Шаҳритус: Ташвишу тараддуди рӯз15-07-2021, 11:14
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Маркази ҷанубтарин ноҳияи кишвар – Шаҳритус моро бо ҳавои тафсон пешвоз гирифт. Муҳити кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ки дар як бино бо чанд идораи дигар ҳамнишин буданд, низ ҳамин ҳолатро дошт. Аз се ҳуҷраи кории ҳизбиён фақат дар яке бодбезак тоб мехӯрд ва ҳавои фазои корро каме тағйир медод. - Ҳама кӯшишамон барои ҳарчӣ тезтар ба охир расонидану ба бинои нав кӯч додани коргоҳамон аст, пас аз салому алейк сухан оғоз кард раиси кумита, Ҳомидшо Шарофзода, ки маълум буд, бо як по инҷову бо пои дигар назди коргарони машғул ба кор дар сохтмони бинои нав аст. - Сохтмонро қариб тамом кардед? – пурсидам барои мавзӯъро такмил додан. - Ҳоло бо ҳам меравем ва бо чашми худ мебинед, қариб ба охир расонидем, аммо боз ҳам корҳое мондааст, ки маблағ мехоҳад, чанд дар харидан лозим, бар илова корҳои зиёди пардоздиҳиву ороишӣ –барои ҳамаи ин вақту шароит ва маблағ лозим аст. Ба ҳар сурат азм дорем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлол пурра тайёр мешавад. Баъд барои кори танзими ҳуҷҷатгузориву ба тартиб овардани фаъолияти дохилиҳизбӣ шароити беҳтар фароҳам мешавад. Ба коргоҳи раис нигоҳ мекунам ва мебинам, ки як даста Сипосномаву Ифтихорномаҳои кумиҷроия ва канори дигар китобу санадҳои ҳизбӣ рӯи мизи паҳлуии ин ҳуҷраи хурд гузошта шудаанд. Аз дилам мегузарад, ки ҳизбиён дар ҳақиқат барои кӯчидан ба манзили васеъву шароити беҳтар ниёз доранд. Паси мизи кории раиси ҳизб суҳбати мо оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти ташкилот, ҳолати ҳаракати аъзо, саҳми ташкилотҳои ибтидоӣ дар иҷрои нақшаву барномаҳои сиёсиву фарҳангии ноҳия давом меёбад. Роҳбари ҳизбиёни ноҳия ёдовар мешавад, ки ӯ ба кори ҳизбӣ бо таҷрибаи кори чандсола дар идораҳои давлатӣ дар соли 2018 гузашта буд. Ҷойи охирини кораш то ба замони раиси кумитаи иҷроияи ҳизб интихоб шудан идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия буд. - Таҷрибаи кор дар ҳамин идораҳо имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбиро ба ҳолати корӣ баргардонем. Ба навбати аввал шакли электронии ҳисобу ба қайдгирии аъзоро ба роҳ мондем ва ин раванди назорат ба ҳаракати аъзоро осон кард. Бар асоси ин меъёр ташкилотҳо ҳар се моҳ дар ин бора бояд ҳисобот пешниҳод мекарданд ва ин ҳам як навъ ҷорӣ кардани усули шаффофият дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ буд. Ҳоло ҳамин системаи полоиш ё филтр кардани аъзои ҳизб на фақат дар ташкилотҳои мо, балки дар саросари вилоят истифода мегардад, ки барои беҳбудии корҳоямон мусоидат хоҳад кард. - Дар робита ба назорати аъзои ҳизб фармони муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ки соли гузашта ба имзо расид, дасти моро дар масъалаи назорати ҳаракати аъзо дар ташкилотҳо бештар боз кард,- гуфт раис ва афзуд: - Акнун мо имкон дорем, дар ҳар ташкилоти ҳизбӣ фаъолияти ҳизбро амиқтар таҳлил ва вазъияти дохилиҳизбиро зиёдтар баррасӣ намоем. Дар ҳамон оғози кор маълум гардид, ки дар ташкилотҳо қариб 2 ҳазор нафар танҳо ба ном аъзои ҳизб ҳастанд. Чун узвият ба ҳизб масъулият ва шароити хос дорад, мо аз раисони корхона ва хоҷагиҳо ба тартиб овардани ин масъаларо талаб кардем. Аз сӯйи дигар, дар ҳоли ҳозир боз ҳам 30 дарсади аъзои мо аз ҳисбои аҳолии деҳотанд. Ин ҳам душвориҳоеро пеш меорад. Тавре медонед, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки миқдоре аз аъзои мо аз он ҳисоб ҳастанд, музди меҳнати собит нест ва ин иҷрои саривақтии шарти ҷамъоварии аъзоҳаққиро душвор мекунад. Баъдтар ман дар ҳисоботи шашмоҳаи кумитаи иҷроия хондам, ки ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар ин маврид тарзи нави кор бо аъзои ҳизбро пеш гирифтаанд. КИ бино ба дастуру супоришҳои роҳбарияти марказӣ, кумитаи вилоятӣ ва нақшаи кор барои соли 2021 ҷиҳати беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби ҷонибдорон ҷалб намудани на кам аз 10 нафар аъзои нав, аз ҷумлаи шахсони салоҳиятнок ва дорои қобилияти пардохти ҳаққи узвият ба ҳизб ва бо мақсади зиёд намудани аъзои ҲХДТ аз январ то охири июни соли 2021 дар ташкилотҳои ибтидоӣ иқдомҳоеро ба иҷро расонид. Аз он ҷумла, дар шашмоҳаи якуми соли 2021, яъне моҳи январ 44 нафар, феврал-53, март – 54, апрел-56, май-50 ва дар моҳи июн-52 нафар, дар маҷмӯъ 309 нафар ба сафи ҲХДТ қабул шудаанд. Тавре аз ин омор мебинем, тамоюли қабул ба ҳизб рӯ ба афзоиш буда, дар муқоиса нисбати омори ҳамин давраи соли 2020, ки 259 нафар буд, 50 нафар зиёд аъзои нав қабул шудааст. Дар ин муддат, бо сабаби аз ҳудуди ноҳияи Шаҳритус баромада рафтан, 4 нафар аз қайд бароварда шуда, 5 нафар бинобар сабаби фавт узвияташон дар ҲХДТ қатъ гардид. Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар аз қайд бароварда шуда ва шумораи аз ҳизб хориҷшудаҳо зиёдтар буд. - Масъалаи узвият бо бахши дигари фаъолияти ҳизбӣ – ҳолати ҷамъоварии аъзоҳаққӣ сахт пайвандӣ дорад,- шарҳ дод Шарофзода ва таъкид намуд: - Ба ҳамин сабаб буд, ки мо аз оғози фаъолияти худ ба дақиқ кардани шумораи аъзо таваҷҷуҳ кардем. То корамон дар бахши баҳисобгирии аъзо ва ҷамъоварии ҳаққи узвият осон шавад. Ҳоло мо чӣ натиҷаҳое дар даст дорем? – савол медиҳад роҳбари ташкилоти ноҳиявии ҳизб ва худ бо рақамҳо ҷавоб медиҳад: - Дар шашмоҳаи якуми соли 2021аз ҳисоби ҳаққи узвият 201282 сомонӣ ба ҳисоби ҳизб ворид гаштааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2020 58532 сомонӣ зиёд мебошад. Сипас, омори дигаре низ ба мо пешниҳод гардид, ки аз афзоиши сол ба соли ҳаҷми маблағҳо гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, тибқи ҷадвале, ки ба дасти мо расид, КИ аз ҳисоби ҳаққи узвият дар солҳои 2018, 2019 ва 2020 солона ва мутаносибан 190555 сомонӣ, 329076 сомонӣ ва 338163 сомонӣ ҷамъ кардааст, яъне тамоюл тайи ин муддат рӯ ба афзоиш мебошад. Дар ҳоле, ки шумораи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ дар ин муддат якбора қариб 2 ҳазор нафар кам гардида буд. Чизи дигари ҷолиб ин аст, ки ба ҳолати январ теъдоди аъзои пардохткунанда 3369 нафар буд ва дар июни соли ҷорӣ шумораи пардохткунандагони ҳаққи узвият 3625 нафарро ташкил медиҳад. Яъне дар амал аъзои ҳизб ба ҳамин миқдор буда, аз онҳо пардохткунандагони буҷетӣ 3407 нафар ё 94% ва пардохткунандагон аз ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 218 нафар, ки 6% -ро дар бар мегиранд. Пас, мо имрӯз дар ташкилотҳои худ, дар умум 3625 нафар аъзо – пардохткунандагон дорем, - хулоса кард раис. - Дар муқоиса, нисбати ҳамин давраи соли 2020 шумораи пардохткунандагон боз ҳам 365 нафар зиёд мебошад. Дар натиҷаи ҳамин фаъолияти ҳисобшуда буд, ки мо тавонистем уҳдадориҳои худро сари вақт иҷро кунем ва ҳолати молиявиамонро ба сатҳи нав бардорем, натиҷа ин шуд, ки КИ ноҳиявии ҲХДТ то июни имсол аз пардохти ҳаққи узвият дар назди КИВ қарздор намебошад. Корҳои ташкилӣ ва оммавӣ бахше аз фаъолияти ҳизб Ба монанди ҳар ташкилоти дигари ҲХДТ, гурӯҳҳои таблиғотии ҳизбиёни Шаҳритус дар иҷрои нақшаи КИ ҳизб дар вилояти Хатлон фаъол буданд. Дар баробари амалӣ шудани барномаҳои муҳими сиёсӣ, инчунин, дар амалкардҳо ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, сафарбар намудани ҷавонон ба Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона доштанд. Ин дар ҳоле буд, ки дар дохили ҳизб иқдомҳое барои «Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ», «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» - бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, таваҷҷуҳ ба тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ» дар шашмоҳаи соли 2021 бо ҷалб ва ташабуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир шуд. Дар ин муддат, гурӯҳҳои таблиғотӣ дар 89 ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои ҳудуди ҷамоат нишасту вохӯриҳо баргузор карданд. Раиси КИ барои мисол гуфт, ки тайи ин муддат, 124 вохӯрӣ бо фарогирии 34524 нафар сокин доир шуд, ки ин омор нисбати ҳамин давраи соли 2020 хеле фарқ мекунад, зеро дар чунин як давра дар соли гузашта фақат 24 вохӯрӣ доир гардида буд, ки фарогири 23903 нафар буд. Обунаро ҳам ба тарзи нав ба роҳ монданд Чун сухан аз хусуси рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ рафт, сарвари ташкилотҳои ҳизбии ноҳия чунин шарҳ дод, ки дар Шаҳритус маблағи обуна барои нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ ” ва “Ҳамрози халқ” дигар аз тариқи почта не, балки якбора ба худи ҳисоби ҳизб пардохт мешавад. Ба ин сабаб буд, ки ҷадвали обуна ба ин ду нашрия аз рӯйи нақша пеш меравад. Агар соли гузашта саҳмияи КИ барои 800 нусха “Минбари халқ” буд, имсол 1600 нусха ва барои соли 2022 1750 нусха пешниҳод шудааст. Дар баробари ин, ҳизбиён 750 нусха обуна ба нашрияи “Ҳамрози халқ”- ро ҳам бояд дошта бошад. Раис барои муқоиса бо ҳисбокунак - калкулятор сметаи тамоми нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар ноҳияро ҳисоб мекунад, ки ба 225 ҳазор сомонӣ баробар мешавад. – Сметаи нашрияҳои ҳизбӣ низ дар ноҳия ба ҳамин миқдор аст, - таъкид мекунад ӯ. Мо вазъияти аҷиби ҷуғрофиёӣ дорем, ба нақшаи ноҳия ишора карда, гуфт раиси КИ. – Аз ҷануб бо вилояти Хулми вилояти Балхи Афғонистон – дар ҷанубу ғарб бо Ӯзбекистон, ноҳияи Носири Хусрав, минтақаҳои шимоли ноҳияи мо бо ноҳияи Турсунзода, дар шарқ бо ноҳияи Қӯбодиён ва дар шимолу шарқ бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳаммарз ҳастем. Ин ҳама вусъати корҳои идориву ҳизбии моро мушкил мекунад. Бо вуҷуди ин, кӯшиш дорем, ки фаъолияти ташкилотҳои худро дар тамоми ноҳия густариш диҳем ва бо ҳамаи қишрҳои сокинон робитаи наздик дошта бошем. Барои маълумот ба онҳое, ки боре ба ин ноҳия нарафтаанд, илова бояд кард, ки Шаҳритус дар водии дарёи Кофарниҳон ва дар шохоби рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Шиносоӣ бо бинои ҳизбӣ Бинои нави ҳизб ҳам дар марказ, чанд метр дуртар аз маҳали имрӯзаи КИ ҲХДТ воқеъ аст. Вақти боздид мо гурӯҳе аз коргаронро машғули иҷрои корҳои таъмиру пардоздиҳӣ дидем. Шарофзода моро бо сохтмон шинос карда, ҳуҷраҳои навсохтро нишон дод, ки ҳар яке барои бахшҳо мушаххас шуда буд. - Ана ин толор барои маҷлису ҷамъомадҳои фаъолон аст. Барои кормандони бахшҳо ҳуҷраҳои алоҳида пешбинӣ кардаем. Дар маҷмӯъ, бино аз 7 ҳуҷра иборат аст. Пас аз пӯшонидани бому бо семент ловидани деворҳо ва шинонидани тирезаҳо хаёл кардам кор тамом мешуда бошад, аммо мебинам боз корҳое бо харҷи зиёд дар пеш аст, - шарҳ медиҳад раис. Маълум шуд, ки бино фақат аз ҳисоби як сотих замини ҷудошуда, аз як ҳавлии шахсӣ сохта мешавад. – Ман вақте ба кор омадам, таҳкурсӣ (фундамент)- и бино рехта шуда буд. Мо дигар илоҷ надоштем ва корро болои он идома додем. Ҳол он ки замин бо масоҳати андак бештар ва бо шароити хубтарро дар ҳамон давра дар ҳамин кӯчаи марказӣ пайдо ва барои сохтмон ҷудо карда гирифтан мумкин буд. Аммо фурсатро аз даст дода будем. Тангии ҷойро мо пас аз мавриди истифода қарор додани сохтмон зиёдтар эҳсос хоҳем кард,- таъкид кард ӯ. Дар ҳақиқат, чуноне ба чашм мерасид, девори ду тарафи бино ба девори ҳавлии ҳамсояҳо ва девори дигари он ба сохтмони ҳамшафат, ки бинои як корхонаи соҳаи маишӣ аст, часпида буд, фақат тарафи пеш ба сӯи кӯча боз буда ва он ҳам аз роҳи умумӣ ҳамагӣ чанд метр фосила дорад. Ноҳия аз шаҳрак, ки маркази маъмурӣ аст ва панҷ Ҷамоати деҳот: Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров,Обшорон, Пахтаобод, Сайёд ва ҷамоати ба номи Холматов иборат аст. Бар асоси омори манбаъҳои хабарӣ, Шаҳритус, аз ҷумлаи ноҳияҳои сернуфуси ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Он соли 1930 таъсис шудааст. Тибқи саршумории соли 2020 ин ноҳия зиёда аз 125 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд. Ноҳия асосан соҳаи рушкардаи кишоварзӣ ва дар қисматҳое бо рушди бахши чорводорӣ мебошад. Шаҳритус дар 201 километрии ҷанубу ғарби Тоҷикистон дар соҳили дарёи Кофарниҳон аз як сӯ ва аз тарафи дигар шохоби рӯди Панҷ, дар 112 километрии ҷануб- ғарби Бохтар воқеъ аст. Дар ду километрии дурӣ аз ноҳия роҳи оҳани Бохтар – Термиз мегузарад. Ана ҳамин гуна аст, шароити кори ташкилоти ҳизбие, ки мо дар борааш нақл кардем. Дар саросари кишвар агар ба нуқтаи гармтарини фасли тобистон ишора карданӣ шаванд, маҳз ноҳияи Шаҳритусро ном мебаранд. Имрӯз ҳам агар ҳароратсанҷ натиҷаи қариб 50 ва аз он зиёдро нишон медиҳад, ин ҳамон ҳолати муқаррариест, ки сокинони ноҳия дар он машғули кор дар майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар байни растаниҳои полизӣ мебошанд. Аъзои ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ҳам дар ҳамин шароит кору пайкор дошта, аз ҷумлаи қишри фаъоли сокинони ноҳия ҳастанд. Солеҳ ЮСУФОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.