Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ӯ умри худро сарфи миллат кард…

Ӯ умри худро сарфи миллат кард…

6-04-2020, 09:56
Хабарро хонданд: 460 нафар
Назарҳо: 0
Ӯ умри худро сарфи миллат кард…
«Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.»
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 26.12.2019, шаҳри Душанбе

СТРАТЕГИЯИ ҒАФУРОВ
(ӯ ба даҳсолаҳо пеш фикр мекард ва худро баҳри ояндаи Тоҷикистон қурбон намуд)



Боби 1

Кӯдакӣ ва наврасии Бобоҷон Ғафуров замоне буд, ки бояд «фавран бузург мешудӣ». Чун кишвари нави рӯйи харитаи ҷаҳон омада бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ босуръат рушд мекард. Охири солҳои 30-и қарни гузашта дар харобаҳои империяи Россияи гуногунмиллат, ки аз ҷиҳати рушд аз кишварҳои Ғарб даҳсолаҳо қафо монда буд, мамлакати пуриқтидори саноатӣ пайдо шуд. Дар ду панҷсолаи аввал (солҳои 1928-1937), ки дар таърихи шӯравӣ ҳамчун «тиллоӣ» ёд мешаванд, 4500 корхонаи бузурги саноатӣ сохта шуд. Соли 1929 роҳи оҳани Туркистону Сибир (Турксиб) ба истифода дода шуд, ки се минтақаи аз лиҳози сарватҳои табии ғанитарин-Сибир, дашти Қазоқ ва Осиёи Миёнаро ба ҳам мепайваст. Ҳамон сол таърихи якуми сентябр тавассути роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе аввалин поезд ба пойтахти ҷумҳурӣ омад. Сохтори нақлиётие, ки дар муддати кутоҳтарин (1926-1929) ба истифода дода шуд, ба рушди Тоҷикистон такони ҷиддӣ дод.
Тамоми олам аз дигаргуниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ваҷд омада буд ва эътироф мекард, ки таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин суръати тези рушдро то ҳол надидааст. Рӯзномаи фаронсавии «Тан», тобистони соли 1932: «Коммунизм бо суръати бузург азнавсозиро паси сар мекунад, дар ҳоле, ки сохти капиталистӣ имкони бо суръати суст ҳаракат карданро медиҳад».
Маҷаллаи англисии «Раунд Тэйбл», соли 1932: «Дастовардҳои нақшаи панҷсола зуҳуроти ҳайратоварро мемонад. Корхонаҳои тракторсозии Харков ва Сталинград, корхонаи автомобилсозӣ дар Нижний Новгород, НОБ-и Днепр, корхонаҳои муҳташами оҳангудозӣ дар Магнитогорск ва Кузнетск, занҷираҳои корхонаҳои мошинасозӣ ва кимиёвӣ дар Урал… Ҳамаи ин ва дигар дастовардҳои саноатӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки новобаста аз душвориҳои гуногун саноати Шӯравӣ ҳамчун рустании нағз обёришуда ба воя мерасад ва мазбут мегардад». Рӯзномаи австриягии «Нейе Фрейе Прессе», оғози соли 1932: «Болшевизмро метавон лаънат хонд, аммо онро бояд донист. Нақшаи панҷсола-зуҳуротест, ки онро бояд аз нуқтаи назари хоҷагидорӣ ба назар гирифт».
Вокуниши капиталисти бритонӣ Гиббсон Ҷарви, раиси бонки «Юнайтед Доминион», октябри соли 1932: «Ман мехоҳам равшан созам, ки ман на коммунист ва на болшевик, ман капиталисти муайян ва индивидуалист ҳастам. Россия ба пеш ҳаракат мекунад, дар он замоне, ки хеле зиёд корхонаҳои мо ғайрифаъол ҳастанд ва тақрибан се миллион мардуми мо дилсардона кор меҷӯянд… Кӯшиши ғайриқаноатбахш баҳогузории нақшаҳои русҳоро накунед ва интизор набошед, ки ҳукумати Шӯравӣ ба фано хоҳад рафт…Россияи имрӯза-кишвари дорои рӯҳ ва идеал аст». (Тамоми иқтибосот аз баромади И.В.Сталин дар пленуми КМ Ҳизби Коммунистии Умумииттифоқии болшевикон (ВКП (б) аз 7 январи соли 1933 гирифта шудааст).
Ба одамон муҳлати кам барои дигар шудан-тағйир ёфтан ба коргарони соҳибкасб, мутахассис, ихтироъкор, олим, роҳбар- дода шуда буд. Барои ин дар мамлакат имкониятҳои баробар фароҳам оварда шуд-гирифтани маълумот барои ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас гардид. Дар оғози Инқилоби Октябрии соли 1917 дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза танҳо 1,99% аҳолӣ дорои савод маҳсуб мегардид.
Соли 1918 Шӯрои вилоятии Самарқанд оид ба маълумоти ҳатмии умумӣ қарор қабул кард. Дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд курсҳои кутоҳмуддати тайёр кардани муаллимон таъсис дода шуданд. Аллакай баъди як сол дар Тоҷикистони Шимолӣ 88 мактаби шӯравӣ мавҷуд буданд. Дар ҳама ҷойҳо курсҳои бегоҳирӯзии маҳви бесаводӣ ташкил карда шуданд, ки шахсони аз 12 то 45-соларо фаро мегирифтанд. Соли 1929, дар остонаи ташкил шудани ҶШС Тоҷикистон, 61% аҳолӣ дорои маълумот гардиданд.
Бобоҷон Ғафуров, ки ҳанӯз аз овони наврасӣ дорои қобилияти гуногунқирра доштанашро нишон дода буд, дар ҳама сатҳҳои омӯзиш донишҳои мухталифро бо шавқ азхуд мекард ва дар ҷавонӣ шахси баландсаводи замони худ шуда буд. Ҷавони ҳабдаҳсола, корманди кумитаи ноҳиявии комсомолии Хуҷанд, ӯ кори комсомолиро бо рӯзноманигорӣ тавъам сохта буд. Донандаи аълои забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, ӯ дар рӯзномаи ҷумҳуриявии узбекии «Қизил ӯзбекистон», (округи Хуҷанд он замон дар ҳайати ҶШС ӯзбекистон буд) ва рӯзномаҳои тоҷикии «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» бо тахаллусҳои «Бобоҷони Чӯлоқ», «Бобоҷони Чӯлоқи Хуҷандӣ» ва «Камбағал Деҳқон» мақолаҳо менавист.
Мақолаҳои ӯ бо забони ӯзбекӣ ба дасти Шоири мардумӣ ва публитсисти маҷаллаи он замон пешбари «Қизил ӯзбекистон» Ғафур Ғулом мерасид. Бобоҷон Ғафуров Ғафур Ғуломро, ки донандаи хуби адабиёти классикии тоҷик маҳсуб мегардид, устоди аввалини худ дар журналистика мешуморид. Ду намояндаи миллатҳои бародар то охири умр ба дӯстӣ содиқ монданд ва бо ду забон бо ҳам муошират мекарданд. Ғафуров ба шоир бо забони ӯзбекӣ муроҷиат мекард, Ғафур Ғулом бо тоҷикӣ посух мегардонид.
Бобоҷон Ғафуров бо дӯсти ӯзбеки худ муносибати самимӣ дошт, чунки Ғафур Ғулом тарғибгари дӯстӣ миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек буд ва доимо кӯшиш ба ҳарҷ медод, то ин ки ин дӯстӣ абадӣ бошад. Баъд аз гузашти солҳо Бобоҷон Ғафуров, фаъолияти пешинаи рӯзноманигориашро ба хотир оварда, журналистикаро ҳамчун мактаби универсалӣ ҳисоб мекард, ки дар он ӯ ҳамчун сиёсатмадор, олим ва ходими ҷамъиятӣ ба камол расид. Тибқи иқрори Б.Ғафуров, рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Қизил ӯзбекистон» барои ташаккул ёфтани ӯ ҳамчун шахсият нақши мусбатро иҷро карданд. Журналистика ба Ғафуров кумак расонд, то ки мақсади асосии худ-мубориза алайҳи таҳрифи таърихро муайян кунад.
