Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЛОИҚИ ДИДАВУ ДИЛ

ЛОИҚИ ДИДАВУ ДИЛ

28-04-2021, 16:40
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
ЛОИҚИ ДИДАВУ ДИЛ
Ба истиқболи 80-умин солгарди зодрӯзи шоир


(Чанд дидаву шунида аз фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ)
Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Ҳам дилу ҳам дида ӯро бар суроғаш рафтааст.

Ва ҳамин тавр, беш аз бист сол боз, бо чунин арҷу эҳтиром дар беш аз сесад мақолаи илмиву тадқиқотӣ ва ёддошту нигоштаҳои ҳамсабақон, ҳамсолон, ҳамшаҳриҳо, ҳамқадамон ва ҳамкешу ҳамгинон ӯро ёд намудаанд. Воқеияти асл он аст, ки устод Лоиқ лоиқи дилу дида ва лоиқи ифтихори ин миллати куҳанбунёди таърихофари достонангез будаву ҳаст. Барои банда боиси ифтихори бузург ва саодатмандии зиёд будааст, ки бо устод аз рӯзи таъсиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, яъне охири соли 1989 ҳамкор будаму дар соҳибмақом гардидани забони давлатии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро гузоштаам. Нахустошноии банда бо устод Лоиқ замоне ба миён омада буд, ки дар рӯзномаи пурэътибортарини замони Шӯравии Тоҷикистони соҳибистиқлол «Тоҷикистони Советӣ» имрӯз «Ҷумҳурият» ба сифати хабарнигор фаъолияти хешро ҳамакнун оғоз бахшида будам. Моҳи июли соли 1989 нахустин нигоштаам ба истиқболи панҷоҳсолагии шоири шаҳири зиндаёди тоҷик Ғоиб Сафарзода рӯи чоп омада, ин нигошта мавриди таваҷҷуҳи хосаи устод Лоиқ қарор гирифта, ба хотири арзи сипос ба идораи рӯзнома омада буд. Ҳамин тавр бо даъвати устод Лоиқ ба Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ба кор омада, то соли 1996 паҳлуи ӯ фаъолият намудам. Аз рӯзи нахусти арзи ҳастӣ намудани нашрияи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ «Сомон» ба сифати муовини ин нашрия то охири соли 1996 фаъолият намудам. Ду соли аввали фаъолиятамон ба замони Иттиҳоди абарқудрати фарҳангпарвару мардумсолори Шӯравӣ рост омада, панҷ соли дигар ба замони истиқлолияти давлатӣ. Нашрияи «Сомон», ки нахустин муждаи истиқлол ва муболиғи забони давлатӣ ва расму суннату фарҳанги миллии мо тоҷикон буд, миёни ҳамзабонону ҳамкешонамон дар тамоми рӯи олам хеле эътибори баланд дошт. Ногуфта намонад, ки аввалин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон низ бо ибтикори ҳамин бунёд ба миён омада буд. Дар аввалин Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон, ки аз кишварҳои Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҳолланд, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва кишварҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват гардида буданд. Арбоби шинохтаи илмӣ қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Академики АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ Президенти АИ Тоҷикистони Шӯравӣ устоди зиндаёд Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ ба сифати раиси ин Анҷумани ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ҳамин анҷуман роҳи фаъолияти Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикиро боз намуда, ҳамбастагии тоҷиконро бо тамоми порсигӯёни олам ва тоҷикони бурунмарзӣ муайян намуд. Устод Лоиқ, ки гули сари сабади анҷуман буд, ба сифати раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ интихоб гардида, ягона зани муборизи ватанхоҳ ва миллатдӯсти тоҷик Оишаи Ҳомид ба сифати котиби Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ аз ҷониби аксари кулли иштирокчиёни анҷумани бедории миллӣ дар замони пойдории Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ пазируфта шуд. Он чи ки мусаллам аст ин будааст, ки мо тоҷикон, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз миёни понздаҳ давлати иттиҳод аввалин кишваре будем, ки ба забонамон мақоми давлатӣ додем. Ана ҳамин бедории милливу сиёсӣ ба муқовимати шадиди бархе аз нотавонбинон, ки зери ниқоби ҳизби ҳокими вақти замони Шӯравӣ паноҳ мебурданд, рӯ ба рӯ гардида, дар холигоҳи андешаҳои созандаи Иттиҳоди ягонаи ҳокими мутлақи Шӯравӣ ришдорҳои зархариди бо ном кишваркушо рӯи кор омаданду ба дастури хоҷагони хеш зери парчами дурӯғини сароби орзуҳои исломӣ аз шумори коммунистҳои рондашуда сафи худро пурра намуда, кишвари баъди ҳафтод соли Иттиҳоди ҳамбастагии давлатҳои Шӯравӣ гом ба остонаи худшиносӣ ниҳодаро ба гирдоби ҳалокатҳои гӯшношунид кашиданд. Сухани шоир ва донишмандони кишвардар он шабу рӯзи пуршӯру шар гулӯгир гашта, ришдорҳои зархарид рӯи минбар омаданд. Шоири шаҳир ва дардошнои миллат устод Лоиқ ин манзараро бо дарди ҷонкоҳ ва фиғону лоба дар порае аз абёташ чунин оварда:
Рафтем чу кӯр аз қафои бадавӣ,
Маҷзуби шуури норасои бадавӣ.
Таърихи ҳазорсолаи худкуширо,
Мо зистаем дар ҳавои бадавӣ.

