Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АШК ДАР КИНО

АШК ДАР КИНО

20-05-2021, 15:04
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
АШК ДАР КИНО
Пӯшида нест, ки солҳои охир, дар ҷомеаи мо силсилафилмҳои туркӣ мақому манзалати волоро соҳиб гашта,мухлисону ҳаводорони зиёде пайдо кардаанд.Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари мо қариб оилае вуҷуд надорад, ки аз хурд то бузург силсилафилмҳои туркиро тамошо накунанд. Дар кӯчаю хиёбонҳо, мағозаву марказҳои савдо, боғу бозорҳо, нақлиёт ва ҳатто масҷидҳо одамончунон бозавқ дар бораи ин гуна филмҳо суханмегӯянд, ки кас дар ҳайрат мемонад.
Силсилафилмҳои туркӣ бо ҳодисаҳои печидаи худ чунон ба мардуми мо таъсири худро расондаанд, ки ҳатто ба воситаи телефон соатҳо дар бораи ҳунармандони турк ва ё ишқварзиву ҷанги келину хушдомани он филмҳо суҳбат мекунанд, ки борҳо худ шоҳид будам. Лаҳзаҳои пурқиммати хешу маблағашонро дар интернет барои донистани зиндагии шахсии кадом як ҳунарманди турк сарф кардан магар дуруст аст?
Аз ин ҳам бояд гуфт, китарғибу ташвиқи ин гуна филмҳо дар ҷомеаи мо чунон хуб ба роҳ монда шудаанд, ки на рӯз ба рӯз, балки соат ба соат ҳаводоронашон зиёд шуда истодааст.Аз як тараф, қобили мулоҳизааст, кичароинфилмҳоинқадармаҳбубият пайдо карданд? Вобаста ба ин суол, мутахассис, коргардон ва филм номанависи тоҷик Искандар Усмонов гуфт:“Офарандагони филмҳои туркӣ рӯҳияи тамошобинро хеле хуб азхуд кардаанд, онҳо аллакай медонанд, ки майнаи сари мардум, хусусан, мардуми одӣ аз мушкилоту вазнинии зиндагӣ хаста аст ва барои худро аз ин гирдоб баровардану асаби худро ором кардан, ба чунин филмҳо рӯ меоранд ва чанд лаҳза ҳам бошад, фикри худро аз зиндагӣ дур месозанд. Дар ин ҳолат, оҳиста-оҳиста ба силсилафилмҳо шавқ пайдо мекунанду ҷалб мешаванд. Ин силсилафилмҳо эҳсосоти тамошобинро бедор мекунанд. Баъзе аз тамошобинон ҳангоми тамошои филмдар баробари қаҳрамон ашк мерезанду механданд, ғам мехӯранду шодӣ мекунанд”.
Кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ҳатто занону духтарон низ баъзе аз ҳунармандони филмҳои мазкурро идеали худ дониста, кӯшиш мекунанд ба онҳо монанд бошанд. Чунин тарғибу ташвиқро дар кишварамон нисбат ба кинои тоҷик ёд надорам.Аз ин рӯ, суолҳое ба миён меоянд, чаро дар Ватани момиёни мардум сухан дар бораи кинои тоҷик хеле кам аст?Ё шояд мушкил дар он бошад, ки солҳои охир аз ҷонибимасъулини ин самт кинои хубе офарида нашудааст, мушкилӣ дар маблағ аст ё дар филмноманавис ёмуаммои дигар?
Ин саволҳоест, ки таи чанд соли охир аксарияти шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххасро шунидан мехоҳанд. Бисёриҳо дар бораи набудан ё камфаъол будани кинои тоҷик гуфтаанду навиштаанд. На беҳбудӣ дидем, на кӯшиш! Аҳмад Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар яке аз мақолаҳои худ навиштааст: “Имрӯз суҳбати дӯстдорони кино аз набудани як филми дурусти инъикоскунандаи зоҳиру ботини миллат аст. Маҳз набудани чунин филми дуруст мардумро ба тамошои барномаву филмҳои туркиву эронӣ кашондааст. Яъне миллат аз касодии фарҳанг ва санъати кино дар рӯҳияи идеологияи мамолики дигар тарбия меёбад. Аниқтараш аз ҳақиқати воқеӣ дур меравад. Кӯтоҳтар карда гӯем, миллат рӯҳи миллии худро аз даст медиҳад. Агар кино соҳаи муҳими ҳаёт намебуд, магар туркҳо ё ҳиндуҳо қариб ҳар ҳафта як филм меофариданд? Филмҳои туркӣ собит сохтанд, ки санъати кино неруи идеологии бузург аст”.
ӯ бо нигаронӣ мегӯяд, ки ҳама миллатҳои дигар филмҳои миллии худро доранд, ба ҷуз тоҷикон. Миллати мо аз коҳилии ҳунармандон ва коргардонҳоямон дар мисоли филмҳои хориҷӣ таҳти фишори фарҳанги онҳо тарбия ёфта истодааст. Ин тавр давом кардан гирад, асолатбохта мешавем.
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон низ аз он нигарон аст, ки сокинони зиёди мамлакат филму силсилафилмҳои туркиротамошо мекунанд.ӯ чанде қабл зимни нишасти матбуотие гуфтааст, ки мухолифи пахши филмҳоитуркӣтавассутителевизионҳои Тоҷикистон аст. Вай дар он андеша аст, ки:“Кишварҳои абарқудрат тавассути филмҳову китобҳо фарҳанги худро ба кишварҳои хурд "экспансия" мекунанд. Манҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муқобили ин чизҳо ҳастам. Тоҷикистон бояд филмҳои таърихии худ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии худро намоиш диҳад. Мо бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихориватандорӣ, шаънушарафишаҳрвандӣмаҳзбоарзишҳоимиллӣ, филмҳоихудамонротаҳиякунем”.
Ин ду мисол дар бораи зарари тамошои филму силсилафилмҳои туркӣ ба қазовати хонандаи азиз вогузор мешавад.
Бо вуҷуди ин ҳама, як паҳлуи аз нигоҳи худ нигаронкунандаро дар ин силсила филмҳо баррасӣ кардан мехоҳам. Ин ба ҳадди ифрот расондани заифии мардон назди ҳамсаронашон аст. Зан болои мард хуҷаин асту ҳар коре хоҳад мекунад, ҳатто шавҳарони худро дар филмҳояшон зери тозиёна қарор медиҳанд, ки ин амалҳо ба оилаҳои ҷавони имрӯзаи кишвари мо таъсири сахти равонӣ мерасонад. Чизи дигар,зиёд ашк рехтани мардҳояшон дар филм! Зиндагиро ба тамошобин чунон вонамуд месозанд, ки гӯёҷуз дарду ғам, хиёнатвабаловуофатчизидигаревуҷуднадорад!
Дар ин мавридниз мутахассис ИскандарУсмоновбетарафӣ накарда, изҳор дошт: “Таъсир кардан ба психология мақсади асосии филмҳои мазкур аст. Бештари тамошобинон (80 дарсад)-и ин гуна силсилафилмҳо занони хонашин мебошанд. Мардон ҳамагӣ 2-3 дарсад. Кадом зан намехоҳад, ки шавҳараш пеши пояш афтида гиря накунад. Зан, пас аз тамошои навору дидани ашки мард, интизори идомаи филм монда, дар андеша меравад, ки “Бо кадом роҳ зан ашки мардро резонда, ӯро муттаҳам намуд...?” Яъне, аксари занони имрӯза мехоҳанд худро дар образи Зулайхо бинанд...”.
Масалан, ҳар гоҳе, ки чашмам ба силсилафилми “Замоне дар Чукурово”ва ҳунармандони он Йилмаз (Угур Гюнеш) ва Димирхон(Ҳилол Антинбилек) афтад, ғайр аз ашки бари рӯйю афсӯси ҳамсари бегонаро хӯрда, гиристан, чизи дигаре намебинам. Ин амалҳо дар ҷомеаи мо қобили қабул нест.
Мард бояд тамоми мушкилоти оилаи худро на бо гиря, балки боҷасорати мардона ҳал намояд. Ашк рехтану бо ин роҳ ҳал кардани мушкилот кори мардон нест. Аз пирони рӯзгордида ҳамеша мешунавем, ки: “Мард бояд дар ҳама ҳолат мард бошад. Дар ҳеҷ ҳолате нагузор ҷойи заифии туро пай баранд. Агар боре пеши ҳамсаратаз мушкилоти зиндагӣашк рехтӣ, бидон, ки ҳамеша барояш заифу нотавон мемонӣ”.
Бо писарам, ки ҳамагӣ7 сол дорад,вақти хӯроки шом силсилафилми туркии “Замоне дар Чукурово”-ро тамошо доштем. Ногоҳ Димирхон, шахси қоматбаланду тануманд бо кадом сабаби оддие ашк рехт. Писарам ин ҳолатро дида, бо тааҷҷуб гуфт: “Шумо ҳамеша ба ман мегӯед, ки мард бояд ҳеҷгоҳ гиря накунад, махсусан пеши зан. Гиряи мард пеши зан хуб нест ва ин нотавониву заифии мардро нишон медиҳад, аммо ин мардаки хубро бинед, чи хел гиря мекунад...”. Ҳарчандҷавобдодам, аммомаълумбуд, киқонеънашуд, зеро ба фаҳми суханони ман ва ҳолатиқаҳрамоннамерафт...
Аз ин ҷост, ки кори тарбияи наврасон душвор мегардад. Оинаи нилгун дар ҳоли имрӯз барои ҷомеаи мо воситаи донистани ҳақиқат гаштааст. Ба гумони аксари мардум ҳамин, ки дар ТВ... намоиш доданд, вай ҳатман дуруст асту ҳақ аст. Чизе, ки набошад! Ин метавонад як зарбаи сахте барои ҳолати равонии чи хурду чи бузург гардад.
Барои ҳамин, агар мо хоҳем, ки фарзандонамон ҷасур ва ҳамчун марди ҳақиқӣ ба воя расанд, ҳамсаронамон ба фикрҳои пучу бемаънӣ андармон нашаванд, онҳоро аз намоиши чунин филмҳо манъ намоем ва дар вақтҳои холиашон бештар ба хондани асарҳои бадеӣ ва ё тамошои филмҳои ҷанбаи тарбиявидошта андармон созем. Ман аз хурдӣ то имрӯз бисёркитобҳои хубучунин филмҳоро хондааму тамошо кардаам ва таассуроти хубе низ дорам, ки дар сахттарин ҳолатҳодониши аз барнамудаам маро аз гиря кардан боз медораду роҳи ҳал нишон медиҳад.
Бисёр боиси таассуф аст, кибархе аз силсилафилмҳои туркӣ аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони мо дубляж шуда, ин ҳунармандони маъруф бо маҳорати баланди касбӣба филмҳо овоздода, маҳбубияти онҳоро дучанд гардонидаанд. Онҳоро дарк мекунем, ки барои тарҷумаву ҳамовозӣмаблағи хубе ба даст меоранд, вале ин амал ба тақдириояндаифарҳангимиллиимобетаъсирнест.Ҳарчанд имрӯзтарҷумаисилсилафилмҳоитуркӣбазабонитоҷикӣкамшудааст, аммотавассутимоҳворабинандаҳоитоҷикинфилмҳородартарҷумаиафғонҳовуэрониҳомебинанд, киинҳамқобилимулоҳизааст.
Дар фарҷом, маро як савол ором намегузорад, ки чаро онҳое, ки бо маблағ филм тарҷума мекунанду соҳибимаблағҳоихубеҳам ҳастанд, бароирушдикиноимиллӣсаҳмнамегузоранд? Ҳунармандонимашҳурдорем, дилхоҳфилмикасбиродарсатҳиолӣнақшофарӣмекунанд. Чӣнамерасад -хоҳиш, завқ, нафаҳмиданиҳолати замони муосир ва нақши бузурги кино дар он? Фикр мекунам, алоқамандонисоҳа – муаллифони филмномаҳо, коргардонҳо ва масъулони соҳа бояд ташаббускор бошанд, то дар рушди кинои миллӣ саҳмгузоранд. Имрӯз кинои тоҷик ба сармоягузорон ниёз дорад! Кинои тоҷик ба кино ниёз дорад! Ба бинанда ниёз дорад! Ҳатто бояд гӯем, ки бо вуҷуди он қадар “филмноманавис”, ба филмноманавис ниёз дорад!Агар дар кишвари мо ҳам силсилафилми хуб офарида шавад, ҳатман харидору тамошобини худро пайдо мекардагист...
Ҳасан Азизов,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: