Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПРЕЗИДЕНТ, ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН

ПРЕЗИДЕНТ, ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН

17-05-2021, 12:23
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
ПРЕЗИДЕНТ, ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН

Тоҷикон яке аз қадимтарин сокинони қитъаи Осиё буда, соҳиби илму фарҳанг ва шеъру адаби ҳазорсола мебошанд. Онҳо дар байни дигар қавму миллатҳо аввалин шуда дар паҳнои Осиёи Марказӣ давлати миллии худро ташкил додаанд, ки асрҳо боз бо номи Давлати Сомониён ва ё Оли Сомон машҳур аст. Ин давлат аз рӯи сиёсату сохти давлатдорӣ, адолатпарастӣ ва илму фарҳанг дар таърихи башарият нодир буда, асоси пешрафти сиёсиву давлатдории кулли давлатҳои баъдина дар ин минтақа шудааст.
Дар тамоми давру замон дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва анъаноти мардуми тоҷик боиси рашку бадбинии дигарон ва ин бадбиниҳо боиси борҳо хароб намудани ин сарзамин ва рехтани хуни фарзандони боилму фарҳанги он гардидааст.
Пас аз ҳазор соли бедавлатӣ халқи тоҷик боз соҳиби давлати миллии худ шуд, вале аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоту зиддиятҳо тамоми марзу буми онро фаро гирифтанд. Бинобар нақшаҳои ѓаразноку ҷоҳталабонаи баъзе аз гурӯҳҳо ин хоки муқаддас оҳиста–оҳиста ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар роҳи ҷангандозию шӯронидани ин миллат душманону бадхоҳони берунии миллат боз фаъол гардиданд ва баҳри нобуд сохтану аз байн бурдани давлату миллати мо кӯшишҳо намуданд.
Мусаллам аст, ки ҷанг ҳамеша воситаи асосии ҳалли ягон низоъ: дохилӣ, минтақавӣ, байнидавлатӣ ё динӣ маҳсуб намешавад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем». Ин амр дар тақдири минбаъдаи халқи тоҷик нақши муҳим ва таъсири нек ва ба натиҷаҳои назаррасу ҳалкунанда оварда расонид, вале то ба мақсади ниҳоӣ расидан вақт ва кӯшишу заҳматҳои зиёди зарур буд.
Вақте сухан аз ваҳдати миллӣ, аз сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки оѓози музокирот ва гуфтушунидҳои судманду тақдирсоз бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии қавӣ дорад. Ин фарзанди барӯманди сарзамин баъдан бунёдгузори сулҳи воқеӣ ва кафили оромию осоиштагии мардуми Тоҷикистон гардиданд ва муддате пас бо ин амали худ дар қатори машҳуртарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза қарор гирифтанд.
«Мо бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар сарзамини абгору дардхӯрдаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Ҳамаи мақсаду мароми ман ҳамин оштии миллӣ ва ба василаи он баргардонидани гурезаҳо, ободу ором сохтани Тоҷикистон аст», – гуфта буданд он вақт Эмомалӣ Раҳмон.
Ин суханон шаҳодат медиҳанд, ки гӯяндаи он воқеан тамоми ҳастию вуҷуди худро баҳри истиқрори сулҳу осоиш равона сохтааст ва илҳомбахши тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин роҳи тақдирсоз мебошанд.
Аз лаҳзаи ба мақоми роҳбари мамлакат интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе дудилагӣ ва истиҳола изҳор карданд: «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афѓонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам».
Бозгашти гурезаҳо марҳилаи муҳимтарини истиқрори сулҳу осоиш буд ва инро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз дигарон эҳсос намуда, гуфта буданд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии миёни тоҷикон, ки 27 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаёти осоишта, ободии Ватан аз ҷониби ҷомеа шинохта ва эътироф шуда, оѓози марҳилаи рушду нумӯи миллати тоҷик гардид. Ба ин васила номи эҷодгари он, яъне Эмомалӣ Раҳмон, дар саҳифаҳои заррини таърих барои ҷовидонӣ сабт шуд.
Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисозиву фарҳангофаринии тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи он гардид: «Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти неку виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд».
Тоҷикон доиман ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз Давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, дар ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андеша қарор доштанд.
Тоҷикистон сол ба сол қомати худро баланд мекунад, рӯз ба рӯз ободтар мегардад. Ҳаёт аз нав ҷӯш мезанад, шавқу завқи мардум баҳри созандагиву бунёдкорӣ лаҳза ба лаҳза боло мегирад. Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар яке аз чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ таъкид доштанд: «Асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пайдо гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Дар тафаккури ҳамаи табақаҳои ҷомеа дигаргунии куллӣ падид омад».ПРЕЗИДЕНТ, ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН
Ҳоло ба чеҳраҳои болидаи ҳар як фарди Тоҷикистон нигариста, ин таҳаввулотро баръало мушоҳида кардан мумкин аст.
Инак, сӣ сол аст, ки дар замони нави таърихӣ, сӣ соли эҳёи давлатдории тоҷикон зиндагӣ дорем. Баъд аз ҳазор соли ҳукмронии аҷдоди бузургу хирадпешаамон – сулолаи Сомониён, ки марзу буми он як қисмати бузурги Шарқро дар бар мегирифт ва бо рушду инкишофи худ шуҳратёр буд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллӣ бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ буда, ҳар кору пайкор, иқдому нияти неки ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Ваҳдати миллӣ дар оинаи пиндорҳои ҷавонон бо тобиши тозаву самимӣ ва ормонӣ таҷаллӣ намуд. Зеро нақшу мақоми он ба таври махсус дар ҳаёти ҷавонони кишвар бузургу носутурданӣ аст. Аз таърихи начандон дури миллати тоҷик пайдост, ки маҳз дар оѓози марҳилаи истиқлолият ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии асосии ин набарди холӣ аз мазмун неруи бузурги ҷавонон гардиданд. Ин даҳшати таърихӣ ҳодисаи морҳои дӯши Заҳҳокро ба хотир меоварад, ки рӯз ба рӯз маѓзи сари ҷавонеро мехӯрд. Танҳо ҳиммати фаридунонаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллатро аз ин фоҷиаи заҳҳокӣ наҷот бахшида, барои ҷавонони кишвар ҳаёти осоиштаву гуворо эҳдо намуд. Дар ин росто, такя ба қудрати зеҳнӣ ва заковату маърифати ҷавонон ҳам аз падидаҳои муҳими сиёсие ба шумор омад, ки имрӯз дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони мамлакат ин нуктаро мушаххас ба таври зайл тавзеҳ дода буданд: «Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд. Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст».
Дар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар қаламрави мамлакат муҳити тозаву созанда ва ояндасозу пешбаранда фароҳам омад. Баргузории мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва эълони 23–юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ ба гунае метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ номзад кард. Ба ибораи дигар, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва ваҳдати миллии бадастомада дар ҳаёти ҷавонон низ таъсири мусбат гузошт. Ҷавонони кишвар дар партави нишондодҳои Сарвари давлат ва таҳкими ѓояҳои сулҳу оштӣ ба ҳам омада, барои ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро гузошта меоянд. Ҷавонон низ эҳсос намуданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонанд кишварро ба сӯи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад. Танҳо таҳлили ҳаёти чандсолаи ҷавонон бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рӯзгори насли ҷавон падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастанд. Дар канори таъсиси мақомоти давлатии танзими фаъолияти ҷавонон дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нуфузи бештаре пайдо намуд. Таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон, ки бевосита ибтикор ва иқдоми наҷиби Президенти кишвар буд, дар ҷалби бештари ҷавонон барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва рӯи кор омадани осор ва таҳқиқоти судманди олимони ҷавон нақши муассир гузошт.
Ҳосили ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз ҷавонони кишвар шукронаи фаро расидани рӯзҳои неку масъуд ва шароити хуби таҳсилу кор мекунанд. Айни ҳол ҷавонон аз файзи он ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат имкон доранд, ки роҳи ормонҳои худро тай ва бароварда намуда, аз таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ барои камолоти тахассусии худ баҳравар шаванд. Духтарону писарони навоҳии кӯҳистон тибқи Квотаи Президентӣ дар макотиби олӣ таҳсил намоянд. Аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи ҷаҳони муосир истифода намуда, худро ҳамчун ҷавони ояндасозу худшинос барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Мо бо ин ҳама таваҷҷуҳи хосса ва дастурҳои мушаххас имрӯзҳо шоҳиди он мешавем, ки ҷавонон дар партави шинохти моҳияти ваҳдати миллӣ ва дарку маърифати зарурати он барои пешрафти ҷомеа баҳри иҷрои рисолати худ камари ҳиммат мебанданд ва пайваста бо рӯҳияи баланди худсозиву худшиносӣ дар пиндорҳои неку наҷиби худ фардои ҷомеаро меофаранд. Ба таъбири дигар, ин ҳама болорафтҳои фикриву маънавӣ ва идроки баланди ҷавонон, шуури пешрафтаи сиёсиву ҳуқуқии онҳоро метавон ҳосили ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар муаррифӣ намуд. Бо такя ба ин қудратмандӣ метавон боварӣ ҳосил кард, ки ин қувваи бузургу созанда, ки аз ниҳоди ҷавонон имрӯз бо хурӯши тоҷикона берун меояд, баҳри таъмину таҳкими истиқлоли бадастомада, ваҳдати миллӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳӣ хидмат хоҳад кард.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёт омилҳое бояд пайгир шаванд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшида, онро халалнопазир намоянд. Мусоидат ба ризояти умум ва ваҳдату ягонагии халқи ҷумҳурӣ, бо камоли ѓамхориву масъулият пешгирӣ кардан ва тамоман аз байн бардоштани яке аз иллатҳои умдаи рӯз – маҳалгароӣ ва муборизаи беамон ба муқобили ин таассуби пурхатар, пароканда кардани гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан, бо ҳар роҳу восита пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву таассубгарои, бунёдгарову бегонапараст омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ маҳсуб мегарданд.
Дар тамоми ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтару бештар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, дӯстӣ ва ҳамраъйии миллатҳои сокини кишвар ва меҳнатпарастии умумӣ, авлотар донистани манфиатҳои умумиҷумҳуриявию миллӣ аз манфиатҳои гурӯҳию маҳаллӣ ва қавмӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат ва баробару ҳамқадам гардонидани кишвар ба раванди умумибашарии олам дар пайвастагӣ бо суннатҳои миллӣ решаҳои ваҳдати моро мустаҳкаму устувортар месозанд. Дар ин масъалаҳо, ки ҷиҳати беҳдошти вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ равона гардидаанд, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти давлату Ҳукумат пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бояд мо - ҷавонон кӯшиш намоем ва талош варзем.
Боиси хушнудист, ки тафаккур ва маданияти сиёсии халқи мо, хусусан ҷавонон, имрӯз хеле пеш рафтааст. Ин мардуми азияткашида баъди паси сар кардани рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба қадри сулҳу осоиштагӣ бештар мерасад ва ба он арҷ мегузорад.
Албатта, барои таҳкими ваҳдат дар роҳи эҳёи Ватан хидматҳои зиёде дар пеш ҳастанд. Таҷлили 24–умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ такони азиме дар худшиносиву худогоҳии миллат медиҳад ва ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фардои дурахшони ин сарзамин фарзандона ва садоқатмандона кору фаъолият мекунанд.

Рухсорамо Фаттоева,
омӯзгори ДДСТДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: