Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАДАХШОН: ҲАМА АЗ ИҚДОМҲОИ НЕКИ САРВАР ШУКРГУЗОРАНД

БАДАХШОН: ҲАМА АЗ ИҚДОМҲОИ НЕКИ САРВАР ШУКРГУЗОРАНД

24-09-2019, 15:01
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
БАДАХШОН: ҲАМА АЗ ИҚДОМҲОИ НЕКИ САРВАР  ШУКРГУЗОРАНД11-уми сентябри соли равон вохӯрии ҳайат бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшоҳ Фелалиев бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев баргузор гардид.
А. Фелалиев дар ибтидо ҳозиринро ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми НБО «Роғун», табрику таҳният гуфт. Мавсуф таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати комили миллӣ, истиқлолияти давлатии кишвар, зиракии сиёсию бедории фитрӣ, устуворию саҳгузорӣ дар ободонию созандагии мамлакат, эътиқоду эътимоди қавӣ ба Сарвари мамлакат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию давлатӣ, фарҳангию аҷдодиро асоси пойдории рукнҳои давлатдории тоҷикон арзёбӣ намуд. Дар баробари ин аз боби хизматҳои шоистаи Сарвари кишвар дар сиёсати хориҷии давлат, ба як кишвари рӯ ба инкишоф табдил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Ванҷ, боло рафтани мақому манзалати Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот, баргузор гардидани маъракаҳои муҳими ҷаҳонӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ, дар арсаи ҷаҳонӣ қабул гардидани чор пешниҳоди Пешвои миллат оид ба масъалаи об ёдовар шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар як гӯшаи зебоманзари шаҳр сохтмони бинои 9 - ошёнаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба маблағи 91 миллион сомонӣ аз моҳи ноябри соли 2017 оғоз шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ давом дорад.
Дар сохтмони он 60 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асоси нақша моҳи январи соли 2020 сохтмони бинои якуми он анҷом ёфта, кор дар блокҳои «А» ва «Б» оғоз мегардад.
Тавассути ҳамкории бесобиқаи Ҳукумати кишвар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо биноҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, озмоишгоҳи компютерӣ, толори барҳавои истироҳату фароғат ва ғайра бо маблағгузории 580 миллион сомонӣ барои мутахасисони дорои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки Сарвари кишвар мавриди амал қарор гирифт. Феълан дар як маҳаллаи Бархоруғ коллеҷи тиббӣ барои 240 ҷой ва сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, Театри давлатӣ, хонаи 12 ошёна босуръат идома дорад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Сафаров низ иштирокдоронро ба ин ду рӯйдоди муҳим шодбош гуфта, аз хусуси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, роҳу усулҳои минбаъд инкишоф додани соҳа дар шароити баландкӯҳ арзёбӣ карда, оид ба қадамҳои устувори кишвар дар ҷодаи амалишавии чор самти Барномаи стратегии сиёсии мамлакат ҳарф зад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибидавлат Авзалшева низ баъд аз табрикоти ҳозирин аз боби музаффариятҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои кишвар, мақоми баланд ва шаъну шарафи беназир кашф кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, пешравии кишвар дар соҳаи маориф, дастгирии доимии оилаҳои ниёзманд аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳим ҳарф зад.
Вохӯрии вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳаи Варшези ҷамоати деҳоти Ванқалъа Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёҳзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, арз дошт, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати кишвар дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағгузории давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳо 399 иншооти таъиноти гуногун ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.
Айни замон маркази маъмурии ноҳия дар шаҳраки Ваҳдати ҷамоати деҳоти Поршинев бо иншоотҳои сохторҳояш ба як шаҳраки хуштарҳи замонавӣ табдил дода шудааст.
Корхонаи фаръии «Ордбарорӣ»-и ноҳия соли 2015 бо иштироки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, дар як шабонарӯз 30-35 тонна ордро истеҳсол карда, аз пасмондаи гандум хӯроки чорво истеҳсол гардида, ба муомилот бароварда мешавад.
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии рақами 28-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон, толори замонавии варзишӣ сохта шуда истодааст, ки он рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Аз рӯи ҳисоби оморӣ дар даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят зиёда аз 12 толори варзишии мувофиқи талаби замон сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҷабҳаи созандагӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия бо суръат идома дорад.
Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Мурғоб дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гожо Бердибаев ва Аличур ба вуқуъ пайваст. Раиси ноҳия Мурзибай Ҷоошбев вохӯриро оғоз намуда, арз дошт, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар давраи соҳибистиқлолии кишвар симояшро куллан тағйир дод. Тавассути ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 1300 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ доштаи вилоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт ва 6 пул бо се кишвари ҳамсоя мепайвандад. Тавассути ин шоҳроҳ дар ноҳия инфросохторҳои хизматрасонӣ рушд карда, сокинони зиёд аз ҳисоби таъсиси ошхонаву меҳмонхона, нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ, сехҳои таъмири қисмҳои воситаҳои нақлиёт ва ғайра ҷойҳои нави кориро пайдо кардаанд. Зикр шуд, ки соли равон ноҳияро зиёда аз 4,5 ҳазор ҷаҳонгард дидан кард.
Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли гузашта НБО-и «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 кВт мавриди истифода қарор гирифт, ки аз ин боргоҳи тавлидкунандаи барқ бошандагони маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаев комилан истифода мекунанд. Дар назар аст, ки дар ноҳияи истгоҳи нави тавлидкунандаи барқ тавассути нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 киловат мавриди истифода қарор дода шавад, ки замина барои насби он аллакай муайян гардидааст.
Нахустин корхонаи коркарди нуқра дар вилоят дар мавзеи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб дар баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр бо маблағгузории беш аз 90 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар он 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои нави корӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.
Дар синаи хоку кӯҳи пурфайзи ноҳияи Мурғоб кулли элементҳои кашфшуда ва қисмате аз маъданҳои маълумнашудаи қонуни даврии Д. И. Менделеев ҷо дорад. Рӯӯзҳои наздик дар маҳаллаи Пасирӯди ноҳия корхонаи коркарди қӯрғошим бунёд хоҳад шуд.
Биноҳои навбунёди хуштарҳу намои Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, маркази адлия, шуъбаи алоқа, бонкҳо ва бозор ба ҳусни марказ зебоии навро зам кардаанд.
Сокинони ноҳияи Ишкошим дар баромадҳои худ аз Сарвари меҳрубону муаззами кишвар, соҳибистиқлолию ваҳдати саросарии кишвар, зиндагии осудаву ором шукргузорӣ намуда, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карданд, ки арзу сипоси онҳоро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур намоянд.
Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020 дар маҷмӯъ 134 лоиҳаро дар бар гирифта, барои амалӣ шудани онҳо 220 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Агар дар феҳристи вилоят беш аз 285 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шуда бошад, аз ин 108 адад дар ноҳияи Ишкошим буда, ноҳия дар арсаи кишвару ҷаҳон бо обҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотима, қалъаҳои Ямчун, Қаҳқаҳа, Дриж, осорхонаҳо, 114 намуди гиёҳҳои шифобахш машҳуру маъмул аст ва соли равон аз ноҳия беш аз 5 ҳазор ҷаҳонгард дидан кардааст. Дар ноҳия 10 меҳмонхонаи замонавӣ, 22 – то хомстей (меҳмонхона дар шароити хона), 18 ошхона, 9 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 7 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои зиёди таъмири нақлиёт шабу рӯз амал карда истодааст.
Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қасри фарҳанги деҳаи Лангар, меҳмонхонаю бинои табобатии шифохонаи Гармчашма, минтақаи озоди иқтисодӣ дар масофаи 200 га ва даҳҳо биною иншоот дар марҳилаи бунёду азнавсозӣ қарор доранд.
Гузаргоҳ ба ҳавлии Вахони давлати Исломии Афғонистон бо пул аз болои дарё, ки Осиёи Миёнаро ба давлати Исломии Покистон ва баҳр мепайвандад, пурра омодаи кор мебошад.
Раиси ноҳия Мӯсо Мирзозода аз он изҳори хушнудӣ кард, ки кишоварзони ноҳия дар фазои амну амонӣ имсол ҳосили фаровон рӯёндаанд ва ноҳия базаи асосии тухмии картошкаи вилоят маҳсуб меёбад.
Ноҳияи Роштқалъа дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз нав бунёд шуда, тамоми пешравии он ба ғамхории беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Ҳар боре, ки Сарвари кишвар ба ин водии биҳиштосо қадами муборакашро ранҷа кардаанд, баъди он дар ноҳия рӯйдодҳои хушу беназир рӯи кор омадаанд, мегӯяд раиси ноҳия Давлатшоҳ Мамадшоев. Айни замон дар бунёди сохтмони НБО-и «Себзор», ки дар зербинои он Сарвари кишвар санги асос гузоштанд, кор оғоз шуда, иқтидори ин коргоҳи тавлидкунандаи барқ 12 мГватт-ро ташкил медиҳад. Тибқи Барномаи рушди иҷтимооию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 дар ноҳия 142 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ 83 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва беш аз 155 миллион сомонӣ барои рушди инфирасохтор равона гардидааст. Танҳо дар 4-5 соли охир дар ноҳия 22 пули мошингузар, пулҳои пиёдагарду варзишгоҳи марказӣ, бунёди 20 бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тусён, Касри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншоҳ Гадоалиев, 3 нерӯгоҳи хурди барқӣ, таъмир ва бунёди 37 муассисаи таълимӣ, бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Маркази саломатӣ, «Тоҷиктелеком», Касалхонаи рӯҳӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло дар маркази ноҳия бунёди ду хонаи истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ, корхонаи дӯзандагӣ барои 100 ҷои корӣ, бинои Раёсати молия, филиали муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон» давом дорад.
Дар ноҳия барои рушди чорводорӣ, махсусан соҳаи қӯтоспарварӣ, саноат, минҷумла сангҳои қиматбаҳои гуногун, масолеҳи сохтмон, коркарди мева, гиёҳҳои шифобахш ва дигар ашёи хом имконияти зиёд аст. Ҳамзамон дар ноҳия майдони васеи ангату гулхор, обҳои гарму маъданӣ, мавзеъҳои диданибоби таърихӣ аст, ки барои рушди сайёҳию ташкили марказҳои шифобахшӣ заминаи мусоид доранд.
Хулоса, мардуми сарбаланди кишвар, бахусус сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз осудагию амонии кишвар ва муроқибату ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор буда, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгардди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҷодаи ободониву созандагии кишвар аҳлона кору зиндагӣ доранд.

Қозибек Ҷонибеков,
Раиси Кумитаи иҷроияи ВМКБ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: