Д. Давлатзода: Аз генотсиди миллӣ то ба эҳё ва рушд.20-07-2020, 10:31
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
-Устод, соле баъд мардуми кишвар 30-солагии ба даст овардани истиқлоли давлатиро ҷашн хоҳад гирифт. Имрӯз дар ақсои ҷаҳон мардумоне ба сар мебаранд, ки дар орзуи истиқлоли миллӣ ҳастанд, қарнҳо барои ин мубориза мебаранд, аммо то ба ҳол чашидани шаҳди ин меваи ширин барояшон муяссар нагаштааст. Ба назар чунин мерасад, ки ин неъмат барои мо чун як «туҳфаи илоҳӣ ва ногаҳонӣ» буд, осон ба даст расидааст, аммо, агар ба таърих назар афканем, дар асл чунин нест. Истиқлоли давлатӣ ва миллии мо мушкилӣ ва фоҷеаи зиёди инсониро дар худ дошт, ки қадамҳои нахустини мустақили давлати тозатаъсиси Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекард… -Дуруст аст. Тоҷикистон миёни давлатҳои пасошуравӣ ягона кишваре буд, ки истиқлолият ба даст овард, аммо, бо таассуф бояд иброз дошт, аз мероси он давлати собиқи бузург баҳраманд шуда натавонист. Ин сабабҳои худро дошт. Замоне ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, ҷумҳуриҳои дигар пайи тақсими мероси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Дар ин давра кишварҳои ҳамсоя соҳиби сарватҳои моддии ҳангуфт ҳам шуданд ва аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбӣ истиқлолияти милли худро пурқувват намуда, дар роҳи инкишофи минбаъда заминаи хубе ба даст оварданд. Танҳо мо, тоҷикон, аз ин мерос бебаҳра мондем. Илова бар ин, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар зарбаи сахттарин зада шуд-корхонаҳои саноатӣ аз кор монданд ва ё вайрону валангор шуда, инфрасохтори иқтисодиёт, дар самти аграрӣ ва молиёту саноат пурра хароб гашта буданд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, зарари ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Он замон ин хеле маблағи бузург буд. Ҳамин тавр, дар давраи баъди ба имхо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки рушду инкишофи худро, гуфта метавон, аз сифр шурӯъ кард. Масалан, замоне ки кишварҳои ҳамсояи мо ҳамаи воҳидҳои қисмҳои ҳарбии Шӯравиро бо яроқу аслиҳаи навтарин гирифта, артишҳои миллии худро ташкил дода буданд, мо «саргарми» ҷанги бародаркуш будем ва хеле баъд аз дигарон воҳидҳои ҳарбии худро аз ҳисоби ихтиёриёне ташкил додем, ки ҳатто бо ягон мил силоҳ таъмин намудани онҳо барои давлат мушкил эҷод мекард. Ғайр аз ин, агар ба сохтори сиёсии ин давлатҳо нигарем, ҳолати ба ҳам монандро мебинем. Онҳо дар як рӯз бо як фармон сохторҳои Ҳизби Коммунистиро ба Ҳизби халқӣ-демократӣ табдил доданду роҳи демократии тараққиётро пеш гирифтанд. Танҳо Тоҷикистон ин корро накард. Ҳизби Коммунистӣ, ҳамон тавре ки буд, то имрӯз фаъолияташро идома дода истодааст. Мо бунёду сохтмони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро боз ҳам аз сифр шурӯъ кардем. Дар давоми 26 соли мавҷудияташ ин ҳизб ба як нерӯи пурқуввати сиёсие мубаддал гашт, ки қариб 500 ҳазор пайравонашро дар мамлакат муттаҳид мекунад. Илова бар ин, бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда, баъзе кишварҳои дигари на он қадар дур дар он замон бо сабабҳои гуногун дар роҳи рушду инкишофи иқтисодии Тоҷикистон монеаҳои ҷиддиро эҷод мекарданд. Махсусан, ин монеъгириҳо дар роҳи инкишофи энергетикии Тоҷикистон хеле зараровар буданд, чунки бо ин васила пешрафти иқтисодии моро барои солҳо боздошт. Каме фаротар руҷӯъ мекунем. Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият, он замони бисёр душвор ва ҳалкунанда ба як лидери сиёсии ҷасур ва дар ҳақиқат мардумӣ ниёз буд, то тавонад такя бо ҳамрайъонаш давлату миллатро аз ватаи нобудӣ бираҳонад. Ва мардум ин сарваррол дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дарёфт. Кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳ ва ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон натиҷаҳои хуб доданд. Заҳматҳои бузурги Сарвари давлат, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ шуд, имкони баимзорасонии ҳуҷҷати таърихӣ-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро тобистони соли 1997 дар шаҳри Москва фароҳам овард. Сарвари нави Тоҷикистон дар баромади нахустини худ эълон дошт, ки дар замони наздик сулҳро дар кишвар ба даст хоҳад овард. Имрӯз метавон гуфт, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси роҳбари давлат ӯ бо корҳои амалии худ садоқати худро ба роҳи интихобкардааш нишон дод. Дар шароити хеле вазнину мураккаб, замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги мудҳиши бародаркуш идома дошт, вақте гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳи ҷинояткор дар тамоми ҳудуди кишвар бедодгарӣ мекарданд, вақте ҳокимияти ягона вуҷуд надошт, сарвари нави давлат сараввал ҳокимияти қонуниро дар кишвар барқарор кард. Сарвари ҷавони давлат сафарҳои зиёд ба манотиқи гуногуни кишвар анҷом медод ва бидуни ҳарос шахсан дар ҳалли ҳолатҳои низоъангез иштирок мекард. Аз ҷумла, ҳама сафари нахустини таърихии ӯро ба Бадахшон дар ёд доранд. Он замон, новобаста ба вазъи мураккабу хатарнок, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи июни соли 1993 рӯйи кор омада буд, роҳбари давлат муҳтарам Эмломалӣ Раҳмон ба ин минтақаи кишвар сафари аввалини худро анҷом дода буд. Сафари ғайричашмдошти роҳбари ҷавони кишвар ба Хоруғ дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун иқдоми хеле саривақтӣ ва муҳимтарин барои пойдор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт гардид. Ҳамасола, ҳангоми қайд кардани ин ҷашни бузург, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, мардуми Тоҷикистон ҳамчунин нақши муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои кафили сулҳ, ташкилоти байналмилалӣ ва дар навбати аввал Созмони Милали Муттаҳидро, ки иқдомҳои Сарвари давлати моро барои пойдории сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон дастгирӣ намуданд, таъкид ва ёдоварӣ мекунад. Албатта, ба даст овардани сулҳу субот иқдоми муҳимтарин дар самти истиқлол, ҷомеаи демократӣ ва рушди кишвар маҳсуб мегардад. Заҳматҳои Сарвари давлат дар ин самт аз ҷониби ҷомеа ва мардуми кишвар соҳиби дастгирии пурра гардида буд. Хуб, хушбахтона, субот ва ризоияти миллӣ ба даст омад ва акнун бояд сари масъалаи барқарор кардани ифрасохтори харобгардида ва сохтмони иншооти ҳаётан муҳим камар баста мешуд. Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон аз кишварҳои пешгом аст, аммо баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ва канда шудани «занҷираи энергетикӣ»-и минтақаи Осиёи Марказӣ солҳои зиёд аз камбуди нерӯи барқ азият мекашид. Аз ин сабаб, рушду инкишофи соҳаи энергетика яке аз се ҳадафи асосии стратегӣ буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба он мақоми муҳимтарин медоданд ва ин дар Барномаи пешазинтихоботӣ мақоми муҳимтаринро касб карда буд. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба кишвар муяссар гардид, ки ҳамаи он мушкилиҳо ва монеаҳоро бартараф намуда, ба идомаи сохтмони бузургтарин иншооти энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ, НБО Роғун шурӯъ кунад. Сохтмони ин неругоҳи азим бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар зарфи солҳои охир ба ҳисоб меравад. Роғун имконият медиҳад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон бемайлон тараққӣ ёбад. Аз ин сабаб, ҳазорон нафар шарвандони ҷумҳурӣ лаҳзаҳое, ки Президент шахсан дар сари чанбараки булдозер нишаста, пеши ҷараёни дарёи Вахшро мебаст, ашки шодӣ мерехтанд. Ин лаҳзаҳо нуқтаи олии ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буд. Ин маънои онро дошт, ки новобаста ба ҳамаи он монеагузориҳо ва дасисабозиҳо, мо тоҷикон тавонистем пеши роҳи дарёи пуртуғёни Вахшро банд кунему ин неругоҳи азимро созем ва ба навсозиҳо дар кишвари азиятдидаи тоҷикон замина гузорем. -Боз ҳам фаротар меравем. Миллати куҳанбунёди мо то ба ин рӯз, аз нав ба даст овардани давлати миллӣ қарнҳо ҷонбозиҳо намуда, дучори зарбаҳои сахти таърих шудааст… -Бале, тӯли садсолаҳо миллати тоҷик, ки табиатан мардуми нарму сулҳдӯсту адолатпеша аст, аз ҷониби аҷнабиён на як бору ду бор мавриди таъқиб ва фишор қарор гирифтааст. Саҳифаи мудҳиштарини таърихи мо истилои муғул ба ҳисоб меравад. Барои он ки хонандаи азиз аз воқеияти таърихӣ огоҳӣ ёбад, мо ба баъзе саҳифаҳои таърихи гузаштагонамон рӯ меорем. Тоҷикон, ҳарчанд то асри XIII сершумортарин ва пешрафтатарин халқи Осиёи Марказӣ буданд, вале аз рӯзи шурӯъ шудани ҳуҷуми Чингисхон ба ин минтақа зери таъқибу қатли оми муғулон афтоданд. Маъхазҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз бо фармони Чингисхон писаронаш шаҳрҳои тоҷикнишинро ба хок яксон намуда, тоҷиконро ҳатто дар батни модарашон кушта нобуд мекарданд. Ба ақидаи таърихшиносон, таърихи инсоният чунин фоҷиаи мудҳишро дигар надидааст. Фоҷиаи миллии тоҷикон аз рӯзе оғоз мегардад, ки мусулмонон соли 1220 моҳи март Иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд. Худи ҳамон рӯз бо фармони Чингисхон дар Бухоро, дар майдони беруназшаҳрие, ки «Идгоҳ» ном дошт, 100 ҳазор нафар тоҷиконро сар буриданд. Куштори мардум дар Бухоро ҳафт рӯз идома ёфта, ҳамарӯза аз 70 то 100 ҳазор нафар кушта мешуданд. Рӯзи 7-ум муғулҳо шаҳрро оташ зада, сипас ба хок яксон карданд. Ҳамин тавр, қатли оми тоҷиконро муғулҳо дар тамоми шаҳру деҳоти тоҷикнишини Осиёи Марказӣ идома доданд, ки дар натиҷаи он, аз рӯи маълумоти маъхазҳои он давра, дар шаҳрҳои калонтарини тоҷикнишин Осиёи Марказӣ, ба моанди Бухоро, Самарқанд, Марв, Урганҷ, Хуҷанд, Ҳирот, Нишопур, Балх, Тирмиз ва дигар шаҳру деҳоти Хуросон ҳудуди беш аз 20 млн нафар тоҷикон кушта шуданд. Ин миқдор аҳолие, ки ба ақидаи муаррихи бузурги асри XIII Рашидуддин дар «Билоди тоҷик», яъне Осиёи Миёнаи имрӯза кушта шуд, дар Аврупои он замон зиндагӣ намекарданд. Бинобар ин, истилои муғул дар воқеъ сабабгори генотсиди халқи тоҷик шуд, ки он ба ҳар шиддат дар давоми 800 сол, яъне то замони барҳам хӯрдани салтанати аморати Бухоро идома ёфт. Ҳамин зарбаҳои таърих буд, ки замоне русҳо ба фатҳи ин сарзамине, ки аз нахуст ареал (воҳа)-и ақвоми эронинажод, аҷдоди тоҷикон буд, оғоз карданд, онҳо сари роҳи артиши худ танҳо қавмҳои турктаборро вомехӯрданд. Тоҷикон дар зиёд минтақаҳои Осиёи Марказӣ ё маҳв ё «балъамида» (ассимилятсия) шуда буданд. Аз ин сабаб, ин кишвар «Туркистон» ном гирифт ва то Инқилоби Октябр Варорӯди ориёӣ «Генерал-губернатории Туркистон» ном дошт. Оқибатҳои фоҷиабори генотсиди тоҷиконро мо то кунун мушоҳида мекунем-дур шудан аз марказҳои бузурги илмию фарҳангие, ки доштем, маҳрум гаштан аз маърифати баланде, ки миллатии тоҷикро дар ҷаҳони онрӯза номдор карда буд, аз даст додани мероси бузурги илмию фарҳангӣ ва дигар натиҷаҳои манфӣ. Кор то ҷое расида буд, ки дар замони ҳукмронии муғулҳо мардуми мо аз «тоҷик» ном гирифтани худ меҳаросиданд ва бо номи шаҳру деҳоташон худро муаррифӣ мекарданд. Писари Чингисхон-Чағатой, ки дар Осиёи Марказӣ ҳокимият меронд, дар куштори тоҷикон аз падараш камӣ надошт. ӯ барои сари буридаи ҳар як тоҷики кушташуда тилло медод. Қатл ва «шикор»-и васеи тоҷикон тамоми Хуросонро фаро гирифта буд. Танҳо кӯҳистон паноҳгоҳ ва наҷотбахши мардуми тоҷик шуд. Ҳамин тавр, тоҷикони шаҳрофару шаҳрнишин кӯҳистонӣ шуданд ва танҳо баъд аз фурӯ рехтани ҳукумати муғулҳо дар Осиёи Миёна, дар асри ХХ, аниқтараш соли 1920, имкон пайдо намуданд, ки ба шаҳру деҳоташон дар водиҳо бозгарданд. Таъсири истилои бисёрасраи муғул то имрӯз эҳсос мешавад. То кунун сокинони баъзе шаҳру маҳалҳо бо ҳарос аз тоҷик буданашон иқрор мешаванд. Дар замони истиқлолият бузургтарин амале, ки роҳбари имрӯзаи давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтанд, ин баланд намудани ҳисии ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як шарванди кишвари азизамон ва дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кардан ва баланд бардоштани номи тоҷику Тоҷикистон мебошад. Таваҷҷуҳи хосаи сарвари давлат ба масъалаи баланд намудани ҳисси милливу ватандустии тоҷикон дар солҳои баъдина натиҷаи дилхоҳ овард. Махсусан, мо ин тағйиротро дар байни ҷавононе мебинем, ки дар замони истиқлолият ба воя расиданд. Дар баробари ин, барқарор намудани муносибатҳои дӯстонаву бародарона бо кишвари аз ҳама ҷиҳат ба мо наздику ҳамсоя ӯзбекистон, кушода шудани роҳҳои байни ин давлатҳо, омадурафти мардуми ба ҳам дӯсту бародар, аз нав бо ҳам пайвастани оилаҳову хешовандон, ки солҳо аз ҳам ҷудо буданд, аз он иқдоми таърихии Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки суботи сиёсиро дар минтақа қувват бахшид. Ба шарофати муҳайё гардидани заминаи мусоиди иқтисодӣ ва барқарор шудани суботи устувори сиёсӣ халқи шарифи Тоҷикистони азиз бо меҳнати бунёдкоронаи тамоми мардуми кишвар дар даҳсолаи охир, дар роҳи бунёд намудани давлати муосири демократӣ ва тараққикардаистода қадамҳои устувор гузошта, дар сатҳи байналмиллалӣ соҳиби обрӯю эътибори арзандаву баланд шуд. -Хуб, акнун мо дар қарни 21, замони рушди босуръати технологияҳои навин ва вазъияти зуд тағйирёбанда ва мураккаби геополитикӣ қарор дорем. Имрӯз чӣ вазифаҳои муҳим наздамон истодаанд, чӣ мушкилоте ҳаст, ки мо бояд сараввал пайи рафъи он бошем, то дар дунё ҷойгоҳи худро дошта бошем ва ба истиқлоли мо газанде нарасад? -Рушду камоли инсонро бидуни омӯзиш додану маърифатнок кардани ӯ душвор аст. Тавре маълум аст, асоси пешрафти кишварҳои мутараққӣ дар соҳаи илму маърифат мебошад. Заминаи рушди онҳо маҳз ҳамин самт мебошад. Мутаассифона, маҳз дар ҳамин соҳа камбудиҳо хеле зиёданд. Замоне ки ман вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будам (солҳои 2010-2015), мо дар бинои мактабҳо вохӯриву мулоқотҳо бо интихобкунандагон доир мекардем ва ҳамзамон аз норасоиҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ воқиф мешудем. Махсусан, кормандони соҳаи маориф аз норасоии воситаҳои муосири таълимӣ ва сифати китобҳои дарсиву забони таълифгаштаи онҳо шикоят мекарданд. Баъзе китобҳои дарсӣ бо забоне навишта мешуданд, ки онро на талаба фаҳмида метавонисту на муаллим. Онҳое, ки барои мактабҳо китобҳои дарсӣ эҷод мекунанд, бояд донанд, ки китобҳои барои хонанда нофаҳмо имрӯз монеаи ҷиддие ҳастанд, на танҳо дар роҳи пешрафти соҳаи маориф, балки дар роҳи пешрафти кишвар. Аз ин сабаб, ба андешаи ман, вазифаи аввалиндараҷаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз забони китоби дарсӣ бояд бошад: аз мутобиқати онҳо ба забони давлатӣ ва аз ҳама муҳимаш, мутобиқати китобҳои дарсӣ ба сатҳи луғавии хонандаи мактаб. Таърих собит кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору сангин маҳз илму маориф метавонанд наҷотбахши давлату миллат бошанд ва онро аз вартаи нобудӣ бурун орад. Мисоли равшани ин Ҷопон аст, ки дар ҷанги дуввум бохт, зери зарбаҳои чанд давлатҳои абарқудрат монд, ба сараш бомбҳои атомӣ фурӯ рехта шуда буданд, инфрасохтори кишвар анқариб ба пуррагӣ хароб шуда буд. Дар Ҷопони баъдиҷангӣ, новобаста аз дигар мушкилоти асосӣ, аҳамияти аввалиндараҷа ба маорифу илм дода шуд. Натиҷа: аллакай солҳои 60-уми қарни гузашта кишвар ба яке аз минтақаҳои пешрафтатарини ҷаҳон табдил ёфт ва инак даҳсолаҳои зиёд аст, ки он дар ақсои олам аз ҷиҳати рушди технологияҳои муосир пешгом аст. Маълум аст, ки тӯли солҳои охир дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат корҳои хеле зиёду назаррас ба анҷом расонида шуданд: садҳо мактабҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти нави компютерӣ ва дигар намудҳои таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуданд. Вале, ба андешаи мо, барои ба талаботи замона мувофиқ сохтани рушди илму маорифи ҷумҳурӣ зарур аст, ки стратегияи нави миллӣ дар ин соҳа тартиб дода шуда, дар оянда ба татбиқ расонида шавад. Меҳвари асосии ин стратегия бояд тарбияи инсони нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию ифтихори миллӣ бояд бошад. Барои чунин стратегияро амалӣ сохтан бояд ҳамаи имкониятҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи забон, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон ва дигар мақомоти давлатии марбута сафарбар карда шаванд. Мо бояд ҳама сарҷамъ омада, тарбияи насли навро ба сатҳи ҷавобгӯи талаботи замони имрӯза расонем, нокомиҳое, ки халқи тоҷик баъд аз асри XIII ба он гирифтор шуда буд, бартараф созем ва боз ҳамон обрӯю эътибори баланде, ки миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ то истилои муғулон дошт, бозгардонем. Ба ҷуз ин мо чораи дигар надорем, агар хоҳем, ки дар ҷаҳон созгору пойдор монем. Иброз бояд дошт, ки ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзиии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар кишвар роҳ ба самти рушди босуръати иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва бунёди давлати муосири демократӣ пеш гирифта шуд. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъекти муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, имрӯз нақши иштирокчии фаъол ва муҳими равандҳои сиёсии ҷаҳониро мебозад. Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон гомҳои устуворона мегузорад ва ин дастовардҳои кишвар ба ҳамагон маълум буда, натиҷаҳои онро мо аз ҷумла дар шаҳрсозӣ, махсусан дар симои пойтахт-шаҳри Душанбе мебинем. Роҳи дуруст барои рушд пеш гирифта шудааст, аммо ҳоло ҳам ҳастанд баъде масъалаҳо, ки барои ҳалли он бояд диққати асосӣ бидиҳем ва онҳоро дар боло қайд кардем. Мо боварии комил дорем, ки аз уҳдаи ин вазифаҳои пешистода бо сарбаландӣ мебароем, барои ин мо бояд сарвати асосӣ-суботи кишвар ва ваҳдати мардумро ҳама яктан ҳифз намоем ва он гаҳ дурри мақсуд ба даст хоҳад омад. Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво. Суҳбаторо Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.