Харбузаю тарбуз таърихи қадима доранд27-08-2020, 11:15
Хабарро хонданд: 479 нафар
Назарҳо: 0
Бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвов миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибистиқлоли дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, зиёд намудани майдони зироатҳои полизӣ, афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти онҳо ҷиҳати экологӣ тоза ва ба меъёрҳои содиротӣ мутобиқ тадбирҳои зиёди муассир роҳандозӣ мегарданд. Бо Амри Президенти мамлакат ҳамасола дар охири моҳи август баргузор гардидани Иди харбузаю тарбуз мутахассисону олимони бахши кишоварзиро рӯҳбаланд менамояд. Тоҷикистони биҳиштосои мо сол то сол ободу зебо гардида,корхонаҳои бузурги саноатӣ таъсис ёфта, боғҳои калони мевадиҳанда доман паҳн мекунанд. Xусусан, водии Суғд, Хатлону Ҳисор, ба боғистону майдонҳои парвариши харбузаю тарбуз табдил ёфтааст. Соҳаи кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста меафзояд. Парвариши харбузаро тарбуз ва бунёди боғу токзорҳо раванди афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд наму-дани ҳаҷми содирот ва бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтани сокинони маҳал нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин, имрӯз дар мамлакат ҷараёни бунёди майдонҳои кишти по-лизӣ ва боғу токзор идома дошта, меваҳои шаҳдбори Тоҷик-истон дар хориҷи кишвар шуҳрати хосса пайдо кардаанд. Гуфтанием, ки ширинии харбузаю тарбузи Тоҷикистон дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст. Кори пуршараф ва заҳматталаби парвариши харбузаю тарбузба мо аз ниёгонамон мерос мондааст. Аз таҳқиқоти бостоншиносон бармеояд, ки таърихи пайдоиш ва парвариши харбуза 5,5-6 ҳазор солро дар бар гирифта, дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд чун зироати истеъмолӣ маълум буд. Қаламрави Тоҷикистон яке аз маконҳои асосию қадимаи парвариши харбуза ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди намуду навъҳои харбуза маҳз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо заҳмату истеъдоди халқ дар ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадааст. Харбузаю тарбузи Тоҷикистон сифати такрорнашаванда дорад. Навъҳои парваришшавандаи харбуза дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 500 номгӯйро дар бар гирифта, бештар аз 200 номгӯйи онҳо номи аслии тоҷикӣ доранд ва ин далел аз ватани харбуза будани Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Харбуза - зироати гармидӯст буда, дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳӣ ва заминҳои обёришавандаю лалмии бо намӣ таъмин парвариш карда мешавад. Харбузаву тарбуз чун маводи истеъмолӣ дар давраи тобистону тирамоҳ ва зимистон дар ғизои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосаро ишғол менамояд. На танҳо дар деҳот, балки дар байни мардуми шаҳр истеъмоли харбузаву тарбуз бо нон, ивазкунандаи як қатор хурданиҳои дигар ба ҳисоб рафта, дастархони мардумро лаззату ширинӣ мебахшад. Дар таркиби харбуза вобаста ба навъ ва давраи пухтарасиаш аз 8 то 23 фоизқанд, 7-9 дарсад ангиштобҳо, миқдори зарурии витаминҳою моддаҳои минералӣ, оҳан (назар ба шир 15-17 маротиба зиёд), калий. калсий, хлор ва натрий мавҷуд мебошад. Миқдори калория дар 100 грамм шира ё мағзи харбуза 33 ккал буда, барои бемориҳои лоғарӣ, камхунӣ ва дилу рагҳои хунгард муфид мебошад. Намудҳои парваришёбандаи харбуза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан аз чор қисм иборатанд: гурӯҳи ҳандалакҳо, харбузаи мағзаш мулоим, харбузаи тобистонаи мағзаш сахт (чарс) ва навъҳои тирамоҳию зимистона. Ба гурӯҳи ҳандалакҳо «Ҳандалаки зард», «Зомбучаи ало», «Кукча-14», ба тобистонаи мулоим «Токаш-28», «Амирӣ», «Оби набот», «Зарметанӣ», «Дониёрӣ», «Лабиобӣ», «Сабзак-588» ва ғайра дохил мешаванд. «Бухорӣ-33», «Зардтӯр», «Андархонӣ», «Лубиёӣ» (Босволдӣ), «Гулобии сабз» ва ғайра аз гурӯҳи харбузаҳои тирамоҳию зимистонаанд. Харбузаи Тоҷикистон бо сифату лаззати хос аз ҳисоби таъму қанднокӣ, гуногунии давраи пухтарасӣ ва хусусиятҳои нигоҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба худ ҳамто надорад. Хурсандиовар аст, ки солҳои охир майдонипарвариши харбузаву тарбуз пайваста васеъ мешавад. Ин ҳолат аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси диверсификатсияи истеҳсолоти кишо-варзӣ бо мақсади таъмини талоботи аҳолӣ бо маводи хӯрока ва амнияти озуқавории мамлакат маншаъ мегирад. Чуноне ки бузурге аз таҷрибаи хеш хуб гуфта: Тановул гар кунӣ харбузаро субҳ, Барорад аз дилат ҳар иллату кубҳ. Ҳамин тариқ, дар қатори минтақаҳои асосии истеҳсоли харбузаву тарбуз - водии Вахши вилояти Хатлон, сол то сол васеъшавии майдони парвариши харбузаву тарбуз дар водиҳои вилояти Суғд, инчунин, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва водии Ҳисор ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти оморӣ истеҳсоли полизи соли 2018-2019 дар ҷумҳурӣ ба 563 ҳазор тоннарасидаҳосилнокиаш 27,4 тонна аз ҳар гектарро ташкил дод. Дар муқоиса ба солҳои 80-90-уми асри гузашта истеҳсоли зироатҳои полизӣ, аз ҷумла, харбузаву тарбуз ва каду чандин маротиба зиёд шудааст ва фурӯши васеи онҳо дар бозору мағозаҳо ва нуқтаҳои алоҳидаю махсус ҳамеша баназар мерасад. Афзун гаштани истеҳсоли харбузаю тарбуз натанҳоба беҳ шудани сатҳи таъминоти талаботи аҳолӣ боин маводи истеъмолӣ нақши калон мебозад, балки босодироти зиёди ин маҳсулот мусоидат намуда, фоидаикалони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ меорад. Ҳосилнокии харбузаву тарбуз азҳар гектар замини обёришванда 30-35 тонна ва дар замини лалмии бо намӣ таъмин 12-18 тоннаро ташкил мадиҳад вадар муқоиса бодигар зироатҳо даромаднокии иқтисодии калонро соҳиб аст. Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли харбузаю тарбуз баланд бар-доштани ҳосилнокӣ,васеъ намудани майдони кишт вапарвариши навъҳои нави харбузаву тарбузтадбирҳои асосӣандешидан аз фоида холӣ нест. Месазад, ки ҷавобан ба ғамхорию дастгирии доимӣ ба боварии роҳбари давлат сазовор гашта, дучанд фаъолият намоем ва бо шукргузорӣ аз фазои обод ва сулҳу ваҳдат, Тоҷикистони азизамонро ободтар ва бо истифода аз Иди харбузаю тарбуз ин маҳсулоти полизии кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ш. Хоҷаев, Директори Институти хокшиносии АИКТ, Т. Хоҷазод, рӯзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.