз 30 фоиз зиёд шудааст. Соҳаи нав-фармасевтика аллакай дар сохтори иқтисодиёт ҷойи худро ёфтааст.
Саноати металлургия низ ҳоло ба драйвери иқтисодиёти мамлакат табдил ёфтааст. Илова ба корхонаи металлургии Бекобод дар ноҳияи Янгиҳаёт бо иштироки сармоядорони Россия корхонаи нав - заводи металлургии Тошканд охири соли 2020 ба истифода супурда шуд. Ин корхона метавонад соле баробари то 90 миллион доллар маҳсулотро ба хориҷа содирот кунад. Захираи металлургияи сиёҳ 2 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳолати соли 2020 дар кишвар 974 то корхонаи металлургӣ мавҷуд аст. Маълум аст, ки Ўзбекистон инчунин захираи бойи зеризаминӣ дорад, дар конҳои кишвар, аз ҷумла, тилло, рух, мис, уран, волфрам ва монанди инҳо истеҳсол карда, ба хориҷа содирот мегарданд. Ўзбекистон ҳамасола қариб 3 миллион тонна газ, 81, 4 миллион тонна нафт истеҳсол менамояд.
Ин гуна самараҳои ислоҳотро дар дигар соҳаҳои муҳими стратегӣ , аз ҷумлаи энергетика, масолеҳи сохтмон, электротехника, нанотехнология, экология низ дидан мумкин аст. Саҳми маҳсулоти бизнеси хурд ва соҳибкорӣ ба маҳсулоти умумии солона беш аз пеш меафзояд.
Гап дар сари он аст, ки чаҳор сол пеш бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев сохтори иқтисодиёти кишвар саросар ислоҳ ва ба тибқи замон модернизатсия (бозсозӣ ) карда шуд. Дар ин роҳ тибқи фармони Президент қабул шудани Стратегияи ҳаракат оид ба панҷ самти устувори рушд додани Ҷумҳурии Ўзбекистон барои солҳои 2017-2021 нақши ҳалкунанда бозид. Стратегияи мазкур, бар асоси ғоя ва ташаббуси раҳбари давлат қабул шуд, ҳамчун санади асосие, ки истиқболи роҳи тараққиёти мамлакатро муқаррар мекунад, аз ҷониби коршиносон-мутахассисони дун, арбобони давлатию ҷамъиятӣ , сиёсатшиносон хеле баланд арзёбӣ карда шуд. Онҳо кадом самтҳои устуворанд: 1.Такмил додани сохтмони давлатию ҷамъиятӣ. 2. Таъмин кардани устувории қонун ва минбаъд низ ислоҳ намудани сохтори суду ҳуқуқ. 3. Боз ҳам инкишоф додан ва либерализатсияи иқтисодиёт. 4. Рушди соҳаи иҷтимоӣ. 5. Таъмин намудани амният, тифоқии байнимиллӣ , таҳаммули динӣ , татбиқи сиёсати хориҷии амиқ эҷодшуда ва бар манфиати тарафҳо ва руҳи амалидошта.
Бар асоси ҳамин панҷ самти устувор дар тўли чаҳор соли охир дар кишвари Ўзбекистон дар ҳама ҷабаҳои зиндагиӣ ислоҳот ва дигаргунсозиҳои амиқ ҷомаи амал пўшиданд ва имрўз самараи неки худро дода истодаанд. Моҳи сентябри соли 2017 татбиқи конвертацияи валюта ба сиёсати инвеститсия мусоидат кард.
Ин ҷо хеле бамаврид аст, ки дар бораи татбиқи амалии самти панҷуми Стратегияи ҳаракат сухан ронем. Маълум аст, ки то соли 2017 муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дучори якчанд мушкилот ва муаммоҳо гашта буд. Тибқи ҳамин самти устувори панҷумини Стратегияи ҳаракат ва дар роҳи татбиқи барномаи пешазинтихоботиаш, Президент Шавкат Мирзиёев ирода ва манфиати халқҳои минтақаро ба ҳисоб гирифта, сиёсати ҳамсоягии некро бо давлатҳои ҳамсоя пеш гирифт. Аз ҷумла, 9-10-уми марти соли 2018 ба кишвари дўст ва бародар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмиро ба амал овард. Дар аснои мулоқот ба сарвари Тоҷикистон, Президент Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами муносибатҳои тарафайнро баррасӣ намуд ва байни ду тараф беш аз 20 санади муҳим ба имзо расид. Байни ду кишвар 17 гузаргоҳ барои равуои шаҳрвандони ду кишвар, хешу таборон, ки тўли 15-20 сол ба дидори якдигар муштоқ буданд, кушода шуд. Зиёда аз ин байни Тошканду Душанбе роҳи ҳавоӣ низ боз гардид, ки имрўз низ бо назардошти риояи талабҳои эпидемиологӣ пурсамар бар нафъи мардумони ду кишвар хизмат мекунад. Қобили қайд аст, ки Президенти Тоҷикистон моҳи августи ҳамон сол ба Тошканд ташриф овард. Ин мулоқот ҳамчунин ташрифи расмии Президенти Ўзбекистон Ш.Мирзиёев 10-11-уми июни соли ҷорӣ ба Душанбеву Хуҷанд муносибатҳои стратегии ду давлати ҳамсоя ва дўст, халқҳои ўзбеку тоҷикро ба сатҳи нав бароварданд. Хусусан, равобити иқтисодии ду кишвар хеле пеш рафт. Ҳамкориҳои соҳибкорони минтақаҳои ҳамҷавор бар манфиати пешрафти иқтисодиёти ду тараф хизмат мекунанд. Ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар беш аз пеш меафзояд ва имкони 1 миллиард доллар расониданро дорад. Ҳамин гуна сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои дигари минтақа, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва бо Афғонистон низ ба роҳ монда шудааст. Соли 2020 мубодилаи савдои Ўзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 5 миллиард долларро ташкил дод. Соли 2016 ба 2,5 миллиард доллар намерасид. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдо бо Қазоқистон қариб 2 миллиард, бо Тоҷикистон ба 231 миллион, бо Қирғизистон ба 425 миллион, бо Туркманистон ба 280 миллион доллар расид. Имконияти рушди алоқаҳо бо кишварҳо ҳануз пурра истифода нашудаанд. Ҳамкориҳои инвеститсиявии Ўзбекистон бо давлатҳои мутараққии дунё аз қабили Ҷумҳурии мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Россия, ИМА, Туркия ва соири кишварҳо пурмаҳсул буда, имконияти вусъати ин робитаҳо беш аз пеш рў ба рушд ниҳоодааст.
24-уми июли соли ҷорӣ ҳаракати миллии “Юксалиш” (“Рушд”) барои муқаррар кардани ислоҳотеро, ки сабабгори таҳаввулоти амиқ дар ҷомеа шудаанд, дар байни коршиносони хориҷию маҳаллӣ пурсиш гузаронд. Аз миёни 15 ислоҳоти Президенти кишвар Ш.Мирзиёв коршиносон “бо давлатҳои минтақа пиёда шудани сиёсати неки ҳамсоягӣ, боз шудани сарҳадот ва бекор намудани виза ба ҳамсоягон”-ро аввалин ислоҳоти муҳим гуфта арзёбӣ намудаанд.
Ҷумҳурии Ўзбекистон инчунин ба рушди сайёҳии хориҷӣ ва дохилӣ , омўзиши мероси ғании динӣ , адабию таърихӣ эътибори махсус медиҳад. Ҳоло таҳти васояти ЮНЕСКО дар кишвар дар ду сол як маротиба ҷашнвораи “Таронаҳои Машриқ”, фестивали Лазги дар Хоразм, “Шашмақом” дар Шаҳрисабз, ҳунармандӣ дар Қўқанд, санъати бахшӣ дар Тирмиз ва дигар ҷашнвораҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд, ки аз равнақи гуфтугўйи тамаддунҳо дар кишвар далолат медиҳанд.
Чанде пеш – 30 июл дар Ўзбекистон бори аввал “Рўзи дўстии халқҳо” ҷашн гирифта шуд. Ин рўзро тамоми мардуми касирулмиллати Ўзбекистон бо хушнудӣ қайд карданд. Бояд гуфт, ки дар кишвар намояндагони 130 миллияту қавмият, зиндагӣ ба сар мебаранд. Барои ҳифзи фарҳангу забон, расму оини оини онҳо кулли шароит фароҳам оварда шудааст. Зиёда 140 маркази фарҳанги миллӣ амал менамояд. Маркази фарҳанги миллии тоҷикон низ пурсамар фаъолият дорад. Қариб як моҳ пеш дар шаҳри Самарқанд шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон ташкил карда шуд. Блоз шаш нафар адибони тоҷик ба узвияти ин Иттифоқ қабул карда шуданд. Дар телевизион ва радиои марказӣ ва баъзе вилоятҳои барномаҳо ба забони тоҷикӣ пахш мешаванд. Ҳоло дар сохтори маориф таҳсил ба 7 забон (ўзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ, қароқалпоқӣ, қазоқӣ, туркманӣ , қирғизӣ ) ба роҳ монда шудааст. Забони матбуот, нашриёт, телевизиону радио низ гуногун аст. Бояд гуфт, ки суботи сиёсӣ, осудаҳолии муносибатҳои байнимиллӣ ва байниконфессиявӣ муваффақияти бузурги Ўзбекистони нав аст. Дар замири ин дастовардҳои Ўзбекистони нав сиёсати инсонпарварона ва сулҳхоҳонаи раҳбари кишвар Шавкат Мирзиёев нақши бузурги сарнавиштсоз мебозад.
Шоқаҳҳор Салимов, ш. Тошканд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: