Қувваҳҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷҷикистон ҳимоятгари воқеии Истиқлолияти Ватан, амният ва сулҳу суботи кишвар мебошанд. Хизматчиёни ҳарбии вазорат баҳри тинҷию оромии аҳолии мамлакат дар тамоми шароитҳои вазнин, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ маҳорати баланди касбӣӣ, малакаю дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ ва қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, ба Ватану миллати тоҷик то нафаси охирин содиқ мемонанд.
Инак ба ҳодисаи фоҷиабори ҳуҷуми мусаллаҳона ва куштори 25 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Камароб аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ 9 сол сипарӣ гашт. Рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 12:30 дақиқа дар минтақаи шарқии мамлакат, дар дараи Камароби водии Рашт автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи кишвар бо ҳайати шахсӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ногаҳон мавриди оташи шадиди гурӯҳҳои террористии ташкилоти террористии наҳзатӣ ққарор гирифт. Ба ин амали террористӣ гурӯҳҳои Абдулло Раҳимов бо тахаллуси “Мулло Абдулло” ва Аловиддин Давлатов бо тахаллуси “Алӣ Бедак” даст доштанд. Дар ин набарди мусаллаҳона дар роҳи ҳифзи Ватан, иҷрои қарзи муқаддаси Савганди ҳарбӣ 25 нафар афсарону сарбозони ҷасуру далери диёрамон, полковник Маҳмудов Абдуҳаким Раҳмонович, соли таваллудаш 1961, подполковник Сайвалиев Акрам Давлатович, соли таваллудаш 1974, сержант Мирзанов Элмурод Саиддинович, соли таваллудаш 1990, сарбоз Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1985, сарбоз Авазов Нурмаҳмад Тоҷидинович, соли таваллудаш 1986, капитан Саидов Саидҷамол Муродович, соли таваллудаш 1976, капитан Исоев Наврӯз Раҷабмамадович, соли таваллудаш 1984, сержант Ҳотамов Даврон Аъзамович, соли таваллудаш 1989, сарбоз Одинаев Файзмаҳмад Қурбонович, соли таваллудаш 1984, сарбоз Абдураҳмонзодаи Раҷабалӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1992, лейтенант Гиёев Давлатҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 1987, сержант Шодиев Фарҳод Хушвахтович, соли таваллудаш 1989, сарбоз Ҷиянов Зуҳуриддин Пардабойғулӣ, соли таваллудаш 1991, сарбоз Каримов Сидиқҷон Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1988, сарбоз Норинбекзода Фаридуни Тӯхта, соли таваллудаш 1990, сарбоз Акрамалӣ Абдураҳмон, соли таваллудаш 1991, сарбоз Раҷабов Фаррух, соли таваллудаш 1989, сарбоз Холиқов Эмомалӣ Аҳтамшоевич, соли таваллудаш 1991, сарбоз Расулов Мансур Орифович, соли таваллудаш 1991, сарбоз Алишери Умаралӣ, соли таваллудаш 1991, сарбоз Оймаҳмадов Насридин Авлиёқулович, соли таваллудаш 1991, сарбоз Аҳмадқул Муролдуғлӣ, соли таваллудаш 1991, сарбоз Ҳурматов Неъматулло Қодирович, соли таваллудаш 1985, хизматчӣ-ронанда Абдуллоев Баҳрулло, соли таваллудаш 1985, сарбоз Норов Фармонқул Ҳамроҳқулович, соли таваллудаш 1991, қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Чуноне ки шоири бузург дар васфи чунин ҷавонмардони далеру шуҷоъ гуфтааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Мусаллам аст, ки террорист новобаста аз он ки шаҳрванди куҷост на давлат, на миллат ва на сарҳад дорад. Бо содир кардани чунин амали мудҳиш ё худ қасд ба ҳаёти ҷавонаскарон, ин разилони наҳзатӣ бори дигар собит намуданд, ки дар ниқоби инсонӣ чун қувваи бадӣ бар некӣ мисли иблистинат амал мекунанд.
Тибқи маълумоти дақиқ, ба ҳайати ин дастаҳои террористӣ шаҳрвандони зархариди хориҷӣ низ шомил буданд, ки бидуни шубҳа, ҳадафи асосии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ, тира намудани фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ифротии исломӣ табдил додани ин минтақаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо тирашон хок хӯрд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратии кишвар ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ дар водии Рашт, саркардагони ин гурӯҳҳо Абдулло Раҳимов бо тахаллуси “Мулло Абдулло” ва Аловиддин Давлатов бо тахаллуси “Алӣ Бедак” бо зиёда аз 30- нафар аъзои ин гурӯҳҳои террористӣ несту нобуд карда шуданд.
Таърих гувоҳ аст, ҷанги шаҳрвандие, ки гунаҳгорони асосии он саркардагон ва аъзоё ташкилоти террористии наҳзатӣ буданд, диёри биҳиштосоямонро ба харобазор табдил доданд, ҳазорон нафар зиёиён, олимон, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ҳоло бошад, ин палидони наҳзатии ватанфурӯшу беномус нашармида дар Аврупо боз аз “дунявият”, “озодандешӣ”, “волояти қонун”, “адолат” ҳарф зада истодаанд, ки нафрати касро меорад. Зеро ин махлуқони наҳзатӣ ҳамонҳоянд, ки дар соли 1992 мардуми бегуноҳро зулму ситам карданд, бадбахту овораю гуреза карданд, ба қатл расониданд, дороиҳои давлатиро ба пуррагӣ ғасб намуданд, акнун аз адолат ҳарф зада истодаанд.
Имрӯз душманони миллати тоҷик дар симои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ бо мақсади дубора ба оғӯши хоку хун кашидани фарзандони кишвар, халтаи макру фиребро боз намудаанд. Ин разилони наҳзатӣ, ки бо чанд тангаи “хоҷагони хориҷӣ” Ватан, Миллат, нангу номус ва имонашонро фурӯхтаанд, бо сад ҳиллаву найранг баъзе аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ, дунёнадидаву бетаҷрибаи тоҷикро ба доми худ афканда, ба муқобили давлату миллати хеш равона сохта истодаанд. Наҳзатиҳои ватанфурӯшу миллатбезор ва мазҳабфурӯш мехоҳанд давлатеро, ки баъди ҳазорсолаҳо бароямон насиб гаштааст, бо кумаку дастгирии “хоҷагони хориҷӣ”-ашон аз байн бубаранд.
Албатта, имрӯз ягон қуввае нест, ки Ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро халалдор созад. Хизматчиёни ҳарбии ВМ ва кормандони мақомотҳои қудратии кишвар бо ёрии халқи шарафманди тоҷик ҳаргиз намегузоранд, ки ин наҳзатиҳои ҷинояткору меҳанфурӯш мамлакати ободамонро боз ба коми оташ диҳанд, аз нав боиси марги даҳҳо ҷавонони дунёнадида, ятим гардидани садҳо нафар тифлони маъсуми тоҷик, нолаи ҷонсӯзи модарон ва фарёди навмедонаи арусони нозанини тоҷик гарданд.
Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муҳлати кӯтоҳ, ба як кишвари ободу зебо, орому осоишта мубаддал гашта, пешравиҳо дар ҳама соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ ба назар мерасанд. Дар арсаи байналмилалӣ низ кишвари мо миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун миллати соҳиби мактаби сулҳофарин, башардӯсту ободкор шуҳрату обруи баланд ва нуфузи хосса пайдо кардааст.
Хотираи неки афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Ватан, Миллат ҷони худро нисор карданд, дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст ва қаҳрамонии онҳо баҳри ҳифзи марзу бум, барқарории сулҳу субот, оромӣ дар кишвари азизамон, ҳамчун дарси ибрат ба насли ояндаи тоҷик мебошад.
О. Нозимиён,
Сардори Маркази матбуотии ВМ ҶТ подполковник