Ба худ худро нодида мисли мо нест.
Ба мақсад норасида мисли мо нест.
Ҳазорон сол бишнида насиҳат,
Насиҳатношунида мисли мо нест.

Шоири шаҳири миллат бо сӯзу гудоз ин манзараи дардолудро мушоҳида намуда, ҳамон собиқ ҳамсафонашро медид, ки чи гуна дунболи муллоҳои бозичаи дасти зархаридонашон гардида, медавиданду лофи мусалмонӣ зада, орзуи ҳоҷӣ шуданро доранд. Ин кӯрдилони гумроҳ иддаи зиёдаш ҳоҷӣ гардида, бо тешаи бадавӣ бунёди фазлу фарҳанг ва фаросати беш аз даҳ ҳазорсолаи хешро зарбаҳои ҷонкоҳ мезаданд. Ва ин дард оқибат вуҷуди миллатро захмин намуд.
Дардноктаринаш он аст, ки бисёре аз устодони донишгоҳ, ки барои мо тимсоли Рӯдакиву ДақиқивуФирдавсӣ буданд бо муллоҳо пайваста, даҳ соли пурошӯб аз сангари муллоҳо миллат ва давлатро ҳақорат намуда, бо миёнҷигарии давлатҳои карип вориди кишвар гардиданд, дар муқовимат ба неруҳои ватанхоҳ ҷанг эълон намуду имрӯз бешарафона худро ҳамин миллат ном мебаранд.
Магар онҳо намедонанд, ки устод Лоиқ зинҳор бо онҳо набуд. Ҳамин давлат ва ҳукумат устод Лоиқро дар ҳимояи худ гирифта то вопасин нафас арҷаш гузоштанд. Пас шумо «ҷанобон» мантиқан муқобили устодЛоиқ будаед. Имрӯз ин сиёҳкосагон бешарафона пушти номи устод Лоиқ паноҳ бурда, ҷор мезананд, ки касе устод Лоиқро чу онҳо намедонад. Шарматон бод, «ҳомиёни қомуси миллат».

ЛОИҚ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ

Замони ҳамкории банда дар Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ солҳои 1990-96 бо устод Лоиқ, ба нашрияи «Сомон» мақолаҳои зиёди илмиву тадқиқотӣ дар атрофи забони форсии тоҷикӣ аз номи донишмандони зиёди эронитаборони Амрико, Фаронса, Олмон, Ҳолланд, Бритониё, Австралия ба идораи рӯзнома меомаданд. Ҳамаи ин номаҳо дар Бунёди байналмилалии забони форсӣ-тоҷикӣ мавриди муҳокимаи олимони шинохтаи кишвар қарор гирифта баъди хулосаҳои илмиву ташхисӣ бо тавсияи устод Лоиқ дар ҳафтаномаи «Сомон» рӯи чоп меомаданд. Устод бисёре аз рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанберо дар дафтари кории Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ мегузаронд. ӯ қиссаҳои зиёдеро аз ошноӣ бо устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҳошим, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар вақти фориғ аз кор барои мо ҷавонон қисса мекард. Ҳамзамон, аз рӯзгори донишҷӯияш ва ҳамкурсҳояш, ки аксари онҳо шахсиятҳои шинохтаи фарҳангӣ ва арбобҳои сиёсии кишвар буданд, бо арҷу эҳтироми зиёд ёд намуда, пораҳои ҷолибу хотирмонашро ба мо мегуфт. Боре ба арҷу эҳтироми зиёд дар мавриди донишмандиву ватанхоҳӣ ва миллатдӯстии устоди зиндаёд шоири шаҳири тоҷик Ғоиб Сафарзода, ки панҷ сол бо ҳам ҳамсабақ буданд чунин қиссаи ҷолибе намуда буд, ки қалбҳои мо ҷавонони саршори он орзуҳои ватанхоҳӣ бударо шукуфоӣ бахшида буд. Муқаддамтар аз ин ҳама, номи поки устод Ғоиб баъди рӯи чоп омадани мақолаи «Таровати зиндагӣ дар зебоист, номи зебо ними ҳусн» дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» 1969 тимсоли башардӯстиву миллатхоҳии ҳама қаламдорони кишвар гардида буд. ӯ гуфт: Соли аввалин таҳсиламон буд. Моҳи декабри соли 1958 нахустин шеъри устод Ғоиб (устод Лоиқ ҳамеша Ғоибро устод мегуфт. Ҷ.Т.) дар нашрияи донишкадаамон (Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко) ҳоло Донишгоҳи педагогии ба номи Садриддин Айнӣ. «Педагоги ҷавон» бо номи «Санги азим» рӯи чоп омада, он шеър маро бо Ғоиб ва Ғоибро бо кулли ҳамсабақон ва устодон ошно намуд, ки он шеър ба таҳрири нави устод Ғоиб дар маҷмӯаи аввалини ӯ бо номи
«Корвони орзу» чунин оварда шудааст:
Чашм меандохтам бар мавҷаи пуршӯри рӯд,
Гӯш мекардам садои наъраи пурзӯри рӯд.
Боз ин дил як ҷаҳон ҷӯшу ҳарорат мегирифт,
Боз неруи дигар азму ҷасорат мегирифт.

Ана ҳамин шеъри устод Ғоиб тавассути устод Ғаффор Мирзо, ки Ғоибро хеле арҷу эҳтиром дошт, ӯро бо устод Мирзо Турсунзода ошно намуда, бо дастгирии зиёди Ғоиб ва устод Ғаффор Мирзо ман ба устод Мирзо Турсунзода ошноӣ пайдо намуда, ману Ғоибу Пирумқул Сатторӣ аз дастгириҳои зиёди устоди бузургвор Мирзо Турсунзода баҳравар гардида, баъди як соли хатми донишкада соли 1964 ман ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Советӣ пазируфта шудам. Ҳамин тавр, баъди хатми донишкада, ман ба Кумитаи давлатии радио ва телевизион ба кор омадаму Ғоиб ба пурэътибортарин нашрияи ҳамонзамонаи кишвар «Тоҷикистони советӣ ба кор рафт. Дӯстиву бародарии ман бо устод Ғоиб ончунон мустаҳкам буд, ки маро ҳама ҳамсабақонамон он замон бо номи кӯлобӣ ном мебурданд. Тавассути Ғоиб ба Шоҳмузаффар, Шоҳайдар, Раҷаб Мардон, Одина Мирак ва ҳама аҳли қалами солҳои шастуми Кӯлоб ошно гардида, дар тӯйи хонадоршавии Ғоиб бевосита иштирок намуда, аз муҳаббати зиёди модари поксиришташ баҳраи фарзандӣ бардошта ҳама хонаводаашро чун хонаводаи хеш қабул намудам. Ҳамин роҳи пур аз меҳр маро то хонаи устод Ашур Сафар оварда, аз нону намак ва хони ҳотамонаи ӯ хеле серӣ нон хӯрда, дар хонаи ин хирадманди саропо фарҳангу ҳунар, ки кошонаашро ҳама ҳамқаламонаш «Шакаристони маонӣ» ном мебурданд, бо аксари кулли қаламкашони Кӯлоб ошноӣ пайдо намудам. Рости устод Ашурро ҳама қаламкашони ҳамсоли мо ва аз мо бузургтарҳо пири ҳакимони Кӯлоб ном мебурданд, ки ӯ дар ҳақиқат сазовори ин ном буд. Бародари устод Ашур Сафар Ниёз Сафар, ки ҳақи ҳалоли устодӣ бар ману устод Ғоиб дорад, намунаи барҷастаи устодони соҳибарҷу эҳтироми кишвар мебошад. Ва аз меҳрубониву навозишҳои падаронаи устод Ниёз Сафаров на танҳо ману Ғоиб, балки тамоми дастпарварони донишкадаву донишгоҳҳои кишвар баҳравар гардидаанд.Бедории миллӣ, дӯст доштани фарҳанг ва суннатҳои миллии тоҷикиро агар гӯям, ки устод Ғоиб дар қалби мо ҳамсабақон бедор намудааст, ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ муболиға нахоҳад буд. Ҳамон замони донишҷӯӣ чанд дубайтии устод Ғоиб шӯру валвалаҳои зиёдеро миёни мардум ба по андохта буд, ки бо чунин мазмун буданд:
Забони модариам, ҷони покам,
Ту бо шир омадӣ дар ҷони покам.
Бупайвастӣ маро бо рафтагонам,
Туӣ ман зиндаам бе ту ҳалокам.

Ниҳолам, ки дар ин боғам шинондед,
Зи дарёи вафо обам бидодед.
Биафшонед, мардум боз шохам,
Шумо, ки ғунчаи табъам кушодед.

Машав ҳайрон агар дар тангдастӣ,
Гиребонат бигирад ёри нобоб.
Табар, ки дастааш моли дарахт аст,
Зи хуни пайкари ӯ мекунад об.
Он ҳама ёддоштҳое ки устод Лоиқ аз ҳамсабақонаш бо муҳаббат ва самимияти ватанхоҳона мегуфт хулосааш ин буд, ки нахустин донаҳои меҳри ватанхоҳиву ватандорӣ ва миллатдӯстиро дар киштзори ормонҳои миллат дар он замони пуршӯри ҳизби ҳокими коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо кошта, самарааш расидан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамон бедории миллӣ, ки охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта сар аз хоки ормонҳои миллат бадар карда буд, тавъам ба номи поки устодон Ғоиб Сафарзода, Бозор Собир ва Лоиқи дилу дидаи мардум будааст. Замоне, ки устод Лоиқ аз дарди ватан ва миллат бо сӯзу фироқ мегуфт, бисёре аз нависандагону шоирони ба ном ватанхоҳу миллатдӯстамон аз дур бо дурбинҳои хеш ба ӯву атрофиёнаш менигаристанду мегуфтанд: «Аҷабо ин чӯҷаякони раҳгум бо ин «шоирони ормонкушашон» бовар доранд, ки истиқлолият ба даст меоваранд». Бо ҳамин танзунешзаданҳо борҳо устод Лоиқро бо ҳама ормонҳои миллиаш пеши сардамдорони вақт фурӯхта, бар сараш он «ҳамсафон» об рехтаанд. Боз ҳаминҳо бешарафона дар назди муллоҳо ва ришдорҳои динзадаву миллатситез, муфассири ашъори устод Бозор ва устод Лоиқ буданду маҳз бо тавсияи ҳаминҳо ин ду қутби шеъри муосири тоҷик ба бидъат мутаҳола гардида, маҳкумашон менамуданд. Бехабар аз он ки ин бедорӣ дар байни тамоми донишмандони Шӯравӣ, ки аз фишори роҳгумонаи бархе аз мансабдорони нотавонбини воломақоми шӯравии собиқ ба танг омада буданд, дар пойтахтҳои таърихии Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ шаҳрҳои Ленинград (Санкт-Петербург) ва Маскав ошуфтагиҳои зиёде ба миён омада буд. Ҳамин тавр бедориҳои Истиқлолхоҳии понздаҳ давлати Иттиҳоди собиқи фарҳангпарвару мардумсолори Шӯравӣ бо иҳонати иддае аз роҳбарони олимақоми он иттиҳод ба миён омад. Шеърҳои бедории миллии устод Лоиқ «Мақбара ё масхара?», «Фиръавни устухонӣ», «Ту кушти шоири қодирсуханро», «Во дареғо», «Зангулаи бедорӣ», «Танзе дар фироқи виҷдон», «Барои соҳибназарон», «Қиёмат», «Алорағми маҳалгароӣ», «Минбари коммунизм», «Забонгумкарда», «Ману ту» ва даҳҳои дигар, ки ба ибораи устод маликушшуаро Баҳор дар суги бедории миллӣ рӯи даст омадаанд, бар оташи афрӯхтаи ҳасудонаш аланга бахшида, номи покашро пеши баъзе аз сардамдорони вақт дудхӯрда мекарданд. Ногуфта намонад, ки аксари ҳамон рашкзадаҳои тангназар аз наздиктарин одамони устод пиндошта мешуданд. Ва баъд аз даргузашти устод дидем, ки чигуна ин «бадавиҳои кӯчӣ», ки замоне дастурхонбошии ришдорҳо буданду ҳукуматро аз хориҷи кишвар ҳақорат мекарданд, лоиқшинос гаштаву аз садоқату дӯстӣ лоф мезананд. Ба ин ҳама нигоҳ накарда, эътибори устод ва шеъраш миёни мардум хеле баланд буда, аксари ин шеърҳо аз лаби ошиқону мухлисонаш бар сари ана ҳамин ҳасудаконаш чун борони ҳақорат мерехт. Ягона роҳи наҷоти хешро аз ин гирдоби бало ӯ дар гӯшанишинӣ медид. Бо ҳамаи ин мушкилиҳо бархе аз роҳбарони рӯзҳои охири ҳаёти Тоҷикистони Шӯравӣ ва порлумони соли 1990 бо устод Лоиқ таваҷҷуҳи хоса доштанд. Мақоми шоирӣ, миллатдӯстӣ, ватанхоҳӣ, садоқат ба забон ва осори ориёии миллат диққати бархе аз роҳбарони мақоми вақтро ба худ ҷалб намуда буд. Роҳбарии мақоми олии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ба ӯ имконоте дода буд, ки атрофи хеш хеле мардони сараи кишварро аз қабили донишмандони соҳибарҷу эҳтироми миллат Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдуқодир Маниёзов, Додихудои Саймиддин, Қамчин Чиллаев, Бобоназар Бобохон. Сайдаҳмад Қурбонов ва даҳҳои дигарро ҷамъ оварад. Чандин академикҳо, докторони илм, профессорҳои шинохтаи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, арбобҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ шомили раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буданд. Ҳамаи ин то замони низоу кашмакашҳо девори ҳисори ин бунёд буданд. Вале ин девори номусу нанг бо иҳонати бархе аз «дӯстон», ки бо неруҳои миллаткуши исломӣ ва баъзе аз худхоҳони қавмиву гуруҳӣ пайваст гардиданд, рахнаҳо пайдо намуда, фурӯ рехт. Замони таҳдиду зӯрӣ ва худхоҳиву худкомӣ ба миён омад. Шоир, нависанда, рӯзноманигор, олим ва шахсияти соҳибфарҳанг дар чашми он худхоҳон, ки зимоми иқтидори сиёсӣ дар дасташон буд, хор гардида, дар симои ин мардум онҳо душманони хешро медиданд. Ба ҳамаи ин сахтиҳо нигоҳ накарда, ҳамагон интизори дамидани хуршеди иқболи миллат буданд.

ЛОИҚ ҚОСИДИ ИТТИҲОД

Рӯзҳои охири моҳи ноябри соли 1992 бо ибтикори намояндагони мардумӣ аз минтақаи Кӯлоб иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даъват гардид. Ин иҷлосияи тақдирсозу сарнавиштсози миллат баъди баҳсу талошҳои зиёд сохтори нави ҳукуматро дар асоси ба ҳам овардани ҳама неруҳои солими ҷомеаи шаҳрвандӣ тасдиқ намуд. Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон бо раъйи аксари вакилон намояндаи мардумӣ аз округи интихоботии Данғара Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович таъйин гардида, гомҳои нахустини сулҳу якпорчагии миллат гузошта шуд. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз сохтори нави ҳукумат таҳти роҳбарии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Мақсад ва мароми аввалиндараҷаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ дар тамоми қаламрави кишвар буда, баъданбаргардонидани тамоми гурезаҳои иҷборӣ бар ватан буд. Ин ду мароми аввалини ҳукумат ва давлат дар он шабу рӯз дар баҳои ҷони ҷавони Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ қарор дошт. Матонату ҷасорат ва ватанхоҳиву ватандории Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ атрофи хеш номвартарин мардони сараи кишварро ҷамъ оварда, оғози соли 1993 вориди шаҳри Душанбе гардиданд. Ва моҳи феврали соли 1993 аввалин вохӯрии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо зиёиёни шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин вохӯрӣ мардуми ташнаи сулҳ ва иттиҳоду якпорчагии миллат дар сурати Раиси Шӯрои Олии кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлату миллатро аз вартаи ҳалокати нестӣ диданд. Баъди суханронии пурмуҳтавои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ва ба аввалин барандагони Ҷризаи ҷавонони кишвар дар замони истиқлолиятсупоридани он ҷоиза бо дасти Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ӯбо зиёиён мулоқот намуда, ҳама зиёиёни кишвар ва барандагони ҷоизаи ҷавонони кишвар қавл доданд, ки атрофи ӯ ҷамъ омада, дар роҳи сулҳу амонӣ ва якпорчагии кишвар саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт. Ҳамин тавр, бо ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат аввалин иқдомҳои баҳамоии миллат оғоз гардид. Гуфтушунидҳо бо неруҳои даргири оштинопазир дар баҳои ҷони Раиси ҷавони тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аввалин сафари Раиси Шӯрои Олӣ ба хотири сулҳу якпорчагии миллат ба минтақаи доғи дар он шабу рӯзи кишвар Бадахшон оғоз гардид. Дар шаҳри Хоруғ раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишварро бо ҳамраҳонаш мардуми Бадахшон хусусан модарони муштипари покниҳоди бадахшонӣ фарзандвор хеле гарму самимӣ истиқбол намуданд. Дар шаҳри Хоруғ неруҳои даргири оштинопазир, ки аз хориҷи кишвар аксари онҳо идора мешуданд, ҷамъ омада аввалин гуфтушунидҳо оғоз гардид. Баъди баҳсҳои зиёду тезу тунди сиёсӣ аввалин Созишномаи сулҳи тоҷикон миёни неруҳои даргир ва Ҳукумати Тоҷикистон бо номи Созишномаи сулҳи Хоруғ ба имзо расид. Баъди ин муждаи сулҳ дар саросари кишвар паҳн гардида, ниҳоли умеду ормонҳои миллат нахустин муғчаҳои сулҳро дар чашми ростбинони миллат аён сохт. Иттиҳоду ҳамбастагии миллат ва баҳамоии ҳама неруҳои созандаи кишвар муждаи сабз ба бор овард. Нақшаи бозгашти гурезаҳои иҷборӣ низ тарҳрезӣ гардид. Охири соли 1995 нахустин вохӯрии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти неруҳои оппозитсионии тоҷик дар Бадахшони Афғонистон ба миён омада, ба муноқишаҳои калони сиёсӣ хотима гузошта шуд. Аввалин шодбоширо ба ин баҳамоии миллат устод Лоиқ муборакбод намуда, гуфта буд:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар аз мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад,
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад,
Ахтари наҳс аз сари мо рафт.
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад.
Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт.
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Ин шодбошӣ ва муборакбодии устод ба сулҳи саросарии кишвар ҳамрайъӣ ва ҳамдилии устодро ба иқдоми хайрхоҳонаи роҳбарияти олии кишвар ифода намуда, хок бар чашми ҳасудонаш пошид. Он рақобатҳои эътибордорӣ ва рашку нотавонбиние ки бисёре аз ҳасудони истеъдоди устод ба ӯ доштанд, ба душманӣ мубаддал гардида, пеши Роҳбарияти Олии кишвар бо ҳар роҳу восита номи покашро доғдор намуда мехостанд, ки ӯро аз ҳалқаи хирадмандон дур созанд. Ҳамин тавр то ҷое он «дӯстон» ба ин иқдоми нопоки худ муваффақ низ шуданд. Канорагирии шоир аз бисёре аз маъракаҳои сиёсиву фарҳангии кишвар ин иҳонати ҳамон нафарон буда, барои доғдор намудани номи поки устод Лоиқ ин иқдомҳои фоҷеаангезро ба миён меоварданд. Ҳанӯз ҳамин сангарсохтанҳо ва доғдор намудани фарзонатарин фарзандони миллат, дареғо, ки гоҳ гоҳе ба чашм мерасад. Пешвои муаззами миллат, ки шахсияти воқеан миллатдӯст, ватанхоҳ ва маърифатпарвар мебошад, ба аҳли калом ва қалами кишвар таваҷҷуҳи хоса дошта, онҳоро ифтихори миллат ва давлат ном мебарад. Ин поктинатӣ покниҳодӣ ва поксириштии Пешвои муаззами миллат будааст, ки Худованди ҷону хирад, миллати қаҳрамону гурдзои ориётабори моро аз ҳама балоҳо наздик ба сӣ сол боз нигоҳаш доштааст. Номи поки устод Лоиқ борҳо дар вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури аҳли фарҳанг гардида, ифтитоҳи кохи фарҳанг дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва номи шоири шаҳири миллат устод Лоиқро ба он гузоштан ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Дард ва сӯзу гудозе, ки қалби устод Лоиқро месӯхт, дар қалби ҳазорон ҳазор ватанхоҳони кишвар ларзишро ба миён меовард. Шеъри устод Лоиқ шеъри миллат буда, ҳар сатри он таърихи ёдгориҳои қаламрави бузурги Ориёно мебошад. Ва шояд ҳамин бошад, ки садҳо овозхонҳои шинохтаи кишвар ва Эрону Афғонистон бар матни пуршӯраш оҳанг баста, тавассути номи поки устод соҳиби арҷу эҳтироми зиёди мардум гардидаанд. Он сурудҳоро мардум муҳаббатномаи миллат номида, дар китоби розҳои қалбашон ҷояшон додаанд. Ҳар як шеъри устод таърих ва зиндагиномаи миллат буда, ҳукми манзумаро доранд. Он гуна ки устод фармудаанд:
Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагӯям.
Ки шикаст мӯҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям.
Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи мо?
Кӣ рабуд ганҷи моро? Ту напурсу ман нагӯям.
Кӣ чӣ кард бо Самарқанд, ки чунин нугунаш афканд?
Кӣ чӣ кард бо Бухоро? Ту напурсу ман нагӯям.
Зи ҳазорсола таърих? На! Ҳазорсола таъхир!
Ту напурс, ҷони бобо. Ту напурсу ман нагӯям.
Ки маро чунин пароканд? Кӣ туро ба хун биёганд?
Зи Худост ё худи мо? Ту напурсу ман нагӯям.
Хабаре зи асли худ не, сафаре ба васли худ не,
Ману ту ҳаем оё? Ту напурсу ман нагӯям.
Ҳама рафта кӯ ба кӯе, нашавем рӯ ба рӯе,
Кӣ гирифт мулки Доро? Ту напурсу ман нагӯям.
Ту гулуи чашма бастӣ, худи ту зи ман бипурсӣ,
Ки чаро хушкид дарё? Ту напурсу ман нагӯям.
Нарасида бар худи ман, нарасам бар Худо ман,
Чӣ касе дар ду дунё? Ту напурсу ман нагӯям.

Аз ин абёти пуршӯри шоир, ки саропо дарди миллат ва давлатдории тоҷикон дар тӯли таърихи беш аз даҳ ҳазор солаҳо таҷассум гардидааст, маълум мегардад, ки дарди шоир сӯзу гудози меҳан ва мардумонаш буда, на он гуна ки баъзе аз муфассирони козиб бар чашми мардум хок пошида, шеъри шоирро ба манфиати худ миёни ҳалқаҳои «фаҳм» тафсир намуда, эътибори шоирро коста месозанд. Чунин «хидматгузорони» адабиёт дар тӯли таърих хеле зиёд буда, онҳо баробари вақт ва замон аз байн рафтаанд. Аммо номи поки шоир аз қалбҳои пурҳарорати муштоқони ашъораш зинҳор зудуда нахоҳад гашт. Ҳанӯз ёдҳои ману садҳо ҳазор ошиқону шефтагони ашъори шоир ҳар баҳор бо дили беқарор ба суроғаш мераванд. Ин баҳор ёдҳои пур аз хумори ватанхоҳонаи ҳазорон мову манҳо солгарди ҳаштодумини шоирро ҷашн хоҳанд гирифт. Ва аз мазори ормонҳои устод нидое ба само мепечад.
Пас аз ман бар суроғи ман барояд,
Гул аз хоку, зи шаб субҳу зи ту оҳ!


Ҷумъахони Темурзода


Хеле бамаврид мебуд, ки дар боғи бошукӯҳи «Истиқлол», ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ва шаҳрдори ҷавони соҳибарҷу эҳтироми Душанбеи азиз Рустами Эмомалӣ то ҷашни сисолагии истиқлол дар ба рӯи бошандагони пойтахт ва меҳмонон боз хоҳад намуд, лавҳаиёдгорие бо номи поки азизтарин шоирони замони истиқлолияти давлатӣ устодон Ғоиб Сафарзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ бо сабти хидматҳояшон манзури чашми мардум гардаду ашъорашон ба боғи дарвоқеъ пуршукӯҳи миллат ҳусну таровати миллӣ бибахшад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: