Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Назарҳо доир ба курси бозомӯзии ҲХДТ

Назарҳо доир ба курси бозомӯзии ҲХДТ

16-03-2021, 17:11
Хабарро хонданд: 794 нафар
Назарҳо: 0
Назарҳо доир ба курси бозомӯзии ҲХДТБо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТаз 1 то 6 марти соли ҷорӣ дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе бо ҷалбишахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисонисатҳи олии касбӣ, бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳварифаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” курси бозомӯзӣ доир гардид, ки дар шумораҳои гузашта оид ба рафти баргузории курси мазкур иттилоъ дода будем. Дар ин шумора назару андешаҳои чанд тан аз иштирокчиёни курсро пешкаши хонандагон менамоем.

Гулрухсор ШАРИФЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб:
- Бо боварии комил метавон гуфт, курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, китӯли як ҳафта идома ёфт, ниҳоят як иқдоми нек ва саривақтӣ буд. Зеро аз ҷониби шахситяҳои донишманд ва коршиносону мутахассисони варзидасуханрониҳиои пурмуҳтаво ироа гардида, суҳбатҳои судманд доир шуд.
Дар баробари таҷрибаомӯзӣ ва аз худ кардани нозукиҳои кори ҳизбӣ шиносоӣ бо ҳамсафонам аз ҳар гӯшаю канори кишвари азизамон бароям басо хушоянд буд. Албатта, лаҳзаҳои хотирмон зиёд буданд, вале аз хотирмонтарин лаҳзаҳо дар раванди курси бозомӯзӣ аз назари камина, ин таҷрибаомӯзӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Неругоҳи барқи обии “Роғғун” буд. Баъд аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолияти Кумитаи ибтидоӣ, инчунин, аз рафти сохтмони иншооти тақдирсози миллат - НБО “Роѓун” аз наздик дидан намудем. Ҳангоми боздид аз ин иншооти азими аср суханони пурқимати Пешвои миллат хотирам омад, ки чунин изҳор дошта буданд: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури “Роѓун” парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”. Зимни боздид бори дигар эҳсос намудам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ѓамхорӣ менамоянд. Барҳақ, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО “Роѓун” вобастагии калон дорад. Ва Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо аз ин дида боз нурафшонтар хоҳад гашт.Назарҳо доир ба курси бозомӯзии ҲХДТ
Фикр мекунам, ки ҳар нафаре дар курси мазкур иштирок кард, ба худ таҷрибаву таассуроти нек бардошт. Зеро ҳар лаҳзааш фаромӯшнашаванда ва ибратбахш буд.
Курси бозомӯзӣ ва иштирок дар он масъулияти ҳар як роҳбарони ҳизбро дар назди халқу давлат бештар намуд. Боварии комил дорам, ки бо бардошт аз ин иқдоми саривақтӣҳар як мсъули ҳизбӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бештар саҳмгузорӣ менамоянд.

Нигора ОЛИМЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант:
- Баргузории курси омӯзишӣ барои раисони КИ ҲХДТ бисёр як чорабинии хубу хотирмон буд.Зеро маҳз дар ҳамин гуна чорабиниҳо шахсияти ҳар як корманди хизбӣ дидаю санҷида, сатҳи донишу малака, кордонӣ ва дигар хислатҳои онҳоро фаҳмидан мумкин аст, ки онҳо то куҷо ба вазифаҳояшон ҷавобгӯ ва арзандаҳастанд. Назарҳо доир ба курси бозомӯзии ҲХДТ
Оид бабаргузории курс ва гузарондани мизҳои мудаввар, дарсҳо ва суҳбату вохӯриҳо танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамааш дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуда буд. Ман ба ташкилкунандагони курси бозомӯзӣ миннатдории самимии худро мерасонам, зеро дар идомаи курси мазкур мо бо дигар раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ошноӣ пайдо кардем ва ба қадри имкон аз таҷрибаи якдигар бархӯрдор гаштем. Гузашта аз ин, ба мо имкон даст дод, ки аз маконҳои тамошобоби пойтахти кишвари азизамон дидан намоем. Муҳимтар аз ҳама, аз сохтмони иншооти муҳими аср НБО “Роѓун” дидан намудам ва бо таассуроти нек ба маҳали худ баргаштем.

Абдулло АЗИЗОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод:
- Баргузории курси бозомӯзӣ дар доираи барномаи мукаммали тарҳрезишуда ба ман таассуроти нек гузошта ба ташаккули дониши сиёсӣ, инкишофи малака ва маҳорати кордонӣҳамчун раиси кумитаи иҷроияи ҳизбӣ мусоидат хоҳад кард.
Муддатҳои тӯлонӣ аст, ки ман вазифаи раиси кумитаи иҷроияро дар ноҳия ба уҳда дорам. Вазифаи мазкур масъулияти бузургеро дар назди ман ҳамчун як фарди ҷумҳурӣ баҳри тарѓибу ташвиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал мегузорад.
Суханронии пурмазмуни муовини якуми РаисиҲХДТ муҳтарамАбдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи “Омилҳои расиданба ҳадафҳои олии ҲХДТ “Барои рӯшди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” дар вилоят, шаҳр ва ноҳия–дастурҳо дар асоси нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат”,ҳамзамон, дастуру тавсияҳои судмандҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо, қабули сифатноки аъзои ҳизб, мақсаднок ба роҳ мондани ташвиқу тарѓиби ѓояҳои созандаи ҲХДТ дар байни оммаи васеи мардум моро водор менамояд, ки бо меҳнати шабонарӯзӣ баҳри иҷрои ҳадафҳои мазкур фаъолиятро дучанд намоем. Гузаронидани суҳбат ва саволу ҷавобҳои муовини Раиси ҲХДТ муҳтарам Асрор Латифзода ва дастуру тавсияҳои пешниҳодшуда баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣмасъулияти моро бештар менамояд.
Дар сатҳи зарурӣ бо истифода аз воситаҳои аёнӣ гузаронидани мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои “Нақши азҳоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,“Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ” бо иштироки намояндагони ВАО ва дигар суҳбату вохӯриҳо ба ташаккули кордонии мо дар фаъолияти минбаъда мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари машѓулиятҳои таълимӣ, боздид азҷойҳои таърихии шаҳри Душанбе, аз ҷумла боздидҳо аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ,Қасри теннис ва Маҷмааи бозиҳои обии шаҳри Душанбе, тамошои намоишномаи “Исфандиёр” дар театри “Аҳорун”, инчунин, таҷрибаомӯзӣдар Кумитаи иҷроияи ибтидоии НБО “Роѓун” ва боздид аз сохтмони иншоотимуҳими аср” ва “Кохи Наврӯз” ба инкишофи ҷаҳонбинии маънавии мо мусоидат хоҳадкард. Шиносоӣ бо фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар МНМОҶТ ва фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва кабудизоркунии муҳити атроф низ хотирмон буд.
Бо истифода аз фурсати муносиб,миннатдории самимии худро ба ташкилкунандагони курси мазкур, бахусус роҳбарияти олии ҲХДТ баён менамоям.Дар фаъолияти 35 -солаи кориам дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштирокам дар курсҳои бисёр, баргузории чунин ҳамоишро дар сатҳи баланд бо барномаи тарҳрезишуда бо ҷалби мутахассисони сатҳи олии касбӣ ва риояи бечунучарои реҷаи корӣ, дорои масъулияти баланд ва таъсиргузор ба мафкураи шахсият, ки бемуҳобот ба беҳ шудани фаъолияти меҳнатӣ оварда мерасонад, бори аввал дучор меоям.

Махсумҷон АБДУЛЛОЕВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод:
- Бе муҳобот метавон гуфт, курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, ки бо сухани пурмуҳтавоимуовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣифтитоҳ гардид, як маҳфили илмиеро мемонд, ки аз оѓоз то анҷомҷолибу хотирмон буд.
Дар курси бозомӯзӣ, маърӯзаи Абдуҷаббор Азизӣдар мавзӯи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия-дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат», маърӯзаи Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат» ва дигар маърӯзаи ироашуда,хеле бамавридутаъсирбахш буданд.
Инчунин, ташкили лексия–суҳбат бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ» инчунин, гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи“Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ” бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, қобили таваҷҷуҳ буд.

Раҳматҷон МАҲМАДОВ,
раиси Кумиттаииҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт:
- Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроия бисёр муфид ва саривақтӣ буд. Ман давоми фаъолияти кориам солҳои пешин аз бисёр курсҳои бозомузӣ гузаштаам, вале ин курс бо барномаи худ, бо интихоби мавзӯҳо фарқ мекард. Ташкили курс дар як макон, ки ҳам ҷойи хоб, ҷойи хурокхӯрӣ ва шароити гузаронидани омӯзишҳо дар як макон ҷойгир буданд, ки барои иштирокчиён бисёр хуб буд. Кормандони меҳмонхонаи “Кохи афсарон” низ муносибати хуби меҳмондориро аз худ нишон медоданд.
Дар рафти курс мо аз роҳбарони сатҳи аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносони соҳаҳои мухталиф оид ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва равандҳои иҷтимоии ҷомеа маълумот гирифтем. Мавзӯҳои интихобшуда хеле муҳиму саривақтӣбуданд, ки барои ислоҳи камбудиҳо ба мо кумак мерасонанд. Мо шаклиэлектронии ин барномаиомӯзиширо низ дастраснамудем, ки дар рафтикорпайваста аз он истифода хоҳем кард. Сафарнамудан ба НБО «Роѓун» вадигар маконҳоизебову дидании шаҳри Душанбе низ бароимаълумотибештарпайдонамудани мо, дар арафаиҷашни 30- солагииИстиқлолиятидавлатии кишвари азизамонбароивохӯриюсуҳбатбомардумидеҳотваистифодабурдан аз ин таҷриба дар кори ҳаррӯзаитаблиѓотиамонхелелозимӣмебошад.Дар рафти курси омӯзишӣ бо бисёр ҳамсафоне, ки нав ба вазифаҳо таъйин шудаанд, шинос шуда, аз роҳу равиши кори якдигар маълумот пайдо кардем. Дар фарҷомии курси бозомӯзӣ дастуру маслиҳатҳои муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ–муовини якуми Раиси ҲХДТ барои ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти кори ҳизбӣ муҳиму саривақтӣ буд.
Агар чунин курсҳои омӯзишӣ барои дигар кормандон, аз ҷумла мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, сармутахассисон ва мутахассисон низ ташкил карда шаванд, хеле муфид ва кумакрасон мебуд.

Раҳмоналӣ УМАРОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор:
- Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланди омодагӣ ва хизматрасонии ҳамаҷонибаи дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ доир гардид.
Дар ҳақиқат ин омӯзиш барои раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчун як машъали рӯз лозим буд, чунки муҳлати зиёде шуд, ки ингуна курсҳо баргузор нагардида буданд ва мо аз рафти таѓйироту дигаргуниҳои дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию корбарӣ кам огоҳ мегаштем.
Дар рафти омӯзиш ба мо муҳаққиқон ва донишмандони хуб дарс гуфтанд, инчунин, мо бо дигар раисони шаҳру ноҳияҳо аз наздик шиносоӣ пайдо карда, табодули афкор намудем, ки барои пешбурди кори минбаъдаамон як такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таассуроти калон аз сафар ба сохтмони аср, Неругоҳи барқииобии «Роѓун», Осорхонаи миллӣ, Қасри теннис ва маҷмаи бозиҳои обӣ, Китобхонаи миллӣ,“Кохи Наврӯз” ва иштирок дар театри «Аҳорун» бардоштем, ки дер боз дар хотири ҳар яки мо хоҳад монд.
Аз ин лиҳоз, ман ба ташкилкунандагони курс барои дар як сатҳи баланд қабул намудан, хизматрасониихуб ва гусели самимӣ изҳори сипос намуда, дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз ба онҳо сиҳатию саломатӣ, осмони софу беѓубор ва дар кору зиндагиашон муваффақиятҳои беназир орзумандам.

Нурулло ТУРСУНОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода:
- Пеш аз ҳама як нуктаро бояд қайд кард, ки баргузории чунин курсҳо аз ҳама ҷиҳат аз манфиат холӣнест. Дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешқадам, баргузории курси бозомӯзӣ барои мо имконияти хуберо фароҳам сохт, ки бо раисони КИ ҳизбии шаҳру ноҳияҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намудем. Агар баргузории курси мазкурро ба таври умумӣ баҳогузорӣ кунем, воқеан ҳам ҳамааш дар сатҳи олӣ буд. Лексия-суҳбатҳо, маърӯза ва саволу ҷавобҳо, таҳлилҳо, сӯҳбат барои тақвияти фаъолият дар рафти баргузории мавзӯъҳо диққатҷалбкунанда буданд.Беҳтарин чеҳраҳои шинохта ва шахсиятҳо дар аудитория дарс гуфтанд.Шунавандагон вобаста ба самт ва шохаҳои идеология бардошти дуруст намуданд. Як нуктаи дигарро низ қайд кардан зарур аст, ки боздид аз иншоотҳои муҳими давр нигоҳи моро дигаргун сохт.
Фикр мекунам, агар чунин курсҳо соле ду маротиба бо давомнокии серӯз вобаста ба имкониятҳо дар минтақаҳо низ гузаронида шавад, ба манфиати кор хоҳад буд.

Фаррух Аловиддинов,
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор:
-Агар дар атрофи баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз омӯзишҳои баргузоргашта ибрози ақида намоем, пас гуфта метавонам, ки барои корбарии раисони кумитаҳои иҷроия як чароѓи роҳнамои пешбурди кор намоён гашт ва баҳри пешрафти кор мусоидат хоҳад кард. Худи курси бозомӯзӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашт ва доираи ҳамкории кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳоро боз ҳам беҳтар намуд.
Баъдан, боз саволе ба миён меояд, ки оянда дар ин раванд чӣ корҳоро ба анҷом расонидан лозим аст, то ки дар як доираи танг курсҳои бозомӯзӣ маҳдуд нашаваду манфиати он ба ҳар як фаъоли ҳизб бештар расад?
Пеш аз ҳама, каме дар атрофи роҳи пешакарда, яъне гузариш ба ҳукумати электронӣ: дар ҳолате, ки мо беш аз даҳ сол қадам ба сӯи давлати электронӣ мениҳем, хоҳ ноҳоҳ талаб ба кадрҳои баландихтисос ба миён меояд. Барои омода намудани кадрҳои баландихтисос, ки дар пешбурди фаъолияти корӣ дар тамоми соҳаҳо, новобаста аз давлатӣ, буҷавӣ, хусусӣ ва ё ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳар як фарди алоҳида, механизми муккаммали ҷавобгӯ ба талабот зарур аст ва мебоист пеш аз ҳама атрофи ин корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Яке аз омилҳои ҳарчи тезтар ба тартиби давлати электронӣ гузариш намудан, ҳамин аст. Яъне мактаби захираи кадрӣ, ки пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ бисёр коста гаштааст ва доимо пайи ин мавзӯъ дастурҳои роҳбари давлат ҳаст, ки ҳар як сохтор дар ин самт ҷиддӣ корбарӣ намуда, бо истифода аз он ҷобаҷогузории кадриро ба роҳ монанд. Айни ҳол, дар ин самт новобаста ба корбариҳои зиёд, ҳоло ҳам монеаву мушкилиҳо кам нестанд. Ҳар як сохтор то давраи гузариш дар ин самт захираи кадрии аз ҷиҳати касбият баландихтисосро тавонад, ки омода намояд. Маҳз барои ин иқдомро амалӣ намудан ин курсҳо як зинаест ва дар рафти омӯзишу таҳлилҳо нуқсонҳои ҷойдоштаро ба мо айён менамоянд, то минбаъд паси ислоҳи он шавем. Ҳамзамон, атрофи махзанаи ягонаи соҳавӣ низ бояд андеша намуд, то ки аз лиҳози бехатарӣ ҷавобгӯ буда, “Сервер”-и мустақилро махзана бояд дошта бошад ва он дар тобеияти дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо таъсиси шуъбаи махсуси ҳимояи иттилоотӣ аз хатарҳои дохиливу беруна, ки дар сохторҳои қудратӣ амал мекунанд ва
инчунин, дар оянда баҳри расидан ба сатҳи баланди сифати кадрӣ дар ҳизб бе он ѓайриимкон аст.
Дигар паҳлуи ин мавзӯъ, идомаи чунин курсҳо дар сатҳи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад, ки он ҳатмист ва таҷрибаи аз худ намудаи раисони кумитаҳои иҷроияро таҳким мебахшад ва дар шаҳру ноҳияҳо нисбат ба сатҳи касбияти мутахассисони дастгоҳи кумитаҳои иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ маълумотҳо дақиқтар гашта, баҳри ҳарчи тезтар бартараф намудани он имконияти чораҷӯӣ мешавад.
Марҳилаи дигари курси бозомӯзӣ ин ҷалби бештари гурӯҳҳои таблиѓотӣ ва фаъолони ҳизб, бахусус, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, ки аз ҷониби ҳизб пешниҳод шудаанд ва гурӯҳи вакилии худро дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо таъсис додаанд.
Баъдан дар сатҳи фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва вакилони ҷамоатҳо, ки бевосита бо мардуми маҳал доимо дар ҳамкорӣ ҳастанд. Ҳар як узви ҳизб бояд аз ин курсҳои бозомӯзӣ тибқи барномаҳои алоҳида, ки он кӯтоҳмуддат дар доираи як дарси мукаммал дар як рӯз ва миёнамуддат то панҷ рӯзро дар бар мегирад, гузарад. Ҳар як узви ҳизб ин сарбози майдони сиёсат аст ва ӯ бояд дар ҳама ҳолат омода бошад, ки «миссия»-и ба зимма доштаашро иҷро намояд.
Дигар паҳлуи касбомӯзиҳо ин дар муоширати доимӣ будани намояндагони сохторҳои гуногуни ҳизбӣ ва блоки идеологӣ мебошад, ки дар рафти баҳсу музокираҳо камбудиҳои ҷойдоштаро муайян намуда, баҳри саривақтӣ бартараф намудани он дар якҷоягӣ дар асоси таҳлилҳои объективона механизмҳои лозима таъсис дода шаванд. Имрӯз блоки идеологӣ барои пешбурди фаъолияти корӣ дигаргуниҳои ҷиддиро талаб менамояд ва бахусус, дар масъалаи гузариши кадрӣ ва ҳамчунин доираи ҳамкориҳо бо сохторҳои маҳаллӣ, ки бештар мушкилӣ доранд ва механизмҳои корбариро таҳким бахшида, бештар мустақилият дода шавад. Баҳри расидани ҳар як фарди ҷомеа ба дарки баланди фаҳмиши манфиатҳои миллӣ, моро мебоист аввалан аз пуштибонии манфиатҳои ҳар як оила, маҳал, деҳот оѓоз намуда, дар маҷмӯъ ба сатҳи олии он, яъне манфиатҳои давлатдориву миллӣ бирасонем. Ин ҳама аз суханҳои Роҳбари давлат бармеояд, ки “Оила- асоси ҷомеа” ва зери ин гуфтаҳо як ҷаҳон маънӣ аст.
Оид ба ҳолати коргузории ҳизбӣ, ки дар рафти омӯзишҳо суҳбату баромадҳои алоҳида буд, инро қайд карданӣ ҳастам, ки вобаста ба рушди соҳаҳо ва пешрафти ҷомеа он низ ҷавобгӯ ба талаботи замона буда, баҳри гузариш ба давлати электронӣ механизми марҳилаи гузариши он ба пуррагӣ дар муддатҳои кӯтоҳтарин таҳия карда шавад. Ҳар як қолаби ҳуҷҷатгузорӣ ба тартиби ҳуҷҷатгузории намунавии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, ки тавсия барои тамоми сохторҳо мебошад, ҷавобгӯ бошад. Дар ҳолатҳои гузариш низ он бояд ба тарзе пешбинӣ шавад, ки аз як қолаби корӣ ба дигар қолаби кории ҳуҷҷатгузорӣ (яъне шакли электронӣ) гузаштан, дар рафти фаъолияти корӣ монеа эҷод нанамояд. Дар ҳолати маълумотҳои дақиқ будан ва ҷалби кадрҳои баландихтисос, ҷомеаро ба самти рушди босубот, ки ҳадафи асосии ҳизб ва расидан ба ҳадафи олии он - зиндагии шоиста дар муддати нисбатан кутоҳ имконпазир хоҳад гашт.
Аз ҳама қисмати муҳими дигари касбомӯзӣ – ин дар ҳар як ташкилоту идора дар алоҳидагӣ баргузор намудани он, ки барои пешбурди фаъолият ва солимгардонии ақидаҳои сиёсии ҳар як кадр такони мусбӣ мебахшад. Курсҳои бозомӯзӣ дар сохторҳо ба тавре ба роҳ монда шавад, ки аввалан манфиати пешбурди фаъолияти он сохтор ба инобат гирифта шавад ва баъдан баҳри беҳтар намудани маҳсулнокӣ ва устувории ақидаҳо дар раванди корҳои идеологиву сиёсӣ ва ҳамчунин, дифоъ аз манфиатҳои миллӣ таҳким бахшида шавад.

Мурод Шукурзода,
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Дар курси бозомӯзӣ мо аз суҳбатҳои ҷолиби сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва кормандони ботаҷрибаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баҳра бардоштем.
Дар оѓози курси бозомӯзӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳор доир ба зарурияти ин курс ва муҳтавою моҳияти барнома ибрози андеша намуд.
ӯ таъкид дошт, ки омилҳои расидан ба рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагонии шоистаи мардум дар меҳвари барномаи ҲХДТ ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар амалисозии он мо ҳизбиён бояд саҳмгузор бошем. Таъкид гардид, ки ҳизбиён бояд дар иҷрои корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарѓиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, ҷалби қувваи фаъоли ҷомеа ба сафи ҲХДТ, тарбияи кадрҳо, ба танзим даровардани ҳисоботи оморӣ ва молиявӣ, тақвияти сомонаи ҳизбӣ, якрӯю якмаром будан дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъулиятшиносӣ, тибқи талаботи Оиннома ба роҳ мондани коргузорӣ ва такмили ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиддӣ муносибат намоем.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки робита бо ҷомеа, бо халқ будан меҳвари фаъолияти ҳизбиён бошад. Дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ҷомеа бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- ватани азизи ман» ва озмуни нави «Илм –фурӯѓи маърифат» иқдоми хеле зарурӣ аст. Ин озмунҳо барои тақвияти донишандӯзӣ, дарёфти истеъдодҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва дар замири мардуми мо коштани тухми меҳру муҳаббат, дустдорӣ ва эътиқодмандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар ин самт низ ташкилотҳои ҳизбӣ бояд намуна бошанд.
Маърӯзаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик», вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ дар мавзӯи «Паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар заминаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ», намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Прокуратураи генералӣ, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила, маориф ва илм, фарҳанг, Агентии назорати маводи нашъаовар, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИТ оид ба нақши азҳоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ, пешгирӣ аз таҳдиду ҳаракатҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ ва вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он хеле ҷолиб ва муфид буданд.
Дар барнома оид ба такмили маҳорати роҳбарӣ, коргузорӣ, пешбурди корҳои ҳизбӣ, татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва сиёсатмадорӣ маърузаҳои муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода, роҳбари дастгоҳи КИМ Хонзода Абдураҳмон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб Наимов Маҳмаддулло, Ҳабибзода Зоир, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзӯъҳои тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ, таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ-сарчашмаи муҳими фаъолияти Кумитаҳои иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ-асоси ҳизб, истифодаи инноватция дар фаъолияти ҳизбӣ, нақши маркази матбуот ва таҳлилӣ дар таҳкими корҳои таблиѓотию ташвиқотӣ, танзим ва назорати молиявии Кумитаҳои иҷроия хеле арзишманд ва ба маврид буданд.
Курси бозомӯзи барои кормандони масъули ҳизбӣ як давраи ба ҳам ошноӣ, шиносоӣ, табодули афкор, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дӯстии байни минтақаҳои Тоҷикистон буд.

Мунаввар Абдусаломзода,
раиси КИ ҲХДТдарноҳияиКӯшониён:
- Курси бозомӯзӣ маҳфили хуби сиёсиву маърифатии ҳизбиён буд. Муовини якуми Раиси ҲизбиХалқииДемократииТоҷикистонАбдуҷабборАзизӣдармаърӯзаи“Омилҳои расидан ба ҳадафиолииҲХДТ “Барои рушди устувори иқтисодӣвазиндагиишоистаимардум”дарвилоят, шаҳрваноҳия-дастурҳодарасоси нуқтаҳоиПаёми Пешвои миллат”, аз ҷумла оид ба мақсадуҳадафикурсибозомӯзӣ, ҳаллимасъалаҳоиҳамарӯзаиҳаётимардум, корҳоидохилиҳизбӣ, натиҷаигузаронидани маъракаи муқоисакунииаъзоиҳизб, корбозанонуҷавонон, муборизабарзиддигурӯҳҳоиҳадафашоннопокваомодагӣбаҷашни 30-солагииИстиқлолиятидавлатииҶумҳурииТоҷикистонбодалелҳоимушаххасгапзаданд.
Боздид аз НБО «Роѓун», ки барои иштирокчиёни курс бевосита бо дастури Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмон ворид шуд, ҷолиб ва хотирмон буд. Пазироии роҳбарияти шаҳри Роғун ва меҳмоннавозиҳояшон хеле хушамон омад. Вақти сафар бо кори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҶСК“Роғун” шинос гардида, тарзи корбарӣ, ҳуҷҷатдорӣ, таҷҳизи утоқҳоикорашонро аз наздик дидем, оид ба таҷрибаиҳамдигарбаҳс намудем.
Мо ба даруни Кохи нур даромада, бо ҷараёни корҳоисохтмонӣ шиносшудем, аз кормандонаш дар бораи қисматҳои гуногуни неругоҳ, агрегатҳо ва рафтикорҳои сохтмонӣ маълумот гирифтем.
Фикр мекунам, ташкили саёҳати дастаҷамъона ба ин иншооти муҳимиаср бояд минбаъд низ дар барномаи ҳар чорабиние, ки барои гурӯҳҳои дигари ҳизбӣ доир мешаванд, бояд ҷой дода шавад, зеро на ҳамаимконё шароити ба танҳоӣ ба чунин мавзеи ҷолибу муҳим саёҳат карданро дорад. Зимни курси бозомӯзӣ бахшида ба Рӯзи модар конференсияиҷумҳуриявӣдармавзӯи “Бонувон дар меҳвари Паём” дар Осорхонаи миллӣбаргузоргардид, кибароимо, занони роҳбарсуханрониҳоихотирмону самимии Хайринисо Юсуфӣ–муовиниРаисиҲХДТ, Дилрабо Мансурӣ–муовинираисиМаҷлисинамояндагониМаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистон, ҲилолбӣҚурбонова–раисиКумитаикорбозанонваоилаиназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонвадигарондарбораибаланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеатаассуротинекбахшид.
Чуноне дар суҳбатҳо зикр шуд, ҳоло 8 зан узви Маҷлиси миллӣ ва 15 бонувакилиМаҷлисинамояндагониМаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистонмебошандва шумораи занон дар маҷлисҳоивакилонихалқи шаҳруноҳияҳова дар корҳоироҳбарӣ ҳам афзудааст.
Мо, шунавандагон як ҷаҳонтаассурот, навигариюбозёфтҳоиҷолиберо зимни омӯзиш бардошт намудем, ки дар фаъолияти ҳизбиамонсамаранокистифода хоҳем бурд.

Рустам ФЕЛАЛИЕВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ:
-Омӯзиш манбаи дарку инкишофи қобилияту малакаи корӣ буда, ба омӯзанда неру ва тавони тоза мебахшад. Таҷрибаомӯзӣ дарси бузурги зиндагию амал аст. Устод Рӯдакӣ хуб фармудааст, ки «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир».
Бори аввал дар курси бозомӯзии ҳизбӣ ширкат доштам. Дар ин чорабинии зарури вақт аз баромади пурмуҳтавои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оид ба тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, усулҳои манфиатноки корбарӣ дар миёни мардум, иштироки фаъолона дар ташкилу баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва самарабахш сафарбар намудани занони сермаҳсулу ташаббускор ва ҷавонони серѓайрат дар корҳои ободонию созандагӣ роҳнамоӣ ва супоришҳои мушаххас гирифтем.
Бори дигар муваззаф шудем, ки ҳар доим дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводҳои иѓвоангези бадхоҳони миллат ва душманони истиқлолияти давлатию ваҳдати комили миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои илман асосноку ҳадафрас гардонем.
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба ин васила, боло бурдани масъулияти падару модар аз масъалаҳои муҳими суханрониҳои мавсуф буд.
Моро зарур аст, ки дар асоси ин дастуру супоришҳо нақшаи чорабинии мушаххасро таҳия карда, аз рӯи он ҳамарӯза кор барем.

Жаркинбай АҚЖАРОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурѓоб:

-Дар чанд курси бозомӯзии кормандони ҳизбӣ иштирок доштам. Агар аз рӯю риё напиндоред, сифат ва самараи ин курси бозомӯзӣ аз курсҳои пешина куллан фарқ мекунад. Дар аввал аз суханронии сермаъно ва серпаҳлуи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷиҳати таҳлилу тафсири фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҳал, саҳми мондагор гузоштан дар ташкилу баргузории озмунҳои умумиҷумҳуриявии “Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯѓи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва ба таври густурда ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба шарафи сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷаҳон маънӣ бардоштам.
Таъкиду таҳлилҳои саҳеҳи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҷеъ ба таҳким бахшидани фаъолияти соҳаи афзалиятноки ҷомеа илм ва маориф, арқоми президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар хусуси ривоҷу равнақ додани илми биология, ки паёмади он дар мубориза бо СOVID-19 саҳеҳан ба мушоҳида расид, бо усули замон сохтану ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ дар мамлакат, ҳанӯз асрори коинот, ки бо замин ва ҳаёти башар алоқаи ногусастанӣ дорад, ҳамагӣ 5 дарсад омӯхта шудааст, хеле ҷолиб буданд.
Умуман ҳамаи баромадҳо аз манфиат холӣ набуданд. Аз ин курси бозомӯзӣ барои фаъолияти кории худ як ҷаҳон маънӣ ва таҷриба ҳосил намудем ва мувофиқи имконият баҳри иҷрои сифатнокии онҳо тамоми донишу қобилият равона месозем.

Атобек СУБАДОРОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ:
Иқдоми ҳизбие, ки муддати шаш рӯз барои мо, масъулони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти номи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ» доир гардид, дар ҳақиқат пурмуҳтаво буд.
Суҳбатҳои меҳмононе, ки барои пешбурди соатҳои омӯзишӣ даъват шуда буданд, ба монанди Ширин Амонзода - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, Фарҳод Раҳимӣ- президенти Академияи миллии илмҳо, Маркази исломшиносӣ, намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, масъулони ниҳодҳои вобаста ба ВАО, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва дигар иштирокчиёни нишастҳои омӯзишӣ бо мазмуну мундариҷа як ҷаҳон маъно доштанд ва дар хотири мо нақш бастааст.
Чиҳати дигари мусбати Курси бозомӯзӣ он буд, ки бо намояндагони КИ аз шаҳру ноҳияҳои дигар аз наздик шинос шуда, дар мавриди таҷрибаи кор бо мақсади беҳбуд бахшидан ба фаъолияти худ табодули назар кардем.
Якнуктаимуҳимиомӯзишиҳизбӣинбуд, киҷиҳати тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ бо ҷараёни ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, аз кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои пойтахт дидан намудем. Барои пеш бурдани корҳои ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ пешниҳодҳои мушаххаси масъулони Кумитаи иҷроияи марказиро шунидем, ки бешубҳа ба беҳтар шудани ҳолати коргузорӣ дар ташкилоти ноҳиявӣ мусоидат менамояд.
Мо аз ин курси бозомӯзӣ бо хотираҳои ҷолиб, шиносоӣ бо таҷрибаи кории ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргаштем. Итминон дорам, ки курси мазкур барои пешрафти корҳои ҳизбӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ба Барномаи ҲХДТ, омили пешбурди корҳои ҳизбӣ ва дар ниҳоят саҳми бештар гузоштани ҳизбиён барои боз ҳам ободтар кардани кишвари азизамон мешавад.

Махфират ДАВЛАТЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун:
-Баргузории курси бозомӯзии раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки чунин ҷамъомадҳо барои дониши бештари паҳлуҳои асосии Оиннома ва Барномаи ҳизб, баҳри баланд бардоштани савияи дониши сиёсии иштирокчиён мусоидат менамояд. Маҳз баромадҳои пурмуҳтавои Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ, директори институти иқтисод ва демографияи АМИТ Ховар Шариф Раҳимзода, муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, Латифзода Асрор Қурбон, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин хеле диққатҷалбкунанда буданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дар миёни ҷомеа ҷойдошта, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, баланд бардоштани ватандустӣ ва хештаншиносӣ, тарзи корбарӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти вазифавӣ ва нақшаи кории ҳар як масъули КИ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон, иштирокчиёни курс намоиши театри «Аҳорун»-ро тамошо карда, аз дидани толорҳои Китобхонаи миллӣ, Қасри теннис ва Маҷмааи бозиҳои обии шаҳри Душанбе, боғҳои Парчами давлатӣ,Нишони давлатӣ Боѓи устод Рудакӣ ва НБО «Роѓун» як ҷаҳон таассуротбардоштанд.
Ташрифи пешоҳангони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби босуботи авангард ва сарпарасти маънавии НБО «Роғун» ба ин майдони нангу номуси миллӣ, боиси ифтихор васарфарозии тамоми сокинони шаҳр ва бунёдгарони НБО «Роғун» мебошад. Иштирокчиёни курси бозомӯзӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муъҷизаи аср- НБО «Роғун» шинос гардида, ба бунёдкорони он баҳои баланд доданд.
Иштирокчиёни курси омузишӣ бори дигар дарк намуданд,ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумист ва чун ҳамеша бо мардум будан,тавсеа додани робитаи мустақим бо ҷомеа,ошноӣ бо орзуву ормонҳои халқ ва дар амалӣ шудани онҳо нақши босазо гузоштан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар узви он аст.
Дар идома ботаъкид мегӯям, ки масъулини баргузории курси бозомӯзӣ барои иштирокчиён шароити беҳтарини омӯзиш муҳайё карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи касбият ва садоқатмандона пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ имконоти лозимаро фароҳам оварданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: