Шикасти Мусаддиқ31-05-2021, 11:07
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Рӯйдодҳои таърих Бо гузашти зиёда аз чил сол аз Инқилоби исломии Эрон (феврали соли 1979) саҳифаҳои тозае аз таърихи мудохилаи идораҳои ҷосусии ғарб дар самтдиҳии рӯйдодҳои ин кишвар боз мешаванд, ки гувоҳи даст доштани хориҷиҳо дар ҳар рӯйдоди бавуқӯъомада дар кишварҳои минтақа аст.Аммо мақсад аз таҳияи ин мақола шарҳи Инқилоби Эрон набуда, нақл дар бораи табаддулоти давлатии соли 1953-и Эрон аст. Ангезаҳо ва омилони ин табаддулот замоне маълум гардиданд, ки чанде пеш Лондон аз гузоришҳои махфии вобаста ба Эрон, нақши идораҳои ҷосусии МИ-6 (Британия) ва идораи марказии разведка (ИМА) нишони махфиятро бардошт. Бино ба навиштаҳо, ҷосуси идораи разведкаи МИ-6, ки дар ҳамон рӯзҳо амалиёти рамзии "Аякс"-ро роҳбарӣ мекард, ба Лондон гузориш додааст, ки барои ҷалб ва бовар кунонидани идораи ҷосусии Иёлоти Муттаҳида бар зарурати иштирок ва дастгирӣ аз тарҳи табаддулот дар Эрон вақти зиёд лозим буд. Дар ҳоле ки худи МИ-6, агентҳо (ҷосусон)- еро ба иҷрои ин амал ҷалб карда,баъзе аъзои Маҷлиси Эронро ҳам харида буд. Ин пулҳо ба Теҳрон ба таври қочоқ дардохили банкаҳои тунукагӣ, ки гӯё маводи ғизоӣ дошта бошанд, ҳамчун бори дипломатӣ ворид гардида, мавриди тафтиш қарор намегирифт. Хоҳари Шоҳро ба ҳамкорӣ даъват карданд Тибқи гузориши расонаҳои ғарбӣ, ки «Гардиан» (нашрияи британиягӣ) аз ҷумлаи онҳост, MИ-6 ва СРУ он вақт хеле кӯшидаанд, ки Ашраф Паҳлавӣ, хоҳари Ризо Шоҳ Паҳлавиро ҷалб кунанд, то шоҳро, ки дар ибтидо якравиҳо дошт, барои табаддулот ва сарнагун кардани ҳукумати Муҳаммад Мусаддиқрозигиашро бигиранд. Мусаддиқ сарвазири бо роҳи демократӣ интихобшудае буд, ки дар ин кишвар аз соли 1951 то 1953 ҳукуматро дар ихтиёр дошт. ШоҳМусаддиқро апрели соли 1951 пас аз дастгирии аксари аъзои маҷлис, парламенти Эрон сарвазир таъйин кард. Яке аз нахустин иқдомҳои Мусаддиқ он буд, ки ширкати англисию эронии нафтро миллӣ эълон кард ва ин амал боиси пеш омадани буҳрони шадид дар муносибатҳои Лондон бо Теҳрон шуд. ӯ яке аз роҳбарони ҷунбиши миллӣ шудани саноати нафти кишвараш буд. Мусаддиқ сиёсатмадор, ҳуқуқуқдон ва иқтисодшинос,ҳашт даъват намояндаи мардум дар Маҷлиси Шӯрои миллӣ, остондор, вазири хориҷӣ, дар ниҳоят сарвазири Эрон буд. Пас аз интихоб шудан, иқдомҳоеро барои кам кардани дахолати англис дар сиёсати дохилии Эрон ба иҷро расонид, ки бастани ҳама консулгариҳои Британия дар кишвар яке аз ин корҳо буд. Бино ба назари коршиносон, ин амал, сабаби таҳия ва мавриди иҷро қарор гирифтани иҷроиши амалиёти барканориаш гардид. Нақшаи амалиёт «Забти нуқтаҳои муҳими шаҳр аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии вафодори шоҳ, аз ҷумла забти бинои радио ва ғайраро дар бар мегирифт,ки як кори маъмулӣ дар ҳартабаддулот аст», - баъдтар дар суҳбат бо матбуот ба ёд овардааст Норман Дарбишир, сардори идораи MИ -6 дар Теҳрон, ки амалиёти сарнагун кардани сарвазири Эронро таҳия карда буд. Ба навиштаи таърихнигорон, агарчӣ аз даст доштани Лондон дар амалиёти номбурда дар Теҳрон бохабар буданд, аммо ҷузъиёти он солҳо номаълум буд то замоне, ки Дарбишир худ ҷузъиёти мушаххаси нақшаи «Aякс»-ро ифшо накард. Мусаддиқ соли 1967 даргузашт ва Дарбишир, ки дар сарнагун карданаш саҳми бевосита дошт, соли 1993 фавтид. Ҷосуси британиягӣ версияи худро дар мавриди ин табаддулот соли 1985 дар мусоҳибае бо созандагони филми «Поёни императории Эрон» баён кард. Ба гуфтаи Дарбишир, сабаби асосии аз мақом дур кардану халос шудан аз Мусаддиқ он буд, ки МИ-6 намехост ӯ бо идомаи фаъолияти миллатгароёнаи худ ҷомеаи ин кишварро бар зидди ҳузури хориҷиҳо бишӯронад. Тарси дигари идораи ҷосусии Британия он буд, ки дар сурати дар қудрат мондани сарвазир ҳукумати Эрон зери таъсири Шӯравӣ хоҳад афтод. Ба ин сабабҳосоли 1951 муовини сарвазири Британия Энтони Иден бе маслиҳат бо сарвари ҳукумат, афсари разведкаи низомӣ Роберт Зенерро ба Теҳрон фиристод, то бо ришва додан ба аъзои Маҷлис ва дигар шахсиятҳои эронӣ саъй кунад, барои аз қудрат андохтани Мусаддиқ замина фароҳам созад. Кӯшиши Зенер бенатиҷа анҷомид ва ӯЭронро тарк кард ва ба Дарбишир тавсия дод, то нақшаи ба воқият наздик ва амалишавандаи сарнагунии сарвазирро воқеъбинона бисозад. Ба навиштаи муҳақиқи рус Максим Макаричев «Лондон барои табаддулоти соли 1953 дар Эрон 700 ҳазор фунд стерлинг харҷ кард, ки бо нархҳои соли 2020 тақрибан 10 миллион рубл буд». Собиқ корманди МИ-6Дарбишир ҳам дар мусоҳибаааш ин рақамро зикр карда гуфтааст, ки «индақиқ аст, зеро худам маблағро сарф кардам». Дар навбати худ, коршиносон ва муаррихони амалиётҳои ҷосусӣ борҳо изҳор доштаанд, ки табаддулоти соли 1953 дар Эрон ба далели сирф иқтисодӣ - ҷилавгирӣ аз эҳтимоли милликунонии ширкати ашёи хоми Эрону Британия асос ёфта буд. Дар он солҳо ҳеҷ гуна хатари зери таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифтани ҳукумати Эрон набуд, зеро он вақт танҳо як вазир узви Ҳизби тӯда (коммунист) ва аз созмонҳои ҳамкор бо Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дарбишир аз он ифтихор мекард,ки бо баҳои ночизкорҳои бузургеро анҷом дод. Боре ӯ ба ҳамкоронаш лоф задааст, ки аз фармондеҳи артиши Эрон бар ивази як кило чойи Lipton («Липтон») маълумоти ниҳоят «ҳаётӣ»-ро гирифтааст. Дарбишир, инчунин, эътироф карда, ки бо пардохти маблағ се бародарро аз як оилаи сарватманди англофил (парастандаи арзишҳои англисӣ)ба ҳамкорӣ ҷалб кардааст, ки вазифаи онҳо пайдо ва моил намудани шахсони дасисакор барои ташкили нооромиҳо дар Теҳрон буд. Ҷосуси англис,инчунин, иқрор кардааст, ки маҳз худи ӯ яке аз генералҳои ҷонибдори шоҳ Фазлуллоҳ Зоҳидиро пул доду киро кард, ки табаддулотро сарварӣкунад ва дар ниҳоят ӯ ба ҷои Мусаддиқ сарвазир шуд. Ин корманди разведкаи Британия тавзеҳ додааст, ки намояндагии Идораи марказии разведкаи ИМА табаддулотро муддати тӯлонӣ дастгирӣ накард, аммо пас аз он ки Дуайт Эйзенхауэр дар январи соли 1953 сардори Кохи Сафед шуд, мавзеи Иёлоти Муттаҳида тағйир ёфт. Бо мақсади бовар кунонидани шоҳи Эрон, Дарбишир ва ҳамкораш аз СРУ Стивен Мид ба Париж, ба назди хоҳари шоҳ Ашраф рафтаӯро барои парвоз ба Теҳрон ташвиқ карданд то ӯбародари худро бовар кунонад , ки Вашингтон ва Лондон дар иҷрои амалиёт, ки як дасисаи дигари тарҳрезишуда азсӯи ин кишварҳо дар минтақа буд,ҷиддӣҳастанд. Пас аз чанд кӯшиши нокоми табаддулот, ба дасисакорон танҳо 19 августи соли 1953 муяссар шуд, ки ба ҳадафи худ расанд. Мусаддиқро пас аз сарнагун шудан дар додгоҳ муҳокима ва баҳабси хонагӣ маҳкум карданд. ӯ дар як вилояти дурдасти Эрон то дами маргаш, яъне 14 сол дар ҳоли боздошт буд. Тибқи иддаои Дарбишир, сарнавишти ин шахсияти эронӣ аз лаҳзаи дар мансаби сарвазирӣ ба кор шурӯъ карданаш ҳаллу фасл шуда буд. Чуноне коршиносон мегӯянд, ин изҳори назар ҷавҳари тамоми талошҳои бадандешона ва худҳоҳонаи хадамоти ҷосусӣ ва ҳукуматҳои Ғарбро барои бо баҳонаҳои гуногун азбайн бурдани мақомотиқонунии ҳар кишвари дигарро, ки ба манфиати иқтисодии онҳо кор намекунанд, нишон медиҳад. Дар гузоришҳо ин ба ин нукта ҳам ишора мешавад,ки Инқилоби исломии соли 1979 ҳам ҳалқае аз занчираи ин гуна рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар Эрон буд, ки дар натиҷаи он Шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, ба хориҷ фирор кард, дар Эрон монархия азбайн рафта, низоми нав рӯи кор омад. Солеҳ ЮСУФОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.