Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

21-07-2021, 09:38
Хабарро хонданд: 610 нафар
Назарҳо: 0
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?
Дар зиндаги ҳодисоту воқеоти номатлубе рух медиҳанд, ки ғайри хиҳиши инсони ба вуқуъ мепайванд ва ба мардум даҳшат, фанопазирӣ, зиёну фоҷиаҳои мудҳише меоранд. Имрӯз падидаи баде, ки ҷаҳонро зери хатар гузоштаасту башарият атрофи пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои нохуши он тадбир меандешанд, бемории сироятии коронавирус мебошад. Ин бемории сироятӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ тавонист, ки ҷони зиёда аз сею ним миллион аҳли башарро рабояд ва оламиёнро ба таҳлука оварад.

Мутаассифона ин беморӣ ба диёри мо низ ворид шуда таъсири бади худро гузошт ва даҳҳо нафар шаҳрвандони мо қурбони ин бемории мудҳиш гардидаанд. То имрӯз бемории Каронавирус дар тамоми дунё сайр карда ҳукмфармоӣ дорад. Чанд рӯз пештар дар истгоҳи нақлиёти мусофирбар шоҳиди суҳбати ду зани солор шудам. Яке ба дигаре мегуфт:
- Шунидӣ, имрӯз ҳунарманди шинохта Қурбоналӣ Раҳмонов дар беморхонаи “1-ум советский”аз бемории каронавирус вафот караанд.
- Сад афсӯс, сарояндаи хуб буданд, Худо раҳмат кунад. Ин чӣ балое буд, ки ба сари мардум омад?– афсус хӯрда гуфт ҳамсуҳбаташ.
- Аҷибаш он аст, ки ин беморӣ бештар ба номварони мо зиёни худро мерасонад - гуфт зани аввала ва илова кард- бубинед дар давоми як сол чӣ қадар ҳунармандони мо аз ин беморӣ фавтиданд. Ҷурабек Назриев, Ҷамшед Исмоилов, Раҳмондӯсти Қурбониён,Қурбоналӣ Абдуллоев, Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абудулқайсов, Қурбоналӣ Раҳмонов ва боз чандин нафарони дигар...
- Рост мегӯед дугона, равонашон шод бод, аммо номбар накунед, ин хосияти бад дорад- гуфт зани дуюм.
... Бале, дар ҳақиқат дуруст мегӯянд, ин занҳо, воқеан таи ду соли охир ҳунармандони зиёди диёрамон ба бемории каронавирус гирифтор шуда, аз ин дунё рехлат бастаанд. Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Мавлуда Обидова, Савринисо Сабзалиева, Қиёмиддин Чақалов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Назримад Мусоев ва боз чандин нафарони дигар, ки бо ҳунар ва истеъдоди фитрии худ дар дили ҳазорон нафар роғибони санъат маскан гирифта буданд.
Албатта вафоти нобаҳангоми ҳунарманде, ки бо ҷиллои ҳунараш ҳазорон қалбҳоро тасхир кардааст барои роғибон зарбаи ниҳоят сахти равонӣ дорад. Аз он хотираҳо зудуда ва қалбҳо ранҷур мегарданд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё шахси азизамонро гум кардаем. Ва чунин ҳам ҳаст, зеро мо дар ҳавои ҳунари онҳо ба воя мерасем ва ҳунари онҳоро ҳамеша пазиро мебошем.
Бо тақозои фаъолияти кориам тули 25 сол бо бисёре аз ҳунармандон ҳамкорӣ кардаам ва аз ҳунару маҳорат, хислату шахсияти онҳо аз наздик огаҳӣ доштам. Таи 3 сол (1990-1993) дар шуъбаи адабиёт ва драмаи Радиои Тоҷикистон ва 22 сол (1993-2015) дар идораҳои барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқии Телевизиони Тоҷикистон кор кардаам. Дар давоми фаъолияти кориям дар бораи фаъолият ва ҳунари бисёре аз онҳо барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва радиоӣ таҳия намуда, пешкаши тамошобинон гардонидам. Аз ҳамкорӣ бо онҳо хотираҳои зиёде дар ёди ман боқӣ мондааст ва онҳо дар дафтари зиндагиномаам абадан нақш бастаанд.
Ростӣ чанд моҳ пештар фаҳмидам, ки мавҷи “куруно” риштаи ҳаёти ҳунарманди шинохтаи мо Соҳибсултон Алиназароваро ҳам канда кардааст. Шунидани ин хабари шум бароям хеле гарон буд, зеро он кас дар телевизион таи чанд сол бо мо ҳамкорӣ дошт.
Соҳибсултон Алиназарова инсони барнодил, хушзавқ ва қалби дардошное доштанд. Дар ҳамон солҳо ӯро “ Холаи афсонагуяк”- гуфта ном мебурданд, зеро дар телевизион барои кӯдакон ҳар шаб афсона мегуфт. То ҳанӯз садои ҷаззобу табассуми малеҳаш аз пеши назарам дур намешавад. Равонат шод бошад, апаи Соҳибсултон.
Ёд дорам, аввали солҳои 90 бо гурӯҳе аз нависандагон ва чанд ҳунармандони театр ба ноҳияи Восеъ сафар доштем. Дар байни онҳо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов ҳам буданд. Ман он вақт дар телевизион журналисти навкор будам. Дар роҳ бори аввал бо Убайдулло Раҷабов ҳамсуҳбат шудам. Рости то он дам он касро ҳамчун ҳунарманди ҳаҷвнигор мешинохтам, аммо зимни суҳбат пайхас намудам, ки ӯ на танҳо ҳунари волои ҳаҷвнигорӣ дорад, балки дониши олимона дошта, аз тамоми паҳлуҳои санъат, адабиёт ва таърих бархурдоранд. Суҳбаташон самимӣ ва таъсиргузор буд, Дар роҳ ҳар ҷое, ки автобусамон ист мекард, Убайдулло Раҷабов бо видеокамерааш ба берун баромада, ҳар гуна манзараҳоро бошавқ наворбардорӣ менамуданд. Ман ба ӯ ва ҳаракатҳои наворбардорияшон бо шавқ нигоҳ мекардам.Магар нигоҳҳои маро пайхас карданд, ки наздам омада гуфтанд:
-Додар наворбардорӣ ҳам ҳунар аст ва на ҳар кас наворӣ хуб бардошта метавонад – ва дар бораи шаклҳои наворбардорӣ, паҳлуҳои кории он чунон моҳирона нақл карданд, ки гумонам дар паҳлуям наворбардорӣ касбӣ истодааст. - Як бор ба атроф назар кунед ва бинед, ки чи қадар зебоӣ моро иҳота кардааст. Парастидани зебои инсонро солим нигаҳ дошта, руҳашро болида мегардонад – дар охир шӯхиомез гуфтанд он кас.
Шояд он вақт чавон ва камтаҷриба будам, ки ба ин гуфтаҳо на он қадар сарфаҳм рафтам, аммо баъдтар дарк кардам,ки зебопарастон эҳсоси олӣ доранд ва нигоҳашон аз нигоҳи мардумони оддӣ фарқ мекунад. Онҳо ҳар як падида, руйдод ва зуҳуроти атрофро ба зуди пайхас карда, ба назари худ мебинанд.
Баъди вафоти ҳунарманди дустдоштаамон аз осмони фарҳанги тоҷик ситорае канда шуд. РӯҲашон шод бошад...
Паи ҳам аз бемории “Ковид-19” фавтидани сарояндаҳои шинохтаи тоҷик Ҷурабек Назриев, Ҷамшед Исмоилов ва Қурбоналӣ Раҳмонов ҳазорон қалбҳоро шигифту маҳзун намуд. Садҳо ҳазор нафар муштоқони санъати нотакрори онҳо аз марги нобаҳангоми ин ҳунармандони нотакрор афсӯс хӯрда хун мегиристанд. Яке аз фарзандони шодравон Ҷурабек Назриев нисбат ба вафоти Қурбоналӣ Раҳмонов дар дафтари интернетияш чунин навиштааст ” Дод аз дасти фалак! Боз як андуҳи бузург пайгири оилаамон шуд. Шогирди падари зиндаёдам Ҷурабек Назриев Қурбоналӣ Раҳмон олами ҳастиро падруд гуфт ва қалбҳои моро пурхуну афсурда намуд. Ин хабари фоҷиаомез барои аҳли хонадони мо андуҳи азимест. Қурбоналӣ Раҳмонов дар осмони санъати мусиқии тоҷик ситораи ниҳоят рушане буданд. Равонаш шоду ёдаш ҷовидон бод”.
Оре, аз ин дунё рехлат карда рафтани инсон агарчӣ амри ҳақ бошад ҳам, аммо бардошти он барои наздикону пайвандону дӯстон бори ниҳоят гарон аст. Аммо инсон дорои ақлу заковат буда, ҳама пастиву баландиҳои ҳаётро бо ёрии фаросати инсонияш натиҷагири намуда, дар мизони заковаташ бар мекашад ва таҳаммул мепазирад.
Марги ҳунарманди маҳбуби мо Қурбоналӣ Абдуллоев ҳазорон хотираҳоро мушаваш гардонида, дидаҳоро гирён кард. Ӯ аз зумраи он ҳунармандоне буданд, ки ҳунари воло ва услуби хоси сарояндагӣ доштанд. байни мардум Сурудҳояш “Қишлокаки ман”, “Модар”, “Куҷо мерай”, Алвидоъ” ва даҳҳо сурудаҳои дигараш мақбули ҳамагон гашта буданд. Қурбоналӣ гӯё наздик будани маргашро медонист, ки як сол пештар дар саҳифаи фейсбукияш чунин навишта буд:” Имӯз 12 майи соли 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Ба ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисонам ташаккур мегӯям. Шояд нафароне аз ман озурда шуда бошанд, умед дорам, ки дар даҳаи махфирати моҳи шарифи Рамазон маро мебахшанд. Боқи офаридгор нигаҳбонатон бошад”.
Пас аз хондани ин сатрҳо кас мазмуни фаҳмо ва маънии нофаҳмоеро дарк карда ба худ савол медиҳад. “Чаро ӯ тарки саҳна кард ва ин пешгӯи аз куҷо пайдо шуд?”.
Иддае ақида доранд, ки инсон маргашро пештар дарк мекунад ва шояд ҳамин хел ҳам бошад.
Дар хулосаи навиштаҳоям гуфтаниям, ки солҳои 2020 – 2021 барои санаъти тоҷик соли ноамне буд, зеро дар ин солҳо якчанд ҳунармандони номвару номдор моро тарк гуфтанд ва мавҷи ин вабои аср зиндагиномаи мардумро талх гардонд. Аммо ҳаминро бояд гӯям, ки ҳунармандони асил ҳеҷ гоҳ намемиранд, балки ҳунари онҳо, эҷодашон номашонро ҳамеша ҷовид нигаҳ медорад.
Мард намирад ба марг, марг аз у ком ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Тағоймуроди Орифӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: