КИТОБҲОИ ДАРСӢ: ИСТИЛОҲОТ БОЯД ЯГОНА БОШАД22-04-2021, 10:34
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ Чанде қабл бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Истилоҳоти забоншиносӣ ва мавқеи онҳо дар дар китобҳои дарсии забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ" конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода- директори марказ ширкаткунандагони конференсияи ҷумҳуриявиро хайрамақдам гуфта, хотирнишон намуд, ки масъалаи ҳамоиши илмии имрӯза, дар замони соҳибистиқлолии кишвар хеле зарур ва муҳим мебошад. Забони давлатӣ, ки ифодагари аҳдофи миллии мо маҳсуб меёбад, таи солҳои соҳибистиқлолӣ хеле рушд кард, кӯшиши имрӯзаи Ҳукумати кишвар ба он нигаронида шудааст, ки забони тоҷикӣ ба забони илм табдил ёбад ва мавқеи худро дар баробари дигар забонҳои пешрафтаи дунё ҳифз намояд. Дар ин замина, Ш. Ёрмуҳаммадзода аз талошҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, саъю талошҳои муассисаҳои илмии кишвар ва фарҳангиёни фарҳехта, бахусус, олимони забоншинос ёдовар шуда, ба он умедворӣ намуд, ки чунин конференсияҳо бо муҳтавои истилоҳотсозӣ, корбурди истилоҳоти ягона дар китобҳои таълимӣ тез-тез баргузор гардад ва дар чунин ҳамоишҳои илмӣ муваффаққияту дастовард ва камбудиҳои соҳа ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирад. Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон истифодаи истилоҳи ягонаро дар забони тоҷикӣ зарур ва муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки истилоҳотсозӣ кори саҳлу сода нест, аксари истилоҳоти забони тоҷикӣ аз забони арабӣ ворид шуда, имрӯз он моли забони мост. Истилоҳоти соф тоҷикӣ низ вуҷуд доранд, онҳое, ки китобҳои таълимиро таҳия мекунанд, бояд ин хусусиятро ба инобат бигиранд. Истилоҳоти илмии мо аз замонҳои пешин шакл гирифтааст, фарҳангномаҳои зиёде вуҷуд доранд. Метавонем ба осори Шамси Қайси Розӣ "ал-Муъҷам фӣ маойири ашъори-л-Аҷам", "Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ"-и Ризоқулихони Ҳидоят ва чанде дигар муроҷиат намоем. Дар замони Шӯравӣ ба истилоҳотсозӣ олимоне чун Саидризо Ализода, Носирҷон Маъсумӣ, Шарофиддин Рустамов, Толиб Хаскашов, Саид Ҳалимов ва чанде дигарон сари кор гирифта, осори эшон дар ин самт метавонад такондиҳанда бошад. Олими шинохта Ҳасани Султон барои ягона будани истилоҳот пешниҳоди ҷолиб кард, ки бояд миёни олимони соҳа ҳамоҳангӣ, тафоҳум вуҷуд дошта бошад, ҳар ки ба хости худ истилоҳ насозад. Ин амали носавоб дар китобҳои таълимӣ таъсири манфӣ гузоштааст, кор ба дараҷаест, ки олимони забоншиносу муаллифони китобҳои дарсии мо вожаи "фонетика"-ро, ки дар илм мисли оина рӯшан аст, "овошиносӣ" ҳам меноманд, аз ин ду вожа бояд якеро интихоб намоем. Мавсуф ба он таъкид дошт, ки мардуми мо аз замонҳои пешин забони модариро аз баракати шеъру сухани волоямон меомӯхтанд, зарурат ба ягон дастур вуҷуд надошт. Дар ин бобат, устод Айнӣ ҳам зикри кардааст, ки аз ашъори баланди классиконамон забонро аз бар намудааст. Ҳоло ки айёми рушди кайҳонии илму инноватсия аст, хонандагони мактаб асосҳои илмро танҳо тавассути истилоҳоти дуруст аз бар карда метавонанд. Доктори илми филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё диққати ширкаткунандагони конференсияро ба вазъи таҳияву тадвин, чопи китобҳои дарсӣ ва ҳунару маҳорати муаллифони китобҳои дарсӣ ҷалб намуд. – Барои мактаб китоб навиштан корест мушкил ва хеле заҳматталаб,– изҳор дошт Ш.Исрофилниё:– Чаро дар китобҳои дарсии мо камбудиҳо хеле зиёданду истилоҳот ҳамгун нест. Ин аз он хотир аст, ки аксари муаллифони китобҳои дарсӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ кор накардаанд, дидактикаро намедонанд, дар китобҳои дарсӣ лексияҳои илмиашонро ҷой дода, даст ба сина мезананд, ки мо кори хайреро анҷом додему медиҳем. Ман фикр мекунам, ки ин "хидмати хирсона" аст. Мактаб забоншинос тайер намекунад, пас чӣ лозим, ки ин қадар қоидаҳои мушкилро дар китобҳои дарсӣ ҷой диҳем? Хонандагон дар мактаб тавассути сухани воло забонро ёд мегиранд, истилоҳоти ягона на танҳо дар таълими фанни забону адабиёт, балки дар дигар фанҳои таълимӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Масъалаи ягонагии истилоҳот ва нақши он дар таълими забони модарӣ бояд ҳамеша зери таваҷҷуҳи муаллифони китобҳои дарсӣ қарор дошта бошад, зеро духӯрагии истилоҳот метавонад хонандагонро ба роҳгумӣ барад. Муҳаққиқ Абдухолиқ Абдуллоев, ки дар вазифаи муовини марказ заҳмат мекашад, дар баробари хотирнишон намудани кору заҳмати муаллифони китобҳои дарсӣ, инчунин, ба баъзе камбудиҳои китобҳои таълимии фанни "Забони модарӣ" (синфҳои ибтидоӣ) дахл карда, бо мисолҳо иншон дод, ки ин камбудиҳои ҷузъӣ натиҷаи фориѓболӣ ва талаботи айёмро ба инобат нагирифтани муаллифони китобҳои дарсӣ мебошад. Муаллифони китобҳои дарсӣ масалан, вожаи "сокинон"-ро ба "мардум" ва "одамон", "тоҷикон"-ро "афроди миллати тоҷик", "хушоҳанг"-ро ба "хушовоз" "Забони модарӣ", синфи 1), "ниҳод"-ро ба "дил" ва "шаҳд"-ро ба "мунаввар" ( "Забони модарӣ", синфи 3) шарҳу тасвир дода, гӯё истилоҳ сохта бошанд. А. Абдуллоев, инчунин, афзуд, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ минбаъд ҳамкориро бо муаллифони китобҳои дарсӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, тамоми чораю тадбирҳо андешида мешавад, ки дар оянда пеши роҳи чунин камбудиҳо гирифта шавад. Сармуҳаррири маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" Саида Набизода-яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ аст, диққати ҳозиронро ба мушкилии истилоҳу истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ ҷалб намуд. Ба андешаи вай, миёни олимони забоншинос ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар ин бобат ҳанӯз ихтилофи назар вуҷуд дорад; бархе "грамматика ва фонетика"- ро, ки истилоҳи байналмилалӣ асту солҳо боз дар илм мустаъмал, кӯшиш мекунанд ба "сарфу наҳв ва савтиёт"-и арабӣ иваз намоянд. С. Набизода посухҳои фейсбукии "Маорифи Тоҷикистон"-ро дар бораи пазириш ё радсозии истилоҳҳои нав аз қабили "сарфу наҳв"- "грамматика", "ово-савтиёт"–"фонетика", инчунин, "овошиносӣ, сарф, наҳв" ё "фонетика, морфология, синтаксисис" мисол оварда, арз дошт, ки посухгӯӣ ё раъйдиҳӣ ҳанӯз ҷониберо пирӯз намедонад. Ба қавли ин пажӯҳишгар танҳо муаллими босаводу ҳақиқӣ метавонад дар таълим ҷойгоҳи ҳар истилоҳро таъйин намояд. Дурангию серангии истилоҳотро, ки баъзе муаллифон дар китобҳои дарсӣ ҷой додаву истифода намудаанд, бар зарари таълим аст, хонандагон аз чунин "истилоҳсозӣ" дониш гирифта наметавонанд. Забоншинос, муаллифи китобҳои фанни "Забони модарӣ" барои синфҳои болоӣ Сайдамир Аминов ҳангоми таҳлили камбудиҳои соҳа, инчунин, ба баррасии масъалаҳои муҳими таълими забони модарӣ дар макотиб назари хешро иброз дошта, гуфт, ки аксари ин камбудиҳо, ки дар китобҳои дарсӣ роҳ дода шудаанд, муқассир худи муаллифони китобҳои дарсӣ мебошанд. Ба андешаи С. Аминов Вазорати маорифро лозим аст, муаллифони китобҳои дарсиро пурра иваз намояд, зеро аксари эшон аз мактаб дуранд, моҳе соле дар мактаб кор накарда, талаботи соҳаро намедонанд. Вақте вазъ чунин аст, чунин муаллифон худсарона, ба қавле истилоҳҳои "мӯд"-ро ихтироъ мекунад, ки онро на худи муаллимон ва на хонандагон дарк менамоянд. Олими шинохта бо таассуф изҳор намуд, ки миёни китобҳои фанни забони модарии муассисаҳои таълими ҳамагонӣ ва макотиби олӣ фарқе намондааст, докторону профессорони - муаллифони ивазнашаванда саҳифаҳои китобҳои дарсии мактабиро чунон аз назарияҳои илми забоншиносӣ пур кардаанд, ки кас ҳайрон мемонад. Хонандаи мактабӣ бояд забони модариро биомӯзад, на илми назарияи забонро. Назарияи илми забоншиносӣ дар макотиби олӣ таълим дода мешавад. С. Аминов пешниҳод кард, ки муаллифони китобҳои дарсӣ аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаю босавод, ки солиёни зиёд ба таълиму тарбия машѓуланд, зиёд карда шавад. Китобҳои дарсиро вазорат тавасути меъёри конкурсӣ қабул намояд. Вақти он расидааст, ки гуфт дар идомаи баромадаш С. Аминов, ниҳодҳои марбута дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ истилоҳоти илмиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои қабули он чора ва тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дар ин бобат, Кумитаи забон ва истилоҳот метавонад нақши бештар бибозад. Дар конференсия С. Анварӣ, А. Байзоев, устодони ДМТ Г.Файзалиева, мутахассиси пешбари раёсати таъминоти методии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Зулфониён Раҳим Раҷабзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён, мудири шуъбаи фанҳои филолгияи ПРМ ба номи А. Ҷомӣ, Хӯҷамқул Гулов, омӯзгори МТМУ №8- ноҳияи Хуросон ва чанде дигарон бо маърӯза баромад карда, андешаҳои ҷолиб намуданд. Бурҳон Салмон, рузноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.