Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сохтмон - рамзи ободӣ

Сохтмон - рамзи ободӣ

25-06-2021, 16:45
Хабарро хонданд: 10074 нафар
Назарҳо: 1
Сохтмон - рамзи ободӣ
Бале, сохтмон рамзи ободӣ, некуаҳволӣ ва рушду зебоии ҳар кишвар аст. Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба мамлакати ободу шукуфон мубаддал гаштааст. Солҳои охир шаҳри Душанбе бо биноҳои муҳташам ва хуштарҳу рангорангаш бо пешрафтатарин шаҳрҳои дунё дар зебоӣ рақобат пайдо кардааст. Яке аз чунин иншоотҳои сохтмонӣ бинои маъмурии КИМ ҲХДТ мебошад, ки дар кӯчаи Айнӣ қомат афрохта, шаҳомоти хосае дорад. Мо бо сардори минтақаи сохтмонии бинои маъмурии КИМ ҲХДТ Аҳмадҷон Ҳасанов ҳамсуҳбат шудем.
- Саравал мехостам дар бораи оғози сохтмони бинои маъмурии КИМ ҲХДТ маълумот диҳед.
-Имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ бунёди биноҳои замонавӣ бомаром идома доранд. Ташаббускори азнавсозиҳо, илҳомбахши сохтмони иншоотҳои азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд. Маҳз бо ташаббуси Сарвари муаззами мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2019 сохтмони бинои маъмурии КИМ ҲХДТ оғоз ёфт. Мувофиқи лоиҳаи бунёди бино масоҳати умумии он 0,75 гектарро дар бар гирифта, аз 13 ошёна иборат аст. Ошёнаҳои бино аз дафтарҳои корӣ, утоқҳои техникӣ, толорҳои зебову барҳаво барои гузаронидани маҷлису вохӯриҳо иборат буда, ба тарзи замонавӣ сохта шудаанд. Бояд тазаккур диҳам, ки бинои мазкур дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари пойтахтамон қомат афрохта, бо сохти меъмории худ ба шаҳр зебоӣ мебахшад.
- Яъне, аллакай сохтмони асосии он ба итмом расидааст?
-Бале, мо аллакай сохтмони асосии биноро ба итмом расонидем ва алҳол сохтмончиён ба корҳои пардоз додани бино машғуланд. Инчунин мувофиқи лоиҳаи сохтмонии пешниҳодшуда тасмим гирифтаем, ки атрофи биноро низ обод намуда, ба он шаҳомоти нав бубахшем.
Дар сохтмони бинои мазкур пуррамасолеҳи сохтмонии ватанӣ истифода шудааст, ки сифати баланд доранд.
Инчунин сохтмончиёнро мо аз рӯи ҳунару собиқаи корӣ доштанашон ба кор қабул кардаем ва агар ин мазмунро пурратар баён созем, коргарони мо соҳибихтисосанд, зеро сохтмончӣ касби наҷибу пуршараф маҳсуб ёфта, аз инсонҳо на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокорӣ ва масъулияти баланд талаб менамояд. Дар давраи сохтмони асосӣ дар мо бинокороне меҳнат карданд, ки таҷрибаи хуби корӣ доштанд. Бештари корҳои сохтмонӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ сурат гирифтааст.
- Пас хизмати соҳибкорони ватанӣ дар анҷом додани корҳои сохмонӣ зиёд аст?
-Дар доираи раванди созандагию бунёдкорӣ, ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мамлакати мо садҳо иншооти наву замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки бозгӯи густариши бахши меъморию шаҳрсозӣ дар кишварамон мебошад. Бахусус дар ободии диёрамон иддае аз соҳибкорони ватанӣ нақш ва мавқеи хуб доранд.
Дар сохтмони бинои мо низ, аз рӯзҳои аввали оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ якчанд ширкату ҷамъиятҳо саҳм гузоштанд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои ман”, “Сарманзил”, ”Элитстройсервис”, ҶСК “ Авитсенна” бо маром дар корҳои сохтмонӣ ширкат варзида, сохтмони асосии биноро пурра анҷом додаанд ва имрӯз машғули корҳои пардозгарӣ мебошанд.
- Корҳои пардозгарии бино дар кадом сатҳ қарор доранд?
-Иддае аз мардум андеша мекунанд, ки кори асосӣ барои бинокор ин сохтани бино аст, аммо дар асл ин тавр нест. Албатта, сохтани бино масъуияти баландро тақозо дорад, аммо пардоз додани он, яъне ба дохил ва ба беруни он зебоӣ бахшидан аз сохтмончиён масъулияти зиёдро талаб мекунад. Дар пардоз додани бино сохтмончӣ - пардозгар ҳамчун рассом бояд нигоҳи баланди эҷодӣ дошта бошад.
Хушбахтона, таи солҳои охир аз байни ҷавонони мо меъмор-дизайнерҳое пайдо шудаанд, ки қобилияти фавқулодаи ороиш додани биноҳо ва боғу кӯчаҳоро доранд. Алҳол корҳои пардозгарӣ дар дохили бино идома дорад ва мақсад дорем, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда корҳоро ба итмом расонем.
- Дар поёни суҳбат, мехостам назари шуморо дар бораи омезиши санъати меъмории шаҳрсозии аврупоию шарқӣ ва истифодаи он дар сохтмони биною иморатҳои пойтахтамон фаҳмам.
-Солҳои охир омезиши санъати меъмории шаҳрсозии аврупоию шарқиро дар сохтмони биною иморатҳо ва дигар иншооти ҳозиразамон дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриямон бараъло мушоҳида мекунем.
Бубинед, имрӯзҳо дар маркази пойтахтамон чи қадар биноҳои муҳташаму замонавӣ бо усули омезиш додани санъати меъмории ғарбу шарқ сохта шудаанд. Чунин биноҳо тарҳи аҷиб дошта, хеле муъҷазу назаррабоянд ва кас пас аз дидани онҳо ғановати тозаи маънавӣ мегирад.

Садаи XXI, ки асри пешрафту дигаргуниҳои куллист, мо бинокорон қобилият, дониш ва имконияти зеҳнию касбии худро барои беҳтар кардани рӯзгор, мушарраф гардидан ба зиндагии шоиста ва рушди иқтисодиёти миллии давлатамон мебахшем.Дар ин росто, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакат, таъмини шароити арзандаи зиндагии мардуми сарзамин ва муваффақ гардидан ба дастовардҳои беназири меъморию шаҳрсозӣ бо нияти пок, дили гарм, бозуи қавӣ ва умед ба фардои дурахшони сарзаминамон - Тоҷикистон содиқона меҳнат мекунем ва рисолати мо бинокорон бунёдкорию созандагист.

Т. Орифӣ
















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Wendell 27 июня 2023 22:12
Perfecto. Si buscas las mejores herramientas low cost para equipar
tu casa, Reformas Talavera web Web tiene lo que necesitas.
Cuentan con productos de todas las categorнas y de
las mejores marcas a los precios mбs bajos, con envнos rбpidos
y un servicio de atenciуn al cliente eficiente.https://www.reformastalaveraweb.com/
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: