Коронавирус маҳсули эҷоди кист?15-05-2020, 12:14
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Мутахассисони Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳинд дар бораи пайдоиши коронавирус, эпидемияе, ки моҳҳои охир сайёраро фаро гирифтааст, таҳқиқ гузаронда, натиҷаашро эълон кард. Тибқи иттилои коршиносони бахши генетикаи ин муассисаи илмӣ, COVID-19 аломатҳои ду коронавируси гуногун ва чор занҷираи дигари хоси бемории ВИЧ-ро дар худ дорад. Бо такя ба ин бозёфти илмӣ, ба хулосае омаданд, ки ин вирус бо мақсади истифода дар шароити ҷанг ба таври сунъӣ сохта шуда,чун силоҳ истифода мешавад. Хулосаи коршиносони Ҳиндро собиқ узви Комиссияи СММ оид ба яроқи биологӣ ва кимиёӣ, коршиноси ҳарбии рус Игор Никулин шарҳ дода, изҳор доштааст, ки вай шубҳае надорад, ки як кишвари маълум дастандаркори пайдоиши coronavirus COVID-2019 аст. ИМА пешоҳанги сохти силоҳҳои биологист? Дар давраи ҷанги сард, ҳукумати ИМА фаҳмидан хост, ки кадом шаҳрҳо ба ҳамлаҳои биологӣ бештар осебпазиранд. Бо ин мақсад соли 1950 боистифода аз неруҳои обӣ ба шаҳри Сан-Франсиско қаиқе болўлаҳои озмоишии сироятшудафиристода шуд. Ба андешаи муҳаққиқон ин нахустин иқдом барои озмоиши силоҳи биологӣ дар аҳолии худ буд. Ба навиштаи Нозанин Ароманиён, як коршиноси сокини ин шаҳр, амалиёти номбурда «дорупошии баҳр» ном ва 20-27 сентябри соли 1950 ба иҷро расида буд.Он вақт сарварии ИМА -ро президент Гарри Труман ба уҳда дошт. Гуфта мешавад, як ҳафта, неруҳои баҳрии ИМА миқдори зиёди бактерияҳои Serratia Marcescens ва Bacillus Globigii -ро аз шлангҳои азим пошид ва як абри ѓафсеро дар маҳале, ки зиёда аз 800 ҳазор сокинони халиҷ макон доштанд, ба вуҷудовард. Наздик будан ба баҳр, зичии зиёди аҳолӣ, биноҳои баланди осмонхарош, инчунин қабати ѓафси абр дар ин минтақа боис гардид, ки миқдори моддаи патогенӣ аз назарҳо пинҳон монда, ба паҳншавиаш ба шаҳрҳои наздик мусоидат кунад. Мақсади машқҳоро омўзиши таъсири ин силоҳ ба саломатии инсон не, балки баобу шамол, ки бактерияҳои марговарро ба бор меоранд, меѓ (туман)-е, ки бактерияҳоро ба масофаи дур мебарад, муайян карда буданд. Инчунин интизор доштанд,ки дар натиҷаи санҷиш бидонанд, вақти ба минтақаҳои дигар расидан кадом шумораи бактерияҳо боқӣ мемонад. Омўхтани осебпазирии шаҳри калон дар натиҷаи истифодаи яроқи биологӣ, таъсири он ба муҳити зист ва роҳҳои мубориза бо он ҳам аз дигар умедвориҳои дастандаркорон буд. Бактерияи Серратия Маркескенс марговар набуд Бактерияи Bacillus Anthracis ҳамонест, ки дар соли 2003 Саддом Ҳусейн бо лифофаҳо ба почтаи Иёлоти Муттаҳида нафиристода буду вале ба ин амал муттаҳам шуд (ин яке аз баҳонаҳо барои забт кардани Ироқ буд). Дар гузоришҳо омадааст, ки ин бактерияро агенти ФБР Брюс Ивинс, ки 18 сол дар Донишкадаи ҳарбӣ оид ба омўзиши бемориҳои сироятӣ кор карда буду ваксинае бар зидди он таҳия мекард, сохтааст. Ў дар ҷараёни озмоиш 22 ҳамватанашро сироят кард, ки панҷ нафари онҳо фавтиданд. Нишонаи дигар, истифодаи ин бактерия дар ҳаво доѓ (пигмент)-и сурхро ба вуҷуд меорад, ки бинобар он ба як навъи ранги "маркер" монанд мешавад, ба ин сабаб пайгирии паҳншавии онро дар фазо осон мекард.Ҳамин гуна таҷрибаҳо дар худи ҳамон сол дар ноҳияҳои Калхун (Алабама) ва Кей Уэст (Флорида) гузаронида шуданд, ки боиси афзоиши пневмония гардида буд. Ин комёбии воқеии комплекси ҳарбии саноатӣ,саноатию ҷиноятӣ ва намояндагони сиёсии он буд, ки бузургтарин озмоиш дар таърихи силоҳи биологиро анҷом доданд. Намунаҳо дар 43 минтақаи паҳнкунии бактерияҳо самараи худро нишон дод: илова бар халиҷ, шаҳрҳои наздик ба он ҳам бо моддаҳои патогенӣ сироят ёфтанд. Сокинони онҳо аз як таҳқиқи рўзноманигории Longday Newsday дар соли 1976, дар ин бора бештар маълумот гирифтанд. Аммо амалиёти дар баҳр пошидани бактерияҳо ҷиҳати санҷиши силоҳи биологӣ дар ин кишвар набуд. Хронологияи даҳшатнок Соли 1920 таҷрибаҳое бо мардум ва артиш бо истифода аз Serratia Marcescens гузаронда шуд, ки боиси пайдоиши бактерияҳои сепсис, инфексияи роҳи нафас, эндокардит, остеомиелит, инфексияи чашм ва менингит шуд. Соли 1930 Институти тадқиқоти тиббии Рокфеллер (ки ҳанўз соли 1901 таъсис ёфта буд), ба таҷрибаҳо барои сироят кардани ҳуҷайраҳои ба вуҷуд оварандаи саратон оѓоз намуда,соли 1947 дар ин донишкада вируси Зика ошкор шуд. Соли 1942, Барномаи рушди яроқи биологии ИМА бо фармони президент Ф. Рузвелт тасдиқ гардид. Дар доираи ин барнома солҳои 1943, 1954 ва 1973 садҳо таҳқиқот бо истифода аз маймунҳо ба анҷом расиданд. Ин таҷрибаҳо бо мақсади таҳия намудани таҷҳизи бомбаҳо бо ин моддаҳо ва истифодаи онҳо дар нуқтаҳои аҳолинишин гузаронида шудааст. Соли 1948 ИМА Кумитаи ҷанги бактериологиро таъсис дода, барномаи таҷриба ба аҳолиротаҳия кард. Ҳамон сол Пентагон Маркази ҷанги биологиро дар ҷазираи Сан-Хосе дар Панама кушод. Дар он анбори моддаҳои заҳролуд ҷойгир шуд. Соли 1950 дар натиҷаи амали дорупошии баҳрии дар боло зикршуда, 11 сокини Сан-Франсиско бо бемории вазнини узвҳои пешоб дар беморхонаи Стэнфорд ба ҳалокат расиданд. Соли 1966, аз 7 то 10 июн дар фурудгоҳи Вашингтон баѓоҷҳои мусофирон бо маводи биологӣ заҳролуд шуд ва ҳавопаймоҳо боин борҳо ба ҳаво париданд. Дар метрои Ню-Йорк балони биомавод доштаро партофтанд, ки ҳаёти як миллион одамонро зери хатар гузошт. «Ҳақиқат дар он аст, ки дар СССР, Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ коммуникатсияи зеризаминӣ хеле зиёд аст. Бояд санҷид, ки маводи кимиёвӣ дар иншооти зерзаминӣ чӣ гуна паҳн мешавад», - гуфтанд дастандаркорон дар шарҳи ин амалҳои худ ва бо ҳамин худро сафед карда, аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Соли 1969 олимони америкоӣ ба президент Р.Никсон иттилоъ медиҳанд, ки қобилиятҳои ИМА дар муқоиса ба дигар кишварҳо дар мавриди дастрасӣ ба моддаҳои биологӣ маҳдуд аст ва бинобар ин бояд иқдомҳои фаврӣ ба иҷро расанд. Бо ин мақсад онҳо барои фароҳам кардани шароити ба миқдори зарурӣ истеҳсол намудани хокаи моддаҳои биологӣ тарҳеро пешниҳодкарданд. Дар ҳамон сол бар асоси ин пешниҳод, Никсон санадеро дар мавриди такмили барномаи рушди силоҳи биологӣ тасдиқ кард. Дар доираи иҷрои он солҳои 70-ум низомиён сулфидҳои руҳ ва кадмий (фулузҳои заҳролудшудаи заҳрдор) –ро дар Миннесота ва чанд иёлати дигар озмудаанд, ки зарраҳои заҳрогини онҳо то 1600 километр паҳн шуд. Бино ба гузориши расонаҳо, соли 1990 силоҳҳои нави кимиёвӣ дар маҳбусони Техас озмуда шуданд, ки баъдтар алайҳи мардуми осоиштаи Ироқ истифода гардиданд. Гуфта мешавад, низомие, ки бо ҳавопаймо ин моддаҳои заҳролудро дар фазои Ироқ пошида буд, низ сироят шуд ва дар оилааш фарзандони ҷисман маълулба дунё омаданд. Духтурон пас аз таҳқиқ ин бемориро «Синдроми халиҷи Форс» ном ниҳоданд. Гарт Николсон, асосгузори Донишкадаи тиббии молекулаи Калифорния баъдтар навишт: «Ҳазорҳо собиқадорони Ҷанги Халиҷи Форс аз таъсири силоҳи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ азият мекашанд». Дар як ҳисоботи сенатор Ҷон Рокфеллер, ки дастраси ВАО ҳам шуд, зикр мешавад, ки артиши ИМА тўли даҳсолаҳо садҳо ҳазор сарбозони худро қасдан ба микробҳо, гази хардал, гази асаб, радиатсия, галлютсиногенӣ ва психотропӣ заҳролуд ва онҳоро барои ҷомеа хатарнок кардааст. Соли 2013 маҷаллаи «Ветеранҳо Тудей» иддао кард, ки Пентагон барои гузаронидани як барномаи махфии ҷанги биологӣ барои таъсиси Озмоишгоҳи махсусе, дар Тифлиси Гурҷистон, наздикии сарҳади Русия 300 миллион доллар ҷудо кардааст. Бозиҳои ҳарбии ҷаҳонӣ ва коронавирус Ин нукта ҳам вобаста ба мавзўъ аст, ки аз 17 то 22 октябри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин, ки баъдтар ҳамчун макони хуруҷи коронавирус дарҷаҳон маълум шуд, Бозиҳои 7-уми ҳарбии ҷаҳонӣ баргузор гардид,ки дар он 9,3 ҳазор варзишгари низомӣ аз 109 кишвар, аз ҷумла ИМА иштирок ва аз рўи 27 намуди варзиш бо ҳам рақобат карданд. Таҳлилгарон баъдан ишораҳое бар он доштанд, ки низомиёни америкоӣ ҳарчанд аз рўи анъана дар чунин мусобиқаҳо барои дар сафи пеш ҷой гирифтан мубориза мебурданд,ин бор дар ҷадвали натиҷаҳо фақат ба ҷои 35 расиданд. Зеро дар аксар намудҳои мусобиқа намояндагони ин кишвар майли ҷиддӣ нишон намедоданд ва онҳое, ки номашон дар феҳрастбуд, вақтро дар бозору тамошо мегузаронданд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки вирусро маҳз иштирокчиёни ин бозиҳо ба шаҳр овардаанд. Ин гуна таҳлилҳо дар ҳоле ба нашр мерасанд, ки ИМА ва чанде аз кишварҳои ҳампаймонаш талош доранд,ки Чинро ҳамчун кишвари паҳнкунандаи инбеморӣ ҷазо диҳанд. Аммо мақомоти хитойӣ ин иддаоро беасос медонанд. Аз ҷумла, Чжан Ханхуэй, намояндаи расмии ВКХ Чин дар ин мавридизҳор кард: «Вирусе, ки дар бозори Вуҳан кашф шуд, ба бозори маҳсулоти баҳрии ин шаҳр рабте надорад». Ў бо ишора ба шарҳи илмии вирус таъкид кард: «ташхисҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки вируси намунаи Hplotype H1 аз ҷониби шахси сироятшуда ба бозори баҳрӣ оварда шуд ва пас аз он эпидемия сар зад». Номбурдаҳар гуна кўшишдар мавриди паҳн шудани вирус аз сўи Хитойро беасос дониста, хотиррасон кард, ки дар пайи ин тахрибкорӣ акнун Чинро лозим аст барои рафъипайомадҳои беморӣ саъй ва кўшишҳои зиёд ба харҷ диҳад. «Ҳамзамон Чин дар давоми ду моҳи муборизаи якбаяк бо ин вирус ба кишварҳои дигар вақт дод, то онҳо дар пешгирӣ ва назорати эпидемия кор кунанд», - хулоса кард ў. Бино ба таъкиди дипломати чинӣ, «далелҳои сершумор нишон медиҳанд, ки манбаи COVID-19 ҳанўз муайян нашуда бошад ҳам, аммо пайдоиши он ба минтақаҳои мухталиф ишора мекунад. Вирус душмани умумии инсоният аст ва ҷустуҷўи як кишвар ба унвони паҳнкунандаи ин вирус ба нафъи кор нест, барои беҳтар фаҳмидани ин вирус бояд роҳи таҳаввули онро муайян карда, баъдан онро пурра маѓлуб кунем. Бо такя ба илму технологияи муосир, мо метавонем сарчашмаи вирусро пайгирӣнамуда, бовар дошта бошем, ки дер ё зуд рўзе фаро мерасад, ки тамоми асрори он ошкор мешавад». Ба гуфтаи сафир, ҳарчанд коронавируси нав бори аввал дар Вуҳан ошкор шуд, аммо ин далели дар инҷо будани манбаи он нест. Вай аз ҷуфти японие мисол овард, ки 28 январ то 7 феврал сафари хориҷӣ доштанд, вале ба Хитой наомада буданд, Онҳо ин вирусро ба Япония оварданд. Дар ҳолате, ки нишонаҳои бемории шавҳарҳанўз 3 феврал зоҳир шудааст. Чжан Ханхуэй диққати мунтақидонро ба он ҷалб кард, ки баъзе аз расонаҳо ботакя ба манбаъҳои худ тахмин мезананд, ки аллакай 1 январ коронавирус дар Ломбардияи Италия ошкор шудааст. «Ѓайр аз ин, тибқи баъзе хабарҳо, мутахассиси итолиёвии соҳаи тиб Ҷузеппе Ремутсси изҳор дошт, ки эпидемия дар Италия нисбат ба Чин пештар паҳн шуда буд» - гуфт ў. Дипломат инчунин суханони роҳбари марказҳои федералии назорат ва пешгирии бемориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка Роберт Редфилдро ба ёд овард, ки пешниҳод кард, шуморе аз фавтидагони соли 2019 дарин кишвар, ки гуфта мешуд аз зуком мурданд, таҳқиқ шаванд, ки шояд ба сабаби пневмония, ё намуди нави коронавирус фавтидаанд, ки дар Иёлоти Муттаҳида ҳанўз ташхис нагадидааст. «Италия бовар дорад, ки аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба Иёлоти Муттаҳида рабт мегирад, ҳарчанд Америкаинро комилан рад мекунад»,- гуфт дипломати чинӣ. Коронавирус ва вируси испанӣ Сад сол пеш вируси испанӣ ҳам ба монанди вируси нав ҷаҳонро ба ларза оварда буд. Эпидемияи он аз январи соли 1918 сар шуда, 18 моҳидома ёфт. Тайи ин муддат,бино ба навиштаи таърихнигорон, тақрибан 550 миллион нафар ё қариб 30фоизи аҳолии ҳамонвақтаи ҷаҳон ба он гирифтор шуда, аз 50 то 100 миллион нафар фавтиданд. Эпидемия дар охири Ҷанги якуми ҷаҳон оѓоз ёфт ва бештар аз як ҷанги калон одамонро рабуд. Хусусияти ѓайриодии «испанка» дар он буд, ки аксар вақт ҷавононро мезад. Тақрибан нисфи ҳамаи ҳолатҳои марговари зуком дар соли 1918 одамони аз 20 то 40- сола буданд. Аломатҳои асосии беморӣ пайдоиши сулфаи кабудаки хунӣ буд. Аксар вақт вирус хунравии баданро ба вуҷуд меовард, ки дар натиҷа бемор бо хуни худ оѓўшта мешуд. Беморӣ зудгир буд. Дар Британияи Кабир онро "табларзаи се рўза" меномиданд - маҳз дар ҳамин муддат шахси сироятшударо метавонист ба гўр барад, аммо ҳолатҳое буд,ки бемор ҳатто як рўз пас аз сироят мемурд. Илм бо гузашти як аср боз ҳамдақиқ намедонад, ки он аз куҷо сар шуд. Ин навъи зукомро аз он сабаб «испанӣ» номиданд, ки ҳукумати Испания аввалин шуда пандемияи ин бемориро эълон кард. Дар дигар кишварҳое, ки дар Ҷанги Ҷаҳонӣ ширкат доштанд, сензура ба паҳн кардани гузоришҳо дар бораи ин бемории оммавӣ иҷозат намедод, то рўҳияи сарбозонро нашиканад. Испания дар он ҷанг бетараф буд ва метавонист ин гуна изҳоротро дар сатҳи расмӣ нашр кунад. Дар майи соли 1918 дар Испания 8 миллион нафар ё 39% аҳолии он сироят ёфта буд. Ҳатто шоҳи Испания Алфонсо XIII ба «испанка» гирифтор шуд. Вирус ҳеҷ як кишвари Аврупоро дар канор нагузошт. Дар апрели соли 1918 аввалин беморон дар Фаронса пайдо шуданд. Баъд эпидемия ба Швейтсария, Испания, Италия, Англия ва Сербия паҳн шуд. Дар моҳи июн, сироят ба Лаҳистон, Полша, Руминия, Шветсия, Олмонва Русия расид. Дар моҳи июл, Дания, Нидерландия ва Белгия «бемор» шуданд. Дар Британияи Кабир ин вирус 250 ҳазор нафар, дар Фаронса 420 ҳазор ва дар Олмон 600 ҳазор нафарро мубтало кард. Пандемияи испанӣ дар ИМА Аввалин бемор бо нишонаҳои зукоми «испанка» дар Иёлоти Муттаҳида дар як пойгоҳи низомӣ дар шимолу шарқи Канзас 11 марти соли 1918 ба қайд гирифта шудааст. Чанд соат пас аз он ки сарбози аввал хабар дод, ки вай бемор аст, даҳҳо беморон бо чунин нишонаҳо ба шифохонаҳо рехтанд. Дар охири рўз садҳо сарбоз бемор шуданд. Дар давоми як ҳафта 500 нафар ҷон бохтанд. Зуком бо суръати барқба тамоми кишвар паҳн шуда, дар августи соли 1918 каме ором шуд, аммо дар сентябр дубора авҷ гирифта, ҳатто шадидтар аз аввал буд. То охири сентябр дар Массачусетс 50 ҳазор нафар гирифтори зукоми испанӣ буданд. Ба монанди вазъияти имрўза, дарбисёр шаҳрҳо,аз ҷумлаСиэттл ба мусофирон танҳо бо даҳонбанд дар шаҳр гаштан иҷозат дода мешуд. То октябри соли 1918 ба таври рекордӣ сабти шумораи марг дар таърихи ИМА сабт шуд, ки195 ҳазор нафари онҳо аз ин зукоми нав вафот карда буданд. Ҳамон сол ин зуком 57 ҳазор сарбози америкоиро кушт, ки ин аз шумораи қурбониёни набардҳои Ҷанги якуми ҷаҳон 10 бор зиёд аст. Дар пандемиябисту панҷ фоизи ҳамаи америкоиҳо ба вирус мубтало шуданд. Баъзе аз муҳаққиқон бар он назаранд, ки мақсад аз паҳн кардани ин беморӣ дар он айём зарба задан ба мавҷи ҷунбишҳои коргарӣ дар саросари ҷаҳон буд, ки бо илҳом аз пирўзии Инқилоби Бузурги Сотсиалистии Октябри Русия сайёра ва олами сармояро ба ларза овард. Ба сабаби пандемия, мароми ранҷбарон, ки баъдтар шоири шаҳири инқилобӣ А. Лоҳутӣ ба ин шакл суруд: «Буржуозӣ гар биҷангад, мо зафар хоҳем кард, Олами сармояро зеру забар хоҳем кард», - фақат дар ҳаво монд. Ҳоло хонандаи матлаб худ қазоват кунад, ки ин бор аз сохтану паҳн кардани чунин як беморӣ киҳо ва чӣ ширкатҳое фоида мебинанд. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.