Муборизаи синфӣ, ошкор намудани мухолифони бунёди давлати нав-ин буд мавзуъоти асосии матбуоти даврии шӯравӣ дар солҳои 20-30-и қарни гузашта. Барои Ғафуров, ки хеле зуд худро ҳамчун рӯзноманигори боистеъдоди дузабона нишон дод, дигар мавзӯъ буда ҳам наметавонист. Мақолаҳои интиқодии ӯ, фелйетонҳояш миёни онҳое, ки оташи танқид ба онҳо равона шуда буд, дар навбати аввал заминдорони калон, ки намехостанд заминро ба манфиати деҳқонони безамин азнавтақсимсозӣ кунанд, вокуниши васеъ ва қаҳру ғазабро ба бор меоварданд. Алайҳи ӯ «шикор» оғоз гардид, ба ҳаёташ хатар таҳдид мекард. Ва ӯ доимо маҷбур буд, ки ҷойи хобашро иваз кунад. Боре дар поси шаб ҳангоми ҷойивазкунии навбатӣ ӯ аз бом афтид ва пояш шикаст. Баъд аз ин то охири умр каме мелангид.
Ҳанӯз дар наврасӣ ӯ ғояҳои коммунистиро ҳамчун ғояҳои созанда қабул кард ва тамоми умр садоқаташро ба ин ғояҳо нишон медод. ӯ ба коммунизм аз сидқи дил бовар дошт ё на-ин сирест, ки Ғафуров онро бо худ ба гӯр бурд. Аммо фаъолияти серқирраи густурдаи ӯ шаҳодати равшани он аст, ки ӯ баҳри ҳифзи манфиат, таърих ва фарҳанги миллати худ сохтори коммунистии шӯравиро хеле аъло истифода бурд.
Дар тарбияи Ғафуров ҳамчун шахсият нақши модараш-шоира Розия Озод хеле зиёд аст. ӯ дар деҳаи ӯзбекии Исфисор ба дунё омад, дар муҳити забонии ӯзбекӣ ба воя расид ва ба дараҷаи аъло ин забонро омӯхта, нисбати халқи бародари ӯзбек самимият пайдо кард. Дар ҳамон деҳа модари ӯ, зани барои давраи худ саводнок, дар манзили худ рӯҳияи шоиронаи форсиро муҳайё карда буд. Ба шарофати модар дар оилаи Ғафуровҳо дониш дар мадди аввал меистод. Ин барои Бобоҷон мактаби нодири худшиносии миллӣ буд. Хонишҳои бегоҳирӯзии классикҳои адабиёти тоҷик дар зеҳнияти Бобоҷон нақши муассир мегузоштанд. Ҳанӯз дар синни наврасӣ бо таъсири модар дар ниҳоди ӯ шавқ нисбати таърих ва маънавиёти миллати тоҷик бедор шуда буд.
Соли 1925 дар Хуҷанд мактаби нави миёна сохта шуд, ки тӯли даҳсолаҳо на танҳо яке аз мактабҳои беҳтарин дар Тоҷикистони Шимолӣ, балки беҳтарин сохтмони меъмории шаҳр маҳсуб мегардид. Чуноне ки яке аз муаллифони шарҳи ҳоли Бобоҷон Ғафуров, олими таърихнигор Усмонҷон Ғаффоров менигорад, солҳои 30-юм маркаҳои почта бо тасвири ин мактаб бароварда мешуданд. Дар ин мактаб муаллимони беҳтарини он давра ба тадрис машғул буданд (Усмонҷон Ғаффоров, «Алломаи замон». Нашриёти «Варорӯд», соли 1998, саҳ.16).
Дар маросими кушодашавии ботантанаи мактаб 1 сентябри соли 1925 Раиси Кумитаи марказии иҷроияи ҶШС ӯзбекистон Юлдош Охунбобоев иштирок карда буд.
Дар мактаби ибтидоии деҳаи худ, баъдан дар интернати деҳаи Қистакӯз таҳсил карда, Бобоҷон хонданро дар мактаби нав идома дод. Ғафуров тӯли тамоми умраш бо устодони мактабиаш алоқаро нигаҳ дошта, бо як самимияти хос Ҳасанхон Эшонов, Баширхон Исҳоқӣ, Қорӣ Ғафури Очилӣ, Ҳоҷихон Умаров, Абдуғаффор Ҳасановро ёд мекард.

Хатмкунандагони ин мактаб ғайр аз Ғафуров ходимони намоёни давлатии Тоҷикистон ба монанди Ҷаббор Расулов, Ҳотамбой Солеҳбоев, Гулҷаҳон Бобосодиқова, академикҳо З.Ш.Раҷабов, Султон Умаров (баъдан Президенти Академияи Улуми Тоҷикистон) буданд, ки саҳми бузурги худро дар рушди илм дар Тоҷикикистон гузоштанд. Фаъоли комсомол ва акнун рӯзноманигори шинохта дар Тоҷикистон ва ӯзбекистон, Бобоҷон Ғафуровро соли 1929 ба таҳсил ба Самарқанд равон мекунанд, ки он ҷо ӯ курсҳои олии ҳуқуқии яксоларо хатм мекунад. Баъд аз анҷоми ин курсҳо (аҳамият диҳед, ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт!) Ғафуров мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии ӯзбекии «Қизил Тоҷикистон» («Тоҷикистони Сурх») таъин мегардад.
Баъд аз як сол ӯ ба Донишкадаи москвагии коммунистии рӯзноманигорӣ дохил мешавад. Бобати таҳсил дар Москва Ғафуров бениҳоят бурд мекунад-ӯ ба донишкадаи маълумоти универсалие дохил гардид, ки дар он ҷо на танҳо назарияи журналистика, балки фалсафа, иқтисодиёт, таърих, адабиёт ва забонҳои хориҷӣ тадрис дода мешуданд. Баъд аз чор сол (соли 1935) ӯ ба Тоҷикистон ҳамчун фарди дорои донишҳои гуногуни амиқ баргашт. Дар Москва ӯ ба сафи Ҳизби Коммунистӣ пайваст, ки ин барои болоравии мансабиаш мусоидат намуд. Хатмкунандаи мактаби олии Москва, ӯ ба вазифаи сармуҳаррири ҳамон рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (нашрияи КМ ҲК Тоҷикистон) таъин шуд.
Боз баъд аз як сол Ғафуров-мудири шуъбаи КМ ҲК Тоҷикистон. Аз ҳамин давра фаъолияти серқирраи ҳизбӣ, илмӣ, педагогӣ ва ҷамъиятии ӯ оғоз мегардад. Корманди масъули дастгоҳи ҲК боз ба замми ин вақт меёбад, то дар донишкадаҳои кишоварзӣ ва педагогӣ фанни иқтисоди сиёсиро дарс диҳад. Курсҳои шашмоҳаи омодасозии муҳаррирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ оғоз мегарданд ва Ғафуров илова ба кори ҳизбӣ ба ҳайси педагог фаъолият мекунад-дар ин курсҳо ӯ оид ба назарияи журналистика лексияҳо мехонд.
Боз баъд аз гузашти як сол дар назди КМ ҲК Тоҷикистон мактаби дусолаи журналистика барои рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ созмон дода шуд. Ғафуров, ки масъулият ва кори зиёд дар дастгоҳи ҚК дошт ва оид ба таърихи тоҷикон пайи пажӯҳишҳои илмӣ буд, айни замон дар ин мактаб аз назарияи журналистика дарс медод.
Соли 1939 Бобоҷон Ғафуров-номзади улуми таърих, мудири шуъбаи ҲК, айни замон мудири шуъбаи таърихи Донишкадаи забон ва адабиёт, муаллими мактаби журналистика ва сармуҳаррири маҷаллаи тоҷикии «Коркуни ленинӣ» (чунин корҳои иловагӣ тавъам бо вазифаҳои бевоситаи худ дар зиндагии ӯ бисёр буданд) таъин карда мешавад. Ҳамзамон дар нашрияҳои марказӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста маводҳои публитсистии ӯ бо забонҳои тоҷикиву русӣ чоп мешуданд.
Соли 1938 Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон намояндаи Москва Дмитрий Протопопов таъин мегардад. Роҳбарияти шӯравӣ Протопоповро ба Тоҷикистон бо рисолати муҳим фиристод-аз миёни элитаи сиёсии тоҷик муайян намудани номзади арзанда ба мақоми Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон (ӯ бо сарбаландӣ ин вазифаро иҷро намуд. Протопопов барои баромадан ба майдони сиёсӣ на танҳо ба Ғафуров, балки ба Турсун Улҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва баъдан Ҷаббор Расулов мусоидат намуд).
Аз рӯзҳои нахустин миёни Протопопов ва Ғафуров якдигарфаҳмӣ ба миён омад, ки асоси муносибатҳои боваринок байни ин ду тан шуданд. Протопопов тамоми ташаббусҳои Ғафуровро дар самти рушди илм, фарҳанг ва маорифи халқ дастгирӣ мекард. Бо тавсияи Протопопов Бобоҷон Ғафуров (ӯ ҳамагӣ 31 сол дошт) котиби КМ Ҳизби Коммунистии ҷумҳурӣ оид ба тарғибот, баъд аз се сол-котиби дуюми Кумитаи Марказӣ таъин мегардад. Ҳашт соли фаъолияти якҷояи Протопопов ва Ғафуров (солҳои 1938-1946) ояндаи Тоҷикистонро барои даҳсолаҳо пеш муайян карданд. Протопопов ва Ғафуров баёнгари ҳолати нодире ҳастанд, ки дар он фарқият миёни мақоми «якум» ва «дуввум» танҳо рӯйи гоқаз мемонад. «Якум» ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки дар Кремл «дуввум»-ро аз нигоҳи мусбат шиносаннд. Махсусан ӯ кӯшиш мекард, ки Ғафуровро ба Сталин наздик созад. .
Ҳангоме, ки барои роҳандозии лоиҳаҳои муҳим барои ҷумҳурӣ розигии Марказ лозим мешуд, Протопопов ба Москва Ғафуровро бо худ мегирифт. Он замон барои котиби ҷавони КМ Ғафуров таҷрибаи муошират бо роҳбарияти олии кишвар намерасид. Ва барои ҳамин ҳам ин вохӯриҳои нахустини якҷоя бо Протопопов дар Кремл ба ӯ барои бартараф сохтани садди равонӣ кӯмак кард, ӯ қонунҳои махуфи долонҳои ҳукуматии Москваро омӯхт ва муносибатҳои кориро бо Сталин ва дигар роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монд, ки дар оянда онҳо ба муоширати боваринок ва дӯстона табдил ёфтанд. Дар вохӯриҳои нахуст Сталин дар симои Ғафуров ходими ҳизбии дорои мафкураи давлатӣ ва зеҳнияти баландро дид. Ҷолиб аст, ки доҳии шӯравӣ бо Ғафуров «ту» гуфта муроҷиат мекард ва ӯро на «рафиқ Ғафуров», ки аз рӯйи этикаи ҳизбӣ қабул шуда буд, балки «Бобо» меномид. Ин чунин маънӣ дошт, ки Сталин ба Ғафуров боварӣ дорад ва ӯро ҳамчун роҳбари ҳизбии соҳибикром арзишманд медонад.
Дмитрий Протопопов барои тамоми зиндагии хеш Тоҷикистонро дӯст дошт. Баъд аз бозгашт ба Москва (соли 1946) ва то охири умраш (1986) ӯ бо дӯстони худ аз Тоҷикистон, афроди касбу кори гуногун-роҳбарони колхозу совхоз, корхонаҳои саноатӣ, олимон ва ходимони фарҳанг алоқа дошт.
Дмитрий Захарович дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ нақши дурахшон гузоштааст. Агар ӯ намебуд, эҳтимол мерафт, ки чунин фарзандони бузурги миллати мо, ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун ӯлҷабоев, Назаршо Додхудоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки имрӯз мо бо ифтихор номи онҳоро ба забон меорем, дар саҳнаи сиёсӣ пайдо намешуданд.
Бо рамзи сипос ба Д.Протопопов бояд хотираи ӯро абадӣ сохт ва яке аз кӯчаҳои Душанбешаҳрро ба номи ӯ гузошт. Дар рушди пойтахти ҷумҳурии мо ӯ нақши бузург дорад.
(Оид ба Протопопов муфассалтар дар очерк дар бахшида ба Улҷабоев).

Боби 2

Канали Калони Ҳисор-яке аз саҳифаҳои дурахшони Тоҷикистони Шӯравӣ аст. Қабул шудани ин лоиҳаи гаронарзиш аз ҷониби Ҳукумати Шӯравӣ дар остонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, замоне, ки иқтисодиёти шӯравӣ барои эҳтиёҷоти комплекси ҳарбӣ-саноатӣ равона шуда буд, ба шарофати Бобоҷон Ғафуров имконпазир гардида буд. Ҳангоми вохӯрӣ бо Иосиф Сталин дар моҳи январи соли 1940 оид ба лоиҳа, Ғафуров худро ҳамчун дипломатии барҷаста нишон дод. Вақте Сталин, ӯро гӯш андохта, бо дуруштӣ маблағгузории сохтмони каналро рад мекунад, Ғафуров бо доҳӣ вориди баҳс мегардад ва ҷасурона аҳамияти ин лоиҳаро на танҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ исбот мекунад.

Аз хотироти ходими намоёни давлатии Тоҷикистон Абдуллоҷон Аҳмадов:
-Соли 1979 ман, ки шунавандаи Академияи улуми ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ дар Москва будам, бо собиқ котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон шинос шудам. Боре, вақте ман дар хонаи Дмитрий Захарович будам, ӯ сари пиёлаи чой оид ба сохтмони Канали Калони Ҳисор нақл кард. Нақли ӯ ба ман таассуроти мазбут гузошт ва ба хона баргашта, тамоми ҷузъиёти онро навиштам. Ана ин ҳикояро аз забони Протопопов манзури шумо мегардонам:
«Январи соли 1940. Ба қарибӣ ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Финляндия ба охир расида буд. Мо дар ҷумҳурӣ корҳо оид ба лоиҳакашии сохтмони канали Ҳисорро ба анҷом расонидем. Бояд дар Москва маблағгузории лоиҳаро ҳал мекардем ва ману котиби ҲК оид ба тарғибот Бобоҷон Ғафуров ба пойтахти мамлакат барои вохӯрӣ бо Сталин омадем. Дар қабулгоҳи Сталин ёрдамчии ӯ Александр Поскребышев хабар дод, ки доҳӣ бо сабаби беморӣ табъи хира дорад ва беҳтараш имрӯз ӯро нороҳат накунем. Баъд аз қадре фикрронӣ Б.Ғафуров аз Поскребышев хоҳиш кард, ки танҳо ӯро барои ҳал кардани масъалаи муҳим-лоиҳаи сохтмони канали Ҳисор назди Сталин дарорад: «-Масъалаҳои дигарро-, гуфт ӯ, -мо бо комиссариатҳои халқи (вазоратҳо)-и соҳавӣ ҳал мекунем». Вақте Ғафуров ба кабинети Сталин даромад, Иосиф Виссарионович сари мизи калон нишаста буд ва ӯро дида, аз ҷояш бархост, самимона қабул кард ва оид ба авзои корҳо дар ҷумҳурӣ муфассал пурсид. Бодиққат гузориши Ғафуровро гӯш андохта, ӯ баъдан гуфт: «Бобо, сипоси маро ба мардуми тоҷик расон, барои он, ки дар чунин замони душвор ӯ тавонист ба фронт чор вагон либоси гарм ва чил ҳазор ҷӯроби помирӣ равон кунад». Ва хандид: «Бубин, Бобо, як ҷуфт аз ин ҷӯробҳоро ба худам гирифтам, пӯшидам, хеле гарм мегирад! Раҳмати калон!». Ғафуров, чун дид, ки Сталин табъи хуш дорад, шӯхӣ кард: «Ба Шумо мезебад, Иосиф Виссарионович, тоҷики ҳақиқӣ шудед!». Ҳар ду хандиданд. Баъд Сталин пурсид, ки Ғафуров бо кадом масъала наздаш омадааст. Ғафуров зуд аз ҷо бархост ва бо услуби ҳарбӣ баён дошт, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи канали Ҳисор омода шудааст ва он имкони обёрии 12 ҳазор гектар заминро дошта, ба маблағгузорӣ ниёз дорад. Сталин абрӯ дарҳам кашид, аз ҷояш хест, чубуқашро аз тамоку пур кард ва хомӯшона онро даргиронд. Хомӯшӣ якчанд дақиқа давом кард. Баъд ӯ ба Ғафуров наздик шуд ва бо овози базӯр шунаво гуфт: «Бобо, магар ту намефаҳмӣ, ки ҳоло мамлакат дар чӣ вазъ қарор дорад?! Мо дар остонаи ҷанги бузург истодаем, ту бошӣ, барои дигар мақсадҳо маблағ мепурсӣ! Ҳоло тамоми маблағ ба соҳаи ҳарбӣ-саноатӣ лозим аст!».

Ғафуров, тарси худро як сӯ гузошта, ҷавоб дод: «Рафиқ Сталин, лоиҳаи мо-ин қисме аз мудофиаи ояндаи мост. Бо сохтани канали Ҳисор мо истеҳсоли пахта, ғалла, пашм, сабзавоту меваҳоро бамаротиб зиёд хоҳем кард…»
Сталин боз хамӯш шуд ва баъд аз лаҳзаи барои Ғафуров тоқатфарсо, дуд аз чубуқ бароварда, чунин гуфт: «Умуман, ту ҳақ ҳастӣ!». Ва дарҳол ба Поскребышев дастур дод, ки тамоми комиссарҳои халқи (вазирон)-е, ки бо ба кор андохтани заминҳои нав машғул ҳастанд, наздаш даъват кунад. Баъд аз чанд вақт дар қабулгоҳи Сталин комиссарҳои халқӣ-«нарком»-ҳо ҷамъ омаданд ва ман бо онҳо назди Сталин даромадам. Сталин ба ҷамъомадагон дастур дод, ки ба лоиҳаи тоҷикӣ захираҳои зарурии моливу моддиро таъмин кунанд.
Баъд аз маҷлис, мо, аз барор гирифтани корамон хурсанд, ба қабулгоҳ баромадем, либосҳоро пӯшидем ва рафтанӣ будем. Аммо Поскребышев моро манъ кард: «Ба шумо фармон шудааст, ки ҳеҷ ҷо нараваед». Моро боз ҳисси ташвиш фаро гирифт. Баъд аз тақрибан даҳ дақиқа ба қабулгоҳ зане даромад ва моро ба ошхонаи Кремл ҳамроҳӣ намуд, ки он ҷо миз пур аз бо анвои хӯрок омода шуда буд. Дар миз ғайр аз дигар анво шишаи арақро дида, мо ба ҳайрат уфтодем. Ҳамин вақт бо ҳамроҳии якчанд лашкаркашон ба ошхона Сталин ворид гардид. ӯ дарҳол назди мизи мо омада пурсид: «Дмитрий, ту барои чӣ ба қадаҳҳо май намерезӣ? Ин ба ту Тоҷикистон нест, дар кӯча ҳаво сӣ дараҷа хунук аст! Бобо, бирезед ва бинӯшед!». Ва ба назди мизи худаш рафт. Баъд аз тановули хӯрок Сталин боз ба назди мизи мо омад ва пурсид: «Дмитрий, котиби ҲК Бобо суолҳо дорад. Чӣ, магар Котиби якуми ҲК суол надорад?». Ман худро гум карда, аз ҷой хестам ва миннатдории худро дар ҳалли масъалаи асосӣ баён намуда, гуфтам, ки дигар масъалаҳоро дар комиссариатҳои халқӣ ҳал хоҳем кард. Сталин хоҳиш кард, ки мо тавассути рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва радио аз номи ӯ миннатдорӣ ба халқи тоҷик барои кӯмакҳои расониданаш барои Артиши Сурх ироа намоем ва ба мо роҳи сафед барои бозгашт таманно кард.
Баъд аз се рӯз, вақте ки мо тамоми масъалаҳоро ҳал карда ба истгоҳи «Казанский» омадем, моро боз як туҳфаи ногаҳонӣ интизор буд. Роҳбаладони қатора ба мо хабари хуш доданд: роҳбарони сатҳи олӣ омаданд ва гуфтанд, ки Сарвари мамлакат дастур додааст, то ки моро бо сатҳи баланд гусел намоянд. Дар купеи худ мо захираи якҳафтаинаи озуқаро дидем-роҳ миёни Москва ва Сталинобод он замон як ҳафтаро дар бар мегирифт.
Ин аз ҳама сафари бобарори мо ба Москва буд. Ҳангоми ворид шудан ба Сталинобод, мардум, ки аз дастовардҳои мо дар Москва аз рӯзномаҳо хабар ёфта буд, дар перрон (саҳни истгоҳ) моро бо нидоҳои «Ура!» пешвоз гирифт…»
Моҳи феврали соли 1940 сохтмони канал оғоз ёфт. Лоиҳакаш ва сардори сохтмон муҳандис-мелиоратори ботаҷриба Николай Давыдович Свириденко (1902-1945) буд, ки бунёди Канали Калони Фарғона низ заҳмати ӯст (Н.Свириденко ҳамчунин лоиҳаи «кӯли Комсомол»-ро омода ва онро бунёд сохт. Дар солҳои баъдиҷангӣ яке аз кӯчаҳои пойтахти ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда буд. Аммо баъд аз замони истиқлолият номи кӯча иваз гардид).
Баъд аз як солу чаҳор моҳ Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Тамоми мардони то 50-сола каланду бели худро дар сохтмон партофта, ба ҷабҳа рафтанд. Маблағгузории сохтмонро метавонистанд қатъ кунанд, аммо, хушбахтона, чунин нашуд. Баръакс, Марказ талаб дошт, то ин ки суръати сохтмон тезонида шавад. Мардони ба ҷабҳа рафтаро занон, кӯдакон, пиронсолон иваз намуданд. Сӣ ҳазор одам аз субҳи содиқ то субҳи содиқ замин мекофтанд, каналро то сарҳади вилояти Сурхондарёи ӯзбекистон наздик мекарданд. Дар ҷумҳурии ҳамсоя давоми иншоотро месохтанд, чун сохтмон қисман тоҷикӣ-ӯзбекӣ буд. 12 сентябри соли 1942 Канали Калони Ҳисор ба истифода дода шуд. Ин рӯз ба иди умумихалқӣ табдил ёфт. Ҳама шодӣ мекарданд, сар карда аз кӯдакон то пирони рӯзгордида! Тӯли чанд рӯз рӯзномаҳо дар саҳифаҳои аввал оид ба корнамоиҳои сохтмончиёни канал маводҳо нашр мекарданд. Шоирон тавассути радио оид ба қаҳрамониҳои бунёдкорони ин иншооти умумихалқӣ шеърҳо қироат мекарданд. Ба ман чунин менамояд, ки суруди тоҷикии он давраи акнун дур дар иҷрои Артисткаи Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова ҳеҷ гоҳ куҳна нахоҳад шуд, ки чунин мисраҳо дорад: «Эй сабо, аз мо расон ба дӯстон, омад канал!».
Ба заминҳои ташналаби ҳосилхези водии Ҳисор оби дарёи Варзоб ҷорӣ шуд. Ҳазорҳо деҳқон соҳиби замин ва об шуданд, онҳо ба колхозҳои нав муттаҳид гаштанд ва таҳти шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои Ғалаба!» меҳнат мекарданд. Дувоздаҳ ҳазор гектар дар Ҳисор ва даҳ ҳазор гектар замин дар вилояти Сурхондарёи ӯзбекистон дар солҳои аввали ба истифода додани канал обёрӣ шуданд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ майдони заминҳои обёришаванда дар водии Ҳисор ду маротиба зиёд гардид ва имрӯз он сӣ ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар тамоми тӯли канал зиёда аз ҳафтод иншооти обӣ (гидроиншоот) сохта шудааст. Асосии он-сарбанд дар дарёи Варзоб, дар ҳудуди Душанбе аст, ки канал аз он сарчашма мегирад…
Давом дорад